Роль летописей X-XIII вв. в толковании этимологии слов

Секция

Филологические науки

Ключевые слова

летописи X-XIII веков
общие черты и различия
этимология
полное и краткое толкование и комментарий

Аннотация статьи

В ходе рассмотрения исследуемой темы автором исторических трудов было принято два вида анализа, а именно: комплексный и краткий. Посредством соответствующего метода учитываются как оригинальные таджикские слова, так и заимствованные.

Текст статьи

Мавриди таҳқиқ қарор додани асли баромади унсурҳои луғавӣ имкон медиҳад, ки дараҷаи умумияту фарқи шаклу маъноии ибтидоӣ ва интиҳоии онҳо ошкор карда шуда, сабаби ба чунин таҳаввулот дучоргардии онҳо муайян гардад. Ин аст, ки аз қадимулайём муаллифони осори гуногунжанр кӯшиш намудаанд, ки то қадри ҳоли худ ба тафсири асли пайдоиши калимаву таркиб ва ибораҳо даст зананд. Дар байни чунин осор таърихномаҳо ҷойгоҳи хоссае дошта, дар онҳо гоҳ муфассал ва гоҳ мухтасар доир ба решаи аслии унсурҳои луғавӣ ва сайри таърихии онҳо қайду ишораҳои ҷолиб ба назар мерасад. Як нигоҳи сатҳӣ ба маводи таърихномаҳои ба забони форсӣ-тоҷикӣ таълифгардида мисли “Зайн-ул-ахбор”-и Абусаид Абдулҳай, “Форснома”-и Ибни Балхӣ, аз як тараф, ва аз забони арабӣ тарҷумашудаи садаҳои X-XIII монанди тарҷумаи “Таърихи Табарӣ”-и Абуалии Балъамӣ, “Таърихи Бухоро”-и Абубакри Наршахӣ, аз ҷониби дигар, метавонад гуфтаҳои фавқро собит намояд. Шиносоӣ бо маводи ин гуна осор нишон медиҳад, ки муаллифону мутарҷимони онҳо дар назди худ на танҳо таҳлили воқеоти таърихии ҳар давру замонро гузоштаанд, балки ҳангоми зикри ҳодисаҳои дар мавзеъҳои мухталиф ва аз тарафи ашхоси гуногун содиршуда ба ин ё он муносибат дар хусуси решаи вожаҳои ҷойҳои таърихиро ифодакунанда, шаклу маънои ибтидоии номи нафарони алоҳида зикр карданро бамаврид шуморидаанд. Ин аст, ки хонанда бо шарҳҳои фаровони этимологӣ дучор меояд, ки онҳо метавонанд ҳамчун таҳкурсӣ барои инкишофи соҳаи аз ҳама кам омӯхташудаи забоншиносии тоҷик-этимология ёрӣ расонанд.

Қайду ишораҳои этимологии вожаҳои дар таърихномаҳои садаҳои X-XIII зикргардидаро мувофиқи мансубияти забонияшон ба се даста тақсим намудан мумкин аст: 1) унсурҳои луғавии аслии тоҷикӣ; 2) калимаҳои арабӣ; 3) вожаҳои забонҳои дигар мисли ҳиндӣ, сурёнӣ, юнонӣ, туркӣ, ҳабашӣ, ибрӣ, румӣ. Сабаби ба гурӯҳи алоҳида ҷудо намудани калимаҳои арабӣ аз иқтибосҳои ғайр ҳамин аст, ки онҳо аз ҷиҳати миқдор пас аз вожаҳои аслии тоҷикӣ назар ба воҳидҳои луғавии забонҳои дигар бартарӣ доранд.

Муқоисаи қайдҳои этимологии унсурҳои луғавии дар таърихномаҳои қарнҳои X-XIII дарҷгардида бо маводи фарҳангномаҳои тафсирии даврони асримиёнагӣ нишон дод, ки ҳиссае аз чунин калимаҳо дар луғатномаҳои тазаккурёфта ишора нашудаанд ва ин ҳолат аз манбаи муҳими таърихи баромади калимаҳо ҳисобёбии ин гуна осори таърихӣ гувоҳӣ дода, дар такмили маводи фарҳангҳои решашиносӣ мусоидат намудани онҳо мусоидат хоҳад кард.

Ба чунин масъалаи душвор, вале муфид, яъне шарҳи решашиносии вожаву таркибҳо иштиёқ пайдо намудани муаллифону мутарҷимони таърихномаҳои асрҳои X-XIII гувоҳи ҷасорати беназири онҳо ба шумор рафта нишонаи аз қадимулайём меҳру муҳаббати беандоза доштани мардуми форсу тоҷик ба илми этимология мебошад. Ҳамчун далел ин ҷо зикр намудани як қайди муаллифи “Форснома”-ро доир ба асли вожаи сиҷҷил, ки дар “Қуръон” истифода шудааст, бамаврид аст: “Ва дар “Қуръон” як лафзи порсӣ аст ва ин аз ғароиб аст ва масъалаҳои мушкил,ки имтиҳон кунанд фузалоро бад-он ва ин лафз дар сураи “Алам таракайфа” аст, он ҷо, ки мегӯянд: “Ҷал минқоил тармиҳим биҳиҷоратин мин сиҷҷилин” (ба онҳо сангҳои майда меандохтанд, ки аз лой ба амал омада буданд). Сиҷҷилро ду-се маънӣ аст, гӯянд муфассирон, яке он ки санге сахт ва дигар, ки санге аз гили пухта… ва ривояти дуруст ин аст, ки сиҷҷил, яъне сангу гили бо ҳам омехта ва дар лафзи араб ҳар чӣ ба порсӣ “гоф” бошад, “ҷим” гӯянд, чунонки “зангӣ”-ро “занҷӣ” гӯянд… ва пайғамбар бисёр лафзи порсӣ дониста…” [4, с. 18].

Дар қайди фавқи Ибни Балхӣ ду нукта ишора гардидааст: 1) номбурда решаи калимаи сиҷҷилро форсӣ мешуморад; 2) баъди ба забони арабӣ, аз ҷумла “Қуръон” роҳ ёфтанаш ба қонуну қоидаи забони арабӣ мутобиқ шудани онро таъкид менамояд. Воқеан, ҳам санг ва ҳам гил вожаҳои қадими тоҷикӣ буда, онҳо то замони Ибни Балхӣ (асри XII) таърихи 3000-соларо тай кардаанд, яъне онҳо ҳанӯз дар забони умумиэронӣ мавриди истифода қарор доштанд [8, с. 38, 45-46].

Муаллифону мутарҷимони осори таърихӣ тарзи муфассал ва мухтасари эзоҳдиҳии унсурҳои луғавиро дар мавриди калимаҳои арабиасл низ пеш гирифтаанд. Дар чунин мавридҳо муаллифон ё мутарҷимони ин гуна таърихномаҳо ҳамчун донандаи хуби на танҳо этимологияи вожаҳои аслии тоҷикӣ, балки ҳамчун огоҳбудагон аз таърихи баромади воҳидҳои луғавии арабӣ низ ҷилвагар мешаванд. Масалан, Абуалии Балъамӣ дар тарҷумаи «Таърихи Табарӣ» маросими таомхӯрии ҳоҷиёнро дар Муздалифа бо вожаи рифода ифода карда, ба асосгузори қабилаи Қурайш вобаста будани онро ишора намудааст ва аз решаи “рафд”-и арабӣ сарчашма гирифтанашро чунин нишон додааст: “Ва чун ҳаҷ сипарӣ шудӣ ва ба Макка тавоф кардӣ, ҳамчунон ҳамаро бинишондӣ ва таом додӣ ва ҳар кӣ дарвеш будӣ, зод бидодӣ бад-он миқдор, ки ӯро бас будӣ. Ва ин таом доданро рифода хонанд. Ва маънии ин аз "рафд" бувад - аз "маунат кардан" [1, ҷ.1, с. 275].

Ин гуна усусли шарҳи калимаҳои арабиро дар мисоли даҳҳо унсурҳои луғавӣ (монанди ҳиҷрӣ, ашӯр, мелод, моида, нофила, сарсар, суъбон, хувор...), макро-ва микротопонимҳо (номҳои шаҳрҳо, деҳҳо, кӯҳҳо, ибодатгоҳ, роҳрав, ҳавлӣ, пул (кӯпрук), қалъа, сарой мисли Арафот, Басра, Ҷазира, Ҷисру-л-Ҳиҷор, Тавовис, Лавҳақут, Макка, Моҳайн, Ҳарам, Ҳиро...), номи қавму қабилаҳо (чун амолиққибтӣирмӣ), ному алқоби ашхоси алоҳида (амсоли Музар, Назор, Сайфуллоҳ, Форуқ, Абраш, Асим, Заббо, Мукаъбар, Набатӣ, Саффоҳ...) метавон дучор шуд. Чунончи, мутарҷими “Таърихи Табарӣ” робитаи решаи топоними Басраро ба вожаи арабии басра ба маънои “санг” қайд карда, бо ин гуна ном машҳур шудани онро ба зиёдии пораҳои санги сафед дар ин минтақа алоқаманд донистааст [1, ҷ.2, с. 1001]. Ё ки муаллифи “Таърихи Бухоро” сабаби Тавоис номида шудани яке аз деҳоти қаламрави Бухороро, ки қаблан Арқуд ном дошт, ба он алоқаманд ҳисобидааст, ки сокинони он бо мақсади намоиш додани ҳашамат ва ороишу зинати бошишгоҳашон дар хона товус нигоҳ медоштаанд. Арабҳо, ки қаблан аз парандае чун товус огоҳӣ надоштанд, бо дидани товуси бисёр дар ин деҳа ҳайратзада шуда, онро дар ибтидо Зот-ут-тавоис ном бурданд ва тадриҷан он тахфиф ёфта, дар шакли Тавоис машҳур гардидааст [7, с. 15].

Аз шарҳи топоними мазкур пай бурдан душвор нест, ки чунин унсурҳои луғавии забон дар муддати дурударози истифодаашон гоҳ дар шакли калима ва гоҳ ҳамчун ибора ба кор рафта, роҳи мураккаб ва пурпечухами таҳаввули зоҳириро паси сар кардаанд. Чунонки қаблан ишора гардид, дар осори таърихии садаҳои X-XIII хонанда инчунин бо шарҳу тафсири як қатор воҳидҳои луғавии дар асл решаи ҳиндӣ, ибрӣ, румӣ, сурёнӣ, юнонӣ, туркӣ ва ҳабашӣ дошта низ дучор мешавад. Муаллифону мутарҷимони ин гуна таърихномаҳо дар вақти таҳлили этимологии чунин унсурҳои луғавӣ аввал дар як забон мавриди истифода қарор доштани онҳоро зикр намуда, баъдан таҳаввулоти тадриҷияшонро дар забонҳои дигари иқтибосгиранда нишон додаанд ва бо пеш гирифтани ин гуна усули таҳлил дараҷаи мутобиқати онҳоро ба қонуну қоидаи забони вомгиранда нишон додан хостаанд.

Муқоисаи маводи дар осори таърихии қарнҳои X-XIII дарҷгардида нишон дод, ки дараҷаи корбурди ин навъи воҳидҳои луғавӣ дар яке бештар, дар дигаре камтар ба назар мерасад. Сабаби чунин ҳолат ба он алоқаманд аст, ки дар бархе чунин осор доир ба тоифае ахбори бештар, дар дувумӣ хеле кам зикр шудааст. Чунончи, сабаби дар “Зайн-ул-ахбор”-и Абдулҳайи Гардезӣ дар қиёс бо дигар таърихномаҳо фаровон будани вожаҳои ҳиндиасл ба он рабт дорад, ки муаллиф дар чанд боби асараш доир ба ҳиндуҳо маълумот додааст. Як нигоҳи сатҳӣ ба бобҳои “Андар идҳои ҳиндувон ба ҷадвал”, “Андар шарҳи идҳои ҳиндувон”, “Андар маорифи ҳиндувон” кофист, ки хонанда мӯҷиби зиёдии калимаҳои ҳиндиро дар он дарк намояд. Дар чунин бобҳо муаллиф дар ҷараёни шарҳи зиндагии мардуми Ҳинд калимаву таркиб ва ибораҳои ҳиндиро чун ҚандаҳорКашмирГанг... вобаста ба тақозои матлаб зиёд ба кор бурдааст [2, с. 279-285, 313-327].

Ҳамин тавр, хонанда дар таърихномаҳои ин даврон инчунин бо шарҳу тафсири этимологии як силсила калимаҳои ибрӣ (Исроил, Мусо, Яҳё, яҳуд), сурёнӣ (кисМасеҳШис), юнонӣ (ИскандарИнглиюн ва Қустантиния), туркӣ (Иртишябғу), ҳабашӣ (Наҷошӣ) ва м. инҳо метавонад дучор ояд. Чунончи, дар чанд маврид дар баъзе осори ин даврон мисли “Форснома”-и Ибни Балхӣ Искандар ҳамчун вожаи ифодакунандаи сарвари кишвар ва лақаби фахрии маликон ҳамчун Кисро ва Қайсар қайд гардидааст [4, с. 60].

Олими решашиноси немис М. Фасмер дар забони русии гузаштаву муосир ба гунаҳои Алекса́ндр ва Олекса́ндр истифода шудани ин исмро қайд намуда, шакли нахустинашро Ἀλέξανδρος-и юнонии қадим ҳисоб кардааст [9, т.1, с. 70].

Бояд гуфт, ки Александр дар асл калимаи мураккаб буда, аз ҷузъҳои alexo “ёрӣ расонадан”ва andros \ ander “мард, одам” иборат буда, арабҳо онро ба гунаи al-Ksandar > al-Sicandar иқтибос карданд. Мардуми тоҷик, ки исмҳои арабиро бе артикл талаффуз менамуданд, унсури луғавии зикршударо дар шакли Сикандар \ Искандар ба кор бурданд [ 6, с. 57].

Дар робита ба қайдҳои боло ёдовар шудан бамаврид аст, ки баъзан шарҳу тафсирҳои дар ин гуна осори таърихӣ зикршуда ба фарҳангномаҳои тафсириву тарҷумавӣ монандӣ пайдо мекунад, яъне муаллифону мутарҷимони онҳо дар ибтидо калимаро дар забони асл таҳлил намуда, баъдан муодил ё муродифи онҳоро дар чанд забони дигар силсилавор меоранд. Чунин усули таҳлилро метавон дар мисоли даҳҳо воҳидҳои луғавӣ нишон дод, вале бо сабаби маҳдудии ҳаҷми мақола имкони ба риштаи таҳлил кашидани онҳо нест.

Хулоса, таърихномаҳои садаҳои X-XIII маъхази арзишманди қайдҳои забоншиносӣ, аз ҷумла таърихи пайдоиши унсурҳои луғавӣ ба шумор рафта, аз он дарак медиҳад, ки ниёгони тоҷикон ҳанӯз хеле барвақт ба яке аз масъалаҳои душвори ин илм- этимология таваҷҷуҳ зоҳир карда будаанд. Муаллифону мутарҷимони ин гуна осор на фақат аз қонуни қавоиди забони модарии худ огоҳии хуб доштаанд, балки нозукиҳои забонҳои бегонаро мисли арабӣ ба таври аҳсант низ аз худ карда будаанд. Дар ҷараёни шарҳи таърихи баромади калимаҳо, мансубияти забонии онҳо соҳибони чунин гоҳ ду роҳи тафсир: муфассал ва мухтасарро пеш гирифтаанд.

Список литературы

  1. Балъамӣ, Абуалӣ Муҳаммад ибни Муҳаммад. Таърихи Табарӣ. Ҷилди 1, с. 3-817 с.; ҷилди 2, 818-1632 с. [Матн] / А. Балъамӣ. Бо муқаддима ва тавзеҳоти М. Умаров ва Ф. Бобоев. – Теҳрон, 1380 / 2001. – 817 с.
  2. Гардезӣ, Абусаид Абдулҳай. Зайн-ул-ахбор [Матн] / А. Гардезӣ. Ба хатти кирилӣ баргардони Қ. Рустам. – Душанбе: Бухоро, 2014. – 415 с.
  3. Ғафуров О. Маънои ҳазору як ном. Душанбе.: Маориф, 1987 – 176 с.
  4. Ибн-ал-Балхӣ. Форснома. Ба чоп тайёркунандагон Ҳ.Раупов ва М.Ҷалилова. – Душанбе.: Дониш, 1989. – 158 с.
  5. Ильяхов А.Г. Этимологический словарь. Античные корни в русском языке / А.Г. Иляхов. М.: Аст.Астрель, 2009. – 669 с.
  6. Каримов А. Хрестоматияи забони паҳлавӣ [Матн] / А. Каримов. –Душанбе: УДТ, 1978. – С. 57.
  7. Наршахӣ, Абубакр Муҳаммад ибни Ҷаъфар. Таърихи Бухоро [Матн] / А. Наршахӣ. Мураттибон Ғ. Ғоибов, К. Олимов, Н. Амиршоҳӣ. – Душанбе: Пайванд. 2012. – 546 с.
  8. Расторгуева В.С., Молчанова Е.К. Среднеперсидский язык // Основы иранского языкознания, Среднеиранские языки / В.С. Расторгуева, Е.К.Молчанова. – М.: Наука, 1981. – С. 6-146.
  9. Фасмер М. Этимологический словарь русского языка [Текст] / М.Фасмер. Т.1. – М.: Прогресс, 1986. – С. 70.
  10. Ҳасандӯст М. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Ҷ.1, 585 с.; ҷ.2, 1410 с.; ҷ.3, 2080 с.; ҷ.4, 2955 с. / М. Ҳасандӯст. Теҳрон, 1384.

Поделиться

480

Давлатзода Р.. Роль летописей X-XIII вв. в толковании этимологии слов // Развитие социально-гуманитарного знания: новые направления и перспективы : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 28 декабря 2023г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2023. С. 23-27. URL: https://apni.ru/article/8013-rol-letopisej-x-xiii-vv-v-tolkovanii-etimolog

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Другие статьи из раздела «Филологические науки»

Все статьи выпуска
Актуальные исследования

#51 (233)

Прием материалов

14 декабря - 20 декабря

осталось 6 дней

Размещение PDF-версии журнала

25 декабря

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января