Главная
Конференции
Современная парадигма развития науки, технологий и образования
О некоторых вопросах совершенствования платежной системы в Республике Таджикиста...

О некоторых вопросах совершенствования платежной системы в Республике Таджикистан

Секция

Экономические науки

Ключевые слова

платежная система
банковская карта
безналичный расчет
электронный кошелек

Аннотация статьи

Обсуждены и исследованы вопросы совершенствования механизма электронных платежей, укрепления единой платежной системы, качества банковских услуг, важности внедрения новых цифровых финансовых технологий в платежную систему.

Текст статьи

Имрӯз воситаҳои ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба марҳилаи сифатан нави рушд зина ба зина қадам мегузорад. Дар замони болоравии рушди бемайлони иқтисодиёт як қатор кишварҳои олам марҳила ба марҳила аз равиши анъанавии пардохтҳои нақдӣ ба методҳои афзалиятнок ва самарабахши муомилоти ғайринақдӣ гузашта истодаанд. Дар шароити пешрафти илму техника ва технология роҳандозӣ намудани низоми пардохти электронӣ бо истифода аз кортҳои пластикӣ на танҳо барои бонк, балки дар сатҳи иқтисодиёт низ самаранок мебошад, зеро он боиси ба таври назаррас афзудани суръати муомилоти пул, сифатан беҳтар шудани нигоҳдошти он ва қулаю осон гардидани шароитҳои хизматрасонии молиявии аҳолӣ шуда метавонад. Амалӣ шудани ин иқдом дар зинаи иқтисодиёт равандҳои молиявиро шаффоф гардонида, ҳиссаи иқтисодиёти ғайрирасмӣ (пинҳонӣ)-ро тадриҷан коҳиш медиҳад, хатари дуздии пули нақдро аз байн мебардорад, зиёдшавии воридоти маблағҳои андозӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмиро ба буҷети давлатӣ ва ғайра таъмин менамояд, ҳамчунин ба ҷалби сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ шароити мусоиди корӣ фароҳам меоварад, пардохти молу хадамот, махсусан пардохтҳои давлатӣ осону дастрас гардида, талаботи аҳолӣ тадриҷан ба пули нақд паст рафта, дар ин маврид навбатпоӣ дар назди бонкоматҳо ва хазинаи ташкилотҳои молиявӣ-қарзӣ ҷиҳати дастрас намудани пули нақд маҳдуд шуда, боиси сармаранокии вақту хароҷоти иловагии аҳолӣ мегардад.

Низоми пардохт – ин маҷмӯи қоидаҳо, тартиб ва зерсохтори пардохтҳо ба ҳисоб рафта, интиқоли арзишро аз як субъекти иқтисодӣ ба дигараш роҳандозӣ менамояд, ба рушди гардиши ғайринақдӣ таъсири назаррас мерасонад ва шаффофияти низоми молиявии кишварро таъмин менамояд. Айни замон дар минтақаҳои Тоҷикистон низомҳои пардохтии «Корти миллӣ», «Visa», «Western Union», «MasterCard», «Express Pay», «Blizko», «Юнистрим», «Мир» ва ғ. ба фаъолияти молиявӣ-қарзӣ машғул мебошанд. Истифодаи чунин кортҳои бонкӣ ҳамчун воситаи ҳалли муомилоти ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ бештар дар савдои чакана паҳн шудааст. Мутаассифона, дар баъзе ҷанбаҳои фаъолияти молиявӣ – иқтисодӣ, техникӣ ва технологии ташкилотҳои молиявии кишвар мушкилот ҷой доранд.

Дар Паёми ҳарсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муаммоҳо ва тақвияти низоми нави пардохтҳо эътибори хоса дода мешавад. Аз ҷумла, дар Паёми имсола чунин омадааст: « ...... аз ҷониби Вазорати молия ва Бонки миллӣ ҷиҳати таъсиси махзани ягонаи маълумот доир ба суратҳисоби ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо, тавсеаи зерсохтори пардохти ғайринақдӣ ва ташкили равзанаи ягонаи пардохти тамоми хизматрасониҳои давлатӣ бояд тадбирҳои фаврӣ андешида шаванд» [6, c.7].

Низоми пардохт қисми асосии низоми пулии муосир мебошад. Бинобар ин, ҷиҳати танзими он дар кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» соли 2020 қабул гардид, ки дар он чунин омадааст: «Низоми пардохтӣ – маҷмӯи ташкилотҳое мебошад, ки аз оператори низоми пардохтӣ, хизматрасониҳои зерсохтори пардохтӣ, ва на кам аз се иштирокчӣ – ташкилоти қарзии молиявӣ иборат аст, бо мақсади интиқоли маблағҳо мутобиқи қоидаҳои низоми пардохтӣ якҷоя амал менамоянд» [5, c.8]. Ин андешаҳо дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 низ таъкид гаштааст «... таҳияи тадбирҳои ҳавасмандӣ оид ба вусъат додани паҳншавии пардохтҳои ғайринақдӣ, такмили механизми воситаҳои пардохти электронӣ бо мақсади зиёд намудани ҳиссаи пардохти ғайринақдӣ зарур мебошад» [7, c.84]. Дар дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва соҳавӣ, аз ҷумла дар Қарори Ҳукумати ҶТ (аз 30.11.2018, №565) «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ», Қонуни ҶТ «Дар бораи савдои электронӣ», (аз 12.10.2022, №869), «Стратегияи рушди низоми пардохтии ҶТ барои солҳои 2015-2025 (аз 31.10.2014)», «Стратегияи сиёсати пулию қарзии ҶТ барои солҳои 2021-2025» (аз 31.12.2020, №175) оид ба такмил ва танзими низоми пардохтҳо ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ маълумоти возеҳ дарҷ гардиданд ва санади танзимкунандаи ширкатҳои молиявӣ дар самти пардохти электронӣ ба ҳисоб мераванд. Дар доираи низоми пардохти байналмилалӣ субъектони универсалӣ («Visa», «MasterCard» ва «Мир») амал менамоянд, ки дастоварду таҷрибаи онҳо мақоми омӯзиш дорад. Таҷрибаи субъектҳои хориҷӣ ширкатҳои молиявии ватаниро водор месозад, ки ба муҳиммият, асоснокӣ, танзим ва рушди такмили низоми пардохтҳо эътибори ҷиддӣ дода шуда, дар бозорҳои молиявӣ рақобатпазириро таъмин карда тавонанд.

Корҳои илмӣ-таҳқиқотии олимони муосири рус ба мо имконият медиҳад, ки ба равишҳои назариявӣ ва методологии бунёд ва мониторинги рушди низоми пардохт аҳамияти заруриро равона намуда, онро мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор диҳем. Масалан, олими рус Казимагомедов А.А. [2] исбот менамояд, ки бо воситаи ҳисоббаробаркуниҳои электронӣ дар вақти муайян дар асоси фармоиши муштарӣ тавассути воситаҳои электронии алоқа интиқоли маблағ бо суръати баланд аз интиқолдиҳанда ба қабулкунанда равона карда мешавад. Ин ақидаро олимони дигари соҳа Зоидов К.Х., Лясников Н.В., Дудин М.Н. низ пайравӣ менамоянд.

Ба андешаи мо, ин иқдом ба суръати гардиши маблағҳо, кам кардани ҳаҷми маблағи нақд дар ҳисоббаробаркуниҳо, беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои бонкӣ ва риояи интизоми пардохтии бонкҳо таъсири мусбӣ мерасонад. Аз ин рӯ, низоми пардохти ғайринақдӣ бояд риояи талаботи зеринро таъмин гардонад, аз ҷумла: махфияти маълумоти молиявии муштарӣ (рақами корти бонкӣ, ҳаҷми маблағи пардохт, мубодилаи интиқоли пулӣ, қобилияти пардохтпазирӣ ва ғ.), яъне танҳо ба доираи ҳадди маҳдуди иштирокчиёни низоми падохт, ки онҳо ҳуқуқи таҳвилро доранд, дастрас бошад.

Ба андешаи мо, минбаъд низ ҷиҳати тақвият бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тавассути воситаҳои электронии муосир байни ташкилотҳои молиявӣ-қарзӣ андешидани чораҳои зерин бояд дар назар дошта шавад:

  1. Роҳандозӣ гардонидани ҳамагуна пардохтҳо, боҷҳои давлатӣ, ҷаримаҳои маъмурӣ ва пардохтҳои дигари коммуналӣ тавассути воситаҳои электронии пардохт бе гирифтани ҳаққи хизматрасонӣ;
  2. Ҷиҳати ҳавасмандкунӣ ба пардохткунанда вобаста ба ҳаҷми пардохт пешбинӣ намудани бонусҳо (кэшбек) то 1%;
  3. Ба таври васеъ рушд наёфтани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ин набудани ҳавасмандӣ ва ҳангоми пардохти ҳаққи хизмат гирифтани фоизҳо аз ҷониби ширкатҳои молиявӣ мебошад;
  4. Ҷорӣ намудани низоми ягонаи пардохти хизматрасониҳои давлатӣ барои рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва ташкили мониторинги он;
  5. Ҳар чӣ бештар бо корти бонкӣ таъмин намудани ҳиссаи аксарияти аҳолӣ (тибқи маълумоти расмии Бонки миллии Тоҷикистон то моҳи декабри соли 2022 муштариён соҳиби 5,1 млн корти бонкӣ гардидаанд, ки қариб 18,5%-и аҳолии кишварро дар бар мегирад). Аз рӯи омори Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳолати 30.09.2023 шумораи умумии ҳамёнҳои электронӣ ба 7 536 793 адад расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 1,2 млн. адад (16%) афзудааст. Ин ҳолат аз фаъолияти пурсамари ташкилотҳои молиявӣ ва боло рафтани фарҳанги истифодабарандагони кортҳои бонкӣ низ гувоҳӣ медиҳад. Ҳолати зиёд гаштани теъдоди ҳамёни электрониро дар миқёси солҳои 2018-2023 (то 30 сентябр) дар ташкилотҳои молиявии мамлакат мавриди муқоиса ва таҳлил қарор медиҳем.

Ҷадвали. Афзоиши шумораи ҳамёни электронӣ таи солҳои 2018-2023 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба ҳисоби адад)

Аз ҷадвали мазкур бармеояд, ки шумораи ҳамёни электронӣ дар соли 2023 нисбати соли 2020 4,4 баробар афзудааст. Таъмини шаҳрвандон бо кортҳои бонкӣ сол аз сол афзоиш ёфта, дар соли 2023 назар ба соли гузашта 19% зиёд гаштааст. Маълум мегардад, ки дастрасии муштариён бо кортҳои бонкӣ бо рушди шумораи аҳолӣ баробар таъмин шуда истодааст.

Давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2023 дар 20 ташкилотҳои қарзии молиявӣ тавассути ҳамёнҳои электронӣ наздик 10,9 млн. адад амалиётҳои пардохти ғайринақдӣ ба маблағи 1 189,0 млн. сомонӣ анҷом дода шуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 12,0 фоиз ва 6,7 фоиз афзоиш ёфтааст.

Ҳоло ҳам дар миқёси ҷумҳурӣ ин нишондиҳандаҳо қонеъкунанда намебошанд. Дар ин самт, бонкҳои тиҷоратиро зарур аст, ки фаъолияташонро пурзӯр намоянд. Масалан, дар Ҷопон ба ҳар як сокини кишвар ба ҳисоби миёна 3-4 корти пластикӣ рост меояд. Бо ёрии онҳо аз чор се ҳиссаи хариду фурӯш ба ҷо оварда мешавад [1, c.685]. Дар иқтисодиёти Шветсия ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка ҳиссаи умумии муомилоти пули нақд мутаносибан ҳамагӣ 3 ва 7%-ро ташкил медиҳад. Албатта, то ба ин вазъ, мақом баробар шудан, ноил гаштан ба чунин рушди иқтисодиёт моро зарур аст, ки бояд роҳҳои дуру дароз ва марҳилаҳои ниҳоят муҳими рушди низоми пардохтиро тарҳрезӣ ва аз сар гузаронем.

Таҷрибаҳо гувоҳӣ онанд, ки дар шароити кунунӣ фаъолияти бонкдорӣ ба рушди низомҳои пардохтӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тавассути роҳандозӣ намудани технологияҳои нави молиявии рақамӣ, ҷиҳати коҳиш додани ҳиссаи пули нақд дар фазои муомилот ниёз дорад ва амалӣ гардонидани ин иқдомҳо сол аз сол таъмин гашта истодаанд. Зикр намудан бомаврид аст, ки фаъолияти муваффақонаи низоми пардохт аз сифати хизматрасонии ширкатҳои ғайримолиявӣ ба монанди марказҳои коркард ва таҳлили алоқа, хадамоти техникӣ, ки вазифаи дастгирии техникӣ ва ташхиси таҷҳизоту дастгоҳро ба ӯҳда доранд, вобаста мебошад.

Ҳамин тариқ, пардохтҳои ғайринақдӣ амалиёти маҳсуб меёбад, ки ҳангоми анҷом додани он пули нақд тамоман ба кор бурда намешавад. Афзоиши пардохтҳои ғайринақдӣ ба баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолӣ, мақсаднок истифодабарии маблағ, мубодила ва ҷозибияти молиявӣ, афзоиши васеи рушди тиҷорат ва иқтисодиёт мусоидат намуда, барои коҳиш додани ҳаҷми муомилоти ғайрирасмӣ таъсир мерасонад. Ҳамчунин, боиси зиёд шудани даромади андоз, ғанӣ гаштани буҷет ва дар умум ба баланд бардоштани рейтинги байналмилалии давлат ва ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ мусоидат хоҳад кард.

Список литературы

  1. Давлатов Х.А., Абдуллоева З.Н., Раҳимов Б.Н. Платёжные электронные системы. Международный научно-исследовательский журнал «Endless light in science». Impact factor: SJIF 2020. №5. – С. 683-686.
  2. Казимагомедов А. А. Регулирование банком России платежной системы страны // Символ науки. 2017. Т. 1, № 1. С. 32-34.
  3. «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ», (Қарори ҲҶТ аз 30.11.2018, №565).
  4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдои электронӣ», (қарори МНМО ҶТ аз 12.10.2022, № 869. Душанбе, 2022 – 10 с.
  5. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» (Қарори ҲҶТ аз 07.08.2020, № 1723).
  6. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ». 23 декабри соли 2023. – Душанбе: «Шарқи озод», 2023. – 36 с.
  7. Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030. (Қарори МНМО ҶТ аз 01.12.2016, №636). – Душанбе, 2016 – 103 с.
  8. Стратегияи рушди низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2025 (Қарори ҲҶТ 31.10.2014).
  9. Стратегияи сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 (қарори БМТ аз 31.12.2020, №175). Душанбе, 2020 – 11 с.
  10. Цветков В.А. и др. Проблемы и перспективы развития электронных платежных систем в России. Экономика и управление. - №2 (148) 2018. – С. 14-16.

Поделиться

650

Урунова Ф. Р. О некоторых вопросах совершенствования платежной системы в Республике Таджикистан // Современная парадигма развития науки, технологий и образования : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 16 января 2024г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2024. С. 64-68. URL: https://apni.ru/article/8180-o-nekotorikh-voprosakh-sovershenstvovaniya

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Актуальные исследования

#50 (232)

Прием материалов

7 декабря - 13 декабря

осталось 4 дня

Размещение PDF-версии журнала

18 декабря

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

31 декабря