Главная
Конференции
Современная парадигма развития науки, технологий и образования
Некоторые взгляды на самостоятельную работу студентов по английскому языку на не...

Некоторые взгляды на самостоятельную работу студентов по английскому языку на неязыковых факультетах

Секция

Педагогика и психология

Ключевые слова

коммуникативные методы
современный преподаватель иностранного языка

Аннотация статьи

В данной статье рассматривается вопрос изучения организации самостоятельной работы студентов по английскому языку на неязыковых факультетах. Отмечается, что самостоятельная работа – это плановая деятельность студентов по заданию и под методическим руководством преподавателя.

Текст статьи

Самтҳои асосии ислоҳоти мактаби олӣ дар назди муассисаҳои таълимии олии Чумҳурии Тоҷикистон вазифаи тақвият бахшидан ба раванди таълимро гузошт. Дар ин робита зарурати аз нав дида баромадани усулҳои ташкили машғулиятҳои лексионӣ ва амалӣ доир ба ҳамаи фанҳо пайдо шуд. Аз ин лиҳоз, диққати бештар ба кори мустақилонаи синфӣ ва ҳам берун аз синфӣ равона карда шуд. Дар шароити истилоҳоти таҳсилоти олӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбории ҳатмии фаъолиятҳои синфии донишҷӯ кам карда шуда, ташкили кори мустақилона бо таъмини ёрии методӣ ва назорат аз тарафи омӯзгор такмил дода шудааст. Дар системаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон кори мустақилонаи донишҷӯён қисми асосии раванди таълим мебошад, ки он дар стандарти давлатии таълим ва барномаҳои омӯзиш ва инчунин дар нақшаҳои таълимӣ 50%-и миқдори соатҳоро ташкил мекунад. Кори мустақилона ба густариш ва амиқсозии дониш ва малакаҳои амалӣ, дар ташаккули таҷрибаи забоншиносӣ ва минтақавӣ нигаронида шудааст. Системаи ягонаи ташкили кори мустақилона ҳанӯз ба пуррагӣ таҳия нашуда бошад ҳам, дар кафедраҳо ва факултетҳои МДТ-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, дар ташкил, гузаронидан ва назорати он таҷрибаи муайяне ба даст оварда шудааст.

Чуноне, ки Ҷ. Исоматдинов қайд намудааст, кори мустақилона-ин намуди фаъолият, методи таълим, шакли ташкили фаъолият, воситаи таълим, низоми шароити педагогӣ ва ғайра ба шумор меравад. Мустақилияти донишҷӯ дар “се поя”-и зерин қарор дорад: мақсад, маҳорат, соҳибихтиёрӣ. Се қисмати дарки мустақилият инҳоянд: мустақилияти босабаб, майлу хоҳише,ки сабабгори фаъолияти мақсаднок мегардад; мустақилияти бомазмун фаро гирифтани низоми пешқадами донишомӯзӣ ва усулҳои таълим; муствқилияти боирода – ҷараёнҳои иродатӣ бо фаъолият вобастагӣ дорад. Иродат аз хоҳиш сарчашма мегирад ва инсонро ба ҳаракат водор мекунад.

Моҳияту мазмуни кори мустақилона дар дидактикаи мактаби олӣ аз шакли таълим ва намуди омӯзиш ки асосан бидуни дахолати омӯзгор амалӣ мегардад ва воситаи ҷалби донишҷӯён ба фвъолияти мустақилонаи донишазхудкунӣ ва дар ниҳоди онҳо ташаккул додани усулҳои ташкили онҳо мебошад.

Нишонаҳои корҳои мустақилона аз инҳо иборатанд: мавҷуд будани вазифаҳои амалӣ, масъалаҳои муаммовӣ ва вақт барои иҷрои онҳо, ҳалли мисолҳо; зоҳир гаштани тафаккури зеҳни донишҷӯён баҳри дуруст ва беҳтару хубтар иҷро намудани амалҳо; зоҳир намудани шуурнокӣ, мустақилият ва фаъолнокӣ дар ҷараёни ҳалли масъалаҳои гузошташуда; мавҷудияти натиҷаи кор, ки инъикоскунандаи фаҳмиши муаммо аз ҷонибихуди донишҷӯ мебошад; соҳиб будан ба малакаи кори мустақилона.

Инчунин яке аз нишонаи асосии фаъолияти мустақилона ин бидуни ёрии омӯзгор ба роҳ мондани корҳои мустақилона ба шумор меравад. Донишҷӯ дар ҷараёни кори мустақилона амалҳоеро иҷро мекунад, ки тавассути онҳо моҳияти масъала дарк мегардад, кори мустақилона ба мақсад тобеъ гардонида мешавад ва мақсад аз ҷониби худи донишҷӯ гузошта мешавад. Ҳангоми гузаронидани кори мустақилона нақши омӯзгор ва донишҷӯ иваз мегардад. Яъне мавқеи омӯзгор ин дониши тайёрро баён накардан, балки ташкил намудани кори фаъоли мустақилонаи донишҷӯён ба шумор меравад [1].

Дар айни замон методикаи таълими забонҳои хориҷӣ дар факултетҳои ғайритахассусӣ асосан ба ду муаммо (мушкилӣ) дучор мешавад:

  1. Тақвияти таваҷҷӯҳ ва омӯзиши хониш ва фаҳмидани матнҳо;
  2. Ташаккули маҳорати забонии донишҷӯён тавассути кори мустақилона.

Аз байни ҳама намудҳои корҳои мустақилона, мавқеи муҳимро омӯзиши мустақилона, ишғол мекунад, зеро он як ҷузъи муҳим дар фаъолияти таълимии донишҷӯ мебошад. Принсипи асосии ташкили кори мустақилонаи донишҷӯён дар кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ муносибати ҳамаҷонибаест, ки ба рушди малакаҳои репродуктивӣ (тазакурӣ) ва эҷодии донишҷӯ нигаронида шудааст. Мундариҷаи кори мустақилонаи донишҷӯён дар барномаҳои кории кафедра (силлабус) тасвири худро ёфтааст. Кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ ҳамаи маводҳои заруриро, ки барои ташкил ва иҷрои корҳои мустақилонаи донишҷӯ нигаронида шудааст, рӯи ихтисос мебошад. Вобаста ба фанни омӯхташаанда тибқи нақшаи таълимии ихтисосҳои ғайризабонӣ, барои кори мустақилонаи донишҷӯён дар ҳар як соли хониш барои КМРО дар ҷадвал ва КМД соатҳо ҷудо карда шудаанд.

Асосан ду шакли корҳои мустақилона – аудиторӣ ва берун аз аудиторӣ ба роҳ монда шудаанд. Кори мустақилонаи дар дохили синфхона аз рӯи нақша ва берун аз дарс бошад – бо супориш ва роҳбарии методии омӯзгор, аммо бидуни иштирокии ӯ ташкил карда мешавад. Умуман кори мустақилонаи донишҷӯён ин маҷмӯи амалҳое мебошад, ки дар синфхона ва берун аз он бо мақсади тайёр кардани мутахассисоне омода карда мешавад, ки онҳо дониши худро мустақилона амиқ менамоянд ва онро дар фаъолияти амалии минбаъдии худ истифода мебаранд. Аз ин рӯ, дар таҳсилоти донишгоҳӣ кори мустақилонаи донишҷӯе, ки маҳорати таҳқиқотӣ, нерӯи эҷодии шахс ва ҳавасмандкунии маърифатиро инкишоф медиҳад, аҳамияти хоса дорад.

Дар марҳилаи кунунӣ кори мустақилона хеле муҳим гаштааст, зеро донишгоҳ вазифадор аст, ки на танҳо донишҷӯёнро бо донишҳои муосир муҷаҳҳаз созад, балки ба онҳо чӣ гуна мустақилона маълумот гирифтан ва ба маълумоти илмӣ сарфаҳм рафтанро омӯзад.

Кори мустақилонаи донишҷӯ аз забони хориҷӣ яке аз воситаҳои муҳими рушди нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ, мустаҳкам намудани маводи омӯхташаванда, тафтиши дониш, малака ва маҳорати донишҷӯ мебошад. Самаранокии ҷараёни таълим дар донишгоҳ аз бисёр ҷиҳат аз фаъолияти дуруст ташкил кардани кори мустақилонаи донишҷӯён муайян карда мешавад.

Аз рӯзҳои аввали омӯзиш вазифа ба миён меояд, ки кори мустақилона бо усулҳои гуногун муҷаҳҳаз карда шавад. Кори мустақилона ба он намуди фаъолияти таълимӣ мансуб аст, ки дар он донишҷӯён бе иштироки бевоситаи омӯзгор супоришҳои инфиродӣ ё гурӯҳиро иҷро мекунад, аз ин рӯ, фаъолияти донишҷӯён метавонад ду навъ бошад синфӣ ва берун аз синфӣ. Кори мустақилонаи аудиторӣ вақти ночизро мегирад вале ҳадафи асосии он фаъолияти донишҷӯ таҳти роҳбарии омӯзгор буда, ташаккули малакаи кор бо китоб, бо маводи дидактикӣ ва кори эҷодӣ мебошад. Муваффақияти тайёрии касбӣ дар баробари дигар омилҳо бо ташкили оқилонаи раванди таълим, аз ҷумла корҳои мустақилонаи беруназсинфӣ муайян карда иешавад.

Корҳои мустақилонаи берун аз ҷадвал вақти зиёдеро талаб мекунад, зеро он инфиродӣ ва гуногун ранг аст. Он метавонад кор бо луғатҳо, маълумотҳо, адабиёҳои таълимӣ ё манбаъҳои интернетӣ бошад. Донишҷӯён бояд матнро нақл намоянд, тарҷума кунанд ё ин ки доир ба мавзуи мушаххас муаррифӣ тартиб диҳанд. Дар донишгоҳ таҳсил кардан дар ниҳоят ба донишҷӯён имкони бо адабиёти махсус кор карданро медиҳад, ки асосан бо забони англисиӣ интишор шудааст. Дар назди омӯзгор вазифаи мушаххас гузошта мешавад: ки он мустақилона аз рӯи матн кор кардан, пурра ва бо забони хориҷӣ дақиқ додани маълумот бо истифодаи ҳадди ақалли луғат, инкишофи фаҳмиши калимаҳои ношинос бо ёрии маънои матн, ташаккул диҳад.

Бо мақсади дар донишҷӯён такмил додани малакаи ба даст овардани маълумот, вазифаи мушаххас дода шавад, то ки онҳо матнро худашон хонанд ва мундариҷаи умумии онро бифаҳманд, сипас бори дигар матнро хонанд ва дар вақти надонистани маънои калима ё ки барои фаҳмиши мазмуни матн халал мерасонад, ба луғат муроҷиат намоянд.

Дар ин ҳолат фаъолияти омӯзгор ба назорате, ки чунин ҳадафҳоро дар бар мегирад, нигаронида шудааст. Ӯ бояд санҷад, ки:

  • Оё донишҷӯ ин матнро хондааст;
  • Матни хондаашро фаҳмидааст;
  • Маҳорати ифоданок хондани матнро дорад, ё не ва ғайра.

Омӯзгор бо ташкил намудани кори мустақилона бо матн, кӯшиш менамояд, ки маҳорати зерини донишҷӯро инкишоф диҳад:

  • тарҷумаи босифат ва мутобиқи он бо матн;
  • маводи соддаи грамматикӣ;
  • таҳлилҳои лексикӣ ва тарҷума кардани ҳар як калима;
  • дуруст истифода бурдани луғат.

Яке аз шартҳои иҷрои кори мустақилона омӯзиши буҷаи вақти донишҷӯёне ки барои корҳои берун аз синфӣ сарф карда мешавад, мебошад. Бо ин мақсад кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ барномаи таълимро омӯхта, ҷадвал ва шаклҳои назорати онро тартиб додааст. Дар асарҳои Б.П. Есипов таъкид карда шудааст, ки кори мустақилона воситаи пуриқтидори ташаккули шахсияти донишҷӯён ва ва рушди зеҳнии онҳо мебошад [3]. Дар ҷараёни кори мустақилона донтшҷӯ муқоиса ва ҷасмъбаст кардани далелҳоро меомӯзад, хулоса мебарорад, адабиёти таълимиро аз назари танқидӣ таҳлил менамояд, яъне душвориҳои кори мустақилонаро омӯхта, малакаҳои зарурии касбиро ба даст меорад. Кори мустақилонаи донишҷӯён ҷузъи муҳими тамоми раванди таълими забони хориҷӣ мебошад. Дар ҷараёни кори мустақилона донишҷӯён зуҳуроти забонро меомӯзанд, дар онҳо малакаи зарурии суханвариро инкишоф медиҳанд, инчунин услуби инфиродии азхудкунии дониш ташаккул меёбад, ки барои фаъолияти касбии мутахассис аҳамияти муҳим дорад. Унсурҳои гуногуни ин масъала ба мо имконият намедиҳад, ки дар бора тамоми паҳлӯҳои кори мустақилонаи донишҷӯён аз фанни забони хориҷӣ муфассал сухан ронем.

Ҳамин тавр барои баланд бардоштани самаранокии кори мустақилонаи донишҷӯ, чизи муҳим ин алоқаи байни корҳои синфӣ ва берун аз синфӣ мебошад. Мавод барои хониши синфӣ ва берун аз синфӣ аз адабиёти махсус бо назардошти мураккабӣ ва бисёрии лексикаи махсус ва қолаби грамматикӣ интихоб карда мешавад. Дар вақти хондани адабиёти махсус, дуруст фаҳмидани маънои он ва дониши хуби грамматикиро талаб мекунад. Таҷрибаи корӣ нишон медиҳад, ки дар гурӯҳҳое, ки забони хориҷиро дар синф омӯхтан мехоҳанд, фасли душвортарини ин грамматика мебошад, ки онро бояд хуб коркард кард ва қисми боқимондаи маводи грамматикиро мустақилона такрор кунонидан лозим аст. Бояд ба омӯзиши унсурҳои забон аҳамияти бештар дод, чунки донистани онҳо барои дарки зудтар ва дақиқи забони хориҷӣ мусоидат мекунад.

Список литературы

  1. Алисенова Н.С. Роҳнамоии касбӣ-кори мустақилонаи донишҷӯёни факултетҳои ғайризабонӣ // Маҷаллаи байналмилалии илмии “Инноватсияи илм”. – 2016. – № 1. саҳ. 79-81.
  2. Егорченкова Е.Я. ва дигарон. Ташаккули салоҳияти худидоракунии кори мустақилонаи донтшҷӯёни факултетҳои ғайризабонӣ // Иностранные языки в школе. – 2001. – №3. С. 12.
  3. Есипов Б.П. Корҳои мустақилонаи донишҷӯён дар синф. – М.: Просвещение, 1981. 239 саҳ.
  4. Манеева О.Г. Корҳои мустақилонаи донишҷӯён ҳамчун роҳи баланд бардоштани сатҳи тайёрии муаллимон // Иностранные языки в школе. – 1990. – № 4. Саҳ. 103-104.

Поделиться

465

Сатторова М.., Рахматова Ш. М. Некоторые взгляды на самостоятельную работу студентов по английскому языку на неязыковых факультетах // Современная парадигма развития науки, технологий и образования : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 16 января 2024г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2024. С. 90-93. URL: https://apni.ru/article/8182-nekotorie-vzglyadi-na-samostoyatelnuyu-rabotu

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Другие статьи из раздела «Педагогика и психология»

Все статьи выпуска
Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 6 дней

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января