Главная
Конференции
Современная парадигма развития науки, технологий и образования
Различия и сходства таджикских наклонений и их английских эквивалентов

Различия и сходства таджикских наклонений и их английских эквивалентов

Секция

Филологические науки

Ключевые слова

сопоставительный анализ
грамматические особенности
различия и сходства
английский и таджикский языки

Аннотация статьи

В статье рассматриваются вопросы изучения различий и сходств таджикских наклонений и их английских эквивалентов. Отмечается, что исследуемая тема считается одной из актуальных в сравнительном языкознании.

Текст статьи

Сиға яке аз категорияҳои муҳим ва зарурӣ дар баёни ҷумла мебошад, ки объекти омӯзиши феъл, яъне амалро ифода намуда, воқеият доштан ва ё надоштани онро нишон медиҳад. Сиға аз ҷумлаи шаклҳои тасрифшавандаи феъл буда, дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ аз категорияҳои мушкили забонӣ маҳсуб меёбад. Он яке аз хусусиятҳои фарққунандаи феъл аст. Гӯянда вуқуъ, ҷараён ва анҷоми амалро баён карда, муносибати нисбат ба воқеият доштаи онро муайян менамояд ва муносибати амал ба воқеиятро ифода мекунад.

Дар забони ҳозираи тоҷикӣ 4-навъи сиғаро забоншиносон қайд намудаанд ва дар асоси ҳамин хелҳои сиға амали ҷумла баён карда мешавад: сиғаи хабарӣ, сиғаи шартӣ-хоҳишмандӣ, сиғаи амрӣ ва сиғаи эҳтимолӣ. Ба ғайр аз ин сиғаи ғайришуҳуди (аудитивӣ) -ро ҷудо кардаанд [1, c.49].

Ҳамаи феълҳо аз рӯи муносибати фоил ба маънои иҷрои амал ва ҳолату вазиъият боз ба ду гурӯҳи калон тақсим мешаванд: 1) феълҳои шуҳудӣ, 2) феълҳои нақлӣ.

Феълҳои нақлӣ амалеро мефаҳмонад, ки фоилаш дар бораи вуқӯи он на ҳамчун шоҳиди бевосита, балки аз рӯи шунида ва сарчашмаҳои дигар сухан мекунад: дидааст, шикастаанд, сохта будааст, медодааст, менависондаанд, гуфта мегаштаӣ ва ғ. Маънии нақлии замони гузашта, ҳозира ва ояндаи феъл дар ҷумла бо худи шакли феълӣ ифода шуда метавонад: Ҳеҷ чиз нашудааст, танҳо аз ҳамон ясавули шумқадам андак тарс хӯрдааст (С. Айнӣ). Тухмҳои таърифӣ якта намонда шикастаанд (Ф. Муҳаммадиев). Занаш ҳам худаш барин дар кадом идорае кор мекардааст (Ҳ. Карим). Агар одамро газад, накушта намемондааст (Ҳ. Карим).

Ин шаклҳо дар забони ҳозираи тоҷик чорто аст: 1) шакли асосии перфект (замони гузаштаи сиғаи ғайришуҳудӣ ё аудитивӣ); 2) шакли давомдори перфект (шакли ғайризамонии давомдори сиғаи ғайришуҳудӣ ё аудитивӣ); 3) перфекти гузаштаи дур (замони қаблии сиғаи ғайришуҳудӣ ё аудитивӣ); 4) шакли муайян ё дақиқи перфект (шакли муайян ё дақиқи сиғаи ғайришуҳудӣ ё аудитивӣ). Дар забони тоҷикӣ дар гуфтугӯ миқдори шакли перфектӣ мутаносибан бисер аст, бештар шакли сиғаи аудитивӣ алахусус шакли перфектӣ дар нутқи гуфтугӯии мардуми ҷанубу шарқӣ (Қаротегин, Кӯлоб, Дарвоз, Бадахшони куҳӣ) ба назар мерасанд [4, c.123]. Дар ин ҷойҳо шаклҳои муайян ё дақиқи перфект истифода бурда намешавад, вале шакли гузаштаи дури перфект серистеъмол аст (дидастъм, дида будастъм). Дар гуфтори мардуми шимол ба ғайр аз чор шакли перфект, ки бештар забони адабист, перфекти давомдори қабл аз гузашта низ ба назар мерасанд. Перфекти давомдори қабл аз гузаштаро дар асарҳои як қатор нависандагон (дар муколамаҳо куҷое, ки муаллиф ҳаракат мекунад нутқи гуфтугӯии зиндаро инъикос намояд) рӯ ба рӯ шудан мумкин аст. Лекин бояд қайд кард, ки истифодаи онҳо нормаи забони адабии ҳозираи тоҷик ба шумор намеравад.

Шаклҳои перфекти зикршуда таърихи пайдоиши худро дорад. Аз ҳама ҳам қадим шакли асосии перфект ба шумор меравад. Он аз ҷиҳати сохти худ ниҳоят сода аст: дидааст «ӯ дидааст» ё «ошкор гардидааст, ки дида аст». Ин шакл дар забони классикӣ фаровон истифода бурда мешуд. Шаклҳои боқимонда аз шакли асоси сохта мешавад. Масалан, шакли давомдори перфект бо пайваст кардани пешванди ме- ба шакли асосӣ сохта мешавад (медидааст), перфекти қабл аз замони гузашта бо ёрии феъли ёридиҳанда «будан» созмон меёбад (дида будааст). Шаклҳои муайян ё нисбии перфект тавассути феъли ёридиҳандаи «истодан», ки дар шакли перфекти қаблии гузашта ифода меёбад сохта мешавад (дида истода будааст).

Бояд қайд кард, ки лаҳзаи ифодаёбии шакли перфекти давомдор ва перфекти қаблии гузаштаро муайян намудан душвортар аст. Танҳо гуфта метавонем, ки дар забони замони классикӣ истифодаи ин шаклҳо аз меъёр берун буд, зеро ин шакл дар асарҳои на ҳамаи нависандагон ба чашм мерасанд. Эҳтимол ин сабаб гашт, ки сиғаи мазкур барои амале далолат менамояд, ки гӯянда аз он бевосита ворид нест ва аз рӯи ягон сарчашма ё муносибатҳои мантиқӣ аз амал ворид гаштааст. Айни ҳол маънои амали бо роҳи бавосита ва ғайришуҳудӣ ба ҳамаи шаклҳои перфект мутаносибият дорад. Ба шакли давомдор ва муайяни перфект (медидааст, дида истода будааст) фаҳмиши натиҷаброрӣ дар маънои аслӣ умуман хос нест. Ҳамаи системаи шаклҳои перфект барои ифодаи ҳамаи тобишҳои замони ва намудии маънои модалият, ки дар сиғаи хабарӣ инъикос ёфтааст хизмат мекунад. Шакли асосии перфект барои ифодаи норавшани амали гузаштаро ифода мекунад ва бо нуқтаи назари замону намуд ба замони гузаштаи сиғаи хабарӣ мувофиқат мекунад [2, c.97]. Шакли давомдори перфект амали ҳозираи давомдор, оянда, гузаштаи давомдорро ифода мекунад, яъне аз ҷиҳати замону намуд ба шакли замони ҳозира-ояндаи сиғаи хабарӣ мувофиқат мекунад. Шакли гузаштаи перфект қаблан аз ягон нуқтаи вақт анҷом ёфтани амалро зикр мекунад. Он бо шакли замони гузаштаи сиғаи хабарӣ мувофиқат мекунад.

Ҳамаи ин ҳолатҳо мушкилот барои муайян сохтани мавқеи шаклҳои перфект дар системаи замон ва намуди феълҳои забони тоҷикӣ ба миён меорад. Ба ғайр аз ин дар интихоби ном низ каме нофаҳмиҳо ба миён меояд. Табиати гузарандагии онро ба назар гирифта ба онҳо ду ном интихоб карда шудааст: «сиғаи ғайришуҳудӣ ё аудитивӣ». Номи сиғаи ғайришуҳудӣ бештар муқарарӣ ва анъанавист. Он асли ин шаклҳоро инъикос мекунад ва танҳо қисман маънои муосирро медиҳад. Номгӯи дуюм, яъе аудитивӣ маънои асосии модалиятро ифода мекунад ва он ба ҳамаи шаклҳо таълуқ дорад. Аз ин чунин савол бармеояд, ки кадом аз ин номгӯйҳо (ғайришуҳудӣ ё аудитивӣ) бештар афзалтар аст? Ба ин суол ҷавоби аниқ аз тарафи забоншиносон дода нашуддаст. Дар забони англисӣ шакли мазкури перфекти забони тоҷикӣ муодили зеринро дорад, яъне дар бештар маврид тавассути шакли замони ҳозираи перфект ифода меёбад.

Ин шакли феълӣ аз ду ҷузъ иборат аст: а) феъли ёвари have, ки тасриф мешавад. I (you, we, they) have. He (she, it) has; б) феъли асосӣ, ки дар шакли сифати феълии II (Participle II) истифода мегардад. Ин сифати феълӣ бо се роҳ сохта мешавад:

  • Як гурӯҳ феълҳо, ки феълҳои дуруст ном гирифтаанд, ба шакли луғавии худ пасванди –ed қабул мекунанд: Work – worked, live – lived, stop – stopped;
  • Ба як қатор феълҳо пасванди –en замима карда мешавад: Write-written, take-taken, give-given;
  • Қисми дигари феълҳо яке аз садоҳои таркиби худро бо дигар садо иваз мекунад. Баъзе феълҳо бе тағйир мемонанд: Build-built, sit-sat, meet-met, do-done, put-put, cut-cut.

Шакли Participle II – и феълҳои гурӯҳи дуюм ва сеюм дар луғатҳо, дар даруни қавс оварда мешаванд. Чи хеле ки аз мисолҳо маълум гашт дар забони англисӣ чунин феълҳо аксар вақт тавассути перфект ифода меёбанд ва дар баъзе мавридҳо он Худуди давомнокиро ифода кардааст (were going to kiss, was on the way of going).

Агар дар нутқ (матн) манбаи ахбор ба ягон шакл зикр ёбад, маънои нақлии феъл равшантару возеҳтар зоҳир мешавад: Мегӯянд, ки вай, яъне Неъматҷон аскари сурх будааст (Ҳ. Карим); Хӯш, Муқим! Чӣ хабарҳо дорӣ? Туро тракторчӣ шудааст гуфтанд (Ҷ. Икромӣ).

Муодили ҷумлаҳои болоии тоҷикӣ ки шакли сиғаи аудитивиро дорад ба забони англисӣ чунин аст: Nematjon is said to be red soldier; Ok Mukim! What news do you have? You are said to be a tractor-driver.

Дар забони англисӣ шакли перфекти ҳозира метавонад амалеро ифода кунад, ки натиҷааш маълум аст: He has just broken his spectacles. (A.Cristie) - Ӯ ҳозиракак айнакашро шикастааст.

Маълум гардид, ки вазифаи асосии сиға муносибати амал ба воқеият аст, вазифаи дигари он ифода намудани замони иҷрои амал мебошад, ки дар якҷоягӣ бо категорияи замон инъикос меёбад ва дар шаклҳои гуногун ифода карда мешавад. Аз чор сиғае, ки дар забони тоҷикӣ эътироф гардиданд, дутои он – сиғаҳои шартӣ-хоҳишмандӣ ва эҳтимолӣ, ба ҳайси сиғаҳои ғайрхабарӣ шинохта мешаванд. Азбаски дар забони англисӣ дар бобати сиғаи ғайрихабарӣ ақидаҳои мухталиф мавҷуданд, ақидаи Л.С. Бархурдаров оид ба таснифоти сиғаҳои ғайриреалӣ афзалтар буда, дар байни англисишиносони собиқ шӯравӣ ва муосир бештар мавриди дастгирӣ қарор гирифтааст [3, c.79]. Ӯ чор навъи сиғаҳои ғайрихабарирро ҷудо кардааст: Subjunctive I: Long live Tajikistan! Long live the forces of peace! Successes attend you! Subjunctive II: If I were you, I should go tell him about it; If I were not so busy, I should come. Conditional mood: If he were here, he would help us; If I had not been so busy yesterday, I should have come. Suppositional mood: It is impossible that he should think so.

Сиғаи шартӣ-хоҳишмандӣ амалеро ифода мекунад, ки гӯянда воқеъ гардидани онро раво, имкоппазир ва ё вобаста ба шарте медонад. Яке аз шаклҳои асосӣ ва аломати сиғавии феълҳои шартӣ – хоҳишмандӣ аорист буда, вобаста ба он ва сохти ҷузъи асосии феълҳои таркибӣ тобишҳои замонӣ ва маъноӣ ифода меёбанд. Он дорои якчанд шакл аст (мерафтам, рафта бошам, равам). Ин шаклҳо шарт ё хоҳишро ифода мекунад, ки он реалӣ нест. Дар забони англисӣ ин сиғаи тоҷикӣ аксаран тавассути Subjunctive II ва Conditional mood тарҷума мешавад. Дар забони англисӣ низ ин ду маъно бо ду шакли сиға ифода меёбад. Шакли сиғаи Subjunctive 2 ва Conditional mood. If I had no lessons I should go for playing football. (had no lessons – Subjunctive II) (should go for playing fotball – Conditional mood).

Дар забони тоҷикӣ забошинос В.С. Расторгуева мавҷудияти сиғаи ғайришуҳудӣ ё аудитивиро дар забони тоҷикӣ қайд намудааст, ки он аз шакли сифати феълии замони гузашта ва феъли ёридиҳандаи будан (аст) , истодан дар шакли пурра ё ихтисоршудааш истифода мешавад. Сиғаи мазкур маънои модалӣ дорад, он гӯянда воқеъ шудани амалро аз рӯи шунид ва баёни сарчашмаҳои дигар ва хулосабарории мантиқӣ нақл мекунад [7, c.46].

Дар натиҷаи таҳлил муайян гашт, ки сиғаи аудитивӣ дар забони англисӣ муодили худро дорад ва он тавассути шаклҳои гуногуни замону намудӣ ифода меёбад. Сиғаи мазкур бештар дар шакли перфект ва созмонҳои масдарӣ ифода ёфта, ба ғайр аз ин он вобаста ба маъно ва замони ҷумла бо замонҳои гуногун тарҷума мешавад.

Список литературы

  1. Ализода С. С. Сарфу наҳви тоҷикӣ. Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2010. – 257 с.
  2. Арзуманов С. Ҷ., Сангинов А. Забони тоҷикӣ. Душанбе: Маориф 1988, – 416 с.
  3. Бархударов Л. С., Штелинг Д. А. Грамматика английского языка. М.: Высшая школа, 1973. – 423 с.
  4. Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. Қисми I. Фонетика ва морфология. – Душанбе: Дониш, 1985. – 356 с.
  5. Крылова И. П. Грамматика современного английского языка. – М., 2000. – 448 с.
  6. Расторгуева В. С., Керимова А. А. Система таджикского глагола, Москва: Наука, 1964.
  7. Усмонов К. У. Грамматикаи назарии забони англисӣ. Душанбе. – 2010, 236 с.
  8. Blokh M. Y. A Course in the theoretical English grammar, Moscow, 1983.
  9. Айнӣ С. Ёдоштҳо. Сталинобод, 1954.
  10. Карим Ҳ. Оқшуда. Сталинобод, 1959.
  11. Муҳаммадиев Ф. Сози мунаввар. Душанбе, 1986.
  12. Ҷалил Р. Шӯроб. Китоби 2. Душанбе, 1967.

Поделиться

533

Бибираҳимаи М.., Рашидова Д. А. Различия и сходства таджикских наклонений и их английских эквивалентов // Современная парадигма развития науки, технологий и образования : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 16 января 2024г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2024. С. 28-31. URL: https://apni.ru/article/8205-razlichiya-i-skhodstva-tadzhikskikh-naklon

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Актуальные исследования

#49 (231)

Прием материалов

30 ноября - 6 декабря

Остался последний день

Размещение PDF-версии журнала

11 декабря

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

24 декабря