Главная
Конференции
Главные приоритеты развития социально-гуманитарной сферы в XXI веке
Семантические особенности и функции временных предлогов в английском языке

Семантические особенности и функции временных предлогов в английском языке

Секция

Филологические науки

Ключевые слова

лингвистическое исследование
предлоги
сопоставительный анализ
английский язык

Аннотация статьи

В данной статье рассматриваются вопросы семантических особенностей временных предлогов в английском языке.

Текст статьи

Муқаддима

Пешояндҳо калимаҳои ёридиҳанда мебошанд, ки бо исм, ҷонишин ва дигар ҳиссаҳои исмшудаи нутқ омада, муносибатҳои синтаксисии онҳоро бо дигар калимаҳо ифода менамоянд. Онҳо дар ибора ва ҷумла муносибатҳои масоҳат, замон, сабаб, мақсад, соҳибият, тарз, муқоисаю монандӣ, объект ва ғайраро нишон медиҳанд. Пешоянд калимаи лотинӣ “praeposition” буда, маънояш “prae” дар пеш “positus”- гузошта шуда мебошад. Онҳо аз ҷиҳати морфологӣ тағирнаёбанда буда, муносибатҳои гуногунро байни аъзоёни асосӣ ва вобастаи ибораҳоро мефаҳмонанд ва алоқаи вобастагии синтаксисиро дар дохили ибора ва ҷумла нишон медиҳанд [2, с.394].

Бисёрии пешояндҳои забони англисӣ маънои макон ё замонро доранд. Дар ин мақола мо семантика ва вазифаҳои пешояндҳои ифодакунандаи замонро дида мебароем. Ба пешояндҳои ифодакунандаи замон пешояндҳои зерин дохил мешаванд: about, after, against, at, before, beyond, by, for, from, in into, on, over, to, towards. Пешояндҳои about, at, on, in, under, within, for, during, over, through, throughout, in the course of, outside ҳамчун ифодакунандагони ҳоли замон ба лаҳзаи муайяни вақт, ки дар ҷумла бо воситаи ҳол нишон дода шудааст, далолат мекунад [4, c.155].

Профессор К.У. Усмонов дар китоби худ «Морфологияи муқоисавии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ» ба гурӯҳи ин пешояндҳо боз пешояндҳои during, within ва past- ро дохил менамояд [5, с.207].

Баррасӣ ва натиҷагирӣ

Пешояндҳои ифодакунандаи замонро алоҳида дида мебароем.

About – мафҳуми ин пешоянд аз мафҳуми маконӣ гирифта шуда, ба забони тоҷикӣ «қариб» тарҷума мешавад. About ба наздикшавии соат ё вақти муайяншуда далолат мекунад. Ҳол он, ки пешояндҳои by ва towards, танҳо ба вақти пеш аз мӯҳлати таъиншуда (by), ё ки наздик шудан ба он (towards) далолат мекунад. [1, с.62]: About midnight Jack awoke [6, с.125].

After – мафҳуми замонии ин пешоянд айнан мафҳуми макониро такрор мекунад. Он тақсимоти вақт, яъне сол, рӯз, соат ва худи амалҳоро (охири рӯзи кор, муҳориба) дар бар мегирад. Герундий зуд-зуд бо пешоянди after ҳамчун ифодкунандаи ҳоли замон истифода мешавад [1, с.68]: After breakfast he walks in the garden for an hour [6, с. 97];

Against – ин пешоянд дар ду маврид истифода мешавад. Дар мавриди якум пешоянд ба охир расидани амал дар мӯҳлати муайян ё анҷом додани амалро пеш аз охир расидани мӯҳлатро мефаҳмонад. Одатан чунин амалҳо маънои тайёриҳои гуногун ба ягон маъракаро доранд [1, с.73]: They were to build some sort of shelter against winter [6, с.59];

At – ин пешоянди ифодакунандаи муносибати маконӣ буда, инчунин муносибати замониро низ ифода менамояд. Пешоянд лаҳзаҳои вақт (понздаҳтакам ҳашти субҳ) инчунин дигар ҷузъҳои номуайяни замонро мефаҳмонад (дар ин лаҳза, дар айни ҳол, дар ягон синну сол). Дар навбати худ онҳо дар истифода хеле маҳдуд мебошанд. At барои аниқтар кардани вақт, яъне барои нишон додани ягон нуқтаи муайяни вақт истифода бурда мешавад [3, с.140]: We got to the station at eleven and asked where the eleven- five started from;

Before – ин пешоянд дар адабиёти асри X пайдо шуда, ба маънои «пеш аз он, ки» истифода мешавад. То давраи ҳозира ҳамчун пешоянди ифодакунандаи муносибатҳои ҳам маконӣ ва ҳам замонӣ истеъмол мешавад. Ҳамчун пешоянди замонӣ before дорои мафҳумҳои зерин мебошад: пештар, пеш аз, то. Антоними он пешоянди after мебошад, ки аз пешояндҳои until ва till фарқ мекунад. Чунин пешоянд ба он далолат мекунад, ки амал то замони расидани муҳлати зикршуда ҷараён доштааст [1, с.98]: I went for a bath before breakfast [6, с.67];

Beyond – чунин пешоянд муносибатҳои ҳам маконӣ ва ҳам замониро ифода менамояд. Ҳамчун пешоянди ифодакунандаи муносибтҳои замонӣ пешоянд мафҳумҳои зеринро мефаҳмонад: пештар аз ягон соат, вақт, мӯҳлат [1, с.103]: They are sitting beyond their usual hour, I suppose [6, с.342];

By – пешоянди by ифодакунандаи муносибатҳои маконӣ ва замонӣ мебошад, ва бо мафҳуми он муносибат баробар мебошад, яъне наздикӣ ба ягон лаҳзаи вақт, наздикӣ дар макон, дертар аз ягон лаҳзаи соат, вақт ва мӯҳлатро мефаҳмонад [1, с.115]After his work was completed, by eleven he could go [7, с.67];

For – ҳамчун пешоянди замон for дорои якчанд мафҳумҳо мебошад, ки бо маънои пешояндҳои through, over ва during мувофиқат мекунад. Ба ҳайси маънои асосӣ маънои ифодаи мақсад дар замони ҳозира ва оянда баромад мекунад. Дар ифодаи амалҳои гузашта for давомияти амал ё ҳолатро мефаҳмонад [1, с.135]: He was in prison for twenty years [A.Hornby];

From – маънои замонии ин пешоянд пурра бо маънои маконии он баробар аст. Он ба нуқтаи оғозшавии амал ё ҳолат дар замон далолат менамояд ба шарте, ки амал то лаҳзаи нутқ ба охир расида бошад [1, с.144]: I knew him from days of my extreme youth [6, с.49];

In – ба шумораи пешояндҳои қадимии англисӣ дохил шуда, муносибатҳои гуногуни маконӣ ва замониро ифода менамояд ва дар забони англисии муосир роли муҳимро мебозад. Дар муносибатҳои замонӣ пешоянди in ба мавҷуд будани ҳудудҳо ва маҳдудиятҳои замон новобаста ба фосилаи байни онҳо далолат менамояд: The house was built in three months – [6, c.349];

Инчунин in вақте истеъмол мешавад, ки сухан дар бораи амалҳое, ки бояд баъди мӯҳлати муайяни вақт иҷро шаванд меравад. Гарчанде амиқ будани мӯҳлат дар ин ҳолат хеле шартӣ мебошад [1, с.167]: She said «He will return in an hour» [6, с.147];

Into – ин пешоянд дар асри X аз омехташавии in ва to ба миён омадааст. Вобаста ба ҳудуди замон ин пешоянд барои баён намудани амалҳои зеҳнӣ дар замони гузашта ва оянда истифода мешавад [1, с.175]He seemed to return into the past [6, с.147];

On – дар адабиёт пешоянди зерин дар асри IX ба миён омада то замони мо маънои асосии худро "дар болои» ҳифз кардааст. Дар муносибати замонӣ ҳамаи ибораҳое, ки бо ин пешоянд меоянд ба тамоми вақтҳои шабонарӯз, инчунин ба қисматҳои рӯз, ки ҳамчун як ҷузъ ё ин ки қисми таҳлилшаванда далолат мекунанд [1, с.212]He visited us on a sunny day in August [A.Hornby];

Over – пешоянди қадими over дар адабиёти асри 9 во мехӯрад. Дар ифодаи муносибати замонӣ пешоянди зерин бо мафҳуми маконӣ мувофиқ омада, ба замоне ишора мекунад, ки дар муддати он амал иҷро мешавад: She had not seen Jack over a week [6, с.78];

To – пешоянди қадимтарини to дар ифодаи муносибатҳои замонӣ ва маконӣ ба самти амал далолат мекунад, мисол, ҳаракати ақрабаки соат сӯи ягон вақти муайян, ягон нуқтаи охирини ҳаракат, тараққиёт, ки оғози ҳаракат дода шудааст ё ки дар назар дошта шудааст [1, с.253]: To this day I have never troubled about it [6, с.67];

Toward(s) – дар ҳудуди замонии худ toward ба маънои маконии худ қиёс мебошад. Дорои мафҳуми ба тафи, ба сӯи мебошад: Toward evening, they came to a place where the trail split [6, с.81].

Бино ба гуфти К.У. Усмонов таркибҳои пешояндии гурӯҳи овардашуда саволи “when–кай?”-ро тақозо менамояд ва аз ин рӯ вазифаи синтаксисии ҳоли замонро ташкил мекунанд. Боз як гурӯҳи дигари пешояндҳое мавҷуд аст, ки дар он амал оғоз ёфтааст ё то он нуқта давом менамояд: а) till, until- то: Nothing happened until 5 o’clock [A.Hornby]; б) into –то дами: He carried on working long into the night [A.Hornby]; в) from –аз: I am on holiday from 30 June [A.Hornby]; г) since –боз, аз дами, аз вақти: I haven’t eaten since breakfast [A.Hornby]; ғ) to –кам: It is 10 minutes to two [A.Hornby].

Хулоса

Аз таҳлили болоӣ маълум мегардад, ки як пешоянд барои ифодаи якчанд муносибат хизмат мекунад, ки ин ба муҳити синтаксисии ин ҳиссаи нутқ зич алоқаманд аст. Пешоянд метавонад дар як муҳити синтаксисӣ дар байни предмет ва амал ё ҳолат (ба хона даромадан, хурсанд будан аз даромад) муносибат барқарор намояд, вале дар муҳити дигари синтаксисӣ пешоянд барои ифодаи муносибати як предмет ба предмети дигар (барфи зери пой) ё худ муносибати байни аломату предмет (хурсанд аз навгонӣ) хизмат мекунад.

Список литературы

  1. Аксененко Б. Н. Предлоги английского языка. М.,1956.
  2. Лингвистический словарь. Под ред. Ярцевой Е. В. 1990.
  3. Новицкая Т. М. Практическая грамматика английского языка. – М., 1971.
  4. Рейман Е. В. Функции и значения английских предлогов. – М., 1989.
  5. Усманов К. У. Морфологияи муқоисавии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ. Хуҷанд, 2015.
  6. Chase J. H. «Come easy, go easy» M. – 2008.
  7. Christie A. «The Secret adversary». London, 1961.

Поделиться

467

Каландарова Х. И., Рашидова Д. А. Семантические особенности и функции временных предлогов в английском языке // Главные приоритеты развития социально-гуманитарной сферы в XXI веке : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 31 января 2024г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2024. С. 5-8. URL: https://apni.ru/article/8331-semanticheskie-osobennosti-i-funktsii-vremen

Похожие статьи

Актуальные исследования

#45 (227)

Прием материалов

2 ноября - 8 ноября

осталось 5 дней

Размещение PDF-версии журнала

13 ноября

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

26 ноября