Главная
Конференции
Главные приоритеты развития социально-гуманитарной сферы в XXI веке
Место и роль союза в двух типах сложных предложений английского и таджикского яз...

Место и роль союза в двух типах сложных предложений английского и таджикского языков

Секция

Филологические науки

Ключевые слова

сопоставительный анализ
грамматические особенности
сочинительные союзы
английский и таджикский языки

Аннотация статьи

В данной статье рассматривается вопрос изучения места и роли союза в двух типах сложных предложений английского и таджикского языков.

Текст статьи

Пайвандакҳо яке аз ҳиссаҳои номустақили нутқ буда, аз ҷиҳати морфологӣ тағйирнаёбанда мебошанд, ки ҳамчун элементҳои услубии гуфтор, чигунагии муносибати гуяндаро нисбат ба фикри гуфташуда таъкид мекунанд ва барои ифодаи тобишҳои иловагии калима, таркибу ибораҳои алоҳида ва ё ҷумлаҳои том хизмат мекунанд. Пайвандакҳо маънои асосии худро надоранд, онҳо маъноеро медиҳанд, ки аз тобишҳои иловагӣ вобастагӣ дорад. Аз рӯи миқдори гурӯҳҳои предикативӣ ҷумлаҳоро дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ ба ду гурӯҳ ҷудо мекунанд: 1) Ҷумлаҳои содда, ки дар таркиби онҳо танҳо як гурӯҳи предикативӣ мавҷуд аст: She was expecting me tonight [12, c.223]. Ӯ ҳамон шаб маро интизорӣ мекашид; 2) Ҷумлаҳои мураккабе, ки ду ва ё зиёда гурӯҳҳои предикативӣ дорад: Шаб торик, ҳаво вазнин ва борони сахт меборид [2, c.186]. – The night was dark, the air was damp and it was raining hard.

Дар мисоли аввал се гурӯҳи предикативӣ мавҷуд аст: Шаб торик. Ҳаво вазнин. Борони сахт меборид. – The night was dark.The air was damp.It was raining hard. Дар мисоли сонӣ бошад, ду гурӯҳи предикативӣ ба назар мерасад. I am a common ignorant girl. You are a book-learned gentlemen.

Дар ҳар ду забони муқоисашаванда ҷумлаҳои мураккабро аз рӯи алоқаи байни гурӯҳҳои предикативиашон ба ду гурӯҳ ҷудо мекунанд: 1) Ҷумлаҳои мураккаби пайваст; 2) Ҷумлаҳои мураккаби тобеъ. Ҷумлаҳои мураккаби тобеъ чунин ҷумлаҳоянд, ки дар онҳо як гурӯҳи предикативӣ истиқлоли маъноиву грамматикӣ дошта, гурӯҳи предикативии дигар ба он тобеъ аст, онро аз ягон лиҳоз шарҳ медиҳад:

  1. Nobody notices me when I shave [12, c.109]. – Вақте ки, ман ришамро мегирам, маро ҳеҷ кас намебинад. Дар мисоли боло ҷумлаи аввал мустақил буда, ҷумлаи сонӣ онро аз лиҳози замон шарҳ медиҳад.
  2. Дар ҷумлаҳои мураккаби пайваст муносибати байни гурӯҳҳои предикативӣ тамоман дигар аст. Ҳар як гурӯҳи предикативӣ мустақил буда, онҳо дар муносибати тарафайни маъноиву грамматикӣ қарор доранд: She went down the ladder, and the work proceeded [13, c.188]. – Ӯаз норбон фаромад ва кор сар шуд.

Дар мисоли фавқ дутоӣ гурӯҳҳои предикативӣ, яъне ду ҷумлаи содда мавҷуд аст. Ҳар яке аз онҳо мустақил буда, ҳамдигарро шарҳ медиҳанд, вале яке ба дигаре тобеъ нест. Онҳоро метавон аз ҳам ҷудо намуд, ки аз ин ҳуҷ яке аз ҷумлаҳо осеби маъноие намебинад. Дар ин зерфасл мо тасмим гирифтем, ки бо таври муқоисавӣ ин намудҳои ҷумлаҳои мураккаби забони англисӣ ва тоҷикиро мавриди таҳқиқ қарор диҳем. Таҳлилро аз муносибатҳои маъноие, ки дар байни ҷумлаҳои содаи таркиби худи ҷумлаи мураккаби пайваст зоҳир мешавад, оғоз менамоем. Маводи амалии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ шаҳодат медиҳанд, ки дар байни гурӯҳҳои предикативии ҷумлаҳои мураккаби пайваст чор хел муносибат ба назар мерасад.

Муносибати маъноии байни ҷузъҳо. Дар ин ҳолат дар байни гурӯҳҳои предикативӣ робитаи мантиқӣ мавҷуд аст. Маънои ҷумлаи содаи дуюм аз маънои ҷумлаи содаи якум бармеояд ва онро васеътар менамояд. Гурӯҳҳои предикативии ин навъ ҷумлаи мураккаб тавассути пайвандакҳои «ва», «-у», «-ю» ҳиссача-пайвандакҳои «ҳам», «низ» дар забони тоҷикӣ [8, с.260] ва пайвандакҳои «and», «niether», «nor» дар забони англисӣ алоқаманд мешаванд. Мисол: Занҷир деҳаро ба ёд оварду дилаш ғашнок шуд [8, с.189]Дар ин мисол байни ду ҷумлаи сода муносибати қавии маъноӣ мушоҳида мешавад. Ҷумлаи якум сабаб ва ҷумлаи дуюм оқибати онро ифода мекунад, яъне сарчашмаи ғамнок шудани дили Занҷир-ин деҳаро ба ёд овардани ӯ будааст. Ин ду ҷумлаи сода бо пайвандаки «-у» алоқаманд шудааст.

Ба мисоли англисӣ таваҷҷӯҳ кунед: I pulled the trigger and the gun went off [8, с.816]. – Ман куланги яроқро зер кардам ва яроқ парронид. Дар мисоли англисӣ низ, чун мисоли тоҷикӣ, дар байни ду ҷумлаи содаи таркиби ҷумлаи мураккаб муносибати асосу оқибат мушоҳида мешавад, яъне субъект (I) кулангро зер мекунад ва дар натиҷа яроқ ба кор медарояд. Он ду ҷумлаи сода дар забони англисӣ бо воситаи пайвандаки «and» алоқаманд гардидааст.

Муносибати хилофӣ дар байни маънои гурӯҳҳои предикативии таркиби ҷумлаи мураккаби пайваст. Дар ин навъи муносибат гурӯҳҳои предикативии таркиби ҷумлаи мураккаб тавассути пайвандакҳои «but»,«yet»-и забони англисӣ ва «аммо», «вале»,«лекин», «бо вуҷуди ин (он)»-и забони тоҷикӣ алоқаманд мешаванд: 1) A factitious reply had been again upon his lips, but it was again suspended [3, с.211]. – Ҷавоби дурӯғе дар нӯги забонаш буд, вале он боз мавқуф гузошта шуд. 2) Dew fell, but they paid no heed to it [8, с.199]. – Дю афтид, аммо онҳо ба ин эътибор надоданд.

Дар мисоли якум ду фикри ба ҳам алоқаманд зикр шудааст, вале онҳо хилофи ҳамдигаранд, яъне субъект чизеро гуфтанӣ буд, вале он фикрро нагуфта, мавқуф гузошт: Ин ду фикр тавассути пайвандаки хилофии «but» васл шудааст, ки он дар забони тоҷикӣ ба воситаи пайвандаки «вале» ифода гардидааст. Дар ҷумлаи дуюм низ ду фикр зикр шудааст, ки онҳо аз лиҳози мантиқӣ ба ҳам таззоданд, яъне Дю ном бача меафтад ва мебоист ба ӯ ёри диҳанд, вале касе ба ин эътибор надод. Ин ҷумлаи мураккаби забони англисӣ низ тавассути ҳамон пайвандаки «but» шакл гирифтааст, вале дар забони тоҷикӣ на пайвандаки «вале», балки «аммо» истифода шудааст.

Аз таҳлили мисолҳо маълум мешавад, ки барои ифодаи маънои хилоф дар забони англисӣ ду пайвандак, вале дар забони тоҷикӣ чор пайвандак истифода мешавад: but–аммо,вале,лекин; yet – бо вуҷуди он.

Муносибати интихобӣ. Дар ин намуди ҷумлаи мураккаб ҷумлаҳои содаи таркиби он тавассути пайвандакҳои «or» ё «else», «otherwise», «either…or» алоқаманд мешаванд. Дар забони тоҷикӣ бо ин мақсад пайвандакҳои «ё», «ё ин ки», «ва ё ин ки», «ё…ё» истифода мегарданд [3, с.98]. Ин хел ҷумлаи мураккаб талаб мекунад, ки аз ду имкони мавҷуда якеаш интихоб карда шавад. You must fasten the boat to that pole, otherwise the current will carry it away [4, с.216].–Шумо бояд заврақро ба он чӯб ё баста монед, ё онро мавҷ гирифта меравад.

Муносибати асосу оқибат. Ин навъи муносибат дар забони англисӣ тавассути се пайвандак ифода мешавад: for–зеро, чунки, so–бинобар он, аз ин рӯ, hence – аз ин рӯ (сабаб), бинобар ин. Дар ин гуна ҷумлаҳо гурӯҳи предикативии дуюм оқибат, ё худ асоси ҳодисаи дигарро ифода мекунад: 1) During a week he and Presley had been much together, for the two were devoted friends [8, с.282].–Тӯли як ҳафта ӯ ва Присли бештар ҳамроҳ буданд, зеро онҳо дӯстони бовафоянд.

Дар мисоли боло пайвандаки «for» ду ҷумлаи содаро ба ҳам пайвастааст. Дар забони тоҷикӣ бошад, пайвандаки «зеро» ин вазифаро ба ӯҳда мегирад. Гурӯҳи предикативии дуюм дар ҳар ду забон асос ё худ вуқуи оқибатеро ифода мекунад, ки дар гурӯҳи предикативии якум зикр шудааст. Бояд қайд кард, ки дар сатҳи ҷумлаҳои мураккаби тобеъ низ гурӯҳи предикативие амал мекунад, ки он низ натиҷа ё оқибати амали дигарро нишон медиҳад. Вақте ки ҷумлаи содаи дуюми таркиби ҷумлаи мураккаби пайваст бо ҷумлаи якум тавассути пайвандаки «so» ё «hence» алоқаманд мегардад, он маънои натиҷаро зоҳир мекунад: The shops were closed so I didn’t get any milk [4, с.716]. – Мағозаҳо руст буданд, бинобар он ман шир гирифта натавонистам. Дар ҷумлаи аввал асоси ҳодиса зикр шудааст, ки натиҷаи онро ҷумлаи дуюм ифода мекунад.

Дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ ду навъи ҷумлаи мураккаби пайваст амал мекунад, ки онҳо аз лиҳози сохтор ва муносибати маъновии байни ҷумлаҳои содаи таркибашон аз ҳам фарқ мекунанд. Навъи якуми чунин ҷумлаҳо, ҳақиқатан, дар худ тамоми вижагиҳои ҷумлаҳои мураккаби пайвастро таҷассум мекунад, яъне ҳар як гурӯҳи предикативӣ истиқлоли маъноӣ дорад, онҳоро метавон аз ҳамдигар ҷудо намуд. Вале дар навъи дуюми чунин ҷумлаҳо ҷумлаҳои сода ҳам аз лиҳози сохтор ва ҳам аз лиҳози маъно вобастаи ҳамдигаранд. Як ҷузъи воситаи алоқа дар қисми якум ва ҷузъи дигари он дар таркиби ҷумлаи дуюм мавқеъ мегирад (not only… but – на танҳо… балки).

Список литературы

  1. Александров Н.М. К вопросу о сочинении и подчинении. Дис ... канд. филол. наук. Л., 1954. – 236 с.
  2. Антрушина Л.Д. История английского языка. М., 1985. 456 с.
  3. Блох М.Я. Теоретические основы грамматики. М., 2002. 353 с.
  4. Верховский И.П. Аpractical English Grammar. М., 1978. 243 с.
  5. Ганшина М.А. Василевская А.М. English grammar. M., 1964. 300 p.
  6. Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. Душанбе, 1985. 356 с.
  7. Гречко В. А. Лексическая синонимика современного русского языка. –Саратов, 1987. 144 с.
  8. Давлатбеки Хоҷа. Ташаккул ва таҳаввули илми забоншиносии форсу тоҷик дар асрҳои миёна. Душанбе, 1998. 152 с.
  9. Иванова И.П. Хрестоматия по истории английского языка. 1980. 231 с.
  10. Ниёзӣ Ш. Ҷумлаҳои мураккаби пайваст бо калимаҳои бошад, набошад, // Газетаи муаллимон, 1958.
  11. Рустамов Ш. Ҷумлаҳои мураккаби пайвасти сертаркиб // Мактаби Советӣ», 1979. – № 11. – С.16-19., 1979.
  12. Hardy T. Far from the Madding. London, Pan Book LTD,1967. 400 p.
  13. Hornby A. Oxford Advanced Leaner’s Dictionary. Oxford University Press, 1989. 1578 p.

Поделиться

637

Рахмонова М. К., Бобоходжаева Г. К. Место и роль союза в двух типах сложных предложений английского и таджикского языков // Главные приоритеты развития социально-гуманитарной сферы в XXI веке : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 31 января 2024г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2024. С. 13-16. URL: https://apni.ru/article/8344-mesto-i-rol-soyuza-v-dvukh-tipakh-slozhnikh

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Актуальные исследования

#51 (233)

Прием материалов

14 декабря - 20 декабря

осталось 6 дней

Размещение PDF-версии журнала

25 декабря

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января