Английский сленг и его американские варианты

Секция

Филологические науки

Ключевые слова

английский сленг
виды сленгов
американские сленги

Аннотация статьи

В данной статье рассматриваются вопросы английского сленга и его американских вариантов.

Текст статьи

Сленг ҳам забон ва ҳам як навъи луғат фаҳмида мешавад. Ақидаи забон будани сленг нодуруст менамояд, зеро он чун вожа ё таркиб ба нутқ дохил мешавад, ки дар он дар қатори сленг дигар вожаҳои умумигуфтугӯӣ ва меъёри забони миллӣ ба кор меравад. Аз ин рӯ метавон гуфт, ки сленг як намуд калима, таркиб ё ифодаҳои махсусест, ки бо мақсадҳои гуногун ба нутқ ворид карда мешавад. Ин навъ луғат дар ҳар ду забон мавҷуд аст. Як қисми калимаҳои сленгӣ танҳо дар нутқи табақаҳои муайяни иҷтимоӣ истифода шавад, гурӯҳи дигари онҳо забонзада шуда, ба системаи забон дохил мегардад ва ба луғатҳо ворид шуда, онҳо бо нишонаи «сленг» (sl) махсус қайд карда мешаванд. Мисол, калимаи “dirt”- и англисӣ дар қатори маънои “ифлосӣ” дар нутқи дуздон ё дигар табақаҳои поёнии миллати англис ба маънои “пул” истифода мешавад Ҳамчунин дар забони тоҷикӣ ифодаи “чирки даст” дар маънои “пул” низ истифода мешавад, яъне муваққатӣ, ноустувор ва поянда набудани пул ба мафҳуми чирки даст, ки низ раванда аст, ташбеҳ дода шудааст. Дар натиҷа он характери сленгӣ гирифтааст. Вале бар хилофи “dirt”- и англисӣ “чирки даст” – и тоҷикӣ мавриди истифодаи умумӣ гашта ба луғат дохил гардида, бо мисолҳои зерин тақвият дода шудааст: Чизу чора, молу давлат – ҳамаи ин чирки даст аст, ба кас вафо намекунад. Мисоли дигар: Пул ин чирки даст аст, имрӯз меояд, пагоҳ меравад.

Қабати зерини услубии калимаҳо одатан ба сленг дохил карда мешавад: а) Вожаҳое, ки дар нутқи ҷинояткорон вомехӯранд ё жаргонҳои дигари табақаҳои иҷтимоӣ ё одамони касбу кори алоҳида. Дар забони англисӣ калимаҳои “dirt” (дар маънои пул), “dotty” (дар маънои девона), “baker” (дар маънои тӯп, аслиҳаи ҷангӣ), “to dance” (дар маънои овезон будан) ба зумраи ин навъ вожаҳо дохил мешаванд. Дар забони тоҷикӣ калимаи “лой” (дар маънои пул), калимаи “қулӯх” (дар маънои шахсӣ нодон), калимаи “мусор”-и русӣ дар нутқи дуздон (дар маънои милиса), калимаи “аробакаш” (дар маънои ронандаи автомашина) ва ғайраҳо ба ин навъи сленг дохил мешаванд; б) Ибораи “to have a hunch” ва муродифи тоҷикии он “ҷини гӯяк доштан” барин ифодаҳоро низ ба қатори сленг дохил кардан мумкин аст. Мисол: He had a hunch that she was lying.- Вай тахмин кард (ҷини гӯякаш гуфт), ки ӯ дурӯғ гуфта истодааст; в) Як гурӯҳ калима ва ибораҳои маҷозиро низ ба қатори сленг дохил кардан мумкин аст ва ин навъ калимаҳоро дар забони англисӣ дар луғати махсуси сленгҳо гирд оварда шудаанд. Дар забони тоҷикӣ калимаи “акка” (дар маънои хабаркаш), “мор” (дар маънои шахси абҷир, зараррасон) ва дар забони англисӣ вожаҳои “scrooge”(дар маънои одами хасису паст), “shark” (дар маънои киссабур), “blackcoat” (дар маънои имоми калисои христианӣ) ба зумраи чунин навъи сленг дохил мешаванд; г) Калимаҳои навбунёдеро, ки мақбули ҳамагон нагаштаанд ба луғатҳо дохил нашудаанд ва ба забони адабӣ роҳ наёфтаанд, инчунин ба қатори сленг дохил кардан мумкин нест. Мисол, ҳоло дар забони тоҷикӣ ва русӣ калимаи англисии “бакс” дар маънои пул истифода мешавад, ки он тобиши махсуси услубӣ дорад.

Ҳамин тариқ, этимологияи “сленг” то ҳанӯз пурра кушода нашудааст ва яке аз муаммоҳои лексикография аст. Бо вуҷуди ин дар таҳқиқоти мазкур, мо нуқтаи назари Э. Партридж пайравӣ мекунем, зеро ки он дар асоси маводи таърихӣ асоснок карда шудааст ва ба назари мо боэътимодтар мебошад. Ҷолиби диққат аст, ки дар таҳқиқоти мазкур хусусиятҳои истифодаи воҳидҳои сленги дар заминаи матн ба назар мерасад. Барои пайдарпаӣ ва осонии қабули ҳамаи воҳидҳо он ба се гурӯҳ тақсим карда шуданд: фарқиятҳо дар меъёрҳои фонетикӣ, грамматикӣ ва лексикӣ.

1. Дуршавӣ аз меъёрҳои фонетикӣ.

Диереза – талафоти овоз ё ҳиҷои калима дар натиҷаи ассимилятсия ё диссимилятсия. Вай метавонад дар аввал, миёна ва охири калимаҳо биёяд: ‘round = around, ‘bout = about.

Дар поён аъзои ин гурӯҳи калимаҳоро пешниҳод мекунем, дар бештари маврид онҳо калимаҳо мебошанд ва пасванди онҳо-ing, дар шакли ихтисоршудаи-in ва ҳарфи g дар ин ҳолат бо апостроф ишора карда мешавад: «hangin'», «frikkin '», «sayin'», «spendin'» [7, c.48].

Баъзан ҳатто апостроф ихтисор мешавад: «give em», «he’s goincommutin», «evening»: We get drinkin and talking, bullridin, leverin, sleepin; Quit hammerin and get over here; Half the time under that cunt truck fixin it; I ain’t never goin to be on the bubble.

2. Дуршавӣ аз меъёрҳои грамматикӣ.

Дар ин гурӯҳ категорияҳои асоси инҳоанд: инкори дукарата; истифодаи нодурусти пешояндҳо (муайян ва номуайян); пасванди -s баъди исмҳои шумораи ҷамъ ва ё ҷонишинҳои we, you; истифодаи ҷонишинӣ шахсӣ (them) пас аз исм, ки ба он ишора мекунад; тартиби калима дар таҳияи саволи умумӣ; Shake them fleas outa your pantsSays youDont nobody try to fancy pantsThem campsThem boxesSuppliesll.

Дар ин гурӯҳ низ дуршавӣ аз қоидаҳо ва меъёрҳои грамматикӣ дида мешавад: дучанд намудани ташаккули дараҷаҳои сифат; «a more larger list»,«the most biggest star»

3. Дуршавӣ аз меъёрҳои лексикӣ

Истифодаи сленгизмҳои ин намуд аз калимаю ибораҳои зерин иборат мебошад: а) истифодаи чунин таркибҳо ба монанди and all (ҳар чизи дигар, ва ғайра, ва ҳоказо) аст, ки барои услуби адабӣ ва ё соҳибкорӣ дуршавӣ аз меъёри адабиро нишон медиҳад ва қабул намешавад: «how they were occupied and all», «they’re nice and all», «he loved him and all». Чунин истифодабарии синонимҳо низ ҳамин гуна хусусият дорад: «and stuff», «and crap», «and all that stuff», «all my crap»; б) ташаккулёбӣ ва истифодабарии намуди ташбеҳӣ «sleep-with-the-sheep-and-nofire order», «to be drop-dead gorgeous», «rushed-off-her-feet waitress», «stick-in-the-mud mood»; в) дар услуби гуфтугӯӣ (нутқӣ) бо эҳсосот ва омезиши сахти экспрессивӣ ва эмфатикӣ таркибҳои эвфимистӣ хеле мутаносиб буда, васеъ истифода мешаванд: «goddamn, «damn miserable time for them», «damn lonesome ranches». Дар ин ҷо низ ибораҳои зеринро қайд мекунем «jouncing a bed», «outhouse», «rubbers», «to fill out in the shoulders and hams», «to hit the hay», «anatomical disconformity», «to drive off the only curve on Dead Horse Road» [8, c.96].

Дар доираи ин гурӯҳи сленгизмҳо кӯшиши гурӯҳбандии семантикӣ карда шуд. Бояд қайд кард, ки тақсимот ба синфҳо шартан аст ва тамоми сленгизмҳоро фарогир нест, вале дар айни замон кӯмак ба ҳамоҳангсозии маълумот мусоидат мекунад.

  1. Воҳидҳое, ки нишонаҳои дискриминатсияи этникиро дорад: «smokes», «a dinge», «shine box», «shine killing», «yaller», «yellow», «woptown», «wop»;
  2. Бояд қайд намуд, лексикаи маҳбасӣ низ дар гурўҳи мазкур саҳми худро мегузорад: «in he caboose», «prowlie», «hot car list», «cheque bouncer»;
  3. Луғатҳое, ки нишонаҳои пулӣ ва маводи мухаддирро дар бар мегирад: «hooch», «dead soldier», «cleaned up», «juju», «a stick ot tea», «mean», «c-note»;
  4. Калимаҳои сленгӣ, ки сифатҳои инсонро тасвсиф мекунанд: «to shake the fleas out a one’s pans», «to crack wise», «to barber», «hoofer», «lug», «fink», «to figure-eight», «damwit», «to dry-gulch», «runt», «a fakeloo artist»;
  5. Лексикае, ки ба кормандони милитсия ва ҳамин соҳаро тааллуқ дорад ё ба инҳо ишора мекунад: «john», «dick», «private» – «on a confidential lay»;
  6. Сленгизмҳое, ки ба гурӯҳҳои дар боло зикргардида дохил нашуданд: «tank town», «pen» (penitentiary), «hooey», «hoopla», «Land’s sake!».

Аксар вақт дар суханон маҷози оддӣ ба забони русӣ бо задаи нодуруст ба назар мерасад: label – лабéльАз ин рӯ баъзе аз сленги ноустувор дар шакли хаттӣ мебошад. Масалан, шумо метавонед якчанд калимаҳои гуногуни ҳамгироро мушоҳида кунед: keyboard – кéйборд – кéборд – кúборд.

Функсияи коммуникативии сленг марбут ба он аст, ки он пеш аз ҳама чун воситаи муошират дар байни одамон истифода мешавад. Ин ба шахс – гӯянда барои баёни андешаҳояш имкон медиҳад, ба шунаванда бошад барои фаҳмидан, мутаасир шудан, яъне ба рафтор, ёддошт, тағйири рафтори худ ё мақсадҳои ботинӣ мусоидат мекунад. Вазифаи асосии коммуникативии сленг ба он аст, ки он худ як системаи нишонаҳо (аломатҳо) ба шумор меравад. Ин нишонаҳо дар навбати худ, барои интиқоли иттилоот аз як шахс ба шахси дигар замина шуда хизмат мекунад.

Список литературы

  1. Артемова А.Ф. К вопросу об эмоциональном сленге // Проблемы синхронного и диахронного описания германских языков. Пятигорск, 1979. C. 10-18.
  2. Берестовская Э.М. Молодежный сленг: формирование и функционирование // Вопросы языкознания. 1996. №3. C. 32-41.
  3. Вилюман В.Г. О способах образования слов сленга в современном английском языке // Вопросы языкознания. 1960. №6. C. 137-140.
  4. Гальперин И.Р. О термине «сленг» // Вопросы языкознания 1956. № 6. C. 107-114.
  5. Гальперин И.Р. Очерки по стилистике английского языка. М.: Высшая школа, 1956. 218 с.
  6. Иванова Г.Р. Функции сленга в речевой деятельности американских студентов // Когнитивные и коммуникативные аспекты английской лексики. М., 1990. 133 с.
  7. Alexander H. The story of our language. New York, 1962. 208 p.

Поделиться

523

Содикова П. О., Рашидова Д. А. Английский сленг и его американские варианты // Новые горизонты науки: стратегии и направления развития : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 14 февраля 2024г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2024. С. 43-46. URL: https://apni.ru/article/8395-anglijskij-sleng-i-ego-amerikanskie-varianti

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru
Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 6 дней

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января