Главная
Конференции
Новые горизонты науки: стратегии и направления развития
Организация самостоятельной работы студентов посредством использования мультимед...

Организация самостоятельной работы студентов посредством использования мультимедийных средств при изучении иностранных языков

Секция

Педагогика и психология

Ключевые слова

иностранные языки
самостоятельная работа студентов
учебный процесс
урок
мультимедийные средства

Аннотация статьи

Статья посвящена изучению организации самостоятельной работы студентов с использованием мультимедийных средств при изучении иностранных языков.

Текст статьи

Муқаддима

Таҷҳизоти рақамии муосир ба монанди компютерҳои мултимедӣ, видеопроекторҳо, экранҳои электронӣ, тахтаи электронӣ ва гунаи дигари васоитҳои рақамӣ барои омӯзиш ва таълими забони хориҷӣ хеле муфид буда, истифодаи самараноки он дар сатҳи зурурӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замон гузаронидани дарсҳои таълимӣ, мусоидат мекунад. Ташаккули муҳити сунъии ғайризабон дар ҷараёни омӯзиши забонҳои хориҷӣ яке аз масъалаҳои муҳиму мушкили методикаи муосир аст. Дар навбати худ амалигардонии таълими оммавӣ аз ду ва ё чор намуди асосии фаъолияти нутқӣ алоқаманд мебошад: гӯш кардан ва сухан рондан (шартан – робитавӣ ё робитавӣ).

Қисми асосӣ

Омӯзгори муосир бояд ҳам намудҳои воситаҳои омӯзиши мавҷуда ва ҳам таъминоти дидактии онҳоро донад. Истифодабарии самараноки ҳар яке аз воситаҳои таълим аз лаёқату малакаи омӯзгор ва салоҳияти касбии ӯ вобаста аст. Дар ин масир нафаре муваффақ хоҳад гашт, ки аз усулҳои муосир, донишҳои методӣ ва ё худ дар заминаи таҷрибаи пурбори хеш раванди таълимро ташкил карда метавонад. Барои ноил гаштан ба мақсадҳои гузошташудаи дар мактаби миёна омӯзонидани забони хориҷӣ, истифодабарии воситаҳои гуногуни таълим пешбинӣ карда шудаанд, ки онҳо дар адабиёти методӣ ба таври зайл тасниф карда мешаванд:

Якум, аз рӯи нақше, ки барои онҳо дар ҷараёни таълиму тарбия ҷудо карда шудааст, – ба асосӣ ва фаръӣ. Воситаҳои таълим ба асосӣ ва фаръӣ ҷудо мешаванд [1, c.25]. Чунин тақсимот тасавуроти одатиро оиди воситаҳои таълим, оиди он, ки китоб мавҷуд мебошад инъкос мегардонад. Зимни амалигардонии маҷмӯъи таълимӣ-методӣ дохил кардани танҳо китоби дарсӣ ва китобҳои барои муаллим пешбинишуда ба қатори воситаҳои асосии таълим, муаллимро на онқадар дуруст роҳандозӣ мекунад.

Баррасӣ ва натиҷагирӣ

Воситаҳои таълимро ба асосӣ ва фаръӣ тақсим карда, бояд ба асосӣ тамоми воситаҳои маҷмӯъи таълимӣ-методӣ дохил карда шаванд, ба фаръӣ бошад – он воситаҳо, ки метавонанд зимни корбарӣ дар шароитҳои рақобатӣ истифода бурда шаванд, вале ба қатори маҷмӯъи таълимӣ-методӣ дохил нашудаанд.

Худи ақидаи маҷмуи таълимӣ-методӣ дар он асос мегирад, ки мафкураи маънавӣ ва муассири шахсияти хонандагон ба таври ниҳоӣ ба амалкунӣ дароварда шавад, тамоми роҳҳои гирифтани маълумот “ба кор андохта” шавад ва раванди таълим аз ҳисоби ҷорӣ кардани технологияҳои компютерӣ ва мултимедӣ вусъат дода шавад [2, c.31; 3, c.64-66]. Ақидаи мазкур айнан дар якҷоягӣ бо ҷузъиётҳои ҳатмии маҷмӯъи таълимӣ-методӣ амалӣ гардонида мешавад. Ихтисор кардани ҳатто яке аз онҳо ба вайрон шудани низом ва паст гаштани самаранокии таълим оварда мерасонад.

Ба воситаҳои фаръӣ мо бояд воситаҳои зерини таълимро дохил кунем, чун маводҳои рамзӣ, ки онҳоро муаллим метавонад аз рӯи ихтиёри худ истифода барад. Инчунин ба воситаҳои фаръи тамоми он воситаҳо, ки аз ҷониби муаллим сохта ё интихоб мешаванд ва ё дороии хонандагон, ки дар синфи омӯхтани забони хориҷӣ мавҷуд мебошанд, метавонанд дохил карда шаванд.

Дуюм, аз рӯи қабулкунанда, – барои муаллим ва хонандагон.

Тақсимоти воситаҳо аз рӯи қабулкунанда, яъне барои кадом шахс онҳо пешбинӣ шудаанд, барои муаллим ё хонандагон, на ҳама вақт метавонад ба таври аниқ гузаронида шавад. Барномаи таълимӣ, китоб барои муаллим, инчунин адабиёти методии таъиноти назариявӣ ва таҷрибавӣ, ки ба ӯ барои нав кардани донишҳои худ оид ба методикаи омӯзонидани забони хориҷӣ ва шинос шудан бо таҷрибаи пешқадам имконятҳо медиҳанд, танҳо барои аз ҷониби муаллим истифода бурдан пешбинӣ шудаанд. Танҳо барои муҳассилин: китоби дарсӣ, китобҳо барои хониш, луғати мактабӣ. Воситаҳои дигар дар ихтиёри муаллим боқӣ мемонад, аммо онҳоро хонандагон низ дар вақти дарс ва берун аз он истифода мебаранд Ба онҳо таалуқ доранд: сабтҳои овозӣ, расмҳо, нақшҳо, диафилмҳо, диапозитивҳо, кинопорчаҳо ва ғ.

Сеюм, аз рӯи шабакаи ворид гаштани маълумот – ба сомеа, босира, босираю сомеа.Ба сомеа сабти овозӣ таалуқ дорад, ба босира – расмҳо, нақшҳо, диафилмҳои бе овоз, диапозитивҳо, ба босираю сомеа – филмҳо бо овоз, кинопорчаҳо.

Чорум, аз рӯи истифодабарии техника – ба техникӣ ва ғайритехникӣ (одатӣ) ва ғ. Ба воситаҳои техникӣ таалуқ доранд – диафилмҳо, диапозитивҳо, кинопорчаҳо, сабти овозӣ, маводҳои рамзӣ, ки барои истифодаи онҳо таҷҳизоти дахлдор лозим аст. Ба воситаҳои ғайритехникии таълим расмҳо, нақшҳо ва ғ. дохил мешаванд.

Воситаҳои таълими мултимедиро метавон ҳам ҳангоми дарси аудиторӣ ва ҳам ҳангоми иҷроиши кори мустақилона истифода бурд, ки дар омӯзиши забони англисӣ барномаҳои зерин электронӣ пешбинӣ шудаанд:

  • Tell me more
  • Pimsleur Language Seiries French
  • Сambridge English
  • Grammar English for Russian Speakers (Pimsleur Language Program)
  • Euro Talk Talk Now!
  • 15 Languages
  • English Discoveries.

Истифодаи мустақилонаи ин барномаҳои омӯзишии мултимедӣ ба забоомӯзандагон имконияти инкишоф додани чор фаъолияти нутқро медиҳад ва ҳар шахс ҷараёни омӯзишро худ интихоб карда метавонад. Тавсия дода мешавад, ки роҳҳои дуруст истифода бурдани маводҳои таълимии электрониро бояд дар дарсҳои аудиторӣ омӯхта шаванд. Махсусан фаъолияти донишҷӯён бояд ба инобат гирифта шавад, ки он аз тарафи омӯзгор ташкил ва назорат карда мешавад. Лекин дар ин ҷо бояд худи донишҷӯён барои ба воситаи маводҳои электронӣ омӯхтани забони хориҷӣ шавқи калон дошта бошанд ва дар онҳо бояд маҳорати касбии эҷодкорона, худназораткунӣ ва худбаҳодиҳӣ ташаккул дода шавад.

Чуноне ки М.Э.Рябова қайд менамояд, истифодаи ин гуна барномаҳои электронӣ дар дарсҳои аудиторӣ мувофиқи матлаб намебошад ва онҳо бештар барои истифодаи фардӣ пешбинӣ шудаанд [4-6]. Ҳар як барномаи электронӣ вазифаи муайянро иҷро менамояд, ки онҳо барои инкишофи малакаи фонетикӣ, грамматикӣ ва луғавӣ пешбинӣ шудаанд. Масалан барои омӯзиши хониш матнҳои гуногуннамуд (ҳикояҳо, эълонҳо, мақолаҳо) пешниҳод карда мешаванд, ки онҳо стратегияҳои хонишро ба монанди ёфтани калима аз мазмуни матн, муайян кардани ғояи асосии матн, калидвожаҳо ва ғайраро дар назар доранд. Ҳангоми инкишофи нутқи хаттӣ забономӯзандагон аз рӯи намунаҳои муайян супоришҳоро иҷро менамоянд, ки дар ин ҷо онҳо навиштани мактубҳои расмӣ ва шахсиро меомӯзанд, ҳисоботҳои гуногунро тартиб медиҳанд, варақаҳои заруриро дуруст пур мекунанд. Дар омӯзиши дарки шунавоӣ диққати махсус ба нутқи шифоҳӣ равона карда мешавад. Бинобар ин дар воситаҳои электронӣ барномаҳои радиовӣ ва телевизионӣ, сӯҳбати телефонӣ чун матнҳои таълимӣ ҷой дода мешаванд, ки бо ин тарзи кор забономӯзандагон мустақилона маҳорату малакаи дарки шунавоиро инкишоф медиҳанд.

Хулоса

Бояд қайд кард, ки дар тайёр намудани ин барномаҳои таълимӣ кори омӯзгор дучанд мегардад ва маҳз ҳамин барномаҳо боиси тезтару самаранок омӯхтани забони хориҷӣ гашта метавонанд. Технологияи мултимедиро барои баёни мавзуъ, фаҳмонидани мақсад ва вазифаи дарс, воситаи ёридиҳанда барои омӯзгор, чун дастури маълумотӣ-таълимӣ, чун лабораторияи интерактивӣ, санҷиши дониш, ҷамъбасти дарс, мустаҳкамкунии мавзуъ, гузаронидани бозиҳои интерактивӣ, барои мустақилона омӯхтани забони хориҷӣ истифода бурдан мумкин аст.

Список литературы

  1. Кузьмина Н.В. Методы исследования педагогической деятельности. М.: 1970. 450 с.
  2. Леонтьев А.А. Язык, речь и речевая деятельность. М.: 1969. 300 с.
  3. Зотеева И.Н. Использование элементов интенсивной методики при обучении французскому языку по двухгодичной программе // ИЯШ №4/91. 63 с.
  4. Абдуллаева М.А. Теория и практика развития профессиональной компетентности будущих учителей иностранного языка на коммуникативно-грамматической основе в педагогических вузах Республики Таджикистан. дис... док. пед. наук. Душанбе, 2017. 463 с.
  5. Рябова М.Э. Мултимедийные технологии в самостоятельной работе при обучении иностранным языкам // Гуманитарий: Актуальные проблемы науки и образования, 2008. №7. С. 24-30.
  6.  Руденко-Моргун О.И. Компьютерные технологии как новая форма обучения. М., 2002. 193 с.

Поделиться

619

Азимова Г. М. Организация самостоятельной работы студентов посредством использования мультимедийных средств при изучении иностранных языков // Новые горизонты науки: стратегии и направления развития : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 14 февраля 2024г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2024. С. 60-63. URL: https://apni.ru/article/8443-organizatsiya-samostoyatelnoj-raboti-student

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Другие статьи из раздела «Педагогика и психология»

Все статьи выпуска
Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 6 дней

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января