Главная
Конференции
Новые горизонты науки: стратегии и направления развития
Теоретический аспект понятия «интерактивные средства обучения» для определения с...

Теоретический аспект понятия «интерактивные средства обучения» для определения сущности и характерных особенностей

Секция

Педагогика и психология

Ключевые слова

интерактивное обучение
средства обучения
современности

Аннотация статьи

В статье рассматривается теоретический аспект понятия «интерактивные средства обучения» для определения сущности и характерных особенностей.

Текст статьи

Маводи электронии таълимӣ бояд дар асоси технологияҳои навин коркард карда шавад. Ба ҷараёни таълим дохил намудани чунин маводи таълимии муосир ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ истифодаи самараноки компютерҳо ва технологияҳои коммуникатсиониро таъмин хоҳанд кард. Баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон на танҳо омӯхтани кор бо компютер, балки азхудкунии методҳои интерактивии таълимро дар бар мегирад. Дар шароити кунунӣ омӯзгорон ба технологияи таълим тавваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Методҳои интерактивӣ барои инкишофи шахсӣ ва касбии донишҷӯён аҳамияти калон дорад. Он ба ташаккул ва инкишофи маҷмуи сифатҳои асосии шахсии донишҷӯён мусоидат мекунад. Меъёри самаранокии методҳои интерактивӣ нишондиҳандаҳои тайёр кардани мутахассисони баландихтисос – ташаббускор, масъулиятшинос, омода ба дигаргуниҳои мусбати муҳити иҷтимоии атроф, қобилияти идоракунӣ дар сатҳҳои гуногун мебошад [4, 5].

Барои таъмини рушди босамари шахсӣ - касбии муаллими оянда методҳо, воситаҳо, усул, шакл ва шароитҳои педагогии ташкили кори таълим таҳия карда шудааст. Мо се марҳилаи рушди шахсӣ ва касбии донишҷӯёнро муайян кардем: марҳилаи якум – инъикос (фаҳмиш); марҳилаи дуюм – арзиш (дарккунӣ); марҳилаи сеюм – лоиҳакашӣ (тарҳрезӣ), худтарҳрезӣ ва амалӣ намудани мавқеи касбӣ дар фаъолият.

Дар марҳилаи фаҳмиш таҷрибаи ҳолатҳои фаъолияти касбӣ, муҳокимаи онҳо, дарки маънӣ ва аҳамияти онҳо ба вуҷуд меояд, майлу хоҳиши донишҷӯён ба рушди шахсият ва касбият ташаккул меёбад. Дар марҳилаи навбатии (арзиш) фаҳмиш ва огоҳии вазъият имкон медиҳад, ки маънои фаъолият дар арзишҳои инфиродӣ ифода карда шавад. Ин марҳила бо фаъолияти инкишофи маърифатии донишҷӯён хос буда, ҳадафи омодагии касбии онҳо аз он иборат аст, ки ин фаъолият ба дарки шаклҳои фаъолияти самараноки касбӣ ҳамчун шарти худшиносӣ, худтакмилдиҳӣ ва рушди худ дар он табдил ёбад. Ин марҳилаи фаҳмиш буда, бо афзоиши фаъолияти донишҷӯён дар ҷустуҷӯ ва таҳияи технологияҳои самараноки фаъолият хос аст. Дар ин марҳила фаҳмиши мафҳумҳои ҳаёти касбӣ, рафтор ва фаъолият, ташаккули сифатҳои муҳимтарини касбӣ ба назар мерасад.

Дар марҳилаи тарҳрезӣ самтҳои арзишии мутахассиси оянда ташаккул меёбад, муносибати арзишманди донишҷӯ ба фаъолияти касбӣ ташаккул меёбад, принсипҳои ин фаъолият амалӣ мегарданд, ки ба туфайли он ниятҳои рафтори касбии ӯ ба ҳадафҳо табдил меёбанд. Дар ин марҳилаи кор бо донишҷӯ ба рафтори озодонаи касбӣ, барои амале, ки “ба шаъну шараф ҳамчун арзиш табдил меёбад” асос гузошта мешавад.

Вазифаҳои марҳилаи рушди шахсӣ ва касбӣ инҳоянд: ҳавасмандгардонии худшиносии донишҷӯ, муайян намудани ҷанбаҳои тавоноӣ ва дурнамои худшиносии ӯ: ворид намудани он ба шаклҳои гуногуни инъикоси рушди шахсият ва фаъолияти касбӣ; ҳавасмандгардонии шавқ ба гирифтани ҳадди ақали маълумоти зарурии касбӣ; ташаккули маҳорату малакаҳои таҳлилӣ; ҷалби диққати донишҷӯ ба муайян намудани шаклҳои фаъолияти касбӣ; хоҳиши донишҷӯён ба рушди шахсӣ ва касбӣ.

Методҳои интерактивӣ (технологияҳо) ҳамчун усулҳои таълим, ки ба шиддатнокии баланди муошират, таъмини муоширатии амалҳои зеҳнии субъектҳои маърифатӣ асос ёфтаанд. Ғояҳои асосии методҳои интерактивии таълими донишҷӯён: афзалияти ҷустуҷӯи мустақилонаи донишҷӯён; қобилияти донишҷӯён, интихоби вариантҳои мундариҷаи маводи таълимӣ ва тарзи кор; инъикоси пешрафт ва натиҷаҳои ҳамкории таълимӣ. Мавкеи муаллим: фарохам овардани шароит барои инкишофи ташаббускории донишҷӯён; ёрдамчӣ оид ба кор, яке аз манбаъҳои ахборот.

Методҳои фаъолияти фикрӣ ва шартҳои амалисозии онҳо дар таълими донишҷӯён: фаъолгардонии амалиёти фикрӣ (таҳлил, синтез, муқоиса, хулосабарорӣ, таснифот ва ғайра); мубодилаи фаъолияти равонӣ байни субъектҳои раванди таълим; ба намуду шаклхои гуногуни фаъолияти таълимию маърифатӣ фаро гирифтани донишҷӯён (маҷмуи шаклҳои инфиродӣ ва гуруҳии кор, истифодаи масъалаҳо ва вазъиятҳои муаммовӣ ва ғайра). Методҳои мубодилаи фаъолият ва шартҳои татбиқи онҳо дар таълими донишҷӯён: эътирофи фаъолият ҳамчун воситаи пешбаранда ва шарти инкишофи иштирокчиёни раванди педагогӣ; такя ба таҷрибаи шахсии донишҷӯён; маҷмуи фаъолиятҳои инфиродӣ, гуруҳӣ, фронталӣ бо бартарии кори гуруҳӣ.

Яке аз талаботи стандартҳои давлатии таҳсилоти таҳсилоти олии касбӣ истифодаи шаклҳои фаъол ва интерактивии гузаронидани дарсҳо дар раванди таълим барои ташаккул ва рушди салоҳиятҳои умумӣ ва касбии донишҷӯён мебошад. Раванди таълим дар асоси истифодаи методҳои интерактивии таълим бо дарназардошти фарогирии ҳамаи донишҷӯён ба гуруҳ, бидуни истисно, дар раванди азхудкунии маводи таълимӣ ташкил карда мешавад. Фаъолияти муштарак маънои онро дорад, ки ҳар кас саҳми шахсии худро мегузорад ва дар рафти кор мубодилаи дониш, афкор ва усулҳои фаъолият сурат мегирад. Корҳои инфиродӣ, ҷуфтӣ ва гуруҳӣ ташкил карда шуда, корҳои лоиҳавӣ, бозиҳои нақшӣ истифода мешаванд, кор бо ҳуҷҷатҳо ва манбаъҳои гуногуни иттилоот амалӣ карда мешаванд [1, 2].

Усулҳои фаъол ба ташаккули тафаккури мустақили донишҷӯён ва қобилияти моҳирона ҳалли вазифаҳои ғайристандартии касбӣ нигаронида шудаанд; ин шакли ҳамкории байни донишҷӯён ва муаллим аст, ки дар рафти дарс бо ҳамдигар муошират мекунанд ва донишҷӯён дар ин ҷо шунавандагони пассив набуда, балки иштирокчиёни фаъол, донишҷӯён ва муаллим ҳуқуқи баробар доранд. Агар усулҳои ғайрифаъол услуби авторитарии ҳамкориро дар назар дошта бошанд, пас усулҳои фаъол услуби бештар демократиро дар назар доранд.

Методҳои интерактивӣ гузаронидани дарсҳоро дар шакли муошират, суҳбат, муколама ҳам дар робитаи омӯзгору донишҷӯ ва ҳам байни донишҷӯён дарбар мегиранд. Усулҳои интерактивӣ ба мавқеи фаъол, бартаридоштаи донишҷӯён дар раванди таълим нигаронида шудаанд; нақши омӯзгорро ба фаъолияти роҳбаладӣ ва ҳамроҳӣ кам карда, ӯ равандро ба танзим медарорад ва ба ташкили умумии он машғул аст, пешакӣ супоришҳои заруриро омода мекунад ва саволҳо ё мавзуъҳоро барои муҳокима дар гуруҳҳо тартиб медиҳад, машварат медиҳад, муҳлат ва тартиби иҷрои онро аз нақшаи пешбинишуда назорат мекунад.

Таълими интерактивӣ - ин шакли махсуси ташкили фаъолияти маърифатӣ, воситаи дониш мебошад, ки дар шакли фаъолияти муштараки донишҷӯён амалӣ карда мешавад, ки дар он ҳамаи иштирокчиён бо ҳамдигар ҳамкорӣ мекунанд, мубодилаи афкор менамоянд, масъалаҳоиро якҷоя ҳал мекунанд, ҳолатҳоро моделсозӣ менамоянд, амалҳои дигарон ва рафтори шахсии худ баҳо медиҳанд, ба ҳаёти воқеии фазои якҷояи корӣ барои ҳалли масъалаҳо машғул мегарданд. Ғайр аз ин, ин дар фазои некхоҳӣ ва дастгирии ҳамдигар ба амал меояд, ки на танҳо ба гирифтани донишҳои нав имкон медиҳад, балки худи фаъолияти маърифатиро инкишоф дода, онро ба шаклҳои олии ҳамкорӣ мегузаронад.

Ҳадафҳои таълими интерактивӣ: баланд бардоштани самаранокии раванди таҳсмлот, ноил шудан ба натиҷаҳои баланд; таҳкими ҳавасмандӣ ба омӯзиши фан; ташаккул ва рушди малакаҳои касбии донишҷӯён; ташаккули малакаҳои муошират; ташаккули малакаҳои таҳлил ва зуҳуроти рефлексивӣ; инкишофи малакаи азхудкунии воситахои техникӣ ва технологияхои муосири дарккунӣ ва коркарди иттилоот; ташаккул ва инкишофи маҳорати мустакилона пайдо кардани маълумот ва муайян намудани эътимоднокии он; кам кардани ҳиссаи кори синфӣ ва зиёд кардани ҳаҷми кори мустакилонаи донишҷӯён.

Шаклҳои интерактивӣ ҳангоми гузаронидани машғулиятҳои аудиторӣ, ҳангоми кори мустақилонаи донишҷӯён ва дигар намудҳои фаъолияти таълимӣ истифода мешаванд. Бо модели интерактивии омӯзиш бартарияти ҳар як иштирокчӣ дар раванди таълим ё ягон ғоя истисно карда мешавад. Донишҷӯ аз объекти таъсир ба субъекти таъсири мутақобила табдил меёбад, худи ӯ дар раванди таълим фаъолона иштирок карда, бо роҳи инфиродии худ пайравӣ мекунад.

Ҳангоми ташкили таълими интерактивӣ қоидаҳои зерин бояд риоя шаванд:

Қоидаи якум. Хамаи иштирокчиён бояд ба ин ё он дараҷа ба кор ҷалб карда шаванд. Бо ин мақсад, истифодаи технология барои ҷалби ҳамаи иштирокчиёни раванди муҳокима муфид аст.

Қоидаи дуюм. Мо бояд дар бораи тайёрии психологии иштирокчиён ғамхорӣ кунем. Гап дар сари он аст, ки на хар як шахсе, ки ба синф меояд, аз ҷиҳати психологӣ тайёр аст, ки бевосита ба ин ё он шакли кор машғул шавад. Дар ин бобат машқҳо, ҳавасмандгардонии доимӣ барои иштироки фаъолона дар меҳнат, фароҳам овардани имконият барои худшиносӣ муфид аст.

Қоидаи сеюм. Дар технологияи интерактивӣ набояд шумораи донишҷӯён зиёд бошад. Шумораи иштирокчиён ва сифати таълим метавонад бевосита вобаста бошад. Шумораи оптималии иштирокчиён- то 25 нафар бояд бошад.

Қоидаи чорум. Синфхона бояд тавре омода карда шавад, ки ба иштирокчиён иваз кардани ҷойҳо барои кор дар гуруҳҳои хурду калон осон бошад.

Қоидаи панҷум. Муттаҳидсозии возеҳ (муқаррар кардани) расму қоидаҳо. Бояд дар ибтидо дар ин бора маслиҳат намуда, барои онро вайрон накардан, кӯшиш кардан лозим аст. Масалан: ҳамаи иштирокчиён нисбат ба ҳар нуқтаи назар таҳаммулпазир бояд бошанд, ҳуқуқи ҳар касро барои озодии баён ва шаъну шарафи ӯро эхтиром бояд кард.

Қоидаи шашум. Барои ба гуруххо тақсим шудани иштироккунандагони семинар бодиққатӣ зоҳир намудан лозим аст. Дар аввал онро дар асоси ихтиёрӣ сохтан беҳтар аст. Пас аз он истифода бурдани принсипи интихоби тасодуфӣ мувофиқ аст.

Баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон на танҳо омӯхтани кор бо воситаҳои таълими техникӣ, балки азхудкунии усулҳои интерактивии таълими фанҳоро дар бар мегирад. Дар шароити кунунӣ омӯзгорон ба технологияи таълим тавваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Технологияи педагогӣ ба таълим бо бархӯрди бонизом алоқаманд аст ва тамоми ҷанбаҳо ва унсурҳои низоми педагогиро аз ибтидо то охир фарогир мебошад.

Список литературы

  1. Андреев В. И. Педагогика: Учебный курс для творческого саморазвития. – 2-е изд. – Казань: Центр инновационных технологий. 2000. С. 575-576.
  2. Бабанский Ю. К. Методы обучения в современной общеобразовательной школе / Ю.К. Бабанский. – Москва: Просвещение. – 1985. – 208 с.
  3. Гузеев В. В. Методы и организационные формы обучения. – М.: Народное образование, 2001. – 120 с.
  4. Данильчук Е. В., Куликова Н. Ю. Интерактивные средства обучения как инструментарий современного педагога в формировании метапредметных образовательных результатов обучающихся // Известия Волгоградского государственного педагогического университета. 2017. № 8(121). С. 4-12.
  5. Даудова Д. М., Гасанова П. Г. Интерактивные методы обучения в системе профессиональной подготовки будущих специалистов в педагогическом вузе / Мир науки, культуры, образования. – 2018. №2 (69), С. 18-20.

Поделиться

706

Бободжонова Н. К. Теоретический аспект понятия «интерактивные средства обучения» для определения сущности и характерных особенностей // Новые горизонты науки: стратегии и направления развития : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 14 февраля 2024г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2024. С. 64-67. URL: https://apni.ru/article/8454-teoreticheskij-aspekt-ponyatiya-interaktivnie

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Другие статьи из раздела «Педагогика и психология»

Все статьи выпуска
Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 2 дня

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января