Главная
Конференции
Новые горизонты науки: стратегии и направления развития
Философские идеи «Возродителя исламской науки» Мухаммада Газали и несколько слов...

Философские идеи «Возродителя исламской науки» Мухаммада Газали и несколько слов об «Элексире счастья»

Секция

Филологические науки

Ключевые слова

философские идеи
«Возродитель исламской науки» Мухаммад Газали
«Эликсир счастья»

Аннотация статьи

В данной статье рассматривается вопрос изучения философских идей «Возродителя исламской науки» Мухаммада Газали и несколько слов об «Эликсире счастья».

Текст статьи

Ҳар касе оъдат кунад, ки бидуни далел ҳар ҳарферо бовар кунад аз сурати инсонӣ хориҷ аст.
Абуалӣ ибни Сино

Эҳёгари улуми исломӣ, яке аз бузургтарин шахсиятҳои динӣ, фалсафӣ ва илмӣ дар таърихи улуми исломӣ ва тамаддуни фаҳанги форс-тоҷик Абуҳомид Имом Муҳҳамади Ғаззолӣ мебошад. Ба гуфти Ҳанно Фохурӣ ва Халил Ҷарр “Он чӣ ки дар шубҳа наметавон кард, ин аст, ки Ғаззолӣ аз машҳуртарин ва муассиртарин мутафаккироне аст ки олами ба худ дидааст”. Ғаззолӣ ҳамаи шаклҳои маърифати инсониро дар шинохти ҳақоиқи динӣ истифода бурд ва бо эроди худ ва равиши таҳқиқаш такони муассире ба улуми исломӣ бахшид ва роҳро барои фиикри динӣ ҳамвор сохт. Даст задани Ғаззолӣ ба эҳёи улуми динӣ маҳз бо ҳаводиси замони ӯ, тезутундшавии муборизаи байни фирқаҳои исломӣ, дар айни замон пешравии илм ва васеъ шудани доманаи баҳсҳои фиқҳию илмӣ алоқаманд аст.

Алахусус баҳсу айбҷӯиҳо дар миёни мазоҳиб чунон боло рафта буд, ки ба қавли “Таърихи масъудӣ” дар бисёр маврид ба низои ошкоро табдил меёфт ва ҳар кадом мазҳаб якдигарро ба куфру бидъат муттаҳам месохтанд. Муҳимтарин масъала дар илми каломи Ғаззолӣ худошиносӣ, таввҳид ва қудрати Аллоҳ Таъоло, асрори офариниш аст. Ғаззолӣ худошиносиро фитрӣ ва аз мавқеи як мусулмони суннимазҳаб баррасӣ мекунад. Ҷои шубҳа нест ки фикрҳои ӯ аз Қуръони Карим ва аҳодиси набавӣ сарчашма мегирад.

Муҳаммад Ғаззолӣ нахустин касе буд, ки китоби муназаме дар радди фалсафа навишт ва аҳли шариатро аз тарсе, ки нисбат ба аҳли фалсафа доштанд, озод кард. “Кимиёи Саодат” – ба қалами “Эҳёгари улуми ислом” устод Муҳаммади Ғаззолӣ таалуқ дорад ва дар ин китоб масоили мухталифи динӣ, ирфонӣ, ахлоқӣ ва дигар афкору ақидаҳои илмӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломӣ мавриди баррасиву омӯзиш қарор гирифтааст ва ин асар вобаста ба мавзӯъҳои мухталлиф аз ду қисм (китоб), ҳар қисм аз ду рукн ва ҳар рукн аз аслҳову фаслҳои мутааддид иборат аст.

Дар оғози ин силсилаи китоби “Кимиёи саодат”, ки аз таълифоти бузургу арзишманди Имом Муҳаммади Ғаззолӣ бо забони тоҷикӣ (форсӣ) аст ва мисли номаш воқеан ҳам кимиёи саодат аст, бори нахуст мукаммал ба алифбои крилии тоҷикӣ баргардон ва нашр мешавад. Дар асоси ин баргардон яке аз нусхаҳои чопии аз ҳама мӯътабартару камғалаттари “Кимиёи саодат” қарор дошта, онро донишманди маъруфи эронӣ Саидҳусайни Хидеви Ҷам бо инояти фавқуллода ва амонати баланлди илмӣ аз рӯйи чаҳор нусхаи хаттии барҷастаи ин китоб тасҳеҳу таҳия карда, соли 1368 ҳ.ш. дар Теҳрон ба табъ расонидааст.

Хидеви Ҷам барои тасҳеҳу таҳияи ин китоб аз нусхаҳои қадимтарин ва муътабартарини хатии “Кимиёи саодат”, аз ҷумла нусхаҳои муаррахи солҳои 576 ҳ.қ ва 600 ҳ.қ маҳфуз дар Дорул -кутуби-л-қавмияи Қоҳира ва нусхаи дигаре ки муаррахи солҳои 624 ҳ.қ маҳфуз дар китобхонаи Институти шарқшиносии Ленинград аст, истифода бурдааст.

“Кимиёи саодат” чун “Эҳё” (аз ҷумлаи китобҳои маашҳури Ғаззолӣ) маълумоти кофӣ дар бораи таълимоти Ғаззолӣ медиҳад ва он аз бузургтарин асарҳои Ғаззолӣ буда, бо забони модарии мутафаккир - тоҷикӣ-форсӣ навишта шудааст.

Ғаззолӣ “Кимиёи саодат”-ро дар охири солҳои қарни панҷуми ҳиҷрӣ навиштааст ва акнун ҳудуди нӯҳсад сол аз умри ин асари нафис мегузарад ва ҳанӯз ҳам зиндаю нағзу латифу зебост.

Муқаддимаи китоб дар чаҳор унвон аст: худшиносию худошиносӣ ва дунёшиносию охиратшиносӣ . Матни “Кимиё ” ба чаҳор рукн тақсим шуддаст: ибодот, муамалот, мӯҳлиқот, мунҷиёт.

Дар мавриди арҷмандии ин китоб гуфта шудаанд: “Шояд камтар нависандае аз навъи вай (Ғаззолӣ ) битавон ёфт, ки сабки ӯ то ин андоза дақиқ ва дар айни ҳол ғанӣ бошад... ташбеҳи тамсил, китобҳои навиштаи ӯ - ҳамчун “Эҳёи улуми-д-дин” ва “Кимиёи саодат”-ро дар мавҷе аз лутфи баёни шоирона мешӯяд. Аз ин лиҳоз, “Кимиёи саодат”, ки намунае дилпазир аз насри латифи содаи форсиро арза мекунад, пешрави сабки баёне аст, ки дар осори Аттору Мавлавӣ ба авҷи ҷалол мерасад. Ташбеҳоту истиороти ӯ, ки ғолибан аҳволи инсониро бо аҳволи гулу гиёҳ ва сангу куҳ ва ҷонвар муқоиса мекунад, дунёи осори Ғаззолиро ҳам мисли ҷаҳони “Маснавӣ” дунёе ҷилва медиҳад, ки дар он гӯи ҳама чиз рӯҳ дорад ва ҳама чиз бо инсон ҳарф мезанад.

Муҳаммад Ғаззолӣ дар оғози “Кимиёи саодат” дар бораи пайдо кардани унвони мусалмонӣ таълим додааст ва ӯ мегӯяд, ки донистани унвони мусалмони чаҳор чиз аст:

Унвони аввал он аст , ки ҳақиқати худ бишиносад;

Унвони дуввум он аст , Худойи Таъоло бишиносад;

Унвони сеюм он аст , ки ҳақиқати дунёро бишиносад;

Унвони чаҳорум он аст , ки ҳақиқати охиратро бишиносад.

Муҳаммад Ғаззолӣ доир ба аркони муомалати мусолмонӣ мегӯяд, ки он чаҳор аст: ду ба зоҳир таалуқ дорад ва ду ба ботин. Он ду ки ба зоҳир тааллуқ дорад, ки аввал гузаронидани фармони Ҳаққ аст, ки онро ибодот гӯянд ва руки дуввум нигоҳ доштани адаб аст андар ҳаракоту саканоту маишат, ки онро муамалот гӯянд.

Ва аммо он ду , ки ба ботин таалуқ дорад:

Яке пок кардани дил аст аз ахлоқи нописандида, ба монанди хашму бухлу ҳасаду кибру уҷбу риё, ки ин ахлоқро мӯҳликот гӯянд ва ақаботи роҳи дини гӯянд. Рукни дуввум бошад оростани дил аст ба ахлоқи писандида, ки онро мунҷиёт гӯянд.

Муҳаммад Ғаззолӣ дар маърифати ҳақиқати дил шунин мисол задааст:

Бидон, ки мисоли тан чун шаҳре аст ва дасту пою аъзо чун ҳунармандони шаҳранд ва шаҳват чун омили хароҷ ва ғазаб миршаб хонаи шаҳр аст ва дил подшоҳи шаҳр аст ва подшоҳро бад ин ҳама ҳоҷат аст, то мамлакат рост кунад.

Ин буд чанде маълумот дат бораи ақидаи фалсафии Муҳаммад Ғаззолӣ ва китоби беназираш “Кимиёи саодат”. Мехоҳам суханамро бо гуфтори ибни Сино ҷамъбаст намоям.

Список литературы

  1. Кимиёи саодат. Ҷ1. Таҳияи Дӯстмуҳаммади Дӯст, Қудратбек Элчибеков. – Душанбе: ЭР-граф, 2008.
  2. Буғяту-л-вуъот. – Қоҳира, 1964. 211 с.
  3. М.Иқбол. Сайри фалсафа дар Эрон. – Теҳрон, 1380. 350 с.
  4. Ҳанно Фохурӣ ва Халил Ҷар. Таърихи фалсафа дар ҷаҳони исломӣ. – Теҳрон, 1386. 517 с.
  5. Фирор аз мадраса: навиштаи доктор Заринкӯб. – Теҳрон, 300 с.
  6. Ибн Араби. Избранное. Т.1. Перевод с арабского, вводная статья и коментарии И.Р. Насырова. – Москва: Садра, 2013. 216 с.
  7. Румӣ Ҷ.М.. “Маснавии Маънавӣ” бо пешгуфтори Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ ва Муҳаммади Борӣ. Теҳрон : Нашри Замон, 2001. 730 с.
  8. Румӣ Ҷ.М. “Сад барги ғазал” бо интихоб ва пешгуфтори устод Абдулманнони Насриддин. Хуҷанд: Нури маърифат, 2007. 142 с.
  9. Читтик Уильям «Суфизм. Руководство для начинающего». Перевод с английского М.Г. Романов. М.: Восточная литература, 2012. 245 с.

Поделиться

609

Акрамов А. Ш. Философские идеи «Возродителя исламской науки» Мухаммада Газали и несколько слов об «Элексире счастья» // Новые горизонты науки: стратегии и направления развития : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 14 февраля 2024г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2024. С. 40-42. URL: https://apni.ru/article/8465-filosofskie-idei-vozroditelya-islamskoj-nauki

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru
Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 2 дня

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января