Главная
АИ #9 (191)
Статьи журнала АИ #9 (191)
Развитие устной речи на иностранном языке

Развитие устной речи на иностранном языке

Рубрика

Педагогика

Ключевые слова

талант
компетенция
компетентность
творчество
знание

Аннотация статьи

Статья анализирует прогресс в освоении устного общения на иностранном языке, выделяя его ключевые аспекты и уникальные черты.

Текст статьи

Дар мақола инкишофи нутқи шифоҳӣ дар забони хориҷӣ баррасӣ шудааст. Таҳқиқи ташаккули инкишофи нутқи шифоҳӣ яке аз муҳимтарин проблемаи таълими забони хориҷӣ маҳсуб меёбад. Талабот ба муттахассисони донандаи забони хориҷӣ хеле афзоиш ёфта истодааст. Ҳамчун як нуқтаи асосӣ барои ҳарф задан бо забони англисӣ ин нутқи шифоҳӣ ба ҳисоб меравад, зеро ки чиқадар нутқи шифоҳӣ бурро бошад инсон метавонад бе ягон мушкилӣ бо забони ҳориҷӣ сухан ронад. Корҳои тадқиқотӣ нишон медиҳад, ки мавзӯи мазкур дар марҳилаи кунунӣ аз ин лиҳоз назаррас мегардад, ки робитаҳои байналмиллалӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва бозоргонӣ миёни давлатҳо густариш меёбад. Таҳлилҳои адабиёти илмию методӣ нишон медиҳад, ки бисёр мутахассисони ватанию хориҷӣ роҳҳои дар раванди таълим дар мактабҳои олӣ ҷорӣ намудан ва ташаккулу ҳаматарафа сайқал додани қобилияту маҳорати коммуникативӣ нутқи донишҷӯёнро дар мавриди тадқиқ қарор дода такмил додани усулҳои таълими кадрҳои педадогии оянда, аз он ҷумла дар доираи омӯзиши забони англисӣ ва ба воситаи он тайёр кардани кадрҳои баландихтисосро ҷустуҷӯ мекарданд.

Усули муаллифии ташхиси сатҳи инкишофи коммуникативӣ ва нутқи шифоҳии донишҷӯён имкон медиҳад, ки сатҳи ибтидоии ҳар як меъёр ва сатҳи умумии он муайян карда шуда салоҳияти коммуникативӣ ва нутқи шифоҳӣ сайқал дода шавад. Баъзе усулҳову ҷадвалу мукотибаи пешниҳодшудаи рушди дониш, малака ва маҳорати омӯзгорони ояндаи дар раванди омӯзиши фанҳои алоҳидаи қисми меъёрии мундариҷаи таълими касбӣ метавонад ҳамчун воситаи муайян кардани маҳорат ва салоҳият дар анҷом додани барномаҳои таълимии корӣ дар омӯзиши забони англисӣ.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо дар баромадҳояшон таъкид менамоянд, ки забонҳои хориҷиро аз худ намоем. Дар марҳилаҳои асосии раванди таълимӣ фаъолияти фикрии донишҷӯ вазифаҳои мухталифро иҷро менамоянд: пешгӯикунанда, маъногӣ, мӯҳтавоӣ, ҷамъбасткунанда ва ғайра. Ҳангоми банақшагирии машғулиятҳо мувофиқи мақсад аст, ки дар баробари вазифаҳои мӯҳтавоӣтарбияӣ ва инкишофдиҳандадар асоси баҳисобгирии вазифаҳои тафаккурдар омӯзиш ва барномаи таҳиягашта инкишофи малакаҳои нутқӣ ва фикрӣ нишон дода шавад. Функсияи коммуникатии нутқ ин азхудкунӣ ва дастрас намудани иттилоот дар намуди ботинӣ ва беруна, хаттӣ ва даҳонӣ, монологӣ ва диологӣ мебошад. Вақте ки донишҷӯён чунин марҳилаҳоро мегузаронанду бо забони англисӣ ҳарф мезананд, нутқи шифоҳии онҳо равону бурро мегардад. Дар таълими забони англисӣ, ки он дар асоси баҳисобгирии хуусиятҳои умумию фардии донишҷӯён пайгирӣ карда мешавад, дониш, маҳорату малакаҳои коммуникативӣ-иттилоотӣ, паёмбарии донишҷӯён бо забони англисӣ ва модарӣзамина барои қобилиятҳои махсус баррасӣ карда тавонистани иттилоотро таъмин мегардонад.

Дар дарсҳои забони хориҷӣ барои истифодаи забони хориҷӣ ҳамчун воситаи муоширати байни омӯзгор ва хонандагон имкониятҳои зиёд мавуд аст. Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ин имкониятҳо на ҳамеша пурра истифода бурда мешаванд. Масалан, Г.В. Рогова тамоюлҳои зерини истифодаи забони хориҷиро дар нутқи омӯзгор муқаррар мекунад: 1) Муаллим бисёр вақт бо забони хориҷӣ ҳарф мезанад ва пайваста нутқи худро бо тарҷума ба забони модариаш ҳамроҳ мекунад, ки ин ба ташаккул додани малакаҳои нутқи шифоҳӣ дар хонандагон мусоидат намекунад. Маълум аст, ки муаллим одатан гуфтаашро тарчума мекунад, шогирдон барои фахмидани нутки муаллим ба забони хоричй кушиш намекунад. Аз ин бармеояд, ки чунин муаллим ба кувваю имкониятҳои шогирдонаш бовар намекунад. Эҳтиёткории аз ҳад зиёд дар истифодаи калимаву ибораҳое, ки хонандагон «нагузаштаанд» ба ташаккули маҳорати нутқи шифоҳӣ зарар мерасонад. Тамоюли сеюм: муаллим бо забони хориҷӣ ҳарф мезанад, хонандагон имкон доранд, ки нутқи забони хориҷиро гӯш кунанд. Нутқи шифоҳӣ дар робита бо шунидан инкишоф меёбад, вақте ки хонандагон аз рӯи матни шунидаашон бо паёми мустақил ва баҳодиҳии шахсӣ суханронӣ мекунанд ва қобилияти ҳарфзанӣ вобаста ба вазъи соҳаи тарбия, меҳнат, иҷтимоӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ низ ташаккул меёбад. Дарки нутқи мураттабшудаи шифоҳӣ бо фаъолияти мураккаби равонӣ ҳамроҳ шуда, дар шароити махсусе, ки бо як қатор омилҳои акустикӣ муайян карда мешаванд, сурат мегирад. Аз ин ҷост, ки зарурати машқҳое ба миён меояд, ки диққатро ба дарки мазмуни нутқи даркшаванда ва бартараф намудани душвориҳои вобаста ба дарк равона мекунанд. Чунин машқҳоро машқҳои нутқӣ меноманд.

Хусусиятҳои тадқиқоти фаъолияти педагогии муаллимон дар сатҳи маҳорату истеъдод барои тасдиқ замина медиҳад, ки дар он на танҳо ҷойи репродуктивӣ, балки ба андозаи васеъ фаъолияти эҷодӣмавҷуд мебошад. Чунки кори муаллимон моҳиятан эҷодӣ аст, аз ин рў, аз педагогон тафаккур ва вазъияти умумии педагогиро аз рўйи таҷриба талаб менамояд. Шахсияти касбӣ ва дониши муаллим аз маҳорати ў вобаста буда, таҷрибаи педагогии хешро бо омўхтани асосҳои илмӣ ва ба хонандагон таҷрибаи педагогиро ба амал тадбиқ намудан сурат мебахшад. Бо ин роҳ метавонад дар хонанда ҳисси донишомўзиро пайдо кунонад. Ҷанбаҳои даркиву эҳсосӣ барои таълим ва омўзиши хонандагон зарурият дорад ва ҷанбаҳои мазкур набояд аз якдигар дур сурат бигирад. Ин бештар барои маҳорати педагогон шароит фароҳам меоварад ва баҳри омўзиши муносибат бо хонандагон маводҳоро пешкаш менамояд.

Шароит ва ангезаи бомуваффақият шунидани матн ҳангоми интихоби матн барои шунидани хусусиятҳои забонӣ, мазмунӣ ва таркибии он ба назар гирифта мешаванд. Дар вақти баҳо додан ба хусусиятҳои психикии талаба, пеш аз ҳама, шунавоии нутқ, диққат ва хотираи ӯ, қобилияти тахминии нутқ ва пешгӯии эҳтимолӣ, дараҷаи инкишофи нутқи ботинӣ ба назар гирифта мешавад. Шарти муҳими ташаккули шунавоӣ ҳавасмандкунӣ мебошад.

Мо ба нуқтаи назари А. Миролюбов, ки ба ақидаи ӯ тафаҳҳум ба намуди осони фаъолияти нутқ дохил намешавад. Ӯ кайд мекунад, ки «... азхуд кардани забони хориҷӣ ва инкишоф додани малакаи нутк асосан ба воситаи шунидан сурат мегирад». Ташаккули фаҳмиши нутқ тавассути гӯш бояд дар шароити табиии нутқи шифоҳӣ бидуни дарки он дар шакли графикӣ сурат гирад. Ҳарчанд худи ҷузъи визуалӣ, ки суханро ҳамроҳӣ мекунад ва ба муошират хос аст, хеле муҳим аст.

Барномаи таълимии забони англисӣ аз тавзеҳот ё худ мактуби эзоҳӣ ва худи барнома иборат аст, ки дар қисмати аввали он кор оид ба инкишофи намудҳои нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ, нутқи мураттаб ворид карда шудаанд. Намудҳои нутқи шифоҳӣ вобаста ба вазифа ва маънои матнҳо, ҳикоя, тасвир намудан, муҳокимарониро дар бар мегирад. Навистани намуди кор оид ба инкишофи нутқи хаттӣ ин иҷрои супоришҳо, машқҳои луғавӣ, ҷумласозӣ, навиштани иншо, нақли хаттӣ ва ғайраҳо мебошад. Инкишофи тафаккури забономӯзию забондонӣ қобилияти махсусест, ки дар асоси ба ҳам муқоиса намудани қонуниятҳои грамматикии якчанд забонҳо, дуруст ва зуд баён кардани фикрро пешбинӣ менамояд.

Суръати нутқ аз аҳамияти иттилооте, ки дар қисмҳои алоҳидаи паём мавҷуд аст, вобаста аст. Маълумоти муҳимтар бо таъкиди дарозии садонокҳо сусттар дода мешавад, дар ҳоле ки маълумоти дуюмдараҷа зудтар дода мешавад. Чунончи, маълум аст, ки мутолиаи ба таври густурда рангоранг хондани шеър бо суръати хеле суст (дар як дақиқа 160 мисра) сурат мегирад, ки ин бо риояи қатъии задаҳои мантиқӣ, майлу хоҳиши гӯянда барои ифодаи образнокӣ, эҳсосот, бешубҳа шарҳ медиҳад. Дар мавриди навигариҳои варзишӣ бошад, онҳо бо суръати хеле тез интиқол дода мешаванд.

Тарзи инфиродии нутқ метавонад хеле гуногун бошад ва барои дарк ва фаҳмиши он душворӣ эҷод кунад. Дар забони модарӣ ин мушкилот бо таҷрибаи бузурги тафаҳҳум ҷуброн карда мешавад, аммо таҷрибаи гӯш кардани нутқи забони хориҷӣ дар байни хонандагон хеле маҳдуд аст. Табиист, ки ҳар як хусусияти фардии талаффуз, тембри овоз, суръати хеле тез ва камбудихои муайяни нутқ дарки онро душвор мегардонад.

Ҳамин тариқ, нутқи шифоҳӣ барои тамоми донишҷӯёну довталабон зарур аст, зеро маҳз нутқи шифоҳӣ аст, ки бо ҳамдигар суханронӣ мекунем. Салоҳияти нутқи шифоҳии донишҷӯён, аз як тараф, қобилият ва хусусияти шахсии донишҷӯёнро инъикос намояд, аз тарафи дигар, дар рафтор ва фаъолияти ӯ зоҳир мешавад.

Список литературы

  1. Паёми Асосгзори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти, Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2021.
  2. Барномаи омўзиши забони англисї барои синфњои 3-11-и муассисањои тањсилоти миёнаи умумї. Душанбе, 2013.
  3. Басова Н.В. Немецкий для экономистов. – Ростов н/Д: Феникс, 2006. – 378 с.
  4. Бим И.Л. Теория и практика обучения иностранному языку в средней школе. – М., 1998. – 140 с.

Поделиться

685

Джураева М. А., Абдукодирова Т. С. Развитие устной речи на иностранном языке // Актуальные исследования. 2024. №9 (191). Ч.V.С. 32-34. URL: https://apni.ru/article/8553-razvitie-ustnoj-rechi-na-inostrannom-yazike

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Другие статьи из раздела «Педагогика»

Все статьи выпуска
Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 6 дней

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января