Главная
Конференции
Общество, экономика, культура: тенденции и перспективы развития в условиях цифровизации
Языковое общение – фактор совершенствования преподавания национальных языков

Языковое общение – фактор совершенствования преподавания национальных языков

Секция

Филологические науки

Ключевые слова

языковое общение
фактор совершенствования преподавания национальных языков
таджикский язык

Аннотация статьи

В статье обсуждается роль языкового взаимодействия в улучшении преподавания национальных языков.

Текст статьи

Муҳимтарин хосияти асри XXI дар тӯли зиёда аз бист қарни таърихи инсоният падидаи иҷтимоӣ ба истилоҳи ҳозира ҷаҳонгароӣ (глобализатсия) мебошад. Гап натанҳо дар сари он аст, ки дар асри навин имкониятҳои равобити ҳамаҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангии мамолики олам қавитар гардид, балки ҳамин гуна робита дар асри тамаддуни ҷаҳонӣ ба зарурати иҷтимоӣ табдил ёфт. Ин раванди умумибашарӣ ба соҳаи илм ва таълим ва тарбияти мутахассисони айём низ бевосита тааллуқ дорад. Дар замони мо дастовардҳои илмию таълимии фанҳо, ки тӯли бист аср инсоният ҷамъ овардааст, як навъ ҷамъбаст гардид. Комилан табиист, ки комёбиҳо дар рушди илм ва таълиму тарбияти наврасони замон дар халқу миллатҳо дар пояҳои гуногун – дар баъзе дар сатҳи поёнтар, дар иддаи дигар, дар мақоми болотар қарор дорад. Ин раванди инкишоф қонуни диалектист, ки ҳамеша тағйир пазируфта меистад. Хоҳем, ки сатҳи муосири илм ва таълими фанҳоро таъмин намоем, бояд дар соҳаи худ аз дастовардҳои халқу миллатҳои дигар огоҳ бошем ва аз он истифода намоем. Аз ин раванд такмил додани илм ва таъмини забонҳои модарӣ ва хориҷӣ низ муҳим арзёбӣ мегардад. Сухан дар бораи забонҳои гуногунсохт меравад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, амсоли русӣ, англисӣ, олмонӣ, арабӣ ва ғайра таълим дода мешаванд.

Дар бораи забони ӯзбекӣ бояд гуфт, ки он дар Тоҷикистон чун забони модарии қисмати аҳолӣ мавқеъ дорад, ҳамчунин дар мактабҳои олӣ омӯзгорони фанни забону адабиёти ӯзбек тайёр карда мешаванд. Забоншиносии ӯзбек, аз ҷумла, яке аз шохаҳои муҳими он – фразеология дар партави лингвистикаи умумӣ мавқеи пешрав дорад. Мо дар таҳқиқи масоили илмӣ ва такмили таълими забони тоҷикӣ аз он истифода мебарем. Дар навбати худ, чунонки дар боло қайд кардем, баҳраманд шудан аз дастовардҳои забонҳое, ки дар факултети филологияи ӯзбек дар паҳлуи забони ӯзбекӣ таълим дода мешаванд, чун воситаи такмили таълим ба манфиати кор аст. Ин маъно дар ҳуҷҷатҳои расмию таълимӣ низ зикр ёфтааст, аз ҷумла, дар Қонуни ҶТ “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” зарурати дар сатҳи кофӣ донистани забони давлатии ҶТ барои ҳамаи халқу миллатҳои маскуни кишвар таъкид гардидааст; аз ҷониби дигар, забони тоҷикиро омӯзгорони ояндаи факултети филологияи ӯзбек ҳамчун фан меомӯзанд, инчунин бояд дар назар дошт, ки барои омӯзгорони соҳаи суханшиносӣ, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ доранд ва фаъолият мебаранд, донистан ва мавридшиносона ба кор бурдани маводи илмию амалии забони тоҷикӣ (давлатӣ) воҷиб буда, аз он бо қиёс бо забони модарӣ (ӯзбекӣ) ҳангоми таълими фразеология, услубшиносӣ, курсҳои интихобӣ, таҳлили матни бадеӣ, ташкили корҳои мустақилона ва ғайра ба кор бурдан мумкин аст. Мо дар бораи корбурди маводи илмию тадрисии фразеография дар такмили таълими забонҳои гуногунсохт дар мисоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мақолаҳо фарҷ кардаем [2, c.354]. Инак, баъзе андешаҳоро хеле мухтасар, ба сифати “гузориши масъала” роҷеъ ба таҳаввули фразеографияи тоҷик чун маводи таълимӣ манзур менамоем.

Фарҳангнигории тоҷикӣ дар таърихи лексикографияи ҷаҳонӣ воқеияти нодир аст. Пеш аз ҳама, теъдоди зиёди фарҳангҳо диққати олимонро ба худ ҷалб кардааст. Дар сарчашмаҳо миқдори умумиятбахшидаи онҳо 200-то номбар шудааст. Фарҳангшиносон кӯшиш кардаанд, ки теъдоди луғатномаҳои давраи классикиро дақиқтар нишон диҳанд, чунончи, Шаҳриёри Нақавӣ дар асараш “Фарҳангнависии форсӣ дар Ҳинду Покистон” онро 168 адад, Саид Нафисӣ дар муқаддимаи “Луғатномаи Деҳхудо” 188 адад бо зикри номгӯй нишон додаанд.

Фарҳангҳо ҳам аз ҷиҳати маводи амалӣ (моддаҳои луғавӣ) ва ҳам аз роҳу усулҳои ташреҳ далели рушди забонанд. Масалан, дар нахустфарҳанги форсӣ – тоҷикии то замони мо расида, «Луғати фурс» (асри XI) ва чанде аз фарҳангномаҳои минбаъда ба сифати воҳиди тафсирёбанда, яъне моддаҳои луғавӣ танҳо калима корбаст шудааст. Вале аксар луғатномаҳои давраи рушд – асрҳои XVI – XIX дар баробари калима таркибу ибораҳо низ тафсир ёфтаанд. Тафсири таркибу ибораҳо дар фарҳангнигорӣ ба дараҷае мавқеъ пайдо кард, ки дар таърихи фарҳангнигорӣ луғатномаҳои алоҳида аз ҷумла, «Мусталаҳот-уш-шуаро» (1739) ба табъ расидаанд. Қобили таваҷҷуҳ аст, ки тавассути ин фарҳанг вожаи «мусталаҳот» ба сифати истилоҳи фразеологӣ ба забоншиносӣ ворид гашт. Панҷ сол муқаддамтар аз «Мусталаҳот-уш-шуаро» луғати фразеологии «Чароғи ҳидоят»-и Сироҷиддин Алихони Орзу (1734), иборат аз 2075 калимаву иборот таълиф ёфта, дар таърихи лексикографияи форсӣ – тоҷикӣ ҳамчун нахустфарҳанги фразеологӣ пазируфта шудааст.

Дар “Чароғи ҳидоят” аз 37 манбаи илмию адабӣ, лексикографӣ ва осори манзуму мансури 186 нафар адибони форсизабони Ҳиндустон, Мовароуннаҳр, Хуросон, Эрон, Озорбойҷон, Туркия 1913 байт, аз ҷумла 51 байт аз худи муаллиф 14 порчаи насрӣ корбаст гардидааст. Шоистаи арҷгузорист, ки «Чароғи ҳидоят» бо пешгуфтор, тавзеҳот ва феҳристи фарҳангшиноси соҳибтаҷриба Амон Нуров бо хатти кириллӣ ба табъ расида, дастраси доираи васеи хонандагон гардид.

Ҳамин тавр, луғатномаҳое, ки ба давраи тоинқилобии таърихи забони тоҷикӣ мутаалиқанд, ба истилоҳи имрӯза ба фарҳангҳои якзабонаи тафсирӣ мансубанд, ки ба эътибори моддаҳои тафсирёбанда табиати духела доранд, яъне дар онҳо ҳам моддаҳои луғавӣ ва ҳам моддаҳои фразеологӣ маънидод карда шудаанд.

Дар таърихи хеле ғаноманди лексикографияи форсӣ – тоҷикӣ чунин фарҳангҳои хоса ба шумор буда, ба ин қабил ҳамагӣ се луғатнома «Чароғи ҳидоят», «Мусталаҳот-уш-шуаро» ва «Баҳори аҷам» пазируфта шудаанд.

Дар замони шӯравӣ даҳсолаҳои ҳамкории илмию фарҳангӣ бо олимони рус ва таҷрибаи фарҳангнигорӣ имкон дод, ки дар соҳаи фразеологияи тоҷик низ луғатномаи хоса таълиф ёбад. Дар лексикографияи рус истилоҳи маъмул ҳаст - «луғати академӣ», зери ин истилоҳ мутахассисони соҳа фарҳангномаҳои мукаммалтаринро дар назар доранд. Аз ин лиҳоз, «Фарҳанги ибораҳои рехта» (ФИР)-и Муллоҷон Фозилов луғати академист, ки он дар ду ҷилд фарогири зиёда аз 8 000 ВФ мебошад [4, c.952].

Муллоҷон Фозилов фарҳанги дигари арзишманде чун идомаи мантиқии ФИР бо номи «Зарбулмасал, мақол ва афоризмҳои тоҷикию форсӣ» дар се муҷаллад таълиф кард [5]. Дар муаррифномаи китоб омадааст, ки «дар ҳар се ҷилд зарбулмасал, мақол ва афоризмҳое гирд омадаанд, ки онҳо аз адабиёти китобатии дар Иттифоқи Советӣ, Эрону Афғонистон ва Ҳинду Покистон нашргардида ва инчунин аз дастнависҳои ҳанӯз ба табъ нарасида хӯшачинӣ шудаанд ва ҳама шарҳи худро доранд». Дар фарҳанг ба сифати маъхаз I. назми асрҳои IX – XX; II. насри асрҳои X – XX; III. китобҳои махсус оид ба зарбулмасал ва мақолҳо; IV. маҷмӯаҳо; V. асарҳои драмматургӣ; VI. асарҳои фолклорӣ; VII. маҷалла ва рӯзномаҳо; VIII. тазкираҳо; IX. китобҳои илмӣ оварда шудаанд.

Аҳамияти назариявӣ ва амалии «Фарҳанги зарбулмасал, мақол ва афоризмҳои тоҷикию форсӣ» инчунин аз рӯйи он муайян мегардад, ки дар бораи баъзе фарҳангҳои фразеологии арзишмандии форсӣ, ки ба хонандаи тоҷик дастрас нестанд, маълумоти дақиқ дода шудааст.

Чун сухан аз фарҳангномаҳои хосаи фразеологӣ рафт, ду навъи дигари чунин луғатро бояд хотиррасон кард. Аз он ҷумла, луғати фразеологии адибони ҷудогона. Ба чунин асар “Фарҳанги мухтасари таъбироти назми Лоиқ Шералӣ [1] тааллуқ дорад. Дар таърихи фарҳангнигории муосири тоҷик роҷеъ ба осори классикони тоҷик луғатномаҳои хоса навишта шудаанд, ки аз қатори онҳо таълифоти Амон Нуров “Фарҳанги осори Ҷомӣ” ва “Фарҳанги ашъори Рӯдакӣ”, Иброҳим Али-зода “Фарҳанги мухтасари “Шоҳнома”, Абдуҷаббори Шоаҳмад (А. Суруш) “Фарҳанги ашъори Камоли Хуҷандӣ”-ро ном бурдан мумкин аст.

Ҳамин тариқа, аз омӯзиш ва таҳлили маводи фарҳангномаҳои мазкур имкон пайдо мегардад, ки андешаҳо ва хулосаҳои илмии онҳоро бо қиёс ва муқобала бо маълумоти сарчашмаҳои дигари илмӣ омӯзем ва аз таҳқиқу таълими фразеологияи забонҳои тоҷикӣ ва хориҷӣ истифода намоем.

Список литературы

  1. Абдуқодиров А., Махкамова Б. Фарҳанги мухтасари таъбироти назми Лоиқ Шералӣ. – Хуҷанд, 2010. – 130 с.
  2. Воҳидова Н. Омилҳои муҳими самаранокии таълим // Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир. Маводи конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ. – Хуҷанд, 2018. – С. 354-356.
  3. Фразеографияи забонҳои гуногунсохт ва нақши он дар таълим // Уфуқи андеша. Маҷмӯаи мақолаҳои олимон, муҳаққиқони ҷавон ва магистрантон бахшида ба Солҳои рушди деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ. – Нашриёти ҶСК «Наби Фахрӣ», 2019. – С. 76-82.
  4. Фозилов М. Фарҳанги ибораҳои рехтаи забони ҳозираи тоҷик (фарҳанги фразеологӣ). Ҷилди 1. – Душанбе, 1963. – 952 с. ҷилди 2. – Душанбе, 1964. – 802 с.
  5. Фозилов М. Фарҳанги зарбулмасал, мақол ва афоризмҳои форсӣ –тоҷикӣ. – Душанбе, 1984.

Поделиться

534

Вохидова Н. А., Ахмаджонова М. Р. Языковое общение – фактор совершенствования преподавания национальных языков // Общество, экономика, культура: тенденции и перспективы развития в условиях цифровизации : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 28 февраля 2024г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2024. С. 10-14. URL: https://apni.ru/article/8572-yazikovoe-obshchenie-faktor-sovershenstvo

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 6 дней

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января