Главная
АИ #9 (191)
Статьи журнала АИ #9 (191)
Морфологические особенности некоторых сложных слов в «Гуламане» С. Айни

Морфологические особенности некоторых сложных слов в «Гуламане» С. Айни

Рубрика

Филология, иностранные языки, журналистика

Ключевые слова

морфологические особенности
сложные слова
«Гуламан» С. Айни
художественно-исторический роман

Аннотация статьи

Известно, что некоторые сложные слова состоят из изафета. В сложных словах, которые состоят из изафета, действие происходит посредством переходов (преобразований). Образование сложных слов путем замены компонентов занимает большое значение в области словообразования. Делается вывод, что некоторые сложные слова в художественно-историческом романе С. Айни «Гуламон» обладают отличительными особенностями от современного таджикского литературного языка.

Текст статьи

Муқаддима

Мусаллам аст, як қисми вожаҳои мураккаб аз ибораҳои изофӣ таркиб мешаванд. Дар вожаҳои мураккабе, ки аз ибораи изофӣ таркиб мешаванд, амал тариқи гашторҳо (трансформҳо) сурат мегирад. Бо ҷойтабдилии ҷузъҳои ибораи изофӣ, яъне дар натиҷаи гаштори баръакс, калимаи мураккаб ба вуҷуд меояд.

Забоншинос Д. Тоҷиев тарзи инверсия ё ҳолати постпозитсия ва препозитсияи муайяншаванда нисбат ба муайянкунандаро қайд кардааст. Яке аз роҳҳои маъмули ба калимаи мураккаб табдил ёфтани ибора ҳамин ҷойтабдилии муайяншаванда ва муайянкунанда мебошад, ки аз ҳама бештар дар назм ба чашм мерасад [4, с.22-23]. Яъне, бо ҷойтабдилии ҷузъҳои ибораи изофӣ калимаи мураккаб сохта мешавад. Аммо ин амал нисбат ба вожаҳои детерминативии баҳувриҳи дуруст намеояд. Дар забони мо, бахусус дар назм, вожаҳои мураккаби детерминативии баҳувриҳӣ, ки маънои соҳиб будан ба ягон сифату хислатро ифода мекунанд, зиёд ба кор рафтаанд [3, 6, 7].

Вожаҳои мураккаби аз ибораи изофӣ сохташуда– маҳз дар бештари ҳолатҳо маънои маҷозӣ доштани ин гуна вожаҳо имкон намедиҳад, ки ҳангоми пасу пеш гузоштани ҷузъҳои таркиби вожаи мураккаб ибораи изофӣ ба даст ояд, зеро маъно намегузорад, ки вожаи мураккабро таҳти гашторҳои даркорӣ ҷой диҳем. Ба ин далел, ин гуна вожаҳоро вожаҳои мураккаби бурунмарказ гуфтаанд, ки ҳастаи маъноии онҳоро аз берун метавон пайдо кард. Масалан, дар мисоли вожаи мураккаби гулдаста [1, с.464], ки аз ҷузъҳои ҷав ва дона таркиб шудааст, фаҳмида мешавад, ки он аз ибораи изофии донаи ҷав таркиб шудааст, вале нисбат ба вожаи мураккаби хорпушт (Хорпуштҳо, юрмонҳо, морҳо ва каждумҳо, ки ҳанӯз хоби зимисто-нии худро cap накарда буданд, ҷонварҳои аз паи ҳаёт давандаи ин саҳро ҳисоб меёфтанд [1, с.322] инро гуфта наметавонем. Зеро ҳангоми ҷойтабдилии ҷузъҳо он маъноеро, ки зери мафҳуми хорпушт дар назар дорем, ба даст намеорем. Ин ҷо аз маънои ҷузъҳо соҳиб будан ба чизе фаҳмида мешавад, ки ҳастаи маъноияш берун аз калима аст: Гули маро, гулдастаи маро аз дастам даррабуданд, булбуламро аз боғам зада бурданд... [1, с.464].

Мисолҳои дигари вожаҳои мураккаби аз ибораи изофӣ сохташуда: Моҳи даҳрӯза, ки ҳанӯз фурӯ нарафта буд, ба ин майдони регзор нури худашро мепошид [1, с.162, 409], Ду бародари ӯ, ки ҳамин Наврӯз ва Ҳа-мид аст, кори маро кардан гирифтанд [1, с.123-62 маротиба] ва ғайра.

Донишманди эронӣ Меҳдии Сабзаворӣ дар мавриди исмҳои мураккаб чунин гуфтааст: «Бо истинод ба меъёри вуҷуд ё набуди ҳаста, асомии мураккаб ба ду гурӯҳи асосӣ – дарунмарказ ва бурунмарказ тақсим мешаванд. Гурӯҳи аввал дорои ҳаста ва ба лиҳози маъноӣ шаффофанд ва гурӯҳи дувум фоқид ҳастанд» [8]. Аз ин нигоҳ, як қисми вожаҳои мураккаби баҳувриҳиро вожаҳои тирамаъно, бурунмарказ гуфтан лозим меояд. Ҳамчунин ин донишманд ёдовар шудааст, ки ба андешаи забоншинос Фоб пешбинипазирии семантикаи исмҳои мураккаб бастагӣ ба ду омил дорад: 1. Исмҳои мураккаб бо гузашти замон дучори тағйироти семантикӣ, аз ҷумла тағйироти метонимӣ (киноя) мегарданд, ва чунин мисол меорад: redhead – шахсе, ки мӯйҳои сурх дорад, яъне сурхмӯй, на шахси дорои сари сурх, сурхсар (муқоиса шавад дар тоҷикӣ: сафедҷорӯбдум – хари сафеди думаш мисли ҷӯроб мебошад: Дар тумани Вобканд як деҳа ҳаст, ки онро деҳаи «ІІІиринихо» меноманд,–гӯён Қулмурод ҳикоя cap кард,–яке аз ин шириниҳо як хари сафедҷорӯбдуми ҷангалёл дошт, ки қариб буд думаш ба замин расад. Ширини он харро фурӯхтанӣ шудааст [1, с.188].

Акнун дар намунаҳои зер тибқи усули наҳвию сарфии калимасозӣ аз романи бадеӣ ва таърихии устод Айнӣ – “Ғуломон” сохтору маъно ва услуби боз як идда вожаҳоро баррасӣ хоҳем кард.

Дар романи бадеӣ ва таърихии устод Айнӣ - “Ғуломон” дар баробари калимаҳои сохти копулятиву редупликатив, амсоли:

  • дар асоси қолаби замони феъли гузашта+гузаштагуфтушунид - Асирони ҳиротӣ дар муддати як ҳафта-даҳ рӯз тамом як эронӣ барин набошад ҳам, 15–20 калимаро, ки дар аввали гуфтушунид даркор мешавад, бо лахҳҷаи Эрон гап зада метавонистагӣ шуданд) [1, с.32];
  • дар асоси қолаби замони феъли гузашта+ҳозира: гуфтугузор – Саг аз гуфтугузоре, ки дар байни чӯпон ва оянда рафт ва ҳам аз фармоне, ки чӯпон ба худаш «чип!., дам бихоб!» гӯён дод, пай бурд, ки оянда як шахси безарар будааст ва ором гирифт [1, с.169];
  • дар асоси қолаби исм+миёнванди -о-+исм: паёпай - Ҳама бар бом баромаданд. Сафар Ғулом, Эргаш ва командир паёпаи якдигар аз болои танӯр ба рӯи ҳавлӣ поин шуданд [1, с.329];
  • дар асоси қолаби феъл+миёнванди -ма-+феъл: кашмакаш - ...ба болои онҳо пионерон бо якчанд нафар зан дар кашмакашанд, дар ин кашмакашҳо пахта ба дасти ҳеҷ як тараф наафтода дар миёна аз ҳам пошида истодааст... [1, с.412].

Ҳамчунин, чун анъана, дар асоси қолаби вожанигории мураккаби пайвасти такрор, аз қабили:

  • дар асоси қолаби исм + - + исм: гурӯҳ-гурӯҳ – онҳо бо гурӯҳ-гурӯҳ ғуломон ва канизакони дасту гарданбаста, бо рама-рама бузу гӯсфанд, бо қатор-қатор шутурони пурбор хоҳанд омад [1, с.27];
  • дар асоси қолаби такрори шумораҳои миқдорӣ: як-ду – Ин дафъа аз чилим ҳам, ки ҷавон вайро об тоза карда оварда буд, як-ду қуллоб кашида гирифт [1, с.8-49 маротиба];
  • дар асоси қолаби такрори зарфҳои тарзи амал: давон-давон – Ҷавононе, ки милтиқҳошонро ба даст гирифта буданд, ҷаста хеста аз хона баромада давон-давон ба кӯча рафтанд [1, с.286].

Инчунин теъдоди зиёди вожаҳои мураккаби осонбаёни детерминативиро дучор меоем, аз қабили Бо ҳамин, роҳи замин бисёркунии шуморо ва безамин шуда, яъне заминашонро ба шумо фурӯхта ба дари шумо ятим ва чореккор гардидани деҳқонони камзаминро ҳам баст, – гуфта илова кард чилликрес [1, с.341].

Хулоса

Хулосаи он чи иҷмолан аз баррасии баъзе вожаҳои мураккаби романи бадеӣ ва таърихии устод Айнӣ – “Ғуломон” ба мушоҳида расид, ин аст, ки ӯ устоди сухани баланд, достонсарои бузург буда, вожаю таъбирҳояш суфтаву равон ва аз лиҳози маънӣ ширину ҳамафаҳманд.

Список литературы

  1. Айнӣ С. Ғуломон. Роман. Душанбе: Адабиёти бачагона, 2019, 488 с.
  2. Бобомуродов Ш. Луғати мухтасари калимасозии забонии адабии тоҷик. Душанбе: Маориф, 1983. 120 с.
  3. Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. Душанбе: Дониш, 1985. 356 с.
  4. Таджиев, Д.Т. Способы связи определения с определяемым в современном таджикском литературном языке / Д.Т. Таджиев. – Сталинабад, 1955. – 70 с.
  5. Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ. Нашри дувум бо илова, такмил ва ислоҳ. Зери таҳрири Д. Саймиддинов, С.Д. Холматова, С.Каримов. - Душанбе, 2006. – 784 с.
  6. Ҳалимов С. Садриддин Айнӣ ва баъзе масъалаҳои инкишофи забони адабии тоҷик. – Душанбе: Ирфон, 1974. – 136 с.
  7. Ҳошим, Р. Сухан аз устодон ва дўстон – Душанбе: Ирфон, 1983. – 272 с.
  8. Mehdi Sabzevari. Analysis of the Semantic Transparensy and Opaсity in Compound Nouns of Farsi with a Cognitive Approach / Sabzevari, Mehdi. Payam Noor University. – Tehran, Iran.

Поделиться

613

Шодиева Н. А. Морфологические особенности некоторых сложных слов в «Гуламане» С. Айни // Актуальные исследования. 2024. №9 (191). Ч.II.С. 38-40. URL: https://apni.ru/article/8621-morfologicheskie-osobennosti-nekotorikh

Похожие статьи

Другие статьи из раздела «Филология, иностранные языки, журналистика»

Все статьи выпуска
Актуальные исследования

#46 (228)

Прием материалов

9 ноября - 15 ноября

осталось 6 дней

Размещение PDF-версии журнала

20 ноября

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

3 декабря