Главная
АИ #9 (191)
Статьи журнала АИ #9 (191)
Использование лексики профессий и ремесел в «Гуламане» С. Айни

Использование лексики профессий и ремесел в «Гуламане» С. Айни

Рубрика

Филология, иностранные языки, журналистика

Ключевые слова

различные профессии и ремесла
словари профессий и ремесел
«Гуламан» С. Айни
художественно-исторический роман

Аннотация статьи

В статье рассматривается использование лексики профессий и ремесел в «Гуламане» С. Айни. Отмечается, что различные профессии и ремесла издревле занимали важное место и статус в жизни человека. В общественной жизни таджикского народа различные промыслы и ремесла, такие как кузнечное, столярное дело, ткачество, портняжное дело, ювелирное дело, гончарное дело, живопись, рисование, были распространены с древнейших времен и сыграли решающую роль в развитии человеческой культуры и цивилизации. Таким образом, многие виды профессий и занятий людей стали причиной возникновения особой лексики – профессиональной.

Текст статьи

Муқаддима

Касбу кор ва ҳунарҳои гуногун дар ҳаёти башар аз қадимулайём мартаба ва мақоми муҳим дорад. Дар ҳаёти иҷтимоии мардуми тоҷик касбу ҳунарҳои гуногун чун - оҳангарӣ, дуредгарӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ, заргарӣ, кулолгарӣ, наққошӣ, рассомӣ - аз замонҳои қадим роиҷ буд ва дар рушди фарҳангу тамаддуни башар нақши ҳалкунанда бозидааст. Ба ин минвол намудҳои зиёди касбу ҳунар, пеша ва машғулияти одамон барои пайдо шудани қабати махсуси луғавӣ - лексикаи касбу кор сабаб шудааст. Ин гурӯҳи калимаҳо, ки доимо дар истеъмол буданд, дар адабиёти илмию бадеӣ инъикос ёфтаанд. Забони адабии тоҷик яке аз забонҳои маъмули дунё буда, таърихи хеле бой дорад ва роҳи печ дар печу дурударозро тай намудааст [5, c.150].

Нутқи мо аз калимаҳо иборат аст. Забон гуфта мо, пеш аз ҳама, калимаҳоро дар назар дорем, ки ба воситаи он одамон мубодилаи фикр мекунанд. Аз қадим калима бо хусусиятҳои худ диққати аҳли ҷамъият, пеш аз ҳама, олимонро ба худ ҷалб менамояд. Ба ақидаи забоншинос С. Ҳалимова “Омӯзиш ва баррасии осори манзум, таҳлили ҳамаҷонибаи ҷузъҳои он аз нигоҳи забоншиносӣ, нишон додани ғановати забони классикон кори бисёр муҳим аст. Тадқиқи осори классикӣ дар муайян намудани воситаҳои лексикӣ ва грамматикии забони адабӣ, равшан кардани тараққиёти он нақши муҳим мебозад” [3, c.80].

Ҳамаи калимаҳои забони тоҷикӣ, қатъи назар аз доираи истеъмоли онҳо, лексикаи забони миллии тоҷикро ташкил медиҳанд. Вале калимаҳо аз ҷиҳати доираи истеъмол аз ҳамдигар тафовут доранд ва онҳо ба гурӯҳҳои махсус гурӯҳбандӣ шуда, бо хусусиятҳои истеъмолиашон фарқ мекунанд.

Ҳар як касбу ҳунар, ки хусусияти фаъолияти меҳнатии одамонро муайян мекунад, ба лексикаи хос соҳиб аст. Лексикаи касбу ҳунар бештар дар доираи худи ҳамон касбу ҳунар аз тарафи соҳибони забон истеъмол мешавад. Воҳидҳои луғавии лексикаи касбу ҳунар мафҳумҳои хосси ҳамин соҳа – номи асбобҳои касбу кор, маҳсул ва равандҳои истеҳсолии онро ифода менамоянд. Аз ин ҷост, ки доираи истеъмоли лексикаи касбу ҳунар низ мисли диалектизмҳо маҳдуд аст.

Забоншиноси рус дар «Лексикологияи забони ҳозираи рус» чунин калимаҳоро термин не, балки «профессионализмҳо» меномад. Вай дар ин бора чунин мегӯяд: «Профессионализмҳо – калимаҳои нутқи аҳли ягон касбу ҳунаранд, ки дар фаъолияти истеҳсолӣ бо ҳам муттаҳид шудаанд» [4, с.65].

Устод Айнӣ низ ба калимаҳои ифодакунандаи касбу ҳунар диққати махсус додаанд. Дар “Ғуломон” С. Айнӣ барои меҳнатдӯст будани қаҳрамононашро таҷассум намудан ин вожаҳоро бештар истифода намудааст ва он кас тавассути вожаи аробакаш на танҳо меҳнатдӯст будани қаҳрамони худро ба мо нишон додаст, балки зиндагии мардуми деҳотро таҷассум намудааст: Ман бо шунидани ин воқеа дарҳол навчаи худро гирифта аз саисхонаи тӯра қаҳр карда, баромада ба бобохона рафтам. Ҳамон рӯз ҳамаи саисҳо ва аробакашҳои дарбори тӯра қаҳр карда баромада, ба бобохона омаданд [1, с.192].

Дар асари устод Айнӣ вожаи аробакаш аз ду ҷузъ исми ароба ва феъли фармоишии каш сохта шудааст. С. Айнӣ ба хубӣ эҳсос мекард, ки тамоми беҳбудии рӯзгори мардум маҳз бо соҳибкасбу соҳибҳунар будан вобастагии зич дорад. Аз ин рӯ, маҳз вожаҳоеро, ки навъҳои гуногуни касбу корро ифода менамоянд, васеъ истифода бурдааст.

Шоистаи зикр аст, ки мо вожаи қассобро (12 маротиба) дар ҳаёти ҳаррӯзаамон хеле зиёд мавриди истифода қарор медиҳем. Дар гузашта ҳам ин касб дар байни тоҷикон хеле маъмул буд. Сайидои Насафӣ дар «Шаҳрошӯб»-и худ низ ин вожаро мавриди истифода қарор додааст:

Дилбари қассоби ман омад, дуккони худ кушод,

Дунбаро аз пушти худ бигрифту пеши ман ниҳод (Сайидо).

С. Айнӣ тавонистааст бо ин ҷумлаи худ аз нотарсию ҷасурии қассобон хонандаро огоҳ намояд: Ба ягон қассоб фурӯхтан даркор аст, ки ҳам пулашро мегирӣ ва ҳам аз назарат дуртар нобуд мешавад [1, с.378].

Калимаи оҳангар дар фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ чунин шарҳ дода шудааст: ҳунарманде, ки аз оҳан афзорҳои гуногун (ҳамчун теша, дос ва ғ.) месозад [6, ҷ.1, с.248].

Дар романи таърихии “Ғуломон” ин вожа дар чандин ҷумлаҳо вомехӯрад: Мо барои фаҳмидани ин ки ин асбобро кӣ созондааст, вайро ба оҳангарон нишон додем. Саттор оҳангар гуфт: - Ин асбобро аз ман Нӯъмонзода „оташков мекунам" гуфта созонда гирифта буд... [1, с.486], Ман инҳоро аз сарбозҳои пештара ва аз шикорчиён харида гирифта медиҳам [1, с.270].

Бояд гуфт, ки устод Айнӣ вожаи сохтаи ифодагари касбу ҳунар посбонро 46 маротиба мавриди истифода қарор додаанд: Аспҳоро ба дарахтҳои дар пушти деҳа буда бастанд ва як ҷавонро ба болои онҳо посбон гузоштанд. Се нафари дигарашон ба деҳа даромада рафтан гирифтанд... [1, с.276].

Дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» калимаи посбон чунин шарҳ дода шудааст: дидбон, нигаҳбон, қаровул, муҳофиз, нигаҳдоранда [7, ҷ.2, с.78].

Инчунин С. Айнӣ низ дар асарҳои худ муродифи ин калима, яъне миршабро истифода кардааст: Тамошобинони дари арк ва аҳли бозор гирдогирди чуқуриро фаро гирифтанд. Одамҳои миршаб ва қушбегӣ бо зарби шофу калтак мардумро дуртар ронда, дар гирдогирди чуқурӣ як дойра кушоданд [1, с.40].

Хулоса

Ҳангоми мутолиаи романи таърихии “Ғуломон” мо ба чунин ақида омадем, ки устод Айнӣ ба ҳунармандон бо як меҳру муҳаббати хоссае муносибат доштааст. Соҳаи ҳунармандӣ ба ақидаи нависанда шуғлест, ки пешравию ободии рӯзгори мардум маҳз бо ин алоқамандии зич дорад. Аз таҳлили хусусиятҳои забонии романи таърихии “Ғуломон”-и С. Айнӣ равшан шуд, ки забони офаридаҳои ӯ табиию оммафаҳм буда, баёнгари сарватмандии забони насри муосири тоҷик аст. Забони осори нависанда сарвати лексикии забони адабӣ ва боигарии луғавии забони зиндаро дар бар мегирад.

Список литературы

  1. Айнӣ С. Ғуломон. Роман. Душанбе: Адабиёти бачагона, 2019, 488 с.
  2. Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. Душанбе: Дониш, 1985. 356 с.
  3. Ҳалимов С. Садриддин Айнӣ ва баъзе масъалаҳои инкишофи забони адабии тоҷик. – Душанбе: Ирфон, 1974. – 136 с.
  4. Маҳмадҷонов О.О. Таҳкиқоти таърихӣ ва забоншиносии номвожаҳои ҷуғрофии водии Ҳисор. – Душанбе, 2009.
  5. Маҷидов Ҳ. Забони ҳозираи тоҷик. Лексикология. – Душанбе, 2007. - 243 с.
  6. Фарҳанги забони тоҷикӣ (дар зери таҳрири М.Шукуров, В.А. Капранов ва диг.). – М.: Советская энсиклопедия, 1969. – Қ.1. – 951 с.
  7. Фарҳанги забони тоҷикӣ (дар зери таҳрири М.Шукуров, В.А. Капранов ва диг.). – М.: Советская энсиклопедия, 1969.– Қ.2. – 949 с.
  8. Ҳалимова С. Лексикаи касбу ҳунар дар осори Сайидо. – Душанбе, 2002. – 166 с.
  9. Шукуров М. Забони мо ҳастии мо. – Душанбе: Маориф, 1991. – 232 с.

Поделиться

623

Алимова Н. Д. Использование лексики профессий и ремесел в «Гуламане» С. Айни // Актуальные исследования. 2024. №9 (191). Ч.II.С. 9-11. URL: https://apni.ru/article/8652-ispolzovanie-leksiki-professij-i-remesel

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Другие статьи из раздела «Филология, иностранные языки, журналистика»

Все статьи выпуска
Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 6 дней

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января