Главная
Конференции
Социально-экономические и гуманитарные науки: идеи, гипотезы, результаты
Фактор субстанции в пословицах и поговорках английского и таджикского языков

Фактор субстанции в пословицах и поговорках английского и таджикского языков

Секция

Филологические науки

Ключевые слова

пословицы и поговорки
английский и таджикский языки
сопоставительный анализ

Аннотация статьи

В данной статье рассматриваются вопросы изучения фактора субстанции в пословицах и поговорках английского и таджикского языков.

Текст статьи

Дар забоншиносии муосир бо мурури замон роҳу усулҳои калимасозӣ инкишоф ва такмил меёбанд, зеро калимасозӣ яке аз васоити ғанӣ гардонидани фонди луғавии забон ба шумор меравад. Хусусияти калимасозии забон бо хусусияти сохти грамматикии он зич алоқамандӣ дорад. Калима ва мафҳумҳои нав дар вақти зарурияти номбар кардани предмет ё ифодаи муносибатҳои дигар бо предметҳои мавҷуда пайдо мешавад. Дигаршавии забон, сохти грамматикии он дар ҳолатҳои гуногуни транспозитсионӣ рух медиҳад

Транспозитсия аз калимаи лотинии transpositio гирифта шуда, маънояш гузариш, кӯчиш, истифодашавии як воҳиди забон ба вазифаи дигар воҳиди забон мебошад. Яке аз намудҳои маъмултарини транспозитсия ин субстантиватсия ба ҳисоб меравад.

Субстантиватсия аз калимаи лотинии substuntivum (исм) гирифта шуда, маънои гузаштани дигар ҳиссаҳои нутқ ба гурӯҳи исмҳоро мефаҳмонад [1, с.18].

Муаммои субстантиватсияи ҳиссаҳои нутқ дар забоншиносӣ мурраккаб аст ва ҳангоми баррасии он ба як қатор душвориҳо дучор омадан мумкин аст. Сабаб дар он аст, ки баъзе аз ҳиссаҳои нутқ ба гурӯҳи исмҳо гузашта субстантиватсия мешаванд, баъзеи дигарашон асосан вазифаи исмро дар контекст иҷро мекунанд. Баъзе калимахо дар вакти гузариш маънои лугавии худро гум намекунанд, вале баъзеашон гум мекунанд.

Зарбулмасалматалмасалмақол – матни кӯтоҳи ҳикматомез ва яке аз густардатарин жанрҳои хурд дар фолклоршиносӣ ба шумор меравад. Зарбулмасал матни мӯҷази таърихан ба вуҷудомада ва аз нигоҳи семантикию грамматикӣ устувор мебошад, ки дар он бо образҳои равшан афкори умум, ҳикмат ва таҷрибаҳои чандинасраи мардум дар контекстҳои таърихӣ-географӣ, ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва фарҳангӣ хулоса шудаанд.

Чунончи:

Офтобро бо доман пӯшонида намешавад.

Шохи дарахти мевадор хам аст.

Санги вазнинро об намебарад [3, с.145].

Вазифаи асосии зарбулмасалҳо тасдиқи сухан мебошад. Мардум дар гуфтори худ кӯшиш менамоянд, ки дар мавридҳои муайян, барои тасдиқи фикру суханони хеш баъзе зарбулмасалҳоро баён кунанд. Зарбулмасалҳо барои тарбияи инсон, ба вижа насли ҷавон ва танқиди хислатҳову рафтору гуфтори номатлуби баъзе ашхоси ҷомеа мавқеи муҳим доранд. Аз ин рӯ бисёре аз донишмандон ба ҷиҳати тарбиявию ахлоқии зарбулмасалу мақол таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардаанд.

Масалан:

Бори каҷ ба манзил намерасад.

Бо моҳ шинӣ, моҳ шавӣ,

Бо дег шинӣ, сиёҳ шавӣ.

Гови бешир овози баланд дорад.

Шубҳае нест, ки масъалаҳои ғанигардонидани маъноии осори ин жанр, нақши онҳо дар услубсозии образҳои нутқи бадеӣ ҷиҳатҳои забоншиносии ба худ хоси тадқиқотӣ доранд. Омӯзиш ва таҳқиқи вижагиҳои лексико-семантикии зарбулмасалу мақолҳо дар асоси маводи адабиёти тарҷумашуда барои муайян намудани робитаҳои байнизабонӣ ва баррасии ҳамаҷонибаи муоширати байнифарҳангӣ дар шароити муосир мусоидат мекунад.

Масалан, дар зарбулмасали Ҷангал бе дангал намешаваду диёр бе душман [9, с.134]. – No rose without a thorn [информант] сифатҳои дангал ва душман ба гурӯҳи исм гузашта, субстантиватсия шудаанд. Зеро одами дангал гуфта, дар забони тоҷикӣ одами танбалро мефаҳанд. Сифати мазкур ба фарҳанги забони тоҷикӣ ворид нашудааст, гарчанде он дар нутқи гуфтугӯӣ бисёр истеъмол мешавад. Аз ин лиҳоз, онро субстантиватсияи нопурра гуфтан мумкин аст. Сифати дигар душман аст, ки он ба субстантиватсияи пурра дохил мешавад. Аз тарҷумаи зарбулмасал ба забони англисӣ маълум мешавад, ки дар он ҳаводиси субстантиватсия ба назар намерасад.

Мисоли дигар, Об аз сар тира аст эй хирахашм,

Пештар бингар, яке бикшой чашм [9, с.386].

The water is turbid from the source:

“O thou who art angry in vain, look far there on, open thine eye once!

Дар ин зарбулмасал низ сифати хирахашм, ки маънояш одами кундфаҳм, кундзеҳнро дорад субстантиватсия шудааст.

Дарвоқеъ, зарбулмасал як пораи мухтасари хикмати мардумист. Дар лугатхои зарбулмасалу маколхои точики оид ба худи истилох (зарбулмасал) маълумоти мушаххас хеле кам оварда шудааст. Бояд гуфт, ки аксари паремиологхои чахон зарбулмасалу маколхоро дар як мафхум гирд овардаанд.

Он чӣ ту дар ойина бинӣ аён,

Пир андар хишт бинад пеш аз он [9, с.124].

What you see plainly in the mirror- the Pir sees more than that in the brick.

Сохти дохилй, шакл, сохти синтаксиси, инчунин мазмуни дастуру насихатхои зарбулмасалу маколхо амалан аз хамдигар фарки чиддие нишон намедихад. Ягона тафовуте, ки шоёни зикр аст, метавонад басомади бештари истифодаи тавсияҳо, маслиҳатҳо ва таълимоти ахлоқӣ бошад, ки дар гуфтаҳо мавҷуданд. Мо тафовути синтаксисиро фарки асосии зарбулмасалу макол, яъне содда ва мураккаб будани иборахои истифодашуда мегирем. Хусусияти зарбулмасалҳои миллии тоҷикӣ ифодаи махсуси бадеии образ ва шаклро дар бар мегирад, ки дар навбати худ хоси мақолҳои миллӣ нест.

Оқибат ҷӯянда ёбанда бувад,

Ки фараҷ аз сабр зоянда бувад [9, с.395].

In the end seeker is a finder, for from patience joy is born [информант].

– Where there’s a will, there’s a way [9, с.134].

Ба ҳамагон маълум аст, ки ба далели дурии ҷуғрофӣ, фарҳангӣ ва мазҳабӣ тоҷикон ва бритониёӣ аз ҳамдигар хеле фарқ мекунанд. Вале агар ба ин ғоя аз нуктаи назари мероси насабй назар андозед, дар байни халкхои мо баъзе алокахои оилавиро мушохида кардан мумкин аст.

Табиист, ки мавзуъхои зарбулмасалу маколхои халкхои Точикистон ва Англия бештар тартиботи чамъиятию маишии онхоро инъикос мекунанд. Дар аксар маврид дар зарбулмасал ҳангоми баёни мақсади суханвар ташбеҳу ташбеҳ сурат гирифта, образи мавзӯъ ба воситаи тавсифташбеҳташбеҳ ва дигар воситаҳои бадеии нутқ кашида мешавад. Дар ин чо таъкид кардан лозим аст, ки максад ва мазмуни маъноии зарбулмасалу маколхои миллии точикон бештар бо зарбулмасалу маколхои дигар халкхо мувофикат мекунад.

Мисол: Хар равад гар Маккаву Мадина, боз ояд ҳамон хари қадим(ин)а

An ass is but an ass, though laden with gold (англ.)

Гил шиша намешавад, одами бегона бародар ва ғ.

Дузд дуздро дар шаби тор мешиносад [9, с.194].

Do in Rome as the Romans do.

Шаҳри якчашмон рафтӣ, якчашматро кӯр кун [9, с.106].

Пурсидан айб нест ... [6, с.357]. ~ Asking is not a sin ...

Дар ҷумлаи мазкур масдари пурсидан мафҳуми предметӣ пайдо мекунад, зеро он вазифаи синтаксисии мубтадоро дар ҷумла иҷро карда истодааст. Пурсидан, исми абстракт суол кардан, пурсон шудан, салом гуфтан-ро ифода карда, ҳамзамон исми конкретро низ ифода карда метавонад (сардор, раис).

Ҳамин тавр, ба гурӯҳи исмҳо гузаштани дигар ҳиссаҳои нутқ ва субстантиватсия шудани онҳо дар забонҳои муқоисашаванда, яъне забони англисӣ ва забони тоҷикӣ ба амал меоянд. Дар забони англисӣ асосан ба исм гузаштани сифат, сифати феълӣ ва субстантиватсия шудани онҳо мушоҳида карда мешавад. Дар забони тоҷикӣ бошад, исм, сифати феълӣ, масдар дар ҷумла мафҳуми аломату хусусияти предметро пайдо карда ба исм гузашта метавонанд. Баъзан ин ҳодиса бе илова кардани суффиксу аффикс ба амал ояд, дар ҳолатҳои дигар дар раванди ин омил иловаи суффиксҳо мушоҳида карда мешавад.

Список литературы

  1. Въалеева, Р.Н. Субстантивация наречий в современном русском языке: автореф. … дис. канд. филол. наук. 10.02.20 / Р.Н. Въалева. – М., 1974, – 22.
  2. Виноградов, В.В. Русский язык // Грамматическое учение о слове / В.В. Виноградов. – М., 1986. – С. 352-363.
  3. Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик (ГЗАҲТ). Фонетика ва морфология. – Душанбе: Дониш, 1985. – 356 с.
  4. Ильиш, Б.А. Грамматика английского языка / Б.А. Ильиш. – М.: Просвещение, 1967. – 319 с.
  5. Лукин М.Ф. Лексико-грамматическая специфика наречных субстантиватов в современном русском языке // Русское языкознание. – Вып. 13. – Киев, 1986. – С. 65-70.
  6. Мухамадиев, Ш. Субстантивация в таджикском литературном языке: дис. канд. филол. наук. 10.02.22 / Ш. Мухамадиев. – Душанбе, 2009. – 143 с.
  7. Телегин, Л.А. Безаффиксальная транспозиция и её влияние на процессе деривации в современном английском языке: дис. док. фил. наук: 10.02.04 / Л.А. Телегин. – Самарканд, 1992. – 259 с.

Поделиться

804

Атаева Х. Г., Рузимуродова М. Ш. Фактор субстанции в пословицах и поговорках английского и таджикского языков // Социально-экономические и гуманитарные науки: идеи, гипотезы, результаты : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 29 марта 2024г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2024. С. 5-8. URL: https://apni.ru/article/8913-faktor-substantsii-v-poslovitsakh-i-pogovorka

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 6 дней

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января