Главная
Конференции
Роль образования, науки, технологий в модернизации государства и общества
Некоторые особенности подчинительных союзов в английском и таджикском языках

Некоторые особенности подчинительных союзов в английском и таджикском языках

Секция

Филологические науки

Ключевые слова

сопоставительный анализ
особенности подчинительных союзов
английский и таджикский языки

Аннотация статьи

В данной статье рассматриваются вопросы сопоставительного анализа некоторых особенностей подчинительных союзов в английском и таджикском языках. Отмечено, что соответствующая часть речи считается одной из основных в сравнительных языках.

Текст статьи

Ҳанӯз дар марҳилаи миёнаи забони англисӣ пайвандакҳо пайдо шуда, аз ҳамон вақт то ин ҷониб дар ҳукми истеъмол мебошанд. Пайвандакҳо яке аз ҳиссаҳои номустақили нутқ буда, аз ҷиҳати морфологӣ тағйирнаёбанда мебошанд, ки ҳамчун элементҳои услубии гуфтор, чигунагии муносибати гуяндаро нисбат ба фикри гуфташуда таъкид мекунанд ва барои ифодаи тобишҳои иловагии калима, таркибу ибораҳои алоҳида ва ё ҷумлаҳои том хизмат мекунанд. Пайвандакҳо маънои асосии худро надоранд, онҳо маъноеро медиҳанд, ки аз тобишҳои иловагӣ вобастагӣ дорад. Ин вобастагиро ҳангоми гуфтугӯ дар нутқ, дар муҳити муайяни матн дарк кардан мумкин аст. Аз нуқтаи назари морфологӣ пайвандакҳои забони англисиро чунин шарҳ додан мумкин аст: пайвандакҳо шакли алоҳидаи нишондиҳандана доранд; онҳо ҳангоми истифода тағйирёбанда мебошанд [4, c.57].

Ҳамин нуқтаро ба назар гирифта, онҳоро ба гурӯҳи калимаҳое дохил мекунанд, ки барои сохтани ин пайвандак замина гузоштаанд. Пайвандакҳо асосан аз зарф ва сифат ба вуҷуд омадаанд. Яке аз хусусиятҳои пайвандакҳои забони англисӣ боз дар он аст, ки онҳо калимаҳои содда ва яктаркиба мебошанд. Пайвандакҳо ин як қатор калимаҳои хеле кам омӯхташудаи лексикӣ – грамматикӣ мебошанд, ки барои ифода намудани муносибати гӯянда ба гуфтор истифода мешаванд ва вакти алоҳидаи гуфторро аниқ ё ҷудо менамоянд.

Омӯзиши маводҳои грамматикаи забони англисӣ оиди пайвандакҳо ба чунин хулоса меорад: пайвандакҳо бо дигар калимаҳои дохили ҷумла алоқаи синтаксисӣ доранд, ҳатто дар он ҳолат, ки онҳо на ба тамоми ҷумла, балки ба калимаи алоҳида тааллуқ доранд; ба пайвандакҳо савол гузошта намешавад; пайвандакҳо бевосита бо шахси гӯянда вобаста буда, мақсадҳои муоширатии ӯро дар ҳолатҳои алоҳида амалӣ мегардонад. Пайвандакҳоро бисёр вақт ба дигар ҳиссаҳои нутқ дохил мекунанд, зеро онҳоро ба ин ё он гурӯҳи семантикӣ дохил кардан хеле мушкил аст.

Инчунин қайд кардан зарур аст, ки калимаҳои модалӣ ва пайвандакҳо вазифаи якхеларо иҷро мекунанд [5, c.73]. Дар асоси такя ба маълумотҳои мавҷуда муяссар гардид, ки вазифаҳои пайвандакҳо муайян карда шавад:

  1. Вобаста ба завқу ҳавас, тарзи ифода ва характеру хислати гӯянда, муайянкунандаи ҷиҳатҳои услубии гуфтор мебошад;
  2. Барои тасвиру тавсифи табиат, зиндаю аён ва барҷастаю ҷозибаноктар ифода намудани ҳодисаю воқеаҳо, ҳамчун воситаҳои ифодакунандаи муносибати гуянда, нақши калонеро мебозанд;
  3. Барои пуробурангии маъно, ҳиссию ҳаяҷоннокии гуфтор ва оҳанги водоркунию барангезандагии нутқ хизмат мекунанд;
  4. Барои ифодаи кинояю истеҳзо, тамасхуру муболиға, ташбеҳҳои ҳаҷвию маҷозӣ воситаҳои муҳими нутқ мебошанд. Барои омӯхтани роҳу усулҳои истифодабарии самарабахши пайвандакҳо ва намудҳои он барои инкишофи малакаҳои забонӣ дар забони тоҷикӣ ва англисӣ мусоидат менамояд;
  5. Барои омӯхтани вазифаи воҳидҳои забон машқҳои созмонӣ ба омӯзондани ҷанбаи созмонии забон, машқҳои маъновӣ ба таълими маънои он воҳидҳо ва машқҳои муоширати ба омӯзонидани ҳиссаҳои номустақили нутқ нигаронида мешаванд.

Вежагиҳои монандии пайвандакҳо дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ аз рӯи хулосаҳои зерин ҷамъбаст мегардад:

  1. Пайвандакҳои ҳам англисӣ ва ҳам тоҷикӣ мансуб ба системаи морфологии ҳиссаҳои ғайри мустақили нутқ шомил ҳастанд;
  2. Аз рӯи вазифаи синтаксисӣ пайвандакҳои англисӣ ва ҳам тоҷикӣ ба ду навъ тақсим мешавандд: пайвасткунанда ва тобеъкунанда;
  3. Пайвандакҳои пайвасткунанда дар ҳар ду забон аз рӯи ифодаи маъноӣ ба зерқисматҳои ҷудогона гурӯҳбандӣ мегарданд, яъне паиҳам, хилофӣ, ҷудоӣ;
  4. Аз рӯи сохт ва таркиб пайвандакҳои ҳар ду забонро ба содда, сохта, мураккаб ва таркибӣ тақсим менамоянд, ки дар вақти имлои ҳар ду забон ин ҳодисаи грамматикӣ хеле муҳим аст;
  5. Алоқаи пайваст дар ибора ва ҷумла бевосита бо воситаи пайвандакҳо сурат мегирад, ки маъмултарини онҳо пайвандаки ва ба шумор меравад;
  6. Дар ҷумлаҳои мураккаб пайвандакҳоро ҳазф намуда, бо воситаи вергул ҷудо намудан мумкин аст.

Хусусияти тавофутнокии пайвандакҳои пайвасткунанда дар забонҳои муқоисашаванда дар мавриди зайл қайд мегардад:

  1. Дар забони англисӣ сохтори пайвандакҳои сохта мавҷуд ҳастанд, ки тавассути аффиксҳо таркиб ёфтаанд: unless, because, until… [2, c.54]
  2. Дар забони тоҷикӣ бошад, пайвандакҳоро ба содда, мураккаб ва таркибӣ ҷудо намудаанд.

Пайвандакҳои соддаи -у (-ю, -ву) ҳамеша бо калима якҷоя навишта шуда, бо калимаҳои пеш ё баъд аз худ якҷоя талаффуз карда мешавад, ки ин хусусият дар забони англисӣ умуман дучор намегарданд. Асосан дар таркибҳои шумораи даҳӣ ва садӣ пайвандакҳои -у (-ю, -ву) дар забони тоҷикӣ маъмул буда, дар алоқаи ду адад хизмат мекунад. Масалан: бисту нуҳум, сиву панҷ, дую се ва ғайра [3, c.147].

Дар забони англисӣ бошад, пайвандаки паиҳами “and” дар ифодаи шумораи садӣ ё ҳазорӣ вазифаи пайвандаки тоҷикии -у (-ю, -ву) – ро иҷро менамояд.Мисол: three hudred and seventy five. Дар мавриди пайвасти ададҳои даҳӣ он бидуни пайвандак сохта мешавад. Мисол: twenty four, eighty five.

Аз рӯи муносибати маъно пайвандакҳои пайвасткунандаи англисиро ба чор намуд ҷудо менамоянд: паиҳам, хилофӣ, ҷудоӣ ва сабабу натиҷа. Пайвандаки сабабу мақсад дар забони англисӣ чун пайвандаки пайвасткунанда шарҳ дода шуда, сабаи ин ё он амалро мефаҳмонад ва миқдори ин намуд пайвандак хеле кам аст: «for (since) – аз сабаби... », «so – зеро ки» Мисол:I cannot tell whether she is old or young for I have never seen her. – Ман гуфта наметавонам, ки вай ҷавон ё пир аст, аз сабаби он ки ӯро надидаам. Hand me that hammer so I could fix this [6, c.78]. – Ба ман болғачаро дароз кун, то ки онро таъмир намоям.

Дар навъи ҷумлаи мураккаби пайваст дар забони англисӣ, љумлањои сода њам аз лињози сохтор ва њам аз лињози маъно вобастаи њамдигаранд. Як љузъи воситаи алоќа дар ќисми якум ва љузъи дигари он дар таркиби љумлаи дуюм мавќеъ мегирад (not only … but – на танњо … балки)(5, 101). Њангоми партофтани яке аз љумлањои содаи таркиби чунин љумлаи мураккаб маънои љумлаи дуюм нотамом мемонад.

Барои изҳори муносибати хилофиву муқобилгузории ҷумлаҳои соддаи таркиби ҷумлаи мураккаб пайваидакҳои аммо, лекин, вале бо пайвандаки -у якҷоя бо феъл меоядва пас аз он пайвандаки хилофӣ меояд. Дар ин ҳолат нишон додани маънои зиддият ва хилофии ҷумла боз қавитар мегардад. Мисол: Салимбой аз ҷояш хестанӣ шуда ҳаракат карду аммо Пӯлод намонд (Раҳим Ҷалил). Ин ҳолатро дар созмони ҷумлаҳои англисӣ мушоҳида кардан мумкин нест. Дар рафти тарҷума ин тавр сурат мегирад: Salimboy was going to stand up but Pulod did not allow.

Список литературы

  1. Беляева М. Грамматика английского языка.-Москва: Прогресс, 1953. –256 с.
  2. Блох М.Я. Теоретические основы грамматики. – Москва: «Высшая школа, 2002. - 353 с.
  3. Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. Ҷумлаҳои мураккаб. Ҷ.3. –Душанбе: Дониш, 1989. – 224 с.
  4. Набиева Р. Чумлаҳои мураккаби пайвасти паиҳами пайвандакдор, // Мактаби Советӣ, 1957.- № 5.- С. 26-31.
  5. Рустамов Ш. Ҷумлаҳои мураккаби пайвасти сертаркиб. «Мактаби Советӣ», 1979.- № 11.- С.16-19.
  6. Эшончонов А. Ҷумлаҳои мураккаби тобеъ ва пайваст ва баъзе тофовутҳои онҳо аз ҷумлаи мураккаби тобеи сертаркиба. //Мактаби Советӣ. - 1974.- № 2.- С. 40-44.
  7. Ch.Fries. The Structure of English. New York, 1952. – 200 р. 

Поделиться

858

Рахмонова М. К., Рашидова Д. А. Некоторые особенности подчинительных союзов в английском и таджикском языках // Роль образования, науки, технологий в модернизации государства и общества : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 15 мая 2024г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2024. С. 18-20. URL: https://apni.ru/article/9220-nekotorye-osobennosti-podchinitelnyh-soyuzov-v-anglijskom-i-tadzhikskom-yazykah

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 6 дней

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января