Главная
Конференции
Роль образования, науки, технологий в модернизации государства и общества
Особенности перевода сложных лексических единиц английского языка на таджикский ...

Особенности перевода сложных лексических единиц английского языка на таджикский язык

Секция

Филологические науки

Ключевые слова

особенности перевода
сложные лексические единицы
английский и таджикский языки

Аннотация статьи

В данной статье рассматриваются вопросы изучения особенностей перевода сложных лексических единиц английского языка на таджикский язык. Отмечается, что исследуемая тема считается одной из актуальных в сравнительном языкознании.

Текст статьи

Бо пешрафти илму техника, иқтисодиёт, радиову телевизион, соҳаҳои ситорашиносӣ, фанҳои дақиқ, фарҳанг, маданият ва дигар соҳаҳои ҷамъият байни халқу миллатҳои ҷаҳон муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ, сиѐсиву давлатӣ, фарҳангиву миллӣ рушд мекунанд, ки инҳо боиси муоширати байни намояндагони забон ва кишварҳои гуногун мегарданд. Барои ноил шудан ба мақсадҳои дуҷонибаи худ одамонро барои омӯхтани забонҳои дигари ҷаҳон зарурат пеш меояд. Шумораи забонҳои дунё тақрибан ба 7000 баробар аст. Гуногунӣ ва зиёд будани шумораи забонҳо одамонро барои муоширати байни ҳамдигар тавассути тарҷума водор кардааст. Аз ин лиҳоз, яке аз соҳаҳое, ки дар ин ҷода рушд мекунад, тарҷума ва тарҷумашиносӣ мебошад. Тарҷума яке аз фаъолиятҳои мураккаб, қадима ва серпаҳлуи инсоният ба ҳисоб меравад. Вожаи тарҷума сермаъно аст. Яке аз маъноҳои он фаъолияти фикрии инсон, яъне раванди ифодаи мазмуну мундариҷаи як забон ба забони дигар мебошад. Маънои дигари он натиҷаи ин раванд, яъне шифоҳӣ ва ё хаттӣ будани матнро нишон медиҳад [3, с.5]. Дар раванди тарҷума бо ҳолатҳои гуногун, аз қабили фарҳанг, шахсият, тарзи фикрронӣ, адабиёт, давраҳои ҳаёт, сатҳи рушд, расму оин ва низому қоидаҳои мардуми соҳибзабон рӯ ба рӯ шудан мумкин аст. Бо тарҷума соҳаҳои забоншиносӣ, фарҳангшиносӣ, этнография, равоншиносӣ, таърих, адабиётшиносӣ, иқтисодиёт, маориф, тиб ва дар умум бештари соҳаҳои ҳаётан муҳими инсоният алоқамандии зич доранд. Тарҷума ба яке аз шохаҳои забоншиносӣ мутааллиқ аст. Дар нимаи аввали қарни 20-ум мавҷуд набудани рағбати забоншиносон доир ба масъалаи тарҷума ба афзалияти пайдо кардани сохторбандӣ (структурализм) дар забоншиносӣ асос гузошт, ки бештар ба қолаббандии шакли тарҷума мусоидат мекард.

Яке аз воситаи сермаҳсули калимасозӣ дар забони англисӣ мураккабсозии калима ба ҳисоб меравад. Вожаҳои мураккаб дар забони англисӣ бо роҳу воситаҳои гуногуни фонетикӣ, сохторӣ, морфологӣ, семантикӣ, лексикӣ ва услубӣ сохта мешаванд ва сермаҳсултарин воҳиди луғавӣ ба шумор мераванд. Захираи луғавии забони англисӣ бо воҳидҳои мураккаби луғавї хеле ғанӣ аст. Забони англисӣ низ монанди дигар забонҳои дунѐ аз ҳисоби лексикаи хоси соҳаҳои гуногуни касбу кор, гурӯҳҳои иҷтимоӣ синну сол фаъолона ғанӣ мегардад [2]. Роҷеъ ба омӯзиши воҳидҳои мураккаби луғавии забон забоншиносони ватаниву хориҷӣ ба монанди О.Д. Мешков, П.В. Сарёв, И.В. Арнолд, Ҳанс Марчанд, Е.С. Кубрякова, П.М. Карашук, Ш. Рустамов, С. Ҳошимов, Ш. Бобомуродов, В.А. Капранов ва дигарон таҳқиқот бурдаанд, ки доир ба хусусиятҳои сохторӣ, морфологӣ, семантикии ташаккули вожаҳои мураккаб ва вазифаҳои онҳо дар самтҳои гуногуни забоншиносӣ сухан меравад.

Ғанӣ будани захираи воҳидҳои луғавии забони англисӣ зарурати омӯзиши махсуси роҳу воситаҳои интиқоли онҳоро пеш меорад. Доир ба роҳу восита ва вижагиҳои тарҷума ва тарҷумашиносӣ забоншиносон аз қабили Л.С. Бархударов, В.Н. Комиссаров, В.С. Виноградов, Л.К. Латишев, А.В. Фёдоров, Л.Н. Беляева, П. Нюмарк, Ф.М. Турсунов ва дигарон таҳқиқот бурда, нозукиҳои ифодаи воҳидҳои забониро аз як забон ба забони дигар муайян кардаанд.

Воҳидҳои мураккаби луғавии забони англисӣ бо роҳу воситаҳои гуногун дар забонҳои дигар ифода мегарданд. Дар раванди тарҷумаи вожаҳои мураккаб мафҳуми умумии онҳоро мауйян кардан лозим аст. Зери мафҳуми муайян намудани мафҳуми умумии калимаҳои мураккаб чунин хусусиятҳо дар назар дошта шудаанд: - дар алоҳидагӣ дарёфт намудани мафҳумҳои маъноии ҷузъҳои калимаи мураккаб. Дар ҳолати сермаъно будани калимаи мураккаб, он маъно интихоб карда мешавад, ки ба контекст наздиктар аст; - муайян намудани ҷузъи асосӣ ва ҷузъи муайянкунанда. Ҷузъи асосии калимаи мураккаби забони англисӣ ҷузъи охирин мебошад; - муайян намудани муносибати байни ҷузъи муайянкунанда ва ҷузъи асосӣ; - муайян намудани хусусиятҳои эмотсионалӣ, экспрессивӣ ва услубии ҷузъҳо;- ёфтани маънои умумии контекстуалии калимаи мураккаб; - интихоб намудани воситаи беҳтарини ифодаи маънои додашуда ба забони дигар.

Ҳангоми исмро ифода кардани вожаи асосии калимаи мураккаб калимаи муайяншаванда ҳамчун муайянкунандаи муайян ва номуайян ба ҳисоб меравад, ки бо исмҳои пешоянддор низ мавриди истифода қарор мегиранд. Мисол, self-suggestion – худталқинкунӣ, wordbook – вожанома, print-shop – чопхона, price-list – нархнома. Дар баъзе мавридҳо муайянкунандаи номуайян бо шакли ноаниқи феъл, зарф ва исму баѐния ифода меѐбад. Мисол, poke- through – халондан, backhand – зарба аз тарафи чап (дар теннис), needle- woman – дӯзанда.

Барои тарҷумаи исм ва сифатҳои мураккабе, ки бо вандҳои (аффикс) гуногун сохта шудаанд, бояд вижагиҳои калимасозӣ ва мафҳуми вандҳои калимасози забони англисиро дар назар дошт. Мисол, пасванди -er шахси фаъолро (paper-hanger – коргаре, ки коғази деворӣ мечаспонад), пасванди – ing (far-reaching – фарогир) сифати амалро ифода мекунанд.

Таҳлили таносуби тарҷума ба таври муқаррарӣ аз интихоби воҳиди тарҷума оғоз мегардад. Роҷеъ ба ин масъала Н.К. Гарбовский чунин қайд мекунад: «Муносибати системанокӣ нисбат ба тарҷума моро бо мушкилии интихоби воҳиди системае рӯ ба рӯ мекунад, ки тарҷума ном дорад. Раванди тарҷума марҳила ба марҳила анҷом дода мешавад ва аз ин сабаб воҳидҳои ҷудогона, ки раванди тарҷумаро ташкил медиҳанд, ҳамчун воҳиди тарҷума эътироф мешаванд [4, с.247-248].

Тарҷума фаъолияти нутқ аст, ки ба системаи забонӣ тааллуқ дорад, чунки масъалаи воҳиди тарҷума бешак дар робита бо воҳидҳои забон ҷой дорад. Чї тавре ки Л.С. Бархударов қайд мекунад: «Зери мафҳуми воҳиди тарҷума мо он воҳиди матни аслро дар назар дорем, ки дар матни тарҷума метавонад муодили худро дошта бошад, аммо ҷузъҳои таркибии он дар алоҳидагӣ дар матни тарҷума муодил надоранд. Ба таври дигар, воҳиди тарҷума дар матни асл хурдтарин воҳиди забон аст…. Воҳиди тарҷума метавонад ҳамаи воҳиди забонӣ бошад» [1, с.174-175].

Барои ноил шудан ба тарҷумаи беғалат, дақиқ ва касбӣ тарҷумонро лозим меояд, ки якчанд қоидаҳою меъёрҳои заруриро донад. Тарҷумон барои тарҷумаи дақиқ бояд алоқаи маъноии воҳидҳои мураккаби луғавиро таҳлил намояд, вижагиҳои сохторӣ ва семантикии онҳоро омӯзад ва донад, донишҳои зеҳнии кофӣ дошта бошад, дорои маҳорати тарҷумонӣ бошад. Барои ифодаи дурусти алоқаи маъноӣ тарҷумон кори басо мушкил ва бузургро анҷом медиҳад. Аз тарафи ӯ интиқоли мундариҷаи идеологии матн бо нигоҳ доштани шакли он ҳамчун воситаи ифодаи мундариҷаи мазкур вогузор карда мешавад. Тарҷумон кӯшиш мекунад, ки бо дарназардошти мафҳуми матни асл онро ниҳоятан осонфаҳм тарҷума намояд. Дар раванди тарҷума бояд ба вижагиҳои миллӣ-фарҳангӣ, сохторӣ-семантикӣ, морфологӣ- синтаксисӣ, услубии вожаҳои мураккаб диққати махсус дод. Ҳангоми тарҷумаи асарҳои бадеӣ тарҷумон пеш аз ҳама ду масъалаи муҳимро баррасӣ намояд: якум, дуруст муайян намудани мақсади муоширатии муаллиф ва дувум, дар мувофиқа бо ин санъати тарҷумавиеро интихоб намояд, ки сифати муоширатии матни аслро нигоҳ дошта тавонанд.

Сарчашмаҳои илмӣ оид ба назария ва амалияи тарҷума як қатор усулҳои ҳалли мушкилии масъалаи мазкурро баррасӣ менамоянд. Доир ба ин масъала П. Нюмарк ду усули ба ҳам муқобилро пешниҳод менамояд: 1) интиқол (transference) – усуле, ки ба воситаи он калимаи забони асл ба забони тарҷума дар шакли аслии худинтиқол дода мешавад, ки ба матн тобиши хос мебахшад, ба монанди исмҳо ва мафҳумҳои фарҳангӣ; 2) таҳлили ҷузъӣ (componential analysis), ки ба воситаи он ҷузъи фарҳангӣ ихтисор ва танҳо худи маълумот таъкид карда мешавад [6, с.123].

Хулоса, доираи роҳу усулҳои тарҷумаи воҳидҳои мураккаби луғавиро ба тариқи зайл муайян кардан мумкин аст: тарҷумаи таҳтуллафзӣ ё худ калка, тарҷумаи тасвирӣ, тарҷумаи маъноӣ (дарёфти

Список литературы

  1. Бархударов Л.С. Язык и перевод (Вопросы общей и частной теории перевода). – М.: Междунар. отношения, 1975. – 240 с.
  2. Беляев Е.И. Семантическое содержание и прагматический диапазон языковых форм // Тезисы докладов и сообщений межвузовской научной конференции. – Курск, 2002. –170 с.
  3. Виноградов В.С. Введение в переводоведени. – М.: РАО, 2001 – 224 с.
  4. Гарбовский Н.К. Теория перевода. – М.: Изд-во Моск. Ун-та, 2004. – 544 с.
  5. Фёдоров А.В. Основы общей теории перевода. (Лингвистические проблемы) для инс-тов и факуль. ин-яз. 4-е издание, переработанное и дополненное. – М: Высшая школа, 1983. – 352 с.
  6. Newmark, P.A Textbook of Translation – New York, 1988. – 292 p.

Поделиться

505

Махмудова Д. Э., Содикова Р. А. Особенности перевода сложных лексических единиц английского языка на таджикский язык // Роль образования, науки, технологий в модернизации государства и общества : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 15 мая 2024г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2024. С. 14-17. URL: https://apni.ru/article/9264-osobennosti-perevoda-slozhnyh-leksicheskih-edinic-anglijskogo-yazyka-na-tadzhikskij-yazyk

Похожие статьи

Актуальные исследования

#45 (227)

Прием материалов

2 ноября - 8 ноября

осталось 4 дня

Размещение PDF-версии журнала

13 ноября

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

26 ноября