Пешаи тарҷумонӣ аз нигоҳи муҳаққиқон
Перомуни мафҳуми тарҷума, маънои луғавиву истилоҳии он китобу мақолаҳои пуршуморе ба нашр расидааст. Имрӯз миёни ҷомеаҳои инсонӣ ҳар қишреро тасаввуре қобили мулоҳиза аз тарҷума ва тафсири он мавҷуд аст, ки зикру тавсифи он зарурате надорад. Вале бо назардошти ин ки мавзуи аслии рисолаи ҳозир марбут ба тарҷума аст, муносиб медонем аз назаргоҳҳои муҳаққиқони ҷудогона дар пайванд бо шарҳу тафсири мақулаи тарҷума ёдовар шавем.
Андеша ва назаргоҳҳое, ки мавриди таҳқиқи мо қарор гирифтаанд, ба яке аз ҷанбаҳои тарҷума пайвастагӣ доранд. Яке аз ҷанбаҳои маъруфи тарҷума тавре ки равшан аст, фароҳамсозӣ ва барқарор намудани равобити фарҳангист. Мусаллам аст, ки назари муҳаққиқони манзури мо ҳосили шинохту омӯзиши амиқи онҳо дар перомуни ҳамин ҷанбаҳои амри тарҷума аст.
Масалан, ба андешаи яке аз муҳаққиқони англис Сколоз К. В. тарҷума навъе чараёни рафту баргашти андеша ва фарҳанг аст. Ба ин маънӣ, ки аз тариқи тарҷума фарҳангу тамаддуни як қавм ба қавмҳои дигар ва фарҳангҳои бегона ба фарҳангҳои худӣ муаррифӣ мешавад. Ба дигар сухан тарҷума дар як ҳаракати дуҷониба пулест, ки осори фарҳангии байни ду забонро интиқол медиҳад.
Аз сӯйи дигар, аз нуқтаи назари технологияи муосир ҳар қадар, ки кишварҳои ақибмонда ба дастрасӣ ба розу ниёз, муваффақияту комёбиҳои бадастовардаи ҷомеаҳои санъатӣ ниёзманд бошанд, ба ҳамин андоза фарҳангу маданиятҳои ақибмонда, аммо ба зоҳир тараққикарда ниёзманд ба идеалҳои ҷомеаҳои ба истилоҳ «кишварҳои тавсеаёфта», аммо дар асл пурбору ғанӣ аз халлоқияту эҷодкорӣ ва шуури иҷтимоӣ ҳастанд.
Афкору идеяҳои муттаолӣ ҳарчанд гоҳ-гоҳ аз ҷониби омилҳои хос ба сӯи инҳитоту таназзул кашида мешаванд, вале бояд ба тариқе роҳи худро ба сӯйи миллатҳои эҳтиёҷманд боз кунанд ва хешро бозёбанд. Ҳарфи ниҳоӣ он аст, ки нафақат навъҳои фарҳангҳо муаррифӣ шаванд, балки ин афкори пешқадам бояд ба наҳве ба ҷомеаҳои Ғарби дар инҳитоту таназзул мунтақил гарданд, ки то роҳи дурустарро ба мардуми ба инҳироф кашидашуда боз намоянд. Ба қавле «бидуни тарҷума инсонҳо аз канори ҳам мегузаранд, вале вуҷуди якдигарро эҳсос намекунанд» [1, с.66].
Лозим ба тазаккур аст, ки ин табодул ва рафту баргашти фарҳангӣ на танҳо дар мавридҳое, ки дар фарҳангу тамаддуни мухталиф бархӯрд мекунанд, матлубу қобили пазириш аст, балки дар мавриди фарҳангҳои худӣ низ сидқ мекунад.
Мурури пажӯҳишҳо дар иртибот ба масоили назарӣ ва амалии тарҷума гувоҳ бар ин аст, ки дар тамоми атрофу акнофи ҷаҳон ҷомеаҳои инсонӣ ба тарҷума эҳтиёҷ доранд ва ағлаби олимони ин ришта ба зарурати ногузиру ҳатмии он ишорат варзидаанд. Ба қавле яке аз муҳаққиқони ғарбӣ Э. Гресс – ҷомеаи Ғарб имрӯз беш аз ҳар вақти дигаре ба тарҷума муҳтоҷ аст. Ин ниёзи мубрамро метавон аз чанд зовия таҳқиқу тараққӣ намуд.
Нахуст аз нигоҳи моддӣ ниёзманди тарҷума ҳастем, зеро бо ёрии он маҷбурем ниёзҳои одии рӯзгори худро бароварда созем. Шинохту дарки воқеият, пай бурдан ба зиндагӣ дар ҳали ҷомеаҳо дида мешавад ва ба як қавми хос маҳдуд намегардад. Маҳзи хотири ин аз зовияи маънавият низ, мо ба тарҷума эҳтиёҷ дорем, то аз қабли он битавонем комёбиҳои фарҳангии гуногунро мавриди қиёсу арзёбӣ қарор диҳем. Тааммуқ дар атрофи нақшу ҷойгаҳи тарҷума олими мазкурро ба чунин хулоса меорад, ки «агар тарҷума набуд, он чи мо тамаддуни Ғарб медонем, аз замонҳои қадим ба замони ҳозир раҳ намеёфт ва тасаввури он барои асри мо муяссар набуд» [2, с.56].
Шояд ҳарфи аслии ӯ дар ин маврид ишорат ба собиқаи тарҷума дар Ғарб аст. Яъне тарҷумаҳое, ки фалсафаву хислати замони қадимро ба воситаи забони арабӣ ба Аврупои асри миёна аз нав муаррифӣ намудаанд. Ҳамчунин лозим ба ёдоварист, ки ба густариши ислом ба сарзаминҳои ғарбӣ ва интишори афкору андешаҳои фалсафӣ - ирфонӣ тарҷума низ нақши корсоз дошт. Асноду мадорики таърихӣ ба забони юнонӣ бисёр нодиру камёфт буданд ва пас аз нуфузи ислом аз забони арабӣ ба забонҳои урупоӣ илмҳои аҳди қадим бо сурати нав таҷдиди ҳаёт ёфтанд.
Ҷанбаи дигаре, ки донишмандону пажӯҳишгарони риштаи тарҷума ва тарҷумашиносӣ ба он таваҷҷуҳи хос мабзул доштаанд, ҳадафҳо ё мақсадҳои фарҳангӣ – иҷтимоии тарҷума мебошад.
Ба ақидаи аксари муҳаққиқон [3] нахустин таъбире, ки аз мафҳум ё қалимаи «тарҷума» дар зеҳн ба зуҳур мерасад, иборат аст аз воситае, ки тавассути он табдиле аз як рӯсохт ба рӯсохти дигар анҷом мепазирад. Бо баёни дигар нахустин натиҷае, ки аз шинохти ин калима дар зеҳни одамӣ шакл мегирад, сурати вазъиятест, ки ҳини он он шаклҳои суварии (образҳо) як забон ба забони шаклҳои суварии забони дигар шукӯҳу ҷамоли тоза меёбанд.
Гурӯҳе аз муҳаққиқон ин равандро таҳаввули байни забонӣ мехонанд, вале аз тарафи дигар тарҷума ба сифати як ҷараёни таҳаввулу тағйир дар якзабонӣ, яъне дигаргунии сохт дар забоне воҳид низ ҳамвора мавриди таваҷҷуҳи донишмандони як ҷомеаи бисёрмиллату чандфарҳангӣ будааст. Махсусан дар шаҳрҳои бузургу пурҷамъият, ки шумори фарҳангҳову гуногунии нигаришу дидгоҳҳо бисёр густурда аст, ки набудани мутобиқати онҳо гоҳо ба нобудии иртиботу пайвандҳои каломӣ меанҷомад.
Дар ин миён набояд дигар заминаву ҷанбаҳо мисли ҷангу низоъҳо, падидаҳои нохушоянду ғайриинтизор, ҳодисаҳои табиӣ, буҳронҳои сиёсӣ, ҷунбишҳои иҷтимоӣ, муҳоҷиратҳои таҳмилии сиёсиро нодида гирифт. Зеро омилҳои мазкур гоҳо чунин ҷомеаҳои гуногунфарҳангро ба ҳам дармеомезад, ки агар аз амри тарҷума, махсусан тарҷумаи дарзамонӣ кор гирифта нашавад ва роҳе барои ҳаллу фасли мушкилот пайдо нагардад, мушкилоти печида ва низоу даргириҳои давомдор барои ҷомеа эҷод мегардад.
Тарҷума ҳамчун мавзуи таҳқиқу пажӯҳиш мавриди таваҷҷуҳи намояндагони риштаҳои мухталифи илм будааст. Омилҳои пуршумори забонӣ ва ғайри забонӣ раванди тарҷума ва ҷанбаҳои гуногуни онро ба мушкилоти пуршуморе рӯ ба рӯ месозанд. Бо назардошти ин ба тарҷума метавон аз зовияҳо ва диди илмҳои мухталиф бархӯрд намуд. Соҳаҳое мисли забошиносӣ, маъношиносӣ, ҷомеашиносӣ, фарҳангшиносӣ, назарияи иттилоот намунаи риштаҳое аз улуманд, ки метавон зимни таҳқиқи тарҷума аз онҳо истифода намуд.
Беҳуда нест, ки бо назардошти чунин вазъияте бархе аз донишмандон бар ин назаранд, ки тарҷумаро наметавон ҳамчун илми мустақил ба шумор овард. Зимни тарҷума метавон аз имконоту зарфиятҳои риштаҳои дигари илм истифода намуд, аммо баид аст, ки тарҷума илми мустақил бошад. Зеро шумораи зиёди намудҳо ва анвои тарҷума ба ин имкон намедиҳад.
Аз ҷониби дигар нақшу мақоми муҳимми иҷтимоии фаъолияти тарҷумонӣ, мубрамияти тарҷума ҳамчун яке аз намудҳои иртиботи каломӣ, ё дақиқтараш иртиботи байнизабонӣ, иртиботу ҳамкориҳои рӯзафзуни байни миллатҳоро, ки шомили забонҳои мухталифанд, гузашта аз ин дидгоҳҳо ва ақидаҳои назарипардозони амри тарҷума собит месозад, ки тарҷума имкон дорад ба ҳайси илми мустақилу алоҳида шинохта шавад. Ба дигар сухан, омӯзишу баррасии шеваҳои бархӯрд ба мавзуи тарҷума, заминаҳои пуршумори фаъолияти тарҷумонӣ, ки ба илмҳои гуногун пайванд мехӯрад, моро ба чунин натиҷаи матлуб мерасонад.
Миёни бархӯрдҳо ва шеваҳое, ки ҳангоми омӯзиши тарҷума корбурд доранд, шеваи забоншиносона мавқеи марказиро ишғол мекунад.
Тарҷумашиносӣ дар нимаи аввали қарни бистум ва ҳатто то ибтидои солҳои ҳафтодуми он ба таври комил зери таъсиру нуфузи назариёте буд, ки дар ҳавзаи забоншиносӣ дар перомуни забон ва пажӯҳишҳои забонӣ матраҳ шудаанд.
Ҳарчанд муҳаққиқону назарияпардозони риштаи забоншиносӣ ба таври мустақилона дар атрофи назарияи тарҷума ва масоили пурпечи он мушаххасан ибрози назар нанамудаанд, вале мавзуъ ва тарҳҳои назарии онҳо баъдҳо сабабгору нуқтаи оғозин дар тағйиру таҳаввули бузурги соҳаи тарҷумашиносӣ гаштааст. Нуфузу таъсири забоншиносиро ба тарҷумашиносӣ метавон аз ду зовия баррасӣ намуд.