«Золотой век» в китайской культуре и цивилизации

Секция

Филологические науки

Ключевые слова

династия Западная Цзин
чайная культура
«Ода чаю»

Аннотация статьи

В данной статье рассматриваются вопросы изучения «золотого века» китайской культуры и цивилизации. Отмечается, что исследуемая тема является одной из актуальных в китаеведении.

Текст статьи

Асри тиллоии адабиёт ва фарҳангу ҳунари Чин ба замони ҳукмронии императорони сулолаи Тан ба вуҷуд меояд. Балантарин қуллаи адабиёт, фарҳанг, тасвирнигорӣ, меъморӣ ва ҳайкалтарошии Чин дар асрҳоиVII – VIII мелодӣ зуҳур кард. Дар ин давра дар Чин ду сулолаи бузург дар сари қудрат буданд, ки яке аз онҳо сулолаи Тан (618-907) ва дигаре сулолаи Сун (960-1279) буданд. Ин давлатҳо барои рушд додани робитаҳои тиҷоратӣ ва фарҳангӣ байни дигар кишварҳо хеле заҳматҳои фаровон кашиданд. Ҳанӯз дар асри VIII мелодӣ Чин ҳудудҳои кишварашро ба воситаи юришҳо ва лашкаркашиҳо васеъ мегардонад ва дар Шарқ яке аз кишварҳои пуриқтидор мегардад. Парокандагиҳои сиёсӣ бартараф карда мешавад ва ба ҷои давлатҳои хурд-хурд як давлати калони муқтадири Чин ба вуҷуд меояд. Чунин ҳолат имкон фароҳам меорад, ки иқтисодиёт, фарҳанг ва тамаддуни дар ин кишвар ба нуқтаи баландтарини тараққиёти худаш расад. Робитаҳо бо кишварҳои дигар ба он оварда мерасонад, ки дар Чин баҳрнавардӣ рушд кунад, роҳҳои тиҷорат бо Ҳиндустон кушода шавад. Шоҳроҳи Абрешим бошад, кишварҳои Шарқ ва Ғарбро бо ҳам мепайвандад ва самараҳои фарҳанги як мамлакатро ба мамлакати дигар мебарад. Пеш аз ба сари қудрат омадани сулолаи Тан дар Чин шоҳигариҳои зиёд буданд, ки ҳар кадоми онҳо мехостанд, ки нуфузашонро васеъ гардонанд ва аз ҳамин сабаб дар кишвар ҷангҳои дохилӣ ва кашмакашиҳои фаровон рух медод ва табиист, ки дар чунин ҳолат рушди иқтисодиёт ва сиёсату давлатдории муттаҳид номумкин буд. Адабиёт низ дар ин давра тарақкӣ намекард. Ба сари қудрат омадани сулолаи Тан тавонист, ки ягонагӣ ва ваҳдати Чинро таъмин намояд. Ваҳдати бавуҷудомада тавонист, ки ба муттаҳид гардидани ғояҳои созандаву бунёдкорона оварда расонад. Ягонагӣ тавонист, ки ба рушду тараққӣ ёфтани иқтисодиёт таъсири хуб расонад ва нуфузи сулолаи Танро боло бардорад. Дар арсаи байналхалқӣ обрӯ ва нуфузи Чин хеле боло рафта буд. Робитаҳо бо кишварҳои дигар низ хеле густариш ёфтанд ва омадурафти сафирон ба Чин хеле зиёд гашт [1, с. 21]. 

Дар давраи ҳукмронии хонадони Тан чиниҳо биёр унсурҳои тамаддуну фарҳангро аз мардуми дигар аз худ карданду омӯхтанд. Кор то ба ҷое расид, ки худи фарҳангу тамаддуни чинии замони сулолаи Тан ба яке аз тамаддунҳои пешқадами олам табдил ёфт. 

Дар давраи империяи Тан давлати Чин мутамарказ буд ва системаи махсуси идоракунӣ дошт ва ҳамаи онро дастгоҳи роҳбарикунандаи император идора мекард. Чунин сохти давлатдорӣ дар кишвари бузург аҳамияти зиёд дошт ва барои аз байн бурдани пасмондагӣ ва ақибмонӣ ҳиссаи сазовор мегузошт. Чунин тарзи идоракунӣ имкон медод, ки падидаҳои нави прогрессивӣ дар ҷомеа зуд амалӣ гардад. Падидаҳои нав дар иқтисодиёт, дар мафкура ва дар фарҳанг дар замони Тан хеле зиёд буданд.

Ҳаёти руҳонӣ дар замони Тан ва ибтидои замони Сун ҳам дар рушду тарақкӣ буд, ки беҳтарин нишонаи он дар шаҳрҳо ба назар мерасиданд. Фарҳанги нигаҳдории шаҳрҳо дар давраи Тан дар Чин баробари фарҳанги шаҳрҳои давраи атиқа ба шумор мерафт. Шаҳрҳои замони Тан аз лиҳози нуфузу аҳолӣ хеле бузург буданд ва ба ҳаёти сиёсӣ дар давраи Тан ва Сун хеле аҳамиятнок буданд. Ин шаҳрҳо миллионҳо нафар аҳолӣ доштанд. Марказҳои рушди ҳунармандӣ ва косибӣ, савдо ва тиҷорат ба шумор мерафтанд. Дар шаҳрҳо олимон, донишмандон ва мутафаккирону рассомон ва умуман зиёиён ҷамъ мегаштанд. Якҷо гаштани нерӯҳои ҳунармандӣ ва олимону зиёиён, маъмурон дар шаҳрҳо рушди якуякбораи пурсамарро таъмин мекунад.

Барои рушд намудани фарҳанги замони Тан ва Сун аҳамият додан ба густариш ёфтани дини буддоӣ аз Ҳинд ба Чин даркор аст, зеро ки ин ҳам барои тарақкӣ кардани тамаддуни чинӣ ҳиссаи сазовори худашро гузоштааст. Дар замони ҳукмронии сулолаи Тан дар Чин бисёр маъбадҳои буддоӣ ва дайрҳо ба вуҷуд омада буданд, ки онҳо дар байни мардум маъруф буданд. Суханони роҳибони дайрҳои буддоӣ дар байни мардум паҳн гашта буданд. Таъсири мавъизаҳои роҳибони буддоиро ба намояндагони ҳукмронон ҳам мушоҳида кардан мумкин аст [2, с. 21].

Шаҳрҳои махсус ҳам буданд, ки дар он ҷо комилан маъбадҳо ва китобхонаҳои буддоӣ мавҷуд буданд. Дар чунин шаҳрҳо таълимоти буддоӣ ба мардум расонида мешуданд. Китобхонаҳои буддоӣ на танҳо ҷойи ба ҷой овардани ибодату хонишҳои динӣ, балки марказҳои фарҳангӣ гардида буданд. Чунин шаҳрҳо ибодатгоҳҳо марказҳои густариши донишҳо, ғояҳои нав ва фарҳанг ба шумор мерафтанд. 

Замони ҳукмронии сулолаи Тан давраи тиллоии паҳншавии дини буддоӣ дар Чин ба ҳисоб меравад. Дар ин давра дар Чин дини буддоӣ бениҳоят авҷ мегирад ва тарақкӣ меёбад. Дар баробари ин дар давраи Тан ба дини Конуфутсий бисёр зарар расонида мешавад, аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, дар баробари дини буддоӣ равияи Конфутсий низ дар байни мардум ҷой дошт, ки барои боло бурдани фарҳангу маънавиёти мардуми Чин хидмат мекард. 

Фарҳанги буддоӣ барои адабиёти Чин, ки пештар бо шеър хеле маъруф буд, жанри мансур – новелла (ҳикоя)-ро овард. Ҳикоятҳои дар адабиёти давраи Тан авҷу густариш пайдо кард ва дар ин давра ҳикояҳои бадеӣ хеле маъруф гардиданд. 

Дар давраи Тан санъати ҳайкалтарошӣ ҳам хеле тараққӣ кард. Муҷассамаҳои муқаддасоти ойини буддоӣ дар ғорҳо, дар маъбадҳо сохта мешуданд ва чандин намудҳои ҳайкалҳои Буддо аз гил ва дигар моддаҳо сохта шуда буданд. Дар давраи тан дар баробари ҳайкалсозӣ санъат низ тараққӣ кард ва санъати тасвиргарӣ (живопись) яке аз санъатҳои маъруф дониста мешавад. 

Дар санъати бадеии Чин робитаи фитрӣ байни зиндакашӣ робитаи фитрӣ бо адабиёту шеър ҷой дорад. Санъати тасвирӣ ва шеъри чинӣ ин расме аст ба таври шоирона навишташудава шеъри чинӣ расме аст ба таври щоирона гуфташуда. Дар ин давра ҳам дар санъати рассомӣ ва ҳам дар адабиёт таълимот дар бораи «дао» ба шумор мерафт. Яъне таълимот дар бораи роҳҳо дар ойини буддизм. Дар баробари расмкашӣ ҳайкалтарошӣ, санъат ва монанди инҳо дар фарҳанги давраи Тан хеле пешравиҳо доштанд. Дар баробари санъати рассомию ҳайкалтарошӣ дар замони ҳукмронии Тан адабиёт ҳам рушду тараққӣ дошт, ки ҳадаф аз он ифодаи ғояҳо ва тасвирҳои фалсафӣ ва ахлоқӣ ба шумор меравад. Адабиёти Чин дар давраи Тан ҳам ифодагари фалсафа ва ҳам ифодагари таърих ба шумор меравад. Б.М. Алексеев беҳуда зикр накардааст, ки щоирӣ ва ё худ шеър дар Чин нисбат ба кишварҳои Ғарб хеле пештар арзи ҳастӣ кардааст. Шеър дар замони 300 соли ҳукмронии сулолаи Тан дар Чин рушд ёфт ва тараққӣ кард ва шеър тавонист, ки барои дарки олам, дарки бадеии он, фаҳмидани имкониятҳо ва рисоалти инсон дар ҷомеа хизмат кунад [3, с. 23]. 

Навигарии асосии шеъри давраи Тан дар он аст, ки он ҳамроҳ бо тасвирҳои анъанавӣ на танҳо бо намуди нав зуҳуркард, балки аксар вақт ба мавзуъ жарфтар аз пештара ворид мегардид. Куҳҳо ва дарёҳо, хати сарҳад, моҳ, роҳраву дарахтон, фасли баҳор ва амсоли инҳо ҳанӯз аз замони «Шитсзин» дар адабиёти чинӣ ҷой доштанд, аммо дар асри Тан ҳамаи ин тасвиро тавири кӯҳ, дарё, сарҳад, оворагард, бед ва ғайраҳо рангу намуди тоза гирифтанд. Он бештар ба ҳаёт ва тасвири бадеӣ акси худро гузошта тавонист. Беҳтарин дастоварди шеъри замони Тан дар он аст, ки он шеъри оддӣ аст ва он метавонист, ки ҳиссиётро кушояд. Дар ин шеърҳо тамоми дунёи ботинии инсон, заифии ӯ дар назди табиат ва муҳим будани табиат яке аз дастовардҳои муҳим аст.

Бешубҳа, шеъри давраи Тан шеъре мебошад, ки ҳам аз нигоҳи мазмун ва ҳам аз нигоҳи шакл онро шеъри асри тиллоӣ гуфтан мумкин аст. Яке аз аломатҳои дигари давраи тиллоии адабиёти Чин дар он аст, ки дар мобайни сесад сол мамлакати Чин ва ё худ ҳудуди ҳукмронии хонадони Тан чунон шаритро ба вуҷуд овард, ки ба миқдори зиёд шоироон зиндагӣ ва эҷод карданд. Ҳазорҳо шеърҳо ба вуҷуд омаданд. Дар шеърҳои шоирон Ли Бо, Ван Вэй, Ду Фу дар баробари андешаҳои буддоӣ инчунин ғояҳои классикӣ – ғояҳои пешинаи анъанавии чиниҳо маҳфуз аст. Шеърҳои шоирони асри тиллоии адабиёти Чин оғоз гузоштанд ба як равияи маънавии башардӯстӣ – инсондӯстӣ. Академик Конрад шоирони давраи Танро ба монанди Ли Бо, Ван Вэй, Ду Фу ва дигаронро асосгузорони асри гуманизм, асри башардӯстӣ, асри инсондӯстӣ дар Чин медонад. Дар шеърҳои ин даврашукуфтани гулҳо, маънои маҷозӣ касб мекунанд ва он ҳамчун рамз аст ва шукуфтани гул ба маънои рушд ёфтани шахсияти инсон аст. Рехтани барги гул маънои ғаму ғуссаи инсонӣ дорад. Давраи Тан дар тамадудни чинӣ замоне гардид, ки аз худаш шоирони зиёд, рассомони зиёд ва меъморону ҳунарварони зиёдеро ба олами ҳастӣ овард. 

Агар ба таври оддӣ ишора карданӣ бошем, дар давраи Тан гуманизм мақоми хосаро касб мекунад. Ахлоқ дар ҷамъият боло меавад. Мавзуи ахлоқ ва тарбияи инсонҳои башардӯст ва ҳаматарафа рушдёфта масъалаи асосӣ мегардад.

Список литературы

  1. Марк К.У. Аз адабиёти Чин чӣ медонем? / Тарҷумаи А.Вусуқӣ. – Машҳад, 1381. – 134 с.
  2. Поликарпов В.С. Золотой век в истории мировой культуры. – Ростов на дона, 2000. – 65 с.
  3. Шеъри Чин. Дафтари аввал / Тарҷумаи шеърҳои чинӣ, мутарҷим Б.Фаррухӣ. – Теҳрон: Мозиёр, 1365. – 637 с.

Поделиться

619

Волидова М. М., Рахимов И. У. «Золотой век» в китайской культуре и цивилизации // Новая парадигма социально-гуманитарного знания в цифровую эпоху : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 29 мая 2024г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2024. С. 15-18. URL: https://apni.ru/article/9439-zolotoj-vek-v-kitajskoj-kulture-i-civilizacii

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Другие статьи из раздела «Филологические науки»

Все статьи выпуска
Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 6 дней

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января