Главная
Конференции
Новая парадигма социально-гуманитарного знания в цифровую эпоху
Известные деятели литературы периода Тан – Ли Тай Бо и Ван Вэй

Известные деятели литературы периода Тан – Ли Тай Бо и Ван Вэй

Секция

Филологические науки

Ключевые слова

династия Западная Цзин
чайная культура
«Ода чаю»

Аннотация статьи

В данной статье рассматриваются вопросы изучения известных деятелей литературы эпохи Тан – Ли Тай Бо и Ван Вэя. Отмечается, что исследуемая тема является одной из актуальных в китаеведении.

Текст статьи

Дар адабиёти тиллоии Чин чеҳраҳои намоён ва нафароне, ки ҳастияшонро барои офаридани шеър бахшидаанд, зиёда аз 2000 нафар буданд ва машҳуртарин шоирони давраи ҳукмронии сулолаи Тан Ли Тай Бо, Ван Вэй, Ду Фу ҳастанд, ки ҳар кадоми онҳо ба дараҷаи баланди шеър расида буданд ва ба осори онҳо адабиётшиносони Аврупо ва Осиё баҳои баланд додаанд. Дар илми адабиётшиносӣ Ли Тай Боро бо шоирони ҷаҳонӣ ба монанди Фирдавсӣ, Низомӣ, Пушкин ва Шекспир баробар медонанд. Ин шоир соли 701 ба дунё омада, соли 762 вафот кардааст. Ҷои таваллуди ӯро ҳудуди кунунии шаҳри Такмок (дар шимоли Қирғизистон) медонанд. Ҳамчунин ақида ҳам ҳаст, ки зодгоҳи ӯ музофоти Гансу аст.

Маълум аст, ки ӯ дар оилаи сарватманд ба воя расидааст. Дар мактаби расмӣ таҳсил накарда, хату саводро дар муҳити хонаводааш баровардааст. Ҳанӯз Ли Тай Бо дар синни даҳсолагияш ба навиштани шеър оғоз кард. Дар понздаҳсолагияш бошад, ӯ шамшерзаниро машқ мекунад ва ба сарбозони сайёҳ пайравӣ менамояд. Ҳамин пайравӣ ва тақлид ба сарбозони сайёҳ дар ҳаёти Ли Тай Бо таъсир мерасонад. Бо ҳамин мақсад ӯ ба музофоти худаш ба саёҳат мебарояд ва ба навиштани шеърҳо машғул мегардад. Соли 742 ӯро ба дарбори император Сюан Тсзюн даъват мекунанд ва ӯ дар муддати 2 сол ҳамчун шоири дарбор фаъолият мебарад. Дардарбор ӯ 2 сол мемонад ва сипас он ҷоро тарк мекунад. Сабаби тарки дарборро бо якчанд вариант зикр кардаанд, аммо муҳимтаринаш озодидӯсии шоир буд, ки намехост, дар қайду банд бошад.

Соли 756 ӯ боз ба кори дарбор ҷалб мегардад ва дар натиҷаи шӯриш гуреза мегардад. Соли 761 ба беморӣ гирифтор мешавад. Доир ба вафоти ӯ низ ривоятҳо зиёданд. Тиби як ривоят вайро бо симоб заҳролуд карда буданд, мутобиқи ривояти дигар ҳангоми гузаштан аз дарёи Гуси (шохоби Янзи) вай дар ҳолати сархушӣ буд ва мехоҳад, ки дар рӯйи об моҳро дорад ва ба об ғарқ мешавад. Аз Ли Тай Бо зиёда аз 1100 асар боқӣ мондааст, ки 900-тои онҳо шеърҳо мебошанд. Дар «Қомуси фарҳанги Чин» дар бораи 770 шеъри ӯ маълумот дода шудааст, ки мутобиқи жанрҳо чунин мебошанд:

Шеърҳо дар жанри «люй шӣ» бо риояи қоидаҳои асосӣ ва қофия – 80 адад.

Дар жанри «гу ту ши» 540 шеър;

Дар жанри «ю эфу» 150 шеър.

Ли Тай Бо дар баробари пайрави равияи Конфутсий буданаш фалсафаи даосизмро ҳам хеле эҳтиром мекард ва ӯро пайрави ҳарду номидан мумкин аст.

Будани мо – лаҳзаест, ки чун барқ мегузарад,

Вақт чун боди даргузар мегузарад.

Сабзаҳои тар хасу хошок мегарданд,

Аммо боз шом мешаваду моҳ намоён мегардад [1, с. 35].

Дар шеъри Ли Бо табиат бо тамоми рангҳояш таҷассум ёфтааст. Масалан, ӯ ба шимоли мамлакат рафта дар уқёнус китро мебинад ва онро дар шеъраш таҷассум кардааст:

Шеър дар бораи наҳанг

Дар шимол – уқёнуси Пучин,

Моҳии бениҳоят дарозе ҳаст

Фаввораи обаш баробари се кӯҳ,

Аз ин шеър дидан мумкин аст, ки шоир бо тамоми ҳастияш ба таври воқеӣ китро тасвир мекунад, аз болои он фаввораи об баромаданаш ҳам ба назар аҷоиб менамояд. Мавзуи дурӣ аз дӯст ҳам дар шеъри Ли Бо ба кор рафтааст ва инро метавонем, ки дар шеъри «Шохаи бед» ба мушоҳида бигирем:

Нигоҳ кун!

Куҳҳои нилгун, девори шимолӣ

Рудхонаҳои печон бар домана;

Ин ҷо маконе аст, ки аз ҳам дур мешавем,

Аз ҳам дур мешавем ва аз миёни ҳазор

Фарсанг замини хушк мегузарем [3, с. 333].

Мавзуи табиат ва интизории фарорасии баҳор низ дар шеъри Ли Тай Бо фаровон аст ва осори ӯ барои дарки ин мадад мерасонад. Ли Тай Бо табиатро бо ҳама буду шудаш ва зебогиҳояш тасвир мекунад. Инро дар шеъри зерин, ки «Дар канори пули руди Тан Шин» ном дорад, ба назар гирифта метавонем:

Аз фарози пули Тан Шин баҳорро мебинам,

Шохаҳои рақсони гули олуву зардолуро [3, с. 342].

Дар шеъри дигари Ли Тай Бо боз ҳам таваҷҷуҳ мекунем, ки масъалаи табиат ҷой дорад ва ӯ метавонад, ки табиатро бо фалсафа ва зиндагӣ бо ҳам оварда, тасвири хубу хонданиро созмон диҳад. Дар чор сатр Ли Тай Бо чандин масъаларо ба таври шоиронаву ҳакимона фаро мегирад.

Ван Вэй аз шоирони давраи Тан буда (699-761) дар таърихи тамаддуни Чин ҳамун шоир, рассом, хаттот ва мусиқинавоз шинохта мешавад. Дар бораи соли таваллуд ва вафоташ ҳам маълумоти дақиқ нестанд, аммо тахмин мекунанд, ки солҳои зиндагии ӯ дар солҳои 699 – 759 будааст, варианти дигар бошад, солҳои 701 – 761 аст. Он чи аз зиндагии ӯ маълум аст, ин аст, ки вай соли 717 ба пойтахти сулолаи Тан шаҳри Чанъан меояд ва ба вазифаи мансабдори пойтахт хизмат мекунад. Соли 721 имтихони давлатиро супорида унвони «тзинши»-ро мегирад. Чунин имтихонро худи император мегирифт. Баъди гирифтани ин унвон Ван Вэй дар қасри император вазифаи масъали ҳамсароӣ ва мусиқинавозони дарборро соҳиб мегардад. Баъдан, бадарға мешавад. Сабаби бадарғашавии ӯ дар он буд, ки раққосон дар як маросим рақси диниро дуруст ба ҷо оварда наметавонанд. То миёнаҳои солҳои 720 ӯ ҳамчун мансабдори хурд фаъолият бурдааст. Охири солҳои 720 ӯ дар соҳили дарёи Ванчуан дар наздикии пойтахт қитъаи заминро мехарад ва дар он ҷо маҳфили шеъру шоирӣ ташкил мекунад.

Ҳамин тариқ гуфтан мумкин аст, ки Ван Вэй дар баробари мавзуъҳои марбут ба табиат доир ба мавзуъҳои ойини буддоӣ низ таълифоти мукаммал доштааст.

Ба тариқи ҷамъбаст метавонем, ки боби дуюми рисоларо чунин хулосабардорӣ кунем:

  • Ба сари қудрат омадани сулолаи Тан дар Чин ва аз байни бурдани сулолаи Суй ҳодисаи таърихӣ буда, дар натиҷа кишвари пароканда ба як мамлакати ягона муттаҳид гардид;
  • Тараққиёти иқтисодӣ ва ҳунармандӣ боиси зуд густариш ёфтани ҳудудҳои империяи Тан гашт, дар баробари ин дар мамлакат санъат, меъморӣ ва адабиёт ҳам рушду тараққӣ кард;
  • Паҳншавии дини буддоӣ дар давраи Тан тавонист, ки таҳаввулоти зиёдро дар ҷомеаи Чин ба амал орад;
  • Адабиёт дар давраи сулолаи Тан ба авҷи тараққиёти худ расида буд ва мавзуъҳои маъмули адабиёти ин давра пойбарҷо буд.
  • Дар баробари Ли Тай Бо, Ду Фу, Ван Вэй шоирони зиёд дар ин давра эҷод кардаанд;
  • Ли Тай Бо шоири ҷаҳонӣ буда, аз ӯ осори фаровон боқӣ мондааст ва ӯ пайрави конфутсионизм ва анъанаҳои гузаштагон буд, ки ин дар шеъраш ба назар мерасад;
  • Ван Вэй ҳамчун шоири маъруф дар баробари мавзуъҳои маъмул инчунин ба тарғиби ойини буддоӣ дар шеъраш машғул буд.
  • Таъсири адабиёти давраи Тан ба адабиёти минбаъдаи Чин хеле калон аст ва он тавонистааст, ки ба адабиёти халқҳои ҳамҷавон таъсири худро гузорад.

Список литературы

  1. Марк К.У. Аз адабиёти Чин чӣ медонем? / Тарҷумаи А.Вусуқӣ. – Машҳад, 1381. – 134 с.
  2. Поликарпов В.С. Золотой век в истории мировой культуры. – Ростов на дона, 2000. – 65 с.
  3. Шеъри Чин. Дафтари аввал. / Тарҷумаи шеърҳои чинӣ, мутарҷим Б.Фаррухӣ. – Теҳрон: Мозиёр, 1365. – 637 с.

Поделиться

641

Бобохуджаев С. А., Рахимов И. У. Известные деятели литературы периода Тан – Ли Тай Бо и Ван Вэй // Новая парадигма социально-гуманитарного знания в цифровую эпоху : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 29 мая 2024г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2024. С. 12-15. URL: https://apni.ru/article/9445-izvestnye-deyateli-literatury-perioda-tan-li-taj-bo-i-van-vej

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Другие статьи из раздела «Филологические науки»

Все статьи выпуска
Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 6 дней

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января