Развитие фантастики в современной китайской литературе

Секция

Филологические науки

Ключевые слова

развитие фантастики
современная китайская литература

Аннотация статьи

В данной статье рассматриваются вопросы развития фантастики в современной китайской литературе. Отмечается, что исследуемая тема является одной из актуальных в китаеведении.

Текст статьи

Дар адабиёти муосири Чин дар охирҳои асри XX ва ибтидои асри XXI рушди бесобиқаи фантастикаи илмӣ ба назар мерасад. Дар ин давра асарҳои фантастикаи илмии нависандагони мамлакати Зери Осмон на натнҳо дар дохили мамлакат, балки берун аз ҳудудҳои он ҳам тавассути тарҷума паҳн гашт. Бешубҳа, жанри фантастика дар давраи муосир ба дараҷаи баланди тараққӣ расидааст, ки ин ҳолро олимон «давраи тиллоии фантастикаи Чин» номидаанд.

И.В. Чемоданов давраҳои инкишофи фантастикаи Чинро ба чанд марҳила тақсим кардааст ва қайд намудааст, ки фантастикаи чинӣ дар давраҳои гуногуни инкишофашон чӣ гуна хусусият доштанд. Бино бар навиштаи ӯ аввалин асари фантастикӣ дар Чин солҳои 1904-1905 ба нашр расонида шудааст, ки он «Роман доир ба мустамлика дар моҳ» ном дошта, тахаллуси нависандааш Хуантс Дяосо мебошад.

Давраи охири ҳукмронии сулолаи Тсин дар Чин фантастика чунин равия дошт, ки тибқи он Чини ақибондаи феодалӣ ба давлати тараққикарда табдил ёфтааст. Ин як омол ва орзуи аксарияти сокинони ин кишварро инъикос мекард [4, с. 213].

Ба навиштаи ин муҳаққиқ давраи дигари фантастикаи чинӣ замони инқилоби Синхай мебошад, ки дар он фантастика қариб ба нестӣ расида буд.

Фантастикаи солҳои аввали ташкилёбии Ҷумҳурии Мардумии Чин (1949 – 1966) барои оммавигардонии тараққиёти илмӣ-техникии чинӣ равона гашта буд. Дар ин давра асарҳои фантастикӣ хусусияти тарғиботӣ дошта, барои пешравӣ ва ба мамлакати мутараққии сотсиалистӣ расидани Чин хидмат мекард. Мутаассифона, аксарияти асарҳои фантастикии ин давра умри дароз пайдо накарданд.

Дар замони инқилоби бузурги маданнии Чин (1966 – 1976) равияи фонтастикӣ пурра аз адабиёти ин кишвар гум мешавад. Ин жанр таъқиб мегардад ва он аз ҷиҳати ғоявӣ зарарнок ҳисобида мешавад. Боз як сабаби аз байн рафтани ин жанр дар ин вақт он буд, ки ҳукуматдорон гумон мекарданд, ки таҳти таъсири Ғарб ба мафкураи одамон таъсири манфӣ расонида мешавад.

Солҳои 1978 – 1982 фантастикаи чинӣ аз сари нав ҷон мегирад ва эҳёи дубораи ташаккули он амалӣ мегардад. Аз солҳои 90-уми асри ХХ бошад, давраи таҷаддуди фантастикаи чинӣ фаро мерасад. Баъди ислоҳоти гузаронидаи Дэн Сяопин дар Чин технологияҳои нав ҷорӣ гаштанд ва ҳолати иқтисодӣ тақозо мекард, ки жанри фантастика рушд ёбад [4, с. 214-215].

Дар мақолаи худ И.В. Чемоданов сабаби рушди фантастикаи чиниро дар таъсири адабиёти Ғарб ва Ҷопон шарҳ додааст, ки ин андешаи ӯ асос дорад. Аммо комилан ба гуфтаҳои ӯ розӣ гашта наметавонем. Дар ин сурат бо андешаҳои З.И.Замалиева ва Р.Р. Фейзрахманова розӣ гашта метавонем. Ин муаллифон дуруст навиштаанд, ки решаи фантастикаи чинӣ дар мифологияи он ниҳон аст.

«Таваҷҷуҳ ба фантастика дар адабиёти Чин дар тӯли дурударози таърих ҷой дошт. Айни замон таснифоти ягонаи жанрҳои фантастика мавҷуд нестанд» - навиштаанд онҳо [2, с. 245].

Ба андешаи муаллифони қаблан зикргардида «фантастикаи Чинро ба се жанри асос: фантастикаи илмӣ, фэнтезии илмӣ ва фэнтезӣ тақсим кардан мумкин аст. Фэнтезии илмӣ синтези фантастикаи илмӣ ва фэнтези мебошад» [2, с. 245].

Табиист, ки дар мифологияи чинӣ персонажҳои зиёди тахайюлӣ мавҷуданд, ки ҳамаи онҳо барои рушди фэнтези мусоидат кардаанд. Дар умум ҳам фантастика ва ҳам фэнтези дар Чини муосир ба авҷи тараққиёти худ расидаанд.

Дар чини муосир нисбат ба жанри фантастика се нависандаи машҳури муосирро ҷудо мекунанд ва онҳоро бо номи «генералони фантастика» мешиносанд, ки инҳоянд:

  • Ван Тсзинкан, ки асарҳои «Ҳафт сатҳ», «Силовсин» (1998), «Бузургҷуссаи табдилёбанда» (2006), «Ҳаёти мӯрчаҳо» (2007), «Мо якҷояем»-ро (2011) таълиф кардааст.
  • Хан Сун – муаллифи асарҳои «Уқёнуси сурх» (2004), «Ватани ман хоб намебинад» (2007), «Зери замин» (2010), «Рӯи замин» (2012) мебошад.
  • Лю Тсисин муаллифи асарҳои «Замини исёнгар» (2000), «Давраи навтарин» (2002), «Барқи куравӣ» (2004), «Ғамхорӣ ба Худо» (2005), «Вазифаи се тан» (2006), «Бешаи торик» (2008), «Ҳаёти абадии Марг» (2010) мебошад. Се асари дар охир номбурда асарҳои трилогияи «Хотираҳо дар бораи гузаштаи Замин»-ро ташкил медиҳанд.

Дар адабиёти муосири Чин жанри фантастика дараҷаи баландтарини тараққиётро соҳиб мебошад. Я.С.Грачева дуруст қайд мекунад, ки «Фантастикаи илмии Чин дар назди ҳамин гуна асарҳои хориҷӣ фарқ карда меистад. Ғайр аз он ки дар фантастикаи чинӣ дар Чин сарҳад ва ё худ меъёрҳои дақиқро надошта аксар вақт унсурҳои фэнтезиро касб кардааст, аммо он дар худ робитаи мустаҳками оянда ва гузаштаро акс мекунад» [1, с. 31]. Сабаби ин ҳолат анъанаҳои ҳазорсолаи адабии Чин ба шумор меравад, ки дар фантастика низ таъсири худро гузоштааст.

Яке аз хусусиятҳои фантастикаи чини муосир пайванди гузашта ва оянда аст. Дар фантастикаи илмии чинӣ ояндаи дурахшони утопиявӣ ҷой надорад. Дар он оқибати инсоният на дурахшон, балки ҳузновар мебошад. Дар ин самт онро муҳаққиқон ба асарҳои зиддиутопияи аврупоӣ монанд кардаанд [1, с. 31].

Айни замон фантастикаи чинӣ дар ҷаҳон аз жанрҳои пешқадам ба шумор меравад. Дӯстдорони ин жанр бештар бо ташкили шабакаҳои фантастикадӯстон дар шабакаҳои иҷтимоӣ асарҳои дӯстдоштаашонро қироат мекунанд. Ин падида дар ҳудуди Чин паҳн гаштааст.

Сабаби дигари густариши фантастика ва фэнтези дар Чин ҳамоно рушди синамогарӣ мебошад. Саноати киносозӣ барои дар экран намоиш додани навиштаҳои адибони фонтастнавис кӯшиш мекунанд. Ба андешаи мо сабаби дигари тараққӣ кардани ин жанр вобаста ба иқтисодиёт ва пайдо кардани бозор мебошад. Ин омилҳо боис гаштаанд, ки жанри фантастика дар адабиёти муосири Чин ривоҷу равнақ пайдо кунад.

Паҳншавии фантастикаи чинӣ ба ҷаҳон ба шарофати кино аст, ки асарҳоро ба синамо табдилдода манзури тамошобинон мегардонад. Бинобар монеаи забонӣ ва зуд тарҷума нагаштанашон ба забонҳои дигар аксар вақт мардуми ҷаҳонро аз дастовардҳои фантастикаи чинӣ дур мегардонад.

Ҳамин гуна муамморо дар раванди тарҷумаи адабиёти чинӣ ба забони тоҷикӣ низ зикр кардан ҷоиз аст. Дар даврони истиқлол нав падидаи тарҷумаи осори адабии чинӣ ба назар мерасад. Тарҷумаҳо ба гуфторҳои Конфутсий ва шеъри чинӣ дахл доранд. Аммо то кунун асарҳои муосири фантастикаи чинӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума нашудаанд.

Баъзе олимон чунин мешуморанд, ки забони чинӣ мавқеи худро густариш медиҳад ва дар оянда мардум метавонанд, ки он асарҳоро бо забони асл мутолиа кунанд. Ба андешаи мо тарҷумаи бадеӣ як роҳи ғанӣ гардонидани адабиёт мебошад ва барои ташаккулдиҳии тафаккури илмӣ тарҷумаи асарҳои фантастикаи илмӣ ва махсусан фантастикаи муосири чинӣ мусидат мекунад.

Список литературы

  1. Грачева Я. С. Современная китайская научная фантастика как особый жанр литературы / Я. С. Грачева, С. Г. Когай // Молодежь и наука: актуальные проблемы фундаментальных и прикладных исследований: Материалы V Всероссийской национальной научной конференции молодых учёных. В 4-х частях, Комсомольск-на-Амуре, 11–15 апреля 2022 года / Редколлегия: А.В. Космынин (отв. ред.) [и др.]. Том Часть 4. – Комсомольск-на-Амуре: Комсомольский-на-Амуре государственный университет, 2022. – С. 30-31. – EDN NWIELU.
  2. Замалиева З. И., Файзерахманова Р. Р. Развитие современной китайской фантастической литературы в XXI веке // Казанский лингвистический журнал. – 2020. – Т. 3. – №. 3. – С. 243-253.
  3. Цю С. История развития китайских фильмов в жанре научной фантастики // Современная наука: актуальные проблемы теории и практики. Серия: Познание. – 2017. – 
    №. 12-2. – С. 21-23. 
  4. Чемоданов И. В. Современная китайская научная фантастика / И. В. Чемоданов // Научное обозрение: актуальные вопросы теории и практики: сборник статей VI Международной научно-практической конференции: в 2 ч., Пенза, 25 июля 2023 года. Том Часть 1. – Пенза: Наука и Просвещение (ИП Гуляев Г.Ю.), 2023. – С. 213-216. – EDN XGTECE.

Поделиться

601

Абдумаликзода М.., Рахимов И. У. Развитие фантастики в современной китайской литературе // Новая парадигма социально-гуманитарного знания в цифровую эпоху : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 29 мая 2024г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2024. С. 6-9. URL: https://apni.ru/article/9480-razvitie-fantastiki-v-sovremennoj-kitajskoj-literature

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Другие статьи из раздела «Филологические науки»

Все статьи выпуска
Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 6 дней

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января