Важность изучения иностранных языков в наше время

Секция

Педагогика и психология

Ключевые слова

построение предложений с применением модальных и вспомогательных глаголов
фиксированный порядок слов в утвердительном и вопросительном предложении
иностранные языки

Аннотация статьи

В статье рассмотрены особенности изучения немецкого языка, знание которых позволит сделать процесс обучения более доступным. Языковые аспекты представлены в сравнении с аналогичными чертами английского и русского языков.

Текст статьи

Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лабрез аз ҳидоятҳои дурандешона ва факту далелҳои ифтихорангез аст. Сарвари давлат дар ин дастури роҳнамо роҳи дар замони соҳибистиқлолӣ тайкардаи Тоҷикистони азизро хеле равшан ва омӯзанда таҳлил карда, вазифаҳои ояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва халқи ободгари моро нишон доданд. Яке аз таъкидҳои Сарвари давлат ин омӯзиши забонҳои хориҷӣ буд. Дар ҳақиқат барои ҳар миллати мутамаддин пеш бурдани тамоми илмҳои муосир зарур аст. Бахусус омӯхтани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони англисӣ ва русӣ барои имрӯз - дар замони ҷаҳонишавӣ ва пешрафти бесобиқаи илм ва техникаву технология заруру ниҳоят ҳатмист.

Хусусан забони англисӣ аз бузургтарин забонҳои дунё ва яке аз шаш забони кории Созмони Милали Муттаҳид мебошад. Имрӯз аксари маҳсулоти истеҳсолкардаи мамолики олам, ки дар бозорҳои ҷаҳон ба фурӯш бароварда мешаванд, албатта бо забони англисӣ нишондоду дастурамал доранд. Шахс агар ин забонро ба таври даркорӣ надонад, ашёи харидорӣ намудаашро ба таври лозимӣ истифода бурда наметавонад. Бинобар ин, забони англисиро забони илму техникаи ҷаҳонӣ меноманд.

Пас аз интишори Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи такмили таълими забонҳои англисӣ ва русӣ» (соли 2003) ва «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004-2010» таълим ва омӯзиши ин забонҳо ҷараёни нав пайдо кард.

Пешвои муаззами миллат дар ин хусус бо камоли дилсузӣ мефармоянд: «Донистани забонҳои дигар, махсусан забонҳои русӣ ва англисӣ барои наврасону ҷавонони мо зарурати воқеии рӯз аст. Аммо ин тамоюл набояд сабаби ба забони шевои тоҷикӣ роҳ ёфтани унсурҳои нозарури бегона гардад. Аз ин рӯ, мо дар оянда низ дар самти ҳифзу гиромидошт, тозагии забони давлатӣ ва рушди ҳамаҷонибаи он ҳамаи иқдомоти заруриро амалӣ хоҳем кард».

Дар робита ба гиромидошти забони модарӣ Аскар Ҳаким мегуяд, ки мо бояд ҳар як маънои калимаи тоҷикиро омӯзем. Лоиқ мегӯяд, ки касе онро надонад, шири модар бар ӯ ҳаром аст. Устод Айнӣ мегуфтанд, ки ин забони ноб ва ҷонгудоз аст. Муъмин Қаноат мегуяд, ки ин забон пур аз меҳру ҷавҳар аст. Фарзона забони модариро ба меҳан монанд мекунаду Гулрухсор ба ҳастии миллат шабоҳат медиҳад.

Дарвоқеъ, бо тақозои замон, имрӯз ҳар як фарди бедордил бояд барои ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд. Бахусус, ба омӯзиши забонҳои англисиву русӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ низ эътибори аввлиндараҷа диҳад. Дар ҷаҳони техникаву технология имрӯз забонҳои англисӣ ва русӣ ҳамчун забонҳои ҳукмрон маҳсуб меёбанд. Ҷомеашиносон ба он хулосае омадаанд, ки на танҳо технологияи информатсионӣ, балки аксарияти маълумот ва адабиёти зарурии замони муосирро бо забонҳои англисӣ ва русӣ дастрас кардан мумкин аст. Аз 100 фоиз маълумот ва ё адабиёти лозимие, ки дар шабакаҳои интернетӣ ҷо карда шудаанд, 70 фисади он ба ин ду забон тааллуқ доранд. Аз ин рӯ, тибқи талаботи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади омӯзиши забонҳои хориҷӣ, сайқал додани қобилияти сухандониву суханронӣ ва васеъ гардонидани доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии кормандон, аз тарафи роҳбарияти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД мавзӯи омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар маркази диққат қарор дошта, дар дастгоҳи марказӣ ва ҷузъу томҳои Сарраёсат курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забонҳои англисӣ ва русӣ барои ҳайати шахсӣ ташкил карда шудаанд.

Омӯхтани забони англисӣ ва русӣ, ки аз зумраи забонҳои муоширати байналмилалӣ ба ҳисоб мераванд, барои кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ҷузъу томҳои он хеле писанд буда, моҳияти онро ҳар як корманди соҳа хуб дарк намуда, бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ онҳоро меомӯзанд. Зеро омӯхтани ин забонҳои хориҷӣ дар замони муосир хеле муҳим буда, барои дастрас ва азхудкунии маълумоти зарурӣ оид ба самтҳои мухталиф, аз ҷумла илму фарҳанг, тартиби самаранок истифодабарии техникаву таҷҳизотҳои навин ва бартараф кардани ягон нофаҳмоӣ дар раванди фаъолияти корӣ барои ҳар як шахс бисёр ҳам қулай ва муфид мебошанд. 

Ҳамчунин, ба ҳамагон маълум аст, ки рушди соҳаи сайёҳӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатамон ба ҳисоб рафта, шумораи сайёҳони хориҷӣ сол то сол дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистони маҳбубамон зиёд гардида истодааст ва барои бо ин меҳмонони хориҷӣ муоширати хуб карда тавонистану ба саволҳояшон посух додан, додани маълумоти зарурӣ ба корафтодагон ва расонидани кӯмак ба сайёҳони ниёзманд донистани забонҳои муоширати байналмилалӣ барои ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилӣ муҳим мебошад. Умуман инкишофи забон бо ҳаёти одамизод алоқаманд аст, инсон дар зиндагӣ чӣ қадар пеш равад, забон ҳамон қадар лозим мешавад.

Зимнан, дар шароити имрӯзаи бисёрзабонӣ, иқтисоди бозоргонӣ ва ривоҷи муносибатҳои байналхалқӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро шумораи зиёди давлатҳои олам ба некӣ ва расмият шинохта, равуой ва робитаҳои хубро ба роҳ мондаанд, аз худ намудани забонҳои русӣ ва англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ аз манфиат холӣ намебошад. 

Бояд қайд намуд, ки шавқу рағбати донишҷӯён бобати омӯзиши забонҳои хориҷӣ (англисӣ ва русӣ) нисбати солҳои пеш даҳҳо маротиба афзудааст. Дар рушду инкишофи тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии хоҷагии халқи кишвар нақши дастони пурэъҷози ҷавонон назаррас аст. Боварӣ дорем, ки ҷавонони саодатманди тоҷик суханҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаъолияти худ намуда, мутахассисони варзида ва мувофиқу мутобиқ ба бозори рушдёбандаи меҳнат ба камол мерасанд.

Мусаллам аст, ки ҳамаи забонҳо аз ҷиҳати баромади иҷтимоӣ ва қаробати хеш ба ҳам алоқа доранд, вале ҳар як забон махсусияти худро дорад. Вай сарчашмаи нодири сухан аст, барои ҳамдигарфаҳмӣ, тасвир ва ифодаи ҳақиқат нақши асосӣ мебозад.

Список литературы

  1. https://jumhuriyat.tj/bahsho/104-zaboni-anglis-shevai-navi-omzish-taozoi-zamon-ast.html (санаи вуруд: 01.01.2024) 
  2. Кроме английского: Какой иностранный язык повысит вашу зарплату [Электронный ресурс]. – Режим доступа: http://www.the-village.ru/village/business/rabota/170117-kakoy-yazyk-uchit, свободный. – (дата обращения: 29.01.2018). 
  3. Правила чтения немецких букв [Электронный ресурс]. – Режим доступа: http://abc.cvsw.ru/regeln.html, свободный. – (дата обращения: 29.01.2018). 
  4. Чем похожи и насколько отличаются английский и немецкий языки? [Электронный ресурс]. – Режим доступа: https://ienglish.ru/blog/interesno-ob-angliiskom/inetersnie-fakti-ob-angliiskom/chem-pohozhi-i-chemotlichaiutsa-angliiskiy-i-nemetskiy, свободный. – (дата обращения: 03.02.2018). 
  5. Сходства и различия между английским и немецким языком [Электронный ресурс]. – Режим доступа: https://lingvister.ru/blog/shodstva-i-raslichiya-mezhdu-angliyskim-i-nemetskim-yazykom, свободный. – (дата обращения: 05.02.2018). 
  6. Порядок слов в немецком предложении [Электронный ресурс]. – Режим доступа: http://www.deonline.ru/index/porjadok_slov/0-116, свободный. – (дата обращения: 03.02.2018). 

Поделиться

543

Халимова М. А., Халимова А. А. Важность изучения иностранных языков в наше время // Научно-технологическое развитие России в условиях новых вызовов : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 13 июня 2024г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2024. С. 88-91. URL: https://apni.ru/article/9595-vazhnost-izucheniya-inostrannyh-yazykov-v-nashe-vremya

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru
Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 6 дней

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января