Роль дидактических игр в повышении качества знаний учащихся

Секция

Педагогика и психология

Ключевые слова

дидактические игры
роль игры в образовательном процессе

Аннотация статьи

В статье освещен вопрос о роли игровой деятельности в повышении качества обучения учащихся, технологии организации игр и использовании дидактических игр как средства обучения для стимулирования познавательного интереса школьников к учебному процессу.

Текст статьи

Бозӣ барои хонандагон намуди дастраси фаъолият, воситаи коркарди донишҳо ва тасаввуротҳои гирифта аз олами иҳотакардашуда ба шумор меравад. Дар бозӣ хусусиятҳои тафаккур ва хаёли бача, ҳиссиёти он, фаъолнокӣ, талаботҳо дар муносибат равшан намоён мегарданд. Бозӣ аз хонанда маҳорати ба роҳ мондани муносибатҳои байниҳамдигарӣ бо рафиқонро талаб менамояд. Ба хонанда фаъолияти фаъол лозим аст, ки он барои баланд бардоштани қувваи ҳаётии ӯ мусоидат менамояд, шавқу завқ, талаботҳои иҷтимоии ӯро қаноатманд мегардонад. Бозиҳо барои солимии бачагон муҳиманд, ҳаёти онҳоро пурмазмун, пурра мегардонанд, ба қувваҳои худ боварӣ доштанро пайдо мекунанд. Бозӣ - ин шакли асосии ҳаёти бачагон мебошад, ки аз тарафи ҷомеа барои идоракунии инкишофи онҳо коркард ва ташкил карда шудааст. Аз нуқтаи назари педагогон ва равоншиносон бозӣ - шакли махсуси фаъолнокӣ, фаъолияти хонандагон ба шумор меравад. Дар ин шакли фаъолият муносибати кӯдак ба олами иҳотакарда, ба дигар одамон, ба худ ба вуҷуд меояд. А.С. Макаренко навиштааст: “Бозӣ дар ҳаёти кӯдак аҳамияти муҳим дорад. Бача дар бозӣ чӣ гуна бошад, вақте ки калон мешавад, дар кор ҳам бештар ҳамин гуна мебошад. Бинобар ин тарбияи шахсиятҳои оянда пеш аз ҳама дар бозӣ мегузарад”. Бозӣ ва таҳсил ду намуди гуногуни фаъолият мебошанд; байни онҳо фарқиятҳои сифатии ҷиддӣ мавҷуданд. Н.К. Крупская қайд кардааст, ки “Мактаб барои бозӣ фазои хеле кам ҷудо карда, ба хонандагон муносибат дар ҳар гуна фаъолиятро бо усулҳои гуногун дастрас мекунад. Вай нақши ташкилии бозиро кам баҳо медиҳад. Гузариш аз бозӣ ба машғулиятҳои ҷиддӣ хеле ногаҳонӣ аст ва дар байни бозиҳои озодона ва фаъолияти танзимшудаи мактаб фарқи холӣ мавҷуд аст ва дар ин ҷо шаклҳои гузариш лозиманд”.

Бояд гуфт, ки мафҳуми “бозӣ” - ро аз нуқтаи назари гуногун дидан мумкин аст. На танҳо халқҳои мухталифи қадим ба ин мафҳум таърифҳои гуногун доданд, балки олимони муосири мо дар бораи назарияи бозӣ сухан ронданд, онҳо ин масъаларо баррасӣ карда, ба бозӣ ҳамчун маҳсули санъат диққат додаанд. Дар айни замон, ин мафҳум доираи васеи фаъолиятҳоеро дар бар мегирад, ки бидуни душворӣ шодӣ меорад. Бозӣ яке аз намудҳои фаъолият аст, ки аҳамияти он на дар натиҷаҳо, балки дар худи раванд аст.

Ба андешаи мо, яке аз сифатҳои муҳими бозиҳои дидактикӣ қобилияти истифода бурдани онҳо барои татбиқи муносибати инфиродӣ ба хонандагон дар синф, пешниҳоди супоришҳо барои ҳар як хонанда бо назардошти имкониятҳои зеҳнии ӯ мебошад. Бо истифода аз бозиҳо, муаллим на танҳо бо таълим, балки бо тарбия низ машғул аст, дар ташаккули шахсияти шогирдонаш кор мекунад. Дар бозиҳои коллективона сифатҳои шахсият, аз қабили масъулиятшиносӣ, малакаҳои ҳамкорӣ ва қобилияти кор дар гуруҳ инкишоф меёбанд.

Ҳамин тариқ, мо метавонем дар бораи нақши бозӣ дар раванди таълими хонандагон баъзе хулосаҳо барорем. Тавре ки аллакай қайд карда шуд, бозиҳои дидактикӣ имкон медиҳанд, ки дар дарс миқдори зарурии супоришҳоро иҷро намоянд, машқҳоро аз рӯи маводҳои гуногун кор карда бароянд ва ҳамзамон таваҷҷуҳро ба вазифа нигоҳ доранд. Инчунин муҳим аст, ки тавассути истифодаи бозиҳо тавоноӣ ва фаҳмиши донишҳои асосӣ, маҳорат ва малакаҳои мавзуи мушаххасро ба даст оварда метавонанд. Истифодаи бозиҳо дар дарс ба пайдоиши муносибати мусбӣ ба мавзуъ мусоидат мекунад.

Бозиҳои дидактикӣ ба фаъолшавии тамоми фаъолияти зеҳнии хонандагон мусоидат мекунанд. Равандҳои маърифатӣ, тафаккур, хотира, хаёл рушд мекунанд. Фаъолияти равонӣ такмил меёбад, ки рафтори амалиётҳои гуногунро дар ягонагии онҳо дар бар мегирад. Диққат бештар мақсаднок, устувортар мешавад ва хонанда қобилияти дуруст тақсим кардани онро дорад. Инкишофи қобилиятҳои маърифатӣ, мушоҳида ва кунҷковӣ ба роҳ монда мешавад. Дар хонандагон иродаи қавӣ ба вуҷуд меояд. Риояи қоидаҳо, ки дар натиҷаи онҳо таваҷҷуҳи хонандагон ба бозӣ пайдо мешавад, ба тарбияи сифатҳои муҳими ақлӣ ва иродавӣ, аз қабили муташаккилӣ, худдорӣ, хайрхоҳӣ, ростқавлӣ кӯмак мекунанд. Дар раванди гузаронидани бозиҳои дидактикӣ, дар хонандагон қобилияти мустақилона кор кардан, назорат ва худтаназораткунӣ ташаккул ёфта, амалҳои худро мутобиқ мекунанд. Фаъолияти бозӣ ба рушди диққати ихтиёрӣ ва хотираи ихтиёрӣ мусоидат мекунад. Дар шароити бозӣ, мактаббачагон бодиққатиии худро бештар мекунанд ва бештар дар хотир нигоҳ медоранд. Ҳадафи бошуурона - бодиққатӣ зоҳир намудан ва дар хотир доштан барои хонанда дар бозӣ осонтар мегардад. Худи шароити бозӣ аз иштирокчиён талаб мекунад, ки диққати худро ба ашёе, ки ба вазъи бозӣ дохил шудааст, ба мундариҷаи амалҳои бозидашуда равона кунанд. Имконоти хонанда барои таҳлил ва фарқ кардани ашёи даркшаванда, ки бо ташаккули мушоҳидаи ӯ алоқаманданд, махсусан дар раванди таълими мактаб ба роҳ монда мешавад. Ба инкишофи идрок фаъолияти бозии кӯдак мусоидат мекунад.

Бозӣ ба инкишофи нутқ таъсири калон дорад. Вазъи бозӣ аз ҳар як хонандаи ба он дохилшуда қобилияти муайяни муоширатро талаб мекунад. Агар хонанда хоҳишҳои худро нисбати ҷараёни бозӣ ба таври возеҳ баён накунад, агар ӯ дастурҳои шифоҳиро оид ба бозӣ дарк карда натавонад, пас ба ҳамсолонашон душвор мегардад. Душвориҳои эмотсионалӣ дар ин ҳолат инкишофи нутқро такмил медиҳанд.

Бозиҳо аз рӯи навъҳо: маърифатӣ, нақшбозӣ, меҳнатӣ, мураккаб мешаванд.

Меъёрҳои бозӣ: бозӣ бояд барои як дарс пешбинӣ шуда бошад; бозӣ набояд барои фаҳмидани қоидаҳои он душвор бошад; бозӣ набояд куҳна шавад; бозӣ бояд оммавӣ бошад ва ҳамаи хонандагонро фаро гирад; баҳогузорӣ бояд осон бошад ва хонандагон бояд фаҳманд, ки чӣ гуна баҳои ниҳоӣ гузошта шудааст.

Бозӣ воситаи хубест барои дар хонандагон парваридани масъулият барои кори супурдашуда, қобилияти корбарии дастаҷамъона ва мустақилона. Он ба фаъолгардонии фаъолияти маърифатӣ, муайян кардани қобилиятҳои ташкилӣ ва ғайра мусоидат мекунад.

Талаботҳо барои гузаронидани бозиҳои дидактикӣ: ба мавзуъ ва ҳадафи дарс мувофиқ кардани мавзуи бозӣ; равшанӣ ва муайянии ҳадаф ва самти бозӣ; аҳамияти натиҷаи бозӣ барои иштирокчиён ва ташкилкунандагони бозӣ; мутобиқати мундариҷаи бозӣ бо хусусияти муаммои ҳалшаванда; имконпазирии амалҳои бозӣ, ки дар бозӣ аз рӯи намудҳо, хусусияти мураккабӣ истифода мешаванд; фаҳмиш ва дастрасии нияти иштирокчии бозӣ, соддагии қитъаи бозӣ; хусусияти ҳавасмандгардонии бозӣ.

Дурустӣ ва якрангии қоидаҳо ва маҳдудиятҳои бозӣ: меъёрҳои объективии баҳодиҳии муваффақияти фаъолияти бозии мактаббачагон; роҳҳои мувофиқи назорат ва арзёбии ҷараён ва натиҷаи бозӣ; ҳолати мусоиди равонии муносибатҳо; фурсати васеъ барои фаъолияти шахсӣ ва эҷодкорӣ; унсури ҳатмии рақобат байни иштирокчиёни бозӣ.

Бозӣ шакли фаъолтарини фаъолияти инсон аст. Кам ба назар мерасад, ки хонандае пайдо шавад, ки дар ягон лаҳзаи муайян дар ягон бозӣ иштирок накунад. Системаи чандири бозиҳои таълимӣ имкон медиҳад, ки бо шавқ омӯзанд ва ин шавқ танҳо аз интихоби бозиҳо меафзояд.

Дар мактаби муосир, ки ба фаъолсозӣ ва тақвияти раванди таълим такя мекунад, фаъолияти бозиҳо дар ҳолатҳои зерин истифода мешавад: ҳамчун технологияҳои мустақили азхудкунии консепсия, мавзуъ ва ҳатто як бахши мавзуъ; ҳамчун унсурҳои технологияи васеътар; ҳамчун дарс ё қисми он (муқаддима, шарҳ, машқ, назорат); ҳамчун технологияи корҳои беруназсинфӣ. Мафҳуми “технологияҳои педагогии бозӣ” як гуруҳи васеи метод ва усулҳои ташкили раванди педагогиро дар шакли бозиҳои гуногуни педагогӣ дар бар мегирад.

Ҷой ва нақши технологияи бозиҳо дар раванди таълим, омезиши бозиҳо ва унсурҳои омӯзишӣ бештар аз фаҳмиши муаллим дар бораи вазифаҳо ва таснифи бозиҳои педагогӣ вобастаанд. Мувофиқи мавзуъ бозиҳо дар ҳамаи фанҳои мактабӣ фарқ карда мешаванд ва ниҳоят, хусусияти технологияи бозиро асосан муҳити бозӣ муайян мекунад: бозиҳо бо ашё ва бе ашё, рӯимизӣ, серҳаракат, компютерӣ, инчунин бо воситаҳои гуногуни ҳаракаткунандаро фарқ мекунанд.

Хулоса, бозӣ намуди дастрас ва фаҳмои фаъолият барои хонандагон ба шумор меравад. Бозиҳо хаёли хонандагонро инкишоф медиҳанд, ҷаҳонбинии онҳоро васеъ мегардонанд. Бо ёрии бозиҳо омӯзиши хонандагонро ташкил кардан мумкин аст. Ба ғайр аз ин бозиҳо дар бораи он чиро, ки дар гирду атрофи онҳо рӯй медиҳад хонандагон бо чашмони худ мебинанд, муносибатҳои байни одамон маълумотҳои фоиданокро медиҳанд. Инчунин дар ҷараёни бозӣ хонандагон байни худ муносибат менамоянд.

Список литературы

  1. Абдульменова З.З. Игра – способ развития пытливости и любознательности // Начальная школа. 2003. № 11.
  2. Раҳимов Б. Макаренко А.С. дар бораи таълиму тарбия. – Душанбе, 1991. – 248 с.
  3. Маллаев Д.М. Теоретические проблемы игровой деятельности // Вестник ДГПУ. 1999. – № 1. – С. 16-25.
  4. Сиденко А. Игровой подход в обучении // Народное образование, 2000. – №8. – С. 134-136. 
  5. Удальцова Е.И. Дидактические игры. – М., 1996. – 76 с.

Поделиться

349

Асророва Н. Ч. Роль дидактических игр в повышении качества знаний учащихся // Междисциплинарные исследования: наука и технологии в эпоху глобализации : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 14 августа 2024г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2024. С. 37-41. URL: https://apni.ru/article/9900-rol-didakticheskih-igr-v-povyshenii-kachestva-znanij-uchashihsya

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 6 дней

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января