Секция

Филологические науки

Ключевые слова

устный перевод
последовательный
синхронный перевод
трудности перевода

Аннотация статьи

В статье рассматривается вопрос, связанный с особенностями осуществления устного перевода.

Текст статьи

Тарҷумашиносӣ ҳамчун равияи махсуси илмӣ дар нимаи дуюми қарни XX ба вуҷуд омад. Тарҷума худ ду намуд мешавад: хаттӣ ва шифоҳӣ. Аз таърихи тарҷума маълум мегардад, ки тарҷумаи шифоҳӣ дар навбати худ ду хел мешавад: пайиҳам ва ҳамзамон (синхронный). Тарҷумони ҳамзамон бошад, таваққуфи нотиқро интизор нашуда, суханронии ӯро беист тарҷума менамояд. Дар муддати чанд сония ӯ бояд на танҳо маънои сухан, балки лаҳну оҳанги нотиқро, ки паси минбар аст, ба сомеон интиқол дода тавонад. Дар бештари конференсияву симпозиум ва нишастҳои бузурги тантанавӣ аз тарҷумаи ҳамзамон истифода мекунанд, ки мехоҳем баъзе мушкилиҳои онро ёдрас кунем.

Хотирнишон бояд сохт, ки байни фаъолияти тарҷумони хаттӣ ва шифоҳӣ (махсусан ҳамзамон) тавофути калоне мушоҳида мешавад. Қабл аз ҳама ба зикри номи онҳо бояд эътибор дод, яъне агар дар забони тоҷикӣ иҷрокунандагони ҳар ду тарҷумаро тарҷумон гӯянд, пас дар забони англисӣ онҳоро дигар хел мегӯянд: тарҷумони хаттиро “translator” ва тарҷумони ҳамзамонро “ interpeter “, ки инро на ҳама вақт риоя мекунанд [1, c.7]. Дар ҳар ду намуди тарҷума унсури “сегонае” (трио) мушоҳида мегардад, яъне дар тарҷумаи хаттӣ: тарҷумон – матн – хонанда ва дар тарҷумаи шифоҳӣ: тарҷумон- иттилои даҳонӣ – шунаванда [1, c.8]. Тарҷумони ҳамзамон дар фаъолияти худ ба чунин вазъиятҳо дучор мешавад: - нутқ дар як макон ва дар як замон ба вуҷуд меояд; - нутқ тамом нашудааст ва анҷоми он барои тарҷумон маълум нест; - иттилои шифоҳӣ зуд “бухор” мешавад ва тарҷумон метавонад танҳо ба қувваи ҳофизаи худ такя кунад; - тарҷумони шифоҳӣ бояд нутқи на як гӯянда, балки суханрониҳои чандин ашхосро, ки бо услубҳои гуногун баромад мекунанд, тарҷума намояд; - тарҷумони шифоҳӣ натанҳо шароиту муҳити баъзан муташанниҷро медонад, балки худаш ҳам дар зери таъсиру фишори он муҳит монда, фаъолият мекунад; - тарҷумони шифоҳӣ бошад, вазифадор аст, ки аз ҳамон аввал нутқро дуруст тарҷума кунад ва ӯ имконияти дигаре дар ихтиёр надорад [2, с.158-159].

Дар чаҳорчубаи тарҷумаи ҳамзамон ибораест бо номи “тарҷумони самтӣ” (линейный переводчик), ки он вижагиҳои худро дорад, яъне чунин тарҷумон бештар ба тарҷумаҳои ғайрирасмӣ машғул мешавад, ки онҳо асосан дар тарабхонаву мағозаҳо, бозору осорхонаҳо ва дигар ҷойҳо ҷараён мегиранд. Вале ин гуфта на ба он маъност, ки вақти кори чунин тарҷумон фақат дар ҷойҳои номбурда мегузараду халос. Агар лозим ояд, тарҷумони самтӣ вазифадор аст, ки дар конференсияву дигар маҳфилҳои расмӣ тарҷумонӣ кунад. Як хусусияти чунин тарҷумонҳо дар он аст, ки онҳо бояд ҳам аз забони хориҷӣ ба забони модарӣ ва ҳам аз забони модарӣ ба забони хориҷӣ тарҷума намоянд, ки ин албатта нисбатан мушкил аст, зеро дар раванди тарҷума нутқи шифоҳии забони мақсадро низ бояд донад [1, c.10].

Хонум Линн Виссон, ки яке аз тарҷумонҳои варзида ва баркамоли Созмони Миллали Муттаҳид аст, дар Нийю-Йорки ИМА фаъолият мекунад. Дараҷаи докториро дар донишгоҳи машҳури Гарвард соҳиб шуда, сипас дар донишгоҳҳои Колумбия ва дигар макотиби олии Амрико ба ҳайси профессори забон ва адабиёти рус дарс гуфтааст. Муаллифи чандин китобу мақолаҳо буда, бештар аз забонҳои русиву фаронсавӣ ба англисӣ тарҷума мекунад. Китоби маъруфи ӯ “Синхронный перевод с русского на английский” мебошад, ки он дар Амрико ду дафъа ва дар Русия чор маротиба ба табъ расида, ба ашхосе, ки муаммою гиреҳҳои санъати тарҷумаро кушодан мехоҳанд, кӯмак мерасонад. Лин Виссон иброз медорад, ки тарҷумони ҳамзамон бояд ба аввалу охири матн (нутқ) диққати ҷиддӣ диҳад, зеро ҳар иштибоҳи дар мавридҳои мавсуф рухдода дар хотири шунаванда нақш мебандад. Шунавандагон бо як шавқу ҳавас оғози ҷаласаро интизор шуда, аввали нутқро ҷиддӣ гӯш мекунанд, ба мобайни нутқ эътибори ҷиддӣ намедиҳанд ва ниҳоят сухани ниҳоии нотиқ – “дар охир ҳаминро гуфтаниям, ки...” баъзе пинакрафтагонро ба худ меорад.

Дар ҳақиқат, мушкилу дандоншикан будани ин пеша танҳо ба тарҷумони ҳамзамон маълум аст, зеро тайи якчанд сония гӯш кардан, фаҳмидан, ба хотир гирифтан, дар мавриди зарурӣ матнро то андозае ихтисор намудан, ҷанбаи синтаксисии онро тағйир додан ва ҳамзамон оромонаю оҳиста нафас кашидан (то шунавандагон аз оҳи сарди тарҷумон бохабар нашаванд) корест на осон, ӯ (тарҷумон) бояд оромона ва нарм – нарм сухан гӯяд, то ин ки шунаванда асли матлабро ба осонӣ дарёбад. Вале маҷрои тамоми ин амалиёт на дар ихтиёри тарҷумон, балки дар дасти нотиқ мебошад. Чи навъе ки яке аз тарҷумонҳои касбӣ навишта буд, “барои кундзеҳнон ва онҳое, ки ба зудӣ дарк карда наметавонанд, дар байни тарҷумонҳои ҳамзамон ҷой нест”. Азбаски нотиқ на ба тарҷумон, балки ба шунавандагон муроҷиат мекунад, бинобар ин ӯро зарур меояд, ки дар як замон ду амалро иҷро намояд, яъне аввал маълумотро қабул намуда, сипас онро ба ниёзмандон фиристад.

Дар ёддоштҳои тарҷумони ботаҷрибаю бомаҳорат Эквалл ҷанбаҳои равонии тарҷумони ҳамзамон тасвир ёфтааст. Ӯ мегӯяд, ки дар замири тарҷумони ҳамзамон ду унсури ба ҳам муқобил нухуфтааст: ӯ наметавонад бепарво бошад ва ҳамчунин дар айни замон ба ваҳму воҳима ва ҳаросонӣ роҳ диҳад. Тарҷумони беҳтарин, – мегӯяд Эквалл, натиҷаи илҳоми ҳақиқӣ мебошад, ки он ҳангоми ором будани асабҳо пайдо мешавад. Вале баъзан дар авҷи кор тарҷумонро ваҳму воҳима пахш карда, ӯро ҳаросон месозад. Чӣ бояд кард? Дар ин гуна мавридҳо барои тарҷумон идома додани тарҷума бо овози нарму ором муҳимтар аз ҳама мебошад, то диққати аҳли толор ба ӯ ҷалб нагардад. Беҳуда нест, ки ҳамон Эквалл тарҷумонҳои ҳамзамонро ҳунармандоне номидааст, ки дар ҳолати фавқулода фаъолият мекунанд [3, с.70-71].

Малакаи тарҷумаи ҳамзамонро тавассути таҳсил ва машқу тамрин ҳосил намудан мумкин аст. Агар тарҷумон истеъдоде надошта бошад, пас ӯ ба таври доимӣ ҳам худу ҳам шунавандаҳои хешро ба ташвиш меандозад. Тарҷумони ҳамзамон бояд ба аввалу охири матн (нутқ) диққати ҷиддӣ диҳад, зеро ҳар иштибоҳи дар мавридҳои мавсуф рухдода дар хотири шунаванда нақш мебандад. Ҷанбаи муҳими кори тарҷумони синхронӣ рушди хотира, инчунин қобилияти омӯхтани матнҳои калон ва донистани миқдори зиёди синонимҳои контекстӣ мебошад. Қобилияти нокифоя барои дар хотира нигоҳ доштани миқдори зиёди информатсия, инчунин захираи нисбатан ками лексикаи забони модарӣ метавонад боиси мушкилоти ҷиддии фаъолияти касбӣ гардад.

Забоншиноси рус Р.К. Миняр-Беларучев мегӯяд, ки усули аломати тарҷума «амалиёти тарҷумонӣ мебошад, ки дар сатҳи аломати расмӣ сурат мегирад. Тарҷумаи аслии калима, ибора ё тамоми ҷумла дар контексти муайян имкон медиҳад, ки мутобиқати маводи тарҷумашуда нигоҳ дошта шавад» [5, с.77]. Усули аломат аз гузаштан аз аломати як забон ба аломати забони дигар иборат аст. Яъне мутарҷим калима ё ибораҳоро дар забони хориҷӣ бар асоси услуби забоне, ки ба он тарҷума мекунад, табдил медиҳад.

Биёед як стратегияи тарҷумаи аломатро мисол орем. Дар муаррифии ширкати худ, директор чунин ҷумларо эълон мекунад: " Our company should focus all its attention on the strategy of digitalization development ". Дар ин мисол мутарҷим маънои семантикии калимаи «digitalization»-ро намефаҳмад. Сипас ин вожаро дар ин замина бо истифода аз техникаи тарҷумаи аломатҳо ҳамчун “ диджитализация” тарҷума мекунад. Агар калимаи номаълум, мисли ин мисол, дар давоми нутқ чанд маротиба такрор шавад ва тарҷумон фаҳмад, ки он калимаи калидӣ аст ва бидуни он тарҷумаи дастрас ва фаҳмо эҷод кардан ғайриимкон аст, вай метавонад онро дар блокнот нависад. (ки бояд ҳамеша дар паҳлӯи ӯ бошад) барои ҳамкоронаш. Шарик, ки дар навбати худ ба Интернет дастрасӣ дорад, метавонад тарҷумаи калимаро ҷустуҷӯ кунад ва дар навиштани ҷавоб дар ҳамон блокнот кӯмак кунад. Баъдан, вақте ки ҳамкор боварӣ дорад, ки тарҷума дуруст аст, метавонад онро беҳтар созад калимаи «digitalization» на ҳамчун диджитализация, балки ҳамчун рақамизатсия ё технологияҳои рақамӣ.

Ба хулоса омадан мумкин аст, ки пешаи тарҷумони ҳамзамон дар ҳақиқат мушкил буда, тайи якчанд сония гӯш кардан, фаҳмидан, ба хотир гирифтан, дар мавриди зарурӣ матнро то андозае ихтисор намудан, ҷанбаи синтаксисии онро тағйир додан ва ҳамзамон оромонаю оҳиста нафас кашидан (то шунавандагон аз оҳи сарди тарҷумон бохабар нашаванд) корест на осон, тарҷумон бояд оромона ва нарм – нарм сухан гӯяд, то ин ки шунаванда асли матлабро ба осонӣ дарёбад.

Список литературы

  1. Линн Виссон. Синхронный перевод с русского на английский / Л. Виссон. – М.: Р. Валент, 2000. – 272 с. 
  2. Brian Harris. «Prolegomenon to a Study of the Differences Between Teaching Translation and Teaching Interpreting» in L'enseignement de I'interpretation et de la traduction, ed. Jean Delisle (Ottawa: University of Ottawa Press, 1981), pp. 158-159.
  3. Ekvall, op. cit., pp. 70-71.
  4. Дударева Н.А. О некоторых трудностях синхронного перевода // «Вестник ИГЭУ». – 2009. – № 1. – С. 68-71.
  5. Миньяр – Беларучев Р. К. Теория и методы перевода. – М.: Московский лицей, 1996. – 208 с.
  6. Успехи в химии и химической технологии. ТОМ XXXV. 2021. № 11 УДК 81 – Линцов Л.А., Бабанина Е.Ю. – трудности синхронного перевода.
  7. Трудности и стратегии синхронного перевода – Рыбина Валентина Дмитриевна, Студент Российский Университет Дружбы Народов.

Поделиться

304

Ниёзова С. У., Рашидова Д. А. Трудности синхронного перевода // Междисциплинарные исследования: наука и технологии в эпоху глобализации : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 14 августа 2024г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2024. С. 16-20. URL: https://apni.ru/article/9927-trudnosti-sinhronnogo-perevoda

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru
Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 6 дней

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января