Главная
АИ #18 (200)
Статьи журнала АИ #18 (200)
Антологии Мутриби Самарканди

Антологии Мутриби Самарканди

Рубрика

Филология, иностранные языки, журналистика

Ключевые слова

антологии Мутриби Самарканди
творчество поэтов
литературные кружки

Аннотация статьи

В данной статье рассматриваются вопросы изучения антологий Мутриби Самарканди. Отмечается, что антологии рассматриваются как один из источников, дающих обзор и примеры творчества поэтов, представление малоизвестных поэтов, признание важных литературных и научных процессов столетий или различных литературных кругов.

Текст статьи

Тазкираҳо аз ҷумлаи сарчашмаҳое ба ҳисоб мераванд, ки шарҳи ҳол ва намунаи осори шоирони алоҳида, муаррифии шоирони камшинохта, шинохти равандҳои муҳими адабӣ ва илмии асрҳо ё ҳавзаҳои гуногуни адабиро меомӯзанд ва бад-ин васила дар илми адабиётшиносӣ ҷойи махсусро касб кардаанд. Баррасии маълумоти тазкираҳо дар масоили гуногуни адабӣ, аз ҷумла муаррифии шоирони камшинохтаи асри муаллиф, робитаи дарбор бо адабиёт, мақоми шоир, муносибати шоирон бо доираҳои адабии гуногун, шахсиятҳои илмӣ, ки яке аз ҷиҳатҳои норавшани таърихи адабиёти форсӣ – тоҷикӣ аст, аҳамияти хосе доранд. Дар асри XVI, аниқтараш аз охирҳои асри XV сар карда, тазкираҳои зиёде таълиф ёфтанд, ки “Маҷолис-ун-нафоис”-и Навоӣ ва тарҷумаҳои он, “Туҳфаи Сомӣ”-и Соммирзои Сафавӣ, “Музаккир-ул-аҳбоб”-и Хоҷа Ҳасани Нисорӣ, “Тазкират-ут-таворих”-и Абдуллои Кобулӣ, “Туҳфат-ус-сурур”-и Дарвешалӣ, “Тазкирату-ш-шуаро”-и Муҳаммади Мутрибӣ ва “Ри ёз-уш-шуаро”-и Содиқии Самарқандӣ аз ҷумлаи ин асарҳо ҳастанд. Мақоми “Тазкирату-ш-шуаро”-и Мутрибии Самарқандӣ дар ин миён хосса аст. Султон Муҳаммад Мутрибии Самарқандӣ аз ҷумлаи тазкиранигоронест, ки дар густариши тазкиранигории ҳавзаҳои адабии Мовароуннаҳр саҳми босазо дорад. Ҳаёт ва осори Мутрибии Самарқандӣ ҳанӯз дар асрҳои миёна омӯхта шуда буд. Инчунин дар омӯзиши рӯзгори Мутрибӣ шарқшиносон Ҳермен Этте, Аннамери Шиммел ва Б. В. Норик хиддмати босазо кардаанд.

Дар охири асри гузашта тарҷумаи ӯзбекии “Тазкират-уш-шуаро” ва таълиф шудани монографияи “Мутрибӣ ва тазкираҳои ӯ” аз ҷониби муҳаққиқи ӯзбекистонӣ И. Бекҷонов ба миён омад, ки дар густариши марҳилаи омӯзиши ин мавзуъ нақши муҳим гузошт. Муҳаққиқи тоҷик Ф. Акрамов “Нусхаи Зебои Ҷаҳонгирӣ”- ро давоми мантиқии “Тазкират-уш-шуаро” номида, дар ин масъала нигоҳи тозаеро ба миён овард. Саҳми Алии Рафеии Аломарвдаштӣ, ки аз дигар донишмандон дар таҳқиқи рӯзгору осори Мутрибӣ бештар заҳмат кашидааст, шоёни зикри алоҳида мебошад. Алии Рафеӣ оиди номи пурраи муаллиф, соли таваллуду вафоти ӯ, мероси адабии ӯ ба ояндагон маълумоти дақиқ додааст. Инчунин академик А. Мирзоев ва У. Назиров низ доир ба ҳаёти суханвар ва робитаҳои адабиву фарҳангии Мовароуннаҳру Ҳинд сухан ронда дар ин раванд, маълумотҳои ҷолиберо манзури хонандагон доштаанд. Исми пурраи муаллифи тазкира Султон Муҳаммад, тахаллусаш Мутрибӣ буда, аз аҳли Самарқанд мебошад. Аз рӯи гуфтаи Б. В. Норик падари Мутрибии Самарқандӣ аз ҷумлаи инсонҳои соҳибмаърифати замони худ буда, дар донишомӯзии ӯ саҳми беназир гузоштааст [3].

Мутобиқи нигориши Рафеӣ ӯ соли 966-1559 дар хонаводаи аҳли илм дар Самарқанд чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Мутрибӣ дар зодгоҳаш Самарқанд ба воя расида, донишҳои ибтидоии замонашро дар ҳамон ҷо гирифта, баъдан барои такмили илм ба Бухоро сафар кардааст. Аз гуфтаҳои академик А. Мирзоев бармеояд, ки Мутрибӣ аз овони кӯдакӣ ба сурудани шеър ва навохтани мусиқӣ майлу рағбат доштааст. Мутрибӣ аз устодонаш Муқимии Самарқандӣ, Ҳасанхоҷа Нисории Бухороӣ, Қозӣ Муҳаммадамини Самарқандӣ, Ашрафии Миррамузӣ, Ғарибии Ҳиравӣ, Хоҷа Ҳошими Ҳошимии Мазорӣ, Абӯмуҳаммади Даҳбедӣ, Зираҳии Туркистонӣ, Мулло Рустами Наққош, Явмалии Миёнколӣ ва Назрии Бадахшӣ илм омӯхта, илмҳои замони худ: сарфу наҳв, маониву баён, арӯзу қофияро аз худ намудааст. Инчунин илмҳои фиқҳ, ҳадис, калом, хаттотӣ ва наққоширо аз худ намуда, саромади донишмандону тазкиранигорони замони хеш гардид. 

Мутрибӣ ба донишмандону суханварони зиёди Мовароуннаҳр ҳаққи устодӣ доштааст, ки шарҳи ҳоли чанде аз онҳоро дар тазкирааш ба қалам додааст. Муҳаммад Фазлии Самарқандӣ, Сабурии Самарқандӣ, Қурайшии Миёнколӣ, Собитии Миёнколӣ, Хазонии Шаҳрисабзӣ, Зеҳнии Самарқандӣ ва Лозимии Кешӣ аз шогирдони Мутрибӣ ба ҳисоб мераванд. Мутрибӣ донишманди фозилу суханвари мумтоз ва тазкиранигори моҳири даврони хеш буда, дар тамоми марказҳои илмиву адабӣ, маҳфилҳои шоирону адибон ва маҷлисҳои дарбори амирону шоҳони замони хеш иштирок намуда, бо дарбориён мусоҳибаҳо анҷом медод. Қайд кардан ба маврид аст, ки Мутрибӣ бо ҳокимон Абдуллоҳхони Шайбонӣ, Муҳаммадзамон Мирзо ва Шоҳрух Мирзо алоқаву ҳамнишинӣ доштааст [1].

Ишора меравад, ки Мутрибӣ ба Ҳиндустон сафар кардааст ва барои Ҷаҳонгиршоҳ, ки подшоҳи Ҳинд буд, тазкираи “Нусхаи зебои Ҷаҳонгирӣ”-ро дар натиҷаи сафарҳояш дар шаҳру ноҳияҳои дурдасти Мовароуннаҳр соли 1624 ҳамчун армуғон таълиф менамояд. То имрӯз дақиқ маълум нагаштааст, ки аз Мутрибӣ чанд асар то ба мо мерос мондааст, аммо ду тазкираи гаронбаҳои ӯ – “Тазкират-уш –шуаро” ва “Нусхаи зебои Ҷаҳонгирӣ” асарҳои гаронарзиши мероси адабии шоир ба шумор мераванд. 

Аз Мутрибӣ “Тазкиратуш-ш-шуаро”, “Нусхаи зебои Ҷаҳонгирӣ”, “Хотироти Мутрибӣ” ва “Маҷмӯаи ашъор” то ба замони мо расидааст, ки ҳамаи онҳо аз арзиши волои адабиву таърихӣ бой буда, мақоми намоён доштани Мутрибиро дар адабиёти асрҳои XVI- XVII муайян месозанд.

“Тазкирату-ш-шуаро” бо як сабки хосса навишта шуда, дар он осори 343 суханварони ҳамрӯзгори муаллиф ҷой дода шудааст. Мутрибӣ онро ба ҳокими ҳамонвақтаи Мовароуннаҳр – Валимуҳаммади Баҳодурхон бахшидааст. Соли таълифи он 1605-ро дар бар мегирад. То имрӯз аз нусхаҳои хаттии “Тазкирату-ш-шуаро” се нусха боқӣ монда, яке таҳти №3391 дар Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар дар китобхонаи шахсии донишманди афғонӣ Муҳаммад Солеҳи Пурунто дар Кобул ва савумӣ дар фонди дастхатҳои Институти шарқшиносии ба номи Абӯрайҳони Берунии шаҳри Тошканд таҳти №2253 нигаҳдорӣ мешавад ва он нусхаи нодир шинохта шудааст [2].

Исми аввали фасли аввали асари мазкур бо шарҳи ҳол ва намунаи ашъори Абдуллоҳхони Ӯзбак ибни Искандархон оғоз гардида, бо Муҳаммад Султон ибни Таним Султон анҷом меёбад. Нуқтаи аввали фасли дуввум бошад, бо Аминӣ Абӯмуҳаммади Даҳбедӣ оғоз гардида, бо Ломеии Андиҷонӣ анҷом меёбад.

“Тазкирату-ш-шуаро” аз муҳимтарин сарчашмаҳои адабиву таърихии охири асри XVI ва ибтидои асри XVII-и доираҳои адабии Моваруннаҳр ба ҳисоб рафта, бидуни он омӯзиши адабиёти даврони мазкур ғайриимкон мебошад. Тибқи гузориши муҳаққиқ Ф. Акрамов дар нуқтаи якум 144 нафар, дуввум 78 нафар ва саввум 94 нафар будааст. «Тазкират-уш-шуаро”-и Мутрибӣ аз муқаддима ва ду фасл иборат аст. Дар фасли аввали “Тазкирату-ш-шуаро” дар бораи рӯзгору ашъори 17 тан аз салтанати машҳуру маъруфи ҳамзамони муаллиф маълумот оварда шудааст. Фасли мазкур дар навбати худ ба се қисмат тақсим шудааст. Мутрибӣ кӯшидааст шахсиятҳои шомили тазкираро ба се қисмат, касоне, ки дидаасту бевосита муомила кардааст, касоне, ки дидаасту мулозимати эшонро накарда ва касоне, ки васфи эшонро шунидааст, ҷудо намояд.

Фасли дуввум қисмати асосии китоб буда, дар он 326 нафар суханварон ҷой дода шуда, муаллиф онро “нуқта” номидааст.

Тазкираи Мутрибии Самарқандӣ бо як услуби хос навишта шудааст. Муаллиф тамоми донишу ҷаҳонбинии хешро ба кор бурда, дар ҷодаи шеъру шоирӣ сабки нави тазкиранигориро ба миён овардааст.

Дувумин асаре, ки то даври мо омада расидааст, “Нусхаи зебои Ҷаҳонгирӣ” мебошад. Асари мазкурро Мутрибӣ пеш аз ба сарзамини Ҳинд дар муддати чаҳор сол ба табъ мерасонад. Мутрибӣ онро ба ҳокими Ҳинд Ҷаҳонгиршоҳ ҳангоми мулоқоти нахустин ҳадя намудааст. “Нусхаи зебои Ҷаҳонгирӣ” аз муқаддима, ду силсила ва хотима иборат аст. Асари мазкур аз ҷониби донишмандоне, чун Ҳерман Эте, Чарлз Сторӣ, Забеҳуллоҳ Сафо, Аҳмади Мунзавӣ, Алиризо Нақавӣ ва Аҳмад Гулчини Маонӣ ба ғалат “Таърихи Ҷаҳонгирӣ” ном бурда шудааст. Ягона нусхаи хаттии ин асар таҳти №3023 дар китобхонаи Осорхонаи Бритониё, бахши “Индия Офис” нигаҳдорӣ мешавад.

Хулоса, тазкираи Мутрибӣ дар бораи чандин шоирони асри XVI маълумот додааст, ки шинохти он саҳифаҳои норӯшани адабиёти тоҷикро равшан ва барои муаррифии бузургони миллат барои насли фардо мусоидат мекунад. “Нусхаи зебои Ҷаҳонгирӣ” бошад, доир ба масъалаҳои муҳими таърихӣ, дар меҳвари мулоқотҳои Мутрибӣ бо Ҷаҳонгиршооҳ муносибатҳои аҳли адабро бо аҳли дарбор бозгӯ мекунад.

Список литературы

  1. Акрамов Ф. Тазкираи Нусхаи зебои Ҷаҳонгирии Мутрибӣ чун сарчашмаи омӯзиши ҳаёти адабии Мовароуннаҳру Ҳинд (асри XVI ва ибтидои асри XVII). – Душанбе: 1998. – 140 с.
  2. Каримов Усмон. Адабиёти тоҷик дар асри XVI. Душанбе: Дониш. 1985. – 228 с.
  3. Самарқандӣ, Мутрибӣ. Тазкират-уш-шуаро. Хуҷанд: Ношир, 2021. – 468 с.

Поделиться

635

Саиднабиева С. Р. Антологии Мутриби Самарканди // Актуальные исследования. 2024. №18 (200). Ч.I.С. 73-75. URL: https://apni.ru/article/antologii-mutribi-samarkandi

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru
Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 6 дней

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января