Главная
Конференции
Цифровизация общества: трансформация повседневных практик и исследовательских перспектив
Использование гуманистических идей персидско-таджикских мыслителей в воспитании ...

Использование гуманистических идей персидско-таджикских мыслителей в воспитании младших школьников

Секция

Педагогика и психология

Ключевые слова

гуманизм
мыслитель
творчество
добродетель
любовь и дружба

Аннотация статьи

В статье анализируются и исследуются значение, сущность и содержание гуманизма в творчестве персидских и таджикских мыслителей.

Текст статьи

Идеяи гуманизм, ё ин ки инсондӯстӣ эҳтиром кардани қадру қиммати ҳар як шахсро талаб мекунад ва он дар муносибати байниҳамдигарии одамон зоҳир мегардад. Дар ҳамаи давраҳои таърихии тараққиёти ҷамъиятӣ ҳаракатҳои гуманистӣ дар шаклҳои гуногун вобаста ба вазъияти муайяни ҷомеа ва давлат зоҳир мешудаанд. Вале принсипҳои муносибати гуманистӣ дар ҷомеаи uуломдорӣ ва феодалӣ ба манфиати синфи ҳукмрон нигаронида шуда буд.

Гуманизми миллати тоҷик аз замонҳои хеле қадим ибтидо гирифтааст. Ин ҳамон гуманизмест, ки Кайюмарсу Ҷамшед, Рустаму Сиёвуш, ҳазрати Зардушту Монӣ, Бузургмеҳру Нушервони Одил, Рӯдакию Фирдавсӣ, Шайх Аттор, Абдураҳмони Ҷомӣ, [усайн Воизи Кошифӣ, Мирзо Абдулқодири Бедилу, Аҳмади Дониш, устод Садриддин Айнию Мирзо Турсунзода ва садҳо дигарон баҳри озодию баробарӣ, эҳтироми шахсияти инсон, мақоми инсон дар ҷомеа, барҳам задани тафовути иҷтимоӣ ҷони хешро дареғ надоштаанд.

Метавон зикр намуд, ки ин вазифаи муқаддасро шоирону нависандагони Аҷам рисолати хеш шумурда, сарвати маънавии худро ба ҳамин мавзӯъ бахшидаанд.

Дар воқеъ, дигаргуншавии ҷомеа, ки дар босуръат ташаккулёбии симои маънавии инсон, ташаккул додани сифатҳои ахлоқӣ- башардӯстии иҷтимоии ӯ таҷассум меёбад, ба ҳалли мушкилот ноил гардидан ба натиҷаҳои мусбат ё тағйирот дар иқтисоди миллӣ, демократикунонии ҷомеа, баланд бардоштани некуаҳволии моддии мардум, ҳалли масъалаҳои мубрами иҷтимоӣ, мушкилоти қитъавию глобалӣ, экологӣ ва сиёсати байналмилалӣ нигаронида шудааст.

Тазаккур бояд намуд, ки дар арзёбии гуманизми муосир ҳамаи он комёбиҳои беҳтарини афкори замонҳои гузашта ва uояҳои асосии қадркунии инсон инъикоси худро ёфтааст. Мақсади принсипи гуманиизми ҳақиқӣ аз он иборат аст, ки истисмори одам аз тарафи одам, ҷабру зулм, нобаробариҳои иҷтимоӣ ва сиёсиро намепарварад. Масъалаи мақоми инсон ва некиву накўкорӣ, инсондўстӣ, инсоният яке аз ҷанбаҳои муҳими осори мутафаккиронро ташкил медиҳад. Бузургии инсонро садҳо бузургони ҷаҳон мадҳу сано гуфтаанд, қасидаҳо навиштаанд, достонҳо офаридаанд. Шоир Умари Хайём инсонро ҷавҳари биниш, нақши нигин номидаанд:

Мақсуд зи ҷумла офариниш моем,
Дар чашми хирад ҷавҳари биниш моем.
Ин доираи ҷаҳон чу ангуштарист,
Бе ҳеҷ шаке нақши нигинаш моем.

Баҳри инсон як худи ҳамин бас аст, ки ўро инсон меноманд. Барои он ки аз махлуқоти дигар фарқ бикунад, калимаи «Инсон»-ро сазовораш донистаанд.

Сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абўабдулло Рўдакӣ дар осори хеш ба тақдири инсон, некию накўкорӣ бештар таваҷҷўҳи хоса зоҳир менамояд. Вай ҳамеша ва пайваста дар осораш бо як муҳаббат ва эҳсосоти баланди гуманистӣ инсони оқилу хирадмандро сурудааст:

Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ,
Бар куру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ.
Мардӣ набувад фитодро пой задан,
Гар дастӣ фитодае бигирӣ, мардӣ [6].

Рўдакӣ дар мадҳияҳояш ҳангоми васфи шоҳону амирон саъй кардааст, ки ба замири дили онон роҳ ёбад ва онҳоро ба роҳи одамгарӣ, инсонпарварӣ, инсондўстӣ, саховатмандӣ нисбати зердастон ҳидоят намояд. Рўдакӣ ҳамчун инсонпарвари беҳамто проблемаи муҳими иҷтимоиро бо мақсади тарбия намудани хусусиятҳои мардию ҷавонмардӣ, далерию шуҷоатмандӣ, дўстию бародарӣ, ҳамкору ҳамнафаси якдигар будан, саховатмандию сулҳҷўӣ дар насли наврас хеле одилона ба қалам дода, фармудааст:

Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори рӯи дӯстон.
Ҳеҷ талхӣ нест бар дил талхтар,
Аз фироқи дӯстони пурҳунар [10].

Қобили қайд аст, ки масъалаи инсондўстию инсонпарварӣ ҳамчун анъана дар осори классикони тоҷику форс мақоми хосро доро аст.

Чуноне, ки масъалаҳои накӯкорӣ, далерӣ, инсондӯстӣ дар афкори педагогии Фирдавсӣ мавқеи намоёнро ишғол менамояд. Инсоният харҷ додан, ба ақидаи Фирдавсӣ ҷаҳонро аз бадиву торикӣ, зулму истибдод озод намудан аст. Поёни бадӣ ҳамеша ба зарари худи инсон аст. Танҳо ба василаи накўкорӣ инсон метавонад, тухми кинаву адоватро аз байн бардорад. Фирдавсӣ дар ин бобат фармудааст:

Биё то ҷаҳонро ба бад наспарем,
Ба кӯшиш ҳама дастӣ некӣ барем.

Фирдавсӣ вуҷуди инсоният ва равиши зиндагии ўро танҳо дар некию накўкорӣ, инсондўстию хештаншиносӣ мебинад. Доираи фаъолияти гуманистии инсон дар он вақт боло мегирад, агар дар пешравии иқтисодиёт, фарҳангу маънавиёти халқу миллаташ саҳм бигузорад, самтҳои тараққиётро аз карахтӣ бираҳонад, арзишҳои миллиро бо арзишҳои умумибашарӣ бипайвандад.

Носири Хусрав таъкид мекунад, ки агар хоҳӣ, ки неку бади худ ва дигаронро бидонӣ, хоҳӣ, ки дар анҷуман сарфароз шавӣ ва аз ҳар гуна бадиҳо халосӣ биёбӣ, худро бишнос, худро бидон:

Бидон худро, агар худро бидонӣ,
Зи худ ҳам неку ҳам бадро бидонӣ.
Шиносои вуҷуди хештан шав,
Пас он гаҳ сарфарози анҷуман шав...
Чу худ донӣ, ҳама дониста бошӣ,
Чу донистӣ, зи ҳар бад раста бошӣ.

Моҳияти масъалаи гуманизм дар шароити кунунӣ эътибори хосаро дорост. Тибқи қоидаҳои ахлоқи гуманистӣ ҳар фард дар ҷомеа бояд софдилона хидмат ва муносибат кунад, одамони арсаи меҳнатро эҳтиром намояд, ба давлату халқи худ содиқ бошад.

Дар китобҳои дарсии зинаи ибтидоии таҳсилот матнҳои зиёде оварда шудааст, ки дар онҳо таваҷҷӯҳ бештар ба инсонгароӣ нигаронида шудааст. Ин бесабаб нест зеро инсонгароиро дар ботини кӯдакон аз синни хурди мактабӣ бояд парварид. Зеро таълими ғояҳои инсондўстиву инсонпарварӣ, эҳтироми шахс, такмили сифатҳои маънавию ахлоқии инсон ва мақоми ҷамъиятии вай мавзўъест, ки хонандагони хурдсолро ба дарк ва эҳтиром кардани инсон ҳамчун мавҷудоти олӣ ва дар баробари ин нисбати иҷрои вазифаҳои инсонӣ дар назди ҷомеа, хонавода, давлат масъулиятпазир буданро тарбия менамояд.

Шайх Муслиҳиддини Саъдии Шерозӣ аз зумраи онҳоест, ки ҳамчун мутафаккир ва мувофиқи тақозои даврони хеш мафҳуми «инсондўстӣ» ё худ «одамият»-ро аз диди хеш баҳо додааст. Саъдӣ гуманисти бузурги замони худ буд. Таълимоти иҷтимоиву педагогии ў саршор аз ғояҳои инсондўстию инсонпарварист. Саъдӣ ҳамеша дар бачагон аз хурдсолӣ тарбия намудани ҳурмати волидайн, ба бенавоён, пирон, беморону ятимон ҳисси эҳтиром ва раҳму шафқат карданро ҷонибдорӣ мекард.

Саъдӣ пеш аз ҳама ба кўдакони ятиму бенаво ғамхорӣ намуданро вазифаи муҳими инсондўстӣ ҳисоб кардааст. Чуноне, ки дар боби дуюми «Бустон» навиштааст:

Чу бини ятиме сарафканда пеш,
Мадеҳ бўса бар рўи фарзанди хеш.
Ятим ар бигўяд, ки нозаш харад,
В-ар хашм гирад, ки бораш барад…
Ба раҳмат бикун обаш аз дида пок,
Ба шавқат биафканаш аз чеҳра хок.
Агар сояи худ бирафт аз сараш,
Ту дар сояи худ парвараш.

Саъдӣ ба инсон накукорӣ карданро яке аз фазилатҳои муҳими инсонӣ мешуморад. Бинобар ин аз хурдсолӣ дар рўҳи накукорӣ тарбия карданро вазифаи муҳими волидайн, омўзгорон донистааст.

Принсипи гуманистӣ муносибати фардии раванди педагогиро ба назар гирифта, дар маркази раванди таълиму тарбия на барномаю китоби дарсӣ, балки шахсияти хонанда талабот ва майлу раuбати ӯро яке аз шартҳои асосии худ медонад. Нисбати тарбияи гуманистӣ истифодаи шаклҳои фаъолияти муфиди талабагон ба монанди таъсис додани осорхонаи таърихӣ ва кор ҷустуҷӯи қаҳрамонҳои дар ҷангҳо ба шаҳодатрасида мукотиба бо авлодони қаҳрамонҳо, поси хотири гузаштагон ва uайраҳо аҳамияти калони тарбиявии инсонпарварӣ доранд. Дар шароити кунунӣ дар муассисаҳои таълимӣ масъалаи гуманизм зимни омўзиши фанҳои таълимӣ, чорабиниҳои тарбиявӣ бештар матраҳ мегардад. Аз он ҷумла, дар тарбияи хонандагони синфҳои ибтидоӣ моҳияти гуманистӣ доштани мазмуни фанҳои таълимӣ боиси рушди сифатҳои ахлоқию инсондўстии шогирдон мегардад. Албатта, дар ин ҷода аз осори мутафаккирони тоҷику форс баҳравар шудан айни муддаост.

Список литературы

  1. Атахонов Т., Лутфуллоев М., Шарифов Ф. Очеркҳои афкори педагогӣ. – Душанбе, 2005. – 228 с.
  2. Афзалов Х., Раҳимов Б. Таърихи педагогикаи халқи тоҷик. – Душанбе, 1994. – 190 с.
  3. Ашурова Д., Аҳмадов Т. Иффат мизони қиммат. – Душанбе, 2014. – 128 с.
  4. Лутфуллоев М. Эҳёи педагогикаи аҷам. – Душанбе, 1997. – 198 с.
  5. Орифӣ М. Аз таърихи афкори педагогии халқи тоҷик. – Душанбе, 1962. – 143 с.
  6. Рӯдакӣ. Шеърҳо. Тартибу тавзеҳи У. Каримов ва С. Саъдиев. – Душанбе: Ирфон, 1974. – 217 с.

Поделиться

138

Мансурзода Н. М. Использование гуманистических идей персидско-таджикских мыслителей в воспитании младших школьников // Цифровизация общества: трансформация повседневных практик и исследовательских перспектив : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 30 сентября 2024г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2024. С. 54-57. URL: https://apni.ru/article/10158-ispolzovanie-gumanisticheskih-idej-persidsko-tadzhikskih-myslitelej-v-vospitanii-mladshih-shkolnikov

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Другие статьи из раздела «Педагогика и психология»

Все статьи выпуска
Актуальные исследования

#47 (229)

Прием материалов

16 ноября - 22 ноября

осталось 5 дней

Размещение PDF-версии журнала

27 ноября

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

10 декабря