Главная
АИ #50 (232)
Статьи журнала АИ #50 (232)
Сравнительный анализ особенностей перевода прилагательных в английском и таджикс...

Сравнительный анализ особенностей перевода прилагательных в английском и таджикском языках

Рубрика

Филология, иностранные языки, журналистика

Ключевые слова

сопоставительный анализ
особенности перевода прилагательных
английский и таджикский языки

Аннотация статьи

В данной статье рассматривается сопоставительный анализ особенностей перевода прилагательных в английском и таджикском языках. Отмечается, что исследуемая тема является одной из актуальных в сравнительном языкознании. 

Текст статьи

Дар радифи масъалаҳои лексикӣ, услубӣ ва дигари тарҷума мушкилиҳои марбут ба дастури забон ё худ грамматика низ дар раванди тарҷума нақши муҳим доранд. Аксарияти мушкилоти лексикии тарҷумаро дар асоси маъно ва тобишҳои маъноии калима ва воҳидҳои дигари луғавӣ бо истифода аз фарҳангҳои луғоти дузабона ва хусусияти матн то андозае метавон ҳаллу фасл намуд, вале агар тарҷумон аз нозукиҳои грамматикии воҳидҳои забон хуб огоҳ набошад, дар фаъолияти худ метавонад ба душвориҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардад. Дар адабиёти илмӣ-назариявӣ тақвияти гуфтаҳои болоро мушоҳида кардан мумкин аст, чунончи: “Ҷанбаи грамматикии тарҷумаро ҳангоми ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли масъалаҳои тарҷума асосӣ шуморидан лозим аст, зеро маҳз ҳамин ҷиҳат стратегияи тарҷумаро бо роҳи таҳлили сохтор ва функсияи воҳиди забон муайян месозад” [4, 5].

Мушкилиҳои грамматикии тарҷумаро шартан ба ду гуруҳи калон ҷудо кардан мумкин аст, аз ҷумла: а) мушкилиҳои марбут ба шаклҳои грамматикӣ ё худ хусусияти морфологии калимаҳо. Аз ин лиҳоз, агар хуб донистани махсусиятҳои морфологии ҳиссаҳои нутқ як масъала бошад (шаклҳои гуногуни ҳиссаҳои номии нутқ, шаклҳои замонии феълҳои тасрифшаванда, хусусияти грамматикии шаклҳои тасрифнашандаи феъл ва ғ.), дарк карда тавонистани шаклу мазмуни категорияҳои грамматикии онҳо ҳангоми корбандӣ дар ҳолати мушаххас масъалаи дигар аст, ки ҳар ду аҳамият доранд; б) мушкилиҳои марбут ба синтаксис ё худ ҷумлабандӣ ва барои худ дуруст фаҳмида тавонистани хусусияти сохтории ҷумлаҳо. Ин гуруҳи мушкилиҳо низ ду ҷанбаи асосӣ доранд. Дар ин бобат гуфтаҳои Мечковская Н. Б. тақвиятгари ин фикрҳост: “Раванди омӯзиши забони англисӣ нишон медиҳад, ки сабаби як идда мушкилоти тарҷума «ба таври кофӣ дарк нашудани муносибатҳои байни унсурҳои гуногуни таркиби ҷумла (субйектӣ, предикативӣ, муайянкунандагӣ, сабаб, мақсад, шартӣ ва ғ.) - и забон мебошад» [3, с.79]. Бояд ёдовар шуд, ки грамматикаи ҳар забон “асоси он забонро ташкил медиҳад” [4, с.203].

Дар мавридҳои зиёд сифати забони англисӣ бо чанд исми дигар якҷоя омада метавонад, дар ҳоле ки вазъият дар забони тоҷикӣ дигаргун аст ва тарҷумаи таҳлулафзӣ дар ин ҷо роиҷ нест. Мисол: a bad headache - “дарди сахти сар”, a bad mistake – “хатогии дағал”, a bad joke-шӯхии ногувор, бемаврид.

Дар луғатҳо одатан мисолҳое оварда мешаванд, ки сифатҳо бо исмҳо дар шаклҳои гуногун алоқаманд шуда меоянд, вале фарҳангҳои луғот ҳамаи ҳолатҳои истифодаи сифатро бо исм фаро гирифта наметавонанд. Дар ҳолатҳои ҷудогона, ҳатто вақте ки сифати забони англисӣ дар забони тоҷикӣ муодили худро дошта бошад, ҳангоми тарҷума тарҷумонро зарур меояд, ки бинобар хусусияти бо ҳам омадани сифат бо исм сифатро бо калимаҳои дигар иваз намояд. Масалан, ба сифати public забони англисӣ дар луғатҳои англисӣ-тоҷикӣ калимаҳои “ҷамъиятӣ”, “оммавӣ” мушоҳида мешаванд: public career – карйераи ҷамъиятӣ, public opinion – афкори ҷамъиятӣ; public scandal – моҷароҳои ҷамъиятӣ. Вале калимаи public бо калимаҳои loud public applause бо маънои “ҳамагонӣ” меояд – дасткӯбиҳои баланди ҳамагонӣ.

Мушкилиҳои марбут ба тарҷумаи сифат боз дар он зоҳир мегарданд, ки дар баъзе мавридҳо аз нигоҳи синтаксис онҳо муносибатҳои атрибутивиро ифода намуда, аз нигоҳи маъно муносибатҳои адвербиалиро ифода мекунанд. Мисол: Frost was succeeded by a rapid thaw. - Сардиро гармӣ зуд иваз кард. Дар ҷумлаи асл rapid дар шакли сифат омада, дар тарҷума мавриди таҳвили тарҷумавӣ (трансформатсия) қарор гирифта, дар шакли зарф омадааст. Мисоли дигар: At the age of eighteen Charles earned an honest living. – Дар синни ҳаждаҳсолагӣ Чарлз барои зиндагии худ виҷдонан пул кор мекард.

Дар бисёр мавридҳо тарзи истифодаи сифати забони англисӣ ба тарзи истифодаи сифати забони тоҷикӣ рост намеояд. Ин ҳолат алалхусус дар истифодаи сифатҳои ифодакунандаи номҳои ҷуғрофӣ бараъло мушоҳида мегардад. Масалан: Australian prosperity was followed by a slump. – Пас аз шукуфоии иқтисодии Австралия буҳрон сар зад. Western ministers – Вазирони кишварҳои Ғарб. Anglo-French aims in the Middle East were not realised [2]. Нақшаҳои Англия ва Франсия нисбат ба Ховари Миёна амалӣ нагардиданд.

Ин гуна номувофиқатӣ дар истифодаи сифат бо нуктаи боло маҳдуд намегардад. Мисолҳои дигарро дида мебароем: Cotton capitalism [2] – капитализм дар саноати нассоҷӣ.

Мушкилоти дигарро барои тарҷума сифатҳое эҷод мекунанд, ки аз сифати феълии замони гузашта ифода ёфтаанд. Масалан: An attempted overthrow in Ethiopia [2] - Кӯшиши анҷом додани табодулоти давлатӣ дар Эфиопия; A long and unprotested delay in the work of the Parliamentary Commission. – Таъхири тӯлонӣ дар кори комиссияи парлумонӣ, ки ҳеҷ гуна эътирозро ба вуҷуд наовард; a blitzed city– шаҳре, ки мавриди ҳамлаҳои ҳавоии олмониён қарор гирифтааст. Дар ин гуна ҳолатҳо бинобар набудани сифатҳои монанд аз рӯи сохтор аз тарҷумаи тасвирӣ истифода мегардад.

Бинобар тарзҳои гуногуни пайвастшавии сифат бо исм дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ дар ибораи sullen revolt сифати sullen бо ҳиссаи нутқи дигар, яъне исм тарҷума мешавад, ки маънои наздик дорад. Маънои сифати sullen “дилгир”, “хашмгин” дар ин маврид аз ҳама беҳтар бо исми “норозигӣ” тарҷума мешавад. Ин мисол собит месозад, ки дар ин гуна мавридҳо ҳангоми тарҷума усули таъвизи муносиб истифода гардад.

Сифати феълӣ дар якҷоягӣ бо пайвандаки while дар аксари мавридҳо бо феъли шахс ё феъли ҳол тарҷума мешавад. Қайд кардан зарур аст, ки while метавонад ҳам муносибати замонӣ ва ҳам муносибати хилофиро ифода намояд ва мутаносибан ба ҳамон маъноҳо тарҷума гардад: While claiming that miners' wages had been raised by five shillings during that period, he admitted that they were still lagging behind rising prices [2]. Ду тарҷумаи ин ҷумла роиҷ аст: 1) Ҳарчанд ӯ изҳор намуд, ки маоши куҳканҳо дар ин давра панҷ шиллинг афзудааст, бо вуҷуди ин ӯ эътироф намуд, ки он (маош) аз болоравии нархҳо қафо мемонад. 2) Афзоиши маоши куҳканҳоро ба панҷ шиллинг дар ин давра тасдиқ намуда, бо вуҷуди ин ӯ эътироф кард, ки он ҳанӯз ҳам аз болоравии нархҳо қафо мемонад.

Ба забони муосири англисӣ муайянкунандаҳои бо сифатҳои таркибӣ ифодаёфта хеле мансубанд, ки унсури дуюми онҳоро сифатҳои феълии замони гузашта ташкил медиҳанд. Дар баъзе мавридҳо чунин муайянкунандаҳо бо муайянкунандаҳои забони тоҷикӣ мувофиқат мекунанд, ки бо калимаҳои таркибӣ ё ду воҳиди луғавӣ ифода ёфтаанд. Масалан: The long-expected reform. – Ислоҳоти деринтизор. Much-advertised policy. – сиёсати ба таври васеъ таблиғшаванда. Дар мавридҳои дигар ин гуруҳи муайянкунандаҳо бо роҳҳои дигар тарҷума мешаванд: Torydirected policy. – сиёсате, ки аз ҷониби консерваторон идора мешавад; A State Department controlled minority. – Ақалияти миллие, ки зери назорати Департаменти давлатӣ қарор дорад; Не travels so much that he has become train-minded.- Ӯ он қадар зиёд саёҳат мекунад, ки ба ҳама чиз бо чашми мусофир нигоҳ мекунад.

Таҳлили тарҷумаи сифат вобаста ба хусусиятҳои дигари он ба монанди вазифаҳои синтаксисӣ, категорияҳои грамматикӣ ва ғайра аз манфиат холӣ нест, ки мавзӯи таҳқиқоти ҷудогонаро оид ба мушкилоти грамматикии тарҷума дар доираи забонҳои мавриди назар ташкил хоҳад дод.

Список литературы

  1. Бузаджи Д. М. Техника перевода. Сборник упражнений по переводу с английского языка на русский язык. Грамматические аспекты перевода / Д. М. Бузаджи, А. С. Маганов. – М.: Р. Валент, 2007. – Часть I. – 208 с.
  2. Захираи интернетӣ. URL: http://www.norma-tm.ru/library1_2.html
  3. Мечковская Н. Б. Общее языкознание. Структурная и социальная типология языков: учеб. пособие для студентов филологических и лингвистических специальностей / Н. Б. Мечковская. – 4-е изд., испр. – М.: Флинта: Наука, 2006. – 312 с. 
  4. Слепович В. С. Настольная книга переводчика с русского языка на английский язык = Russian-English Translation handbook / В. С. Слепович. – 3-е изд. – Минск: ТетраСистемс, 2008. – 203-304 с. 
  5. Сулейманова О. А., Беклемешева Н. Н., Карданова К. С. и др. Грамматические аспекты перевода: учеб.пособие для студ. филол. илингв. фак.вузов. – М.: Издательский центр «Академия», 2010. – 240 с.

Поделиться

29

Осимова Ш. Б., Содикова Р. А. Сравнительный анализ особенностей перевода прилагательных в английском и таджикском языках // Актуальные исследования. 2024. №50 (232). Ч.I.С. 79-81. URL: https://apni.ru/article/10822-sravnitelnyj-analiz-osobennostej-perevoda-prilagatelnyh-v-anglijskom-i-tadzhikskom-yazykah

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Актуальные исследования

#51 (233)

Прием материалов

14 декабря - 20 декабря

осталось 3 дня

Размещение PDF-версии журнала

25 декабря

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января