Востоковедческие работы Эдварда Денисона Росса

Секция

Филологические науки

Ключевые слова

ориенталистские работы
Эдвард Денисон Росс
литературные произведения

Аннотация статьи

В данной статье рассматриваются вопросы ориенталистского творчества Эдварда Денисона Росса.

Текст статьи

Адабиёти сарзамини Эрон аз матолиби дигаре аст, ки Деннисон Росс ба он таваҷҷуҳи хоса дошт. Маҳорати ӯ ба забонҳои форсӣ ва арабӣ ба дараҷҷае расида буд, ки ҳатто барои нақд ва арзёбии адабиёт ва шоирони форсизабон низ даст задааст ва дар ин замина, боби охирини асари "Эрон ва эрониён"-ашро ба он бахшидааст. Росс дар ин боб адабиёти тоисломии эрониро аз "китобҳои муқаддаси зардуштӣ, забони Авестои бостонӣ, ки ба санскрит наздик аст ва тафсири ин китобҳо ба забони паҳлавӣ ё забони асримиёнагии Эрон" ташкил додааст. Инчунин Денисон Росс дар ин боб аз Рӯдакӣ ёдовар шуда, ашъори Рӯдакиро, ки бар Наср бинни Аҳмади Сомонӣ асари амиқ гузошта, боиси тарки Ҳирот ва ба Бухоро шуд, нақл мекунад. Ҳамчунин оиди ҳаёту зиндагии Анварӣ, Хайём, Низомӣ, Хоқонӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва Ҷомиро муаррифӣ мекунад.

Дигар аз муҳимтарин асарҳояш дар ҷаҳони форсӣ ё бешубҳа пажӯҳишаш дар бораи шоирони форсизабон ва осори онҳо, ин “Catalogue of the Arabic and Persian manuscripts in the library of the Calcutta Madrasah” (Феҳристи дастхатҳои арабӣ ва форсӣ дар китобхонаи мадрасаи Калкутта) ном дорад ва ин асари беҳамто дар соли 1905 дар Ҳиндустон аз тарафи Bengal secretariet book depot (Хазинаи дастхатҳои Банголия) мунташир шудааст. Китоби мазкур феҳрист буда, дорои 116 саҳифа мебошад ва метавонад аз ташаккули шарқшиносӣ дар байни донишмандони Ҳиндустон шаҳодат диҳад. Ин аввалин феҳристест, ки аз ҷониби як муҳаққиқи ҳиндӣ омода шудааст ва тахминан аввалин феҳристи китобхонаи ҳиндӣ мебошад.

Дар гузашта шумораи зиёде ба ном феҳристҳое мавҷуд буданд, ки аз ҷониби муҳаққиқони Ҳиндустон омода карда мешуданд, аммо ин феҳристҳо рӯйхатҳо ё сабтҳои ном надоштанд ва дар онҳо маҳз он ҷузъиёте, ки олимони дунё талаб мекарданд вуҷуд надошт ва дастраси ҳамагон набуд. Бояд ёдовар шуд, ки то имрӯз бештари адабиёти арабу форс танҳо дар шакли дастхат вуҷуд дорад ва бисёре аз муҳимтарин асарҳо дар ҳарду забон ҳамагӣ дар як ё ду нусха мавҷуданду халос. Феҳристи мазкур метавонад ду ҳадафро дар якҷогӣ иҷро кунад, пеш аз ҳама, он бояд дастур оид ба мундариҷаи маҷмӯа бошад, ки дар бештари феҳристҳо ин кор дида намешавад.

Сониян, он бояд маълумоти библиографӣ ва таърихиро ба олимоне, ки худашон ба китобҳо дастрасӣ надоранд, таъмин намояд. Ҳамин тариқ, ҳар як феҳристи дастхатҳо бояд дониши ҳар шахсро дар бораи адабиёт зам кунад. Дастхатҳои арабӣ ва форсӣ, ки дар китобхонаи ҷамъиятии Шарқии Банкипур маҳфузанд. Сарчашмаи китобхона ба Мавлавӣ Муҳаммадбахшхон тааллуқ дорад, ки пас аз маргаш дар моҳи июли соли 1876 маҷмӯаи чаҳорсад ҷилдро аз худ гузоштааст. Дар соли 1891, вақте ки дари китобхона барои шавқмандону хонандагон кушода шуд, дар он қариб чор ҳазор нусха дастхат мавҷуд буд.

Шумораи дастхатҳо ҳоло бештар аз шаш ҳазорро ташкил медиҳад. Ин иловаҳои баъдӣ комилан аз писари Мавлавӣ Муҳаммадбахшхон, Баҳодур Мавлавӣ Калмадабахшхон дар китобхона ба мерос мондааст. Эдвард Деннисон Росс дар муқаддимаи феҳрист гуфтааст: “Чунин рӯй дод, ки чанде пас аз омаданам ба Ҳиндустон ман имтиёз пайдо кардам, ки бо Ҷаноби Олӣ Лорд Керзон, китобхонаи Банкипурро, ки аз ҷониби Худобахшхон таъсис ёфтааст, дидан кунам ва бо маҷмӯаи аҷиби дастхатҳои арабӣ ва форсӣ ошноӣ пайдо намоям. Азбаски онҳо ба таври дуруст феҳрист нашудаанд, дар Аврупо қариб оиди онҳо маълумоте нест, гарчанде ки он дар байни уламои мусулмони Ҳиндустон маълуму машҳур аст. Ман ҳеҷ мушкилие надоштам, ки лорд Керзон барин як сарпарасти бузурги донишмандро бовар кунонам, оиди омода кардани феҳрасти хубе барои ин Китобхона ва бо хоҳиши ӯ ҳукумати Банголия барои ба ин мақсад ноил шудан маблағ ҷудо кард. Қадами муҳими навбатӣ пайдо кардани донишмандон барои ба вазифа ва омӯзонидани онҳо бо усулҳои феҳристи аврупоӣ буд.

Дар байни мусулмонони дар Калкатта таҳсилкарда ду ҷавонеро пайдо кардам, ки дорои малака, тахассус ва завқи зарурӣ буданд: Мавлавӣ Камолиддин Аҳмад барои забони арабӣ ва Мавлавӣ Абдулмуқтадир ба форсӣ. Ниҳоят тасмим гирифта шуд, ки ду мавлавӣ (лақаби уламо ва донишмандони бузург) барои тартиб додани феҳристи дастхатҳои арабӣ ва форсӣ таъин шуданд, қабл аз оғози кор онҳо дар курси шашмоҳаи омӯзиши усулҳои феҳристи аврупоӣ таҳти роҳбарии ман гузаранд. Барои харидани котолугҳои асосии аврупоӣ маблағҳои саховатмандона ҷудо карда шуданд ва ин ду муҳаққиқ бо ин феҳристҳо дар пешашон чӣ лозим буд, хеле зуд омӯхтанд. Ман барои ин ҷавонмардон ба ҷуз феҳристи маҷмӯаи хурди дастхатҳои арабӣ ва форсӣ дар Китобхонаи Мадраса ягон роҳи беҳтаре барои омӯзиш таҳия карда наметавонистам.

Дар соли 1904 ин донишҷӯёни ҷавон аз давраи мунтазами омӯзиш гузаштанд ва дар ҷараёни он дар мадрасаи Калкутта феҳристи дастхатҳои арабӣ ва форсиро омода карданд, ки соли 1905 нашр шуд. Ман бовар дорам, ки донишмандон лоиҳаи мазкурро бо вуҷуди айбу нуқси зиёдаш, ба Мавлавӣ Камолиддини Аҳмад ва Абдулмуқтадир хеле эътимодбахш медонанд. Ҳарчанд ман худам чанд бор ин феҳристро ҳангоми аз матбуот гузаштан аз нав дида баромадам, вале қасдан хеле кам ислоҳ кардам, зеро фикр кардам беҳтар аст, ки мураттибон масъулиятро пурра ба дӯш гиранд ва тамоми эътибор ва бовариро ба он равона кунанд.”

Чи хеле ки дар боло зикраш рафт, феҳраст дорои 116 саҳифа мебошад, ки аз он 59 саҳифааш пурра ба феҳристи асарҳои арабӣ ва 57 саҳифаи дигараш ба феҳристи асарҳои форсӣ бахшида шудааст. Забони котолугро сезабона низ гуфтан мумкин аст: англисӣ (асосӣ), арабӣ ва форсӣ. Асари мазкур бо муқаддимаи Э.Д.Росс, ки дар ҳаҷми 4 саҳифа бо рақамбандии римӣ оғоз мегардад. Сипас феҳристи номи одамон ва асарҳо бо тартиби алифбои форсӣ оварда шудааст, дар кадом саҳифа дарҷ гардидани ному асар муайян гардидааст ва ҳатто рамзе ба монанди ситорача (*) низ дарҷ ёфтааст, ки маънои тасодуфан зикр шуданро дорад. Ин қисмати феҳраст аз нав бо рақамҳои натуралӣ саҳифабандӣ гардидааст, ки шумораи номи одамон ба 493 нафар расида, дар 24 саҳифа ҷойгир шудааст. Миқдори феҳрасти асарҳо бошад ба 271-то расидааст, ки саҳифаҳои 25-38 дарбар гирифтааст. Аз қабили "Тавсири Куръон" – 10 асар, саҳифаҳои 1-5, "Анъанаҳо" – 6 асар, саҳифаҳои 6-8,. "Ҳуқуқ ва принсипҳои он"– 25 асар, саҳифаҳои 9-24, "Теология"– 4 асар, саҳифаҳои 24-25, "Теософия-Суфизм" - 3 асар, саҳифаҳои 26-28, "Фалсафаи зеҳнӣ ва табиӣ" м 3 асар, саҳифаҳои 28-29, "Мантиқ – Дедуксия" – 3 асар, саҳифаҳои 29-31, "Риторика" – 5 асар, саҳифаҳои 31-33, "Грамматика" – 11 асар, саҳифаҳои 33-37, "Этимология" – 3 асар, саҳифаҳои 37-38, "Лексикология" – 7 асар, саҳифаҳои 39-43, "Таърих" – 4 асар, саҳифаҳои 44-47, "Тиб" – 3 асар, саҳифаҳои 47-48, "Поэтика" – 9 асар, саҳифаҳои 48-53, "Дастхатҳои мавзӯашон омехта" – 2 асар, саҳифаҳои 53-55, "Математика" – 2 асар, саҳифаҳои 55-57 ва "Асарҳои омехта" – 3 асар, саҳифаҳои 57-59 дарҷ ёфтаанд ва ҳамаи асарҳо бо рақамгузории римӣ ҳисоб карда шуда, ҳамагӣ 103 (CIII) адад расида, бо ҳамин бахши дастхатҳои арабӣ ба итмом расидааст. Дар байни асарҳо ҷолибтарин дар ин маҷмӯа ба назар гирифта шудаанд, ба инҳо таваҷҷӯҳ кардан мумкин аст:

№ 265. Нусхаи нодири «Шаҳаншоҳнома», ки дар он достони шеърии Султон Муҳаммади Турк(А.II. 1003-1012) мавҷуд аст. № 266, "Девон"-и Мулло Ҳасанбеги Аҷзии Табрез; № 283, "Девон"-и Васлй; № 331, "Девон"-и Яҳёи Кошӣ; № 329, "Девон"-и Зафархон Аҳсан; № 342, "Куллиёт-и Соиби Исфаҳонӣ, ки ҳашт сол пеш аз маргаш дар хонаи худаш дар Исфаҳон навишта шудааст.

Ҳамин тавр аҳамияти феҳрасти Эдвард Денисон Росс бағоят калон буда, дар зинда нигоҳ доштани шоирон ва ашъори онон нақши назаррасро ифо менамояд. Дар шарҳу ҳоли шуарои зикршуда гӯшае аз одобу русуми рӯзгорашон мушоҳида мешавад, ки баъзе нуктаҳои муҳими иҷтимоиву сиёсии он давраҳоро равшан месозад.

Список литературы

  1. Catalogue of the Arabic and Persian manuscripts in the library of the Calcutta Madrasah (Bengal secretariat book depôt, 1905), also by Calcutta (India). Madrasah college. Library, Abdul Muqtadir, Kamal al-Din Ahmad, and Bengal (India), p.120.
  2. Catalogue of the Arabic and Persian manuscripts in the Oriental public library at Bankipore. Bengal secretariat book depôt: Calcutta, 1908, p. 256.
  3. Galambos. Touched a Nation's heart: Sir E. Denison Ross and Alexandre Csoma de Koros. Journal of the Royal Asiatic Society (Third Series) 21.3 (2011): 366
  4. Manwaring G. E.: Introduction, The Diary of Henry Teonge Chaplain on Board HM's Ships Assistance, Bristol and Royal Oak 1675-1679. The Broadway Travellers. Edited by Sir E. Denison Ross and Eileen Power. London: Routledge, 1927, pp. 1 ff.
  5. Gibb Memorial Series, iranicaonline.org.
  6. Jennifer Scarce. Persian Art through, the Eyes of Nineteenth-Century Travellers. BSOAS 8. 1981.
  7. Lock, Helen (9 February 2016). One hundred years of Soas – in pictures. The Guardian – via www.theguardian.com.

Поделиться

42

Турдиева Н. Х., Шамсиддинова Н. Р. Востоковедческие работы Эдварда Денисона Росса // Роль образования и науки в эпоху быстро меняющихся технологий : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 14 апреля 2025г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2025. С. 11-14. URL: https://apni.ru/article/11719-vostokovedcheskie-raboty-edvarda-denisona-rossa

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru
Актуальные исследования

#16 (251)

Прием материалов

19 апреля - 25 апреля

осталось 7 дней

Размещение PDF-версии журнала

30 апреля

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

14 мая