Главная
АИ #32 (267)
Статьи журнала АИ #32 (267)
Активные методы обучения по кредитной системе

Активные методы обучения по кредитной системе

Рубрика

Педагогика

Ключевые слова

активные методы обучения
кредитная система
качество образования
самостоятельные навыки

Аннотация статьи

Активные методы обучения в кредитной системе считаются одним из важных элементов повышения качества образования. Они реализуются в целях активизации студента в процессе обучения и развития его навыков самостоятельной работы.

Текст статьи

Дар доираи низоми кредитӣ, нақши устод на танҳо ҳамчун манбаи интиқоли дониш, балки ҳамчун роҳнамо ва ҳамкори фаъоли донишҷӯ муайян мешавад. Устод бо истифода аз усулҳои инноватсионӣ ва интерактивӣ, аз қабили муҳокимаҳо, лоиҳаҳои гурӯҳӣ, таҳлилҳои амалӣ ва омӯзиши ҳолатҳо (case study), донишҷӯёнро водор месозад, ки дар дарс фаъолона иштирок намуда, таҷрибаи амалӣ ва қобилияти фикрронии интиқодиро инкишоф диҳанд.

Бартарии асосии методҳои фаъоли таълим дар низоми кредитӣ дар он аст, ки онҳо имконият медиҳанд донишҷӯ аз қабулкунандаи ғайрифаъол ба шахси фаъол ва масъул табдил ёбад. Ин раванд на танҳо дониш ва малакаҳои касбиро тақвият мебахшад, балки қобилияти мустақилона таҳлил кардан, ҳалли мушкилот пайдо намудан ва қабули қарорҳои дурустро низ инкишоф медиҳад. Аз тарафи дигар, устод вазифадор аст, ки муҳити омӯзиширо ба шакле ташкил намояд, ки донишҷӯро ба омӯзиши мустақилона ва ҷустуҷӯйи дониши нав ҳавасманд созад.

Татбиқи самараноки методҳои фаъоли таълим дар низоми кредитӣ инчунин ба мутобиқшавии таҳсилот бо талаботи ҷаҳонишавӣ мусоидат мекунад. Ин имкон медиҳад, ки мутахассисони оянда на танҳо дар доираи донишҳои назариявӣ, балки дар амал низ омода бошанд, то дар бозори меҳнат рақобатпазир бошанд. Ҳамин тариқ, методҳои фаъоли таълим воситаи асосии баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди малакаҳои зеҳнӣ ва касбӣ, ҳамчунин ташаккули шахсиятҳои мустақил ва эҷодкор ба шумор мераванд.

Методҳои фаъоли таълим тибқи низоми кредитӣ тафсилот бо мақсади баланд бардоштани сифати дарси устод талаб менамояд, ки вобаста ба тараққиёти равандҳои инноватсионӣ ва ҷаҳонишавии таҳсилот боис гардидани воситаҳо ва усулҳои нави омӯзиш дар раванди таълимро ҷоннок намояд.

Қайд кардан зарур аст, ки низоми кредитии таҳсилот мавқеи донишҷӯ ва устодро дар раванди таълим таъсир медиҳад. Вазифаи устод дар асоси ҷустуҷӯ роҳҳои мукаммалсозии сифати тайёр намудани мутахассисон вобаста ба пешрафти равандҳои инноватсионӣ ва ҷаҳонишавии таҳсилот мутобиқ шудааст. Талаботи асосии методҳои фаъоли таълим дар низоми кредитии таҳсилот донишҷӯ аз қабулкунандаи ғайрифаъол ба иштирокчиёни фаъол табдил ёбад. Устод вазифаи роҳбаладиро ба ӯҳда гирифта дар ҳолатҳои зарурӣ ҳамкориро устувор мекунад.

Устод аз манбаи интиқоли иттилоот ба самти роҳнамоӣ пайгирӣ мекунад. Бартарии низоми кредитии таҳсилот дар он аст, ки он мунтазам мукаммалсозии маҳорати педагогӣ, баланд бардоштани касбият ва мубодилаи донишҷӯ барои ба таври фаъол, мустақилона аз худ намудани донишу малака ва ҷамъ намудани таҷрибаҳои зеҳнӣ, ниёзҳои касбомӯзӣ ва манфиатҳо аст, ки самаранокии навоварӣ вобаста ба тағйирот дар раванди дарс ба рушди фикрронии донишҷӯён баҳо додан мумкин аст [4, с.33].

Методист М.Т. Студентникин қайд кардааст, ки таҷрибаи зеҳнӣ ва рушди он дар раванди мустақилона фаъолият намудан таъсиррасонист ва ангезиши хотираи донишҷӯ мустаҳкам мешавад [5, с.44].

Дар дарс бо методҳои фаъол раванди зеҳнии донишҷӯ хуб ба назар мерасад. Пешравти илму техника ва технологияи дарсдиҳӣ аз устод талаб менамояд, ки ҳаҷми иттилоотии ҳатмиро бо таҷдиди нав талаб намояд. Қайд кардан зарур аст, ки ташаккул додани шахсият ва инкишофи сифатҳои фикрронии мустақил аз худ намудани сели иттилооти нав ва малакаи ҳифзи он дар хотира ба вуҷуд меояд. Асоси ташаккули хотира ин завқ аст.

Дар раванди дарсҳои фаъол устодро зарур аст, ки завқи ташаккул додани хотираро бо маводҳо таълимӣ бо тағйир додани намуди самти омӯзиш ҷамъбасти натиҷаи кории донишҷӯро нишон дода тавонад. Метод калимаи лотинӣ буда, дар фарҳанги забони тоҷикӣ усул, тарз, ёридиҳанда ва дар фарҳанги англисӣ бо тоҷикӣ равиш, шева, роҳ, тариқа маънидод шудааст.

Нақши методҳои фаъоли таълим дар низоми кредитӣ дар ташаккули шахсият ва мустақиқлияти донишҷӯ замина эҳё мекунад [3, с.14]. Вобаста бо хусусиятҳои маводи таълимӣ омӯзгор метавонад методҳои фаъолро дар низоми кредитӣ истифода барад. Якчанд намуди методҳои фаъоли дарсдиҳиро дар низоми кредитӣ муайян мекунем, ки дар натиҷаи истифодаи он аз таҷриба ва самараҳои хуб ноил гардидем. Қайд кардан зарур аст, ки қонуниятҳои методи фаъоли таълим бояд риоя карда шавад.

  1. Ҳамкории устоду донишҷӯ
  2. Муваффақ шудан ба мавқеият ва имконият
  3. Дар ҳамаи лаҳзаҳои омӯзиш имконият фароҳам овардан
  4. Инкишофи қобилияти дохилӣ
  5. Инкишофи малакаи фикрронӣ [2, с.12].

Таълим ба методи фаъол, мунтазам, мақсаднок бошад. Устод дар ташаккулдиҳии мустақилиятии донишҷӯ роҳнамоӣ кардан аст. Дар системаи кредитӣ дар фаъол кардани донишҷӯ устод метавонад бо усулҳои лоиҳавӣ, ва мубоҳиса таҷрибаи зеҳнии донишҷӯёнро ташаккул медиҳад.

Ангезиши зеҳн - яке аз методҳои фаъол буда, инкишофи қобилияти зеҳниро дучанд менамояд. Дар ҳаллли масъалаҳои мураккаб ва гуногун бо воситаи ангезиши зеҳн иҷро карда мешавад. Методи ангезиши зеҳн (ҳуҷуми зеҳнӣ - brain storming) фаврӣ ҳал кардани масъалаҳои дар асоси сохтани қобилиятҳои эҷодӣ ки ишторикчии муҳокима ақидаи худро бо бисёр вариантҳои ҳалли масъала, аз ҷумла вариантҳои ғайриоддӣ ҳал мекунад.

Ангезтшт зеҳн - ин:

  • Методи навгонӣ дар ҳал кардани масъалаҳо
  • Максимум пешниҳоди ғояҳо дар вақти кӯтоҳ
  • Осон баён кардан, фазои эҷодкорӣ, худро қонеъ кардан
  • Набудани танқидкунӣ
  • Инкишофи ғояҳои худи шахс ва намудҳои он [5, с.143].

Қайд кардан зарур аст, ки дар ангезиши зеҳн ҳама вариантҳои гуфташударо қабул намуда, беҳтаринашро интихоб намуда, дар амал тадбиқ кардан аст. Ангезиши зеҳн дар марҳилаи вориднамоӣ истифода бурда мешавад. Он бо мақсади ба хотир оварии ва фаъол гардонии донишҳои мавҷудии донишҷӯён ва бедор намулани шавқу ҳавас нисбат ба ахбороти нав истифода мешавад.

Мақсади асосии ангезиши зеҳн:

  • гирдоварии андешаҳо
  • ба вуҷуд овардани вазъияти ҷустуҷӯъ
  • фаъолгардонии донишҷӯ дар ҷараёни дарс [5, с.125].

Методҳои фаъоли таълим тибқи низоми кредитӣ аз ҳар як омӯзгор тақозо менамояд, ки дар раванди таълим аз ӯҳдаи истифодаи техналогияи иттилоотию коммуникатсионӣ барояд [1, с.30]. Ҳамзамон самараи истифодаи технологияи муосири таълимро аксарияти омӯзгорони фаъолу эҷодкор, шогирдон ва волидайн дар раванди ҷустуҷӯҳои эҷодкорона кайҳо дарк кардаанд ва теъдоди зиёди устодон онҳоро пурра ё лаҳзаҳои алоҳидаи онҳоро имрӯз истифода намуда, ба натиҷаҳои дилхоҳ комёб мегарданд.

Илова бар ин, методҳои фаъоли таълим тибқи низоми кредитӣ ба рушди истеъдод, қобилиятҳои тафаккурию зеҳнӣ, бахусус маърифатнокии илмии техникӣ, фарҳангӣ, молик гардидан ба қобилияти фикронии мустақилона ва озод ба таври мусбӣ мусоидат мекунад. Методҳои фаъоли таълим тибқи низоми кредитӣ ба раванди азхудкунӣ ва бунёди дониш дар ҷараёни ин гуна дарсҳо, ки аз дониши қаблӣ (таҳкурсӣ), шарҳу тафсири маводи нави таълим, мушоҳида ва хулосаҳои худи донишҷӯ маншаъ мегирад, сурат мегирад.

Методҳои фаъоли таълим тибқи низоми кредитӣ дар ҷараёни таълиму тарбия заминаи воқеии инкишоф ва истифодаи имкониятҳои интеллектуалиро барои ҳар як донишҷӯро тақозо мекунад.

Список литературы

  1. Акимова И.В. Организация модульного обучения у студентов: Организация модульного обучения. Library.pguas.ru. 2015.
  2. Вербицкий А.А. Активное обучение в высшей школе: контекстный подход. – М.: Высшая школа, 2010 – с. 35.
  3. Соловьева Н.Н. Сущность модульного подхода // Эпоха науки №6, 2018.
  4. Шамова Т.И. Модульное обучение: сущность, технология «Педагогика», 2014. – №5. – с. 29-32.
  5. Ҳошимова Ш.Ф., Маҳмудов О., Рааҳматова М. Методикаи таълими таърих. Хуҷанд, 2024.

Поделиться

176

Хошимова Ш. Ф. Активные методы обучения по кредитной системе // Актуальные исследования. 2025. №32 (267). Ч.II. С. 70-72. URL: https://apni.ru/article/12851-aktivnye-metody-obucheniya-po-kreditnoj-sisteme

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Другие статьи из раздела «Педагогика»

Все статьи выпуска
Актуальные исследования

#39 (274)

Прием материалов

27 сентября - 3 октября

Остался последний день

Размещение PDF-версии журнала

8 октября

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

22 октября