Тарҷума вазифаи пурмасъулият дорад – интиқоли маъно, сохтор ва услуби матни асл ба забони дигар бо ҳадафи ҳифзи таъсири коммуникативӣ. Дар аксари ҳолатҳо тарҷумон наметавонад воҳидҳои забонии матни аслро бидуни тағйир ба забони мақсад интиқол диҳад. Барои ҳамин, дар амали тарҷума таҳвил (тағйир) – яъне истифодаи усулҳо ва роҳҳо барои мутобиқсозии матн – зарур мешавад. Дар назарияи тарҷума таҳвилҳоро маъмулан ба луғавӣ, грамматикӣ ва омехтаи луғавӣ-грамматикӣ ҷудо мекунанд.
Мақсади ин мақола он аст, ки таснифи таҳвилҳои луғавӣ ва грамматикӣ, омилҳои таъсиргузор ба онҳо ва таҷрибаҳои амалиро дар тарҷумаи англисӣ тоҷикӣ баррасӣ намояд.
Таҳвилҳои луғавӣ онгунаи тағйиротанд, ки дар сатҳи калима, ибора ё истилоҳ коркард мешаванд. Онҳо вақте заруранд, ки воҳиди матни асл дар забони мақсад баробарии воҳидӣ надорад.
Муҳаққиқи рус В.Е. Комиссаров дар асари худ “Назарияи тарҷума” таҳвилҳои луғавӣ ва анвои онро чунин баррасӣ намудааст: транскрипсия, транслитератсия, калка, мушаххасгардонӣ, умумигардонӣ, модулятсия, тарҷумаи муқобил, ҷуброни мазмун, илова ва ҳазф кардан [7, саҳ. 174-175].
Л. С. Бархударов низ мушаххасгардонӣ ва умумигардониро ҳамчун шаклҳои асосии таҳвилҳои луғавӣ таъкид кардааст [2, саҳ. 210]. Мисол: Ибораи англисӣ: “a two decker metal container”. Тарҷумаи тоҷикӣ: «ду зарфи дутабақа». Инҷо тарҷумон бо истифодаи мушаххасгардонӣ ва ивази ибора ҷои зоҳиршуда «як зарфи дуқабата»-ро баён кардааст.
Таҳвилҳои грамматикӣ тавассути коркард дар сохторҳои грамматикӣ, синтаксис ва ҳиссаҳои нутқ амалӣ мешаванд. Я.И. Ресткер онҳоро ба тағйири кулл ва тағйири ҷузъ ҷудо мекунад [17, саҳ. 127-128]. Забоншинос Ҷ.К. Кетфорд дар назарияи тарҷумааш се шакли таҳвили грамматикӣ пешниҳод кардааст: Structure shift (ҷойивазкунии сохторӣ); Class shift (ҷойивазкунии синфӣ); Unit shift (ивази дараҷа); Intra system shift (ҷойивазкунии дохилии системавӣ).
Мисол: Дар тарҷумаи ҷумлаи англисӣ ба тоҷикӣ шакли тарзи феълӣ ба мафъулӣ ва баръакс иваз шудааст: “You will own all world” → «Ту молики тамоми олам мегардӣ» [22].
Дар амал, аксар тарҷумаҳо таҳвилҳоро омехта истифода мебаранд: вақте як тағйир ҳам луғавӣ ва ҳам грамматикӣ аст. Масалан, воҳиде, ки дар англисӣ исм аст, дар тарҷума бо ибора ё феъл ифода мешавад – ин ҳамлу микдори ду намуди таҳвилро дорад.
А. Д. Швейтсер дар асари хеш таҳвилҳоро мувофиқи сатҳ ва дараҷа тасниф мекунад [21, саҳ. 159-160]:
- Сатҳи валентнокии маъноӣ – истифодаи воҳидҳои гуногуни морфологӣ ва синтактикии забони мақсад
- Сатҳи прагматикӣ – ҷуброни мазмун, ивази васоили услубӣ
- Сатҳи нисбӣ – мушаххасгардонӣ, умумигардонӣ, ивази реалияҳо
- Сатҳи услубӣ – маҳдуд ё густариши маъно, истифодаи эллипсис ва ихтисор.
Инро метавон бо мисоли ибораҳои бадеӣ равшан намуд – ҳарчанд чунин тағйирот баъзан ба мавзӯъ ва унсурҳои услубӣ таъсир мерасонанд.
Шакли грамматикӣ, сохтор ва маҳдудиятҳои забони мақсад метавонанд интихоби таҳвилро маҳдуд созанд. Тарҷумон бояд мутобиқати грамматикӣ ва морфологии забонро ба назар гирад.
Урфу одати иҷтимоӣ, рамзҳои фарҳангӣ ва арзишҳои миллӣ бояд дар тарҷума ба эътибор гирифта шаванд, то хонанда бо матни тарҷумашуда ҳамоҳангӣ ҳис кунад.
Тарҷумон бояд ба нигоҳи хонанда ва таъсири эҳсосӣ, ки дар матни асл мавҷуд аст, таваҷҷӯҳ кунад. Дар интихоби таҳвилҳо бояд ҳамроҳи забонӣ ва фарҳангӣ, омили равонӣ (коммуникативӣ-прагматикӣ) низ ба назар гирифта шавад.
Намунаи истифодаи иқтибосҳо дар матн:“The boy had brought them in a two decker metal container …” → «Писарак ғизоро дар ду зарфи дутабақа оварда буд…» (иштибоҳ дар тарҷума; бояд «як зарфи дуқабата» ё «зарфи дуқабата» бошад) “That’s very kind of you, the old man said. Should we eat?” → «Хеле заҳмат кашидӣ, гуфт пирамард. Мехӯрем?» “You’ll not fish without eating while I’m alive.” → «То даме ки ман зиндаам, ғизо хӯрда моҳигирӣ хоҳӣ кард.» “We must offer up her calf too, for your sake and that of your brothers.” → «Мо бояд гӯсолаашро низ ба хотири ту ва бародаронат қурбонӣ кунем.» “Let her calf, too, be used as alms of deliverance for us.” → «Бигзор гӯсолааш низ ба ҳайси садақаи наҷот бароямон истифода шавад».
Дар ҳар як иқтибос тарҷумон тағйиротҳои луғавӣ, грамматикӣ ва услубиро истифода кардааст, то ҳам мазмун ва ҳам таъсири матни асл дар тарҷума ҳифз гардад. Дар тарҷумаи бадеӣ таҳвилҳои омехта аксар вақт истифода мешаванд – тақрибан 60-70% таҳвилҳо дар матнҳо ҳолат мегиранд. Барои муайян кардани таҳвили калидӣ, тарҷумон бояд ба дараҷаи зарурият, сохтори забонӣ ва зарурияти коммуникативӣ таваҷҷӯҳ кунад. Таҳлилу муқоиса байни тарҷумаҳои гуногун метавонад нишон диҳад, ки кадом таҳвилҳо дар контексти махсус мавқеъи ҳалкунанда доранд.
Аз баррасии назариявӣ ва мисолҳои тарҷума бармеояд, ки таснифи таҳвилҳои луғавӣ ва грамматикӣ як мавзӯи мураккаб ва чандҷанба аст. Ҳеҷ гуна таснифи ягона ва универсалӣ вуҷуд надорад, ва дар таҷрибаҳои тарҷума аксар вақт таҳвилҳои луғавӣ, грамматикӣ ва функсионалӣ дар якҷоягӣ истифода мешаванд. Ҳангоми тарҷума тарҷумон бояд омилҳои забонӣ, фарҳангӣ ва равонӣ-муоширатиро ба назар гирад ва интихоб кунад, ки кадоме аз таҳвилҳо беҳтар ба ҳифзи муодилӣ, мазмун ва таъсири коммуникативӣ мусоидат мекунанд.