Главная
Конференции
Цифровая революция: трансформация образования, экономики и коммуникаций
Лексико-семантический анализ арабских слов в «Найноме» (первая глава) «Маснавии ...

Лексико-семантический анализ арабских слов в «Найноме» (первая глава) «Маснавии маънави» Джалал ад-Дина Балхи

16 января 2026

Секция

Филологические науки

Ключевые слова

мистический шедевр
лингвистические и культурные тексты
влияние арабского языка

Аннотация статьи

«Маснавии маънави» – это не только мистический шедевр, но и один из наиболее полных лингвистических и культурных текстов исламского мира, в котором отчетливо прослеживается влияние арабского языка, мысли и культуры.

Текст статьи

“Маснавии маънавӣ” на танҳо шоҳасари ирфонӣ ва тасаввуфӣ, балки яке аз мукаммалтарин матнҳои забонӣ ва фарҳангии ҷаҳони ислом аст, ки дар он таъсири забон андеша ва фарҳанги арабиро метавон ба таври равшан мушоҳида кард. Зеро Ҷалолиддини Балхӣ ҳамчун донишманд, ориф ва суханвари мутафаккир, дар муҳите офарида шудааст, ки забони арабӣ натанҳо забони илм ва ирфон, балки забони Қуръон, ҳадис ва тамоми маорифи фикрии мусулмонон маҳсуб меёфт. Аз ҳамин сабаб “Маснавии маънавӣ” махсусан боби аввали он “Найнома” аз вожаҳои иқтибосии арабӣ саршор аст ва ҳар як вожаи арабӣ дар он нақши пурмаъно дорад. Ин вожаҳо барои ифодаи мафҳумҳои ирфонӣ, ишқӣ, рӯҳӣ ва маънавӣ нақши марказӣ дорад:

Бишнав аз най, чун ҳикоят мекунад,
В-аз ҷудоиҳо шикоят мекунад.

Дар байти боло калимаҳои арабииحكاية" ба маънои ирфонӣ -яъне “набудан, ҷудоӣ ва сӯзу гудози рӯҳӣ”-ро ба воситаи най “ҳикоят кардан” маънидод менамояд. Ҳикоят дар ин ҷо ба маънои “баён кардани сирри ботин” омадааст. Ва вожаи арабии “шикоят” азشكي" реша мегирад. Маънои аввалиндараҷаи он “гила, дардошноӣ” дар тасаввуф шикоят-маънои “нишонаҳои дарунӣ аз фироқи Ҳақ”-ро дорад. Ҷалолиддини Балхӣ бо овардани ин калима нишон медиҳад, ки най аз ҷудоии инсон аз ҷаҳони маънавӣ нола мекунад, на танҳо аз ранҷи моддӣ:

К-аз найистон то маро бубридаанд,
Дар нафирам марду зан нолидаанд.

Дар ин ҷо калимаи “нафир” аз забони арабӣ نفير" буда, маънои “садо, фиғон, нола”-ро дорад, онро барои ифодаи нолаи мавҷудоти олам аз ҷудоӣ меорад ва ҳамин калима мазмуни байтро ба пояи ирфонӣ мебарад:

Сина хоҳам шарҳа-шарҳа аз фироқ,
То бигӯям шарҳи дарди иштиёқ.

Аз байти дар боло овардашуда, калимаҳои “шарҳа-шарҳа”, “шарҳа” ва “иштиёқ” калимаҳои арабӣ буда, “шарҳа-шарҳа” аз арабӣ ба маънои “пора-пора” ҷудошуда аз асл аст, ки бо ин калима мӯҳтавои ирфонии байтро қавитар мекунад. Синаи пора-пора аз фироқ танҳо бо дард ва иштиёқ пур мешавад ва вожаи дигар “иштиёқ” аз арабӣاشتياق" ба маънои “шӯру шавқ, тамоюл, ормони сахт” омадааст. Ин калима рамзи оташи ботинист, ки сӯфӣ барои вохӯрӣ бо ҳақиқат дорад. Иштиёқ на як ҳавас, балки оташи маънавиёт аст:

Ҳар касе, ки ӯ дур монд аз асли хеш,
Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш.

Вожаи “асл” аз забони арабӣأصل" маънои “бунёд, реша, маншаъ” дорад. Дар тафсири ирфонии Ҷалолиддини Балхӣ “асл” ба маънои Худо, ҳақиқати мутлақ меояд. Ин калима тамоми асоси фикри Балхиро нишон медиҳад. Инсон аз асли худ ҷудост ва калимаи “васл”, وصل" ба маънои “пайвастан” омада, дар байт маънои “бозгашт ба Худо”-ро дорад:

Ман ба ҳар ҷамъияте нодон шудам,
Ҷуфти бадҳолону хушҳолон шудам.

Дар ин ҷо калимаи “ҷамъият” аз забони арабииجمعية" гирифта шуда, ба маънои “маҳфил, гурӯҳ, ҷомеа” омадааст. Балхӣ мегӯяд, ки дар ҳеҷ “ҷамъият” оромӣ наёфт, зеро дарди ӯ дарди маънавиёт, на иҷтимоӣ аст:

Ҳар касе аз занни худ шуд ёри ман,
Аз даруни ман наҷуст асрори ман.

Аз байти боло калимаҳои “занн” ва “асрор” аз калимаҳои арабииظنّ" ва أسرار гирифта шудааст, бо “занн” ба маънои “гумони шахсӣ, тасаввури зоҳирӣ” омадааст. Яъне ҳар кас Балхиро (ё ҳақиқатро) аз рӯи ақл, андеша, ҷаҳонбинӣ ва ҳолати худ фаҳмид, на аз рӯи ҳақиқати ботинӣ. “Асрор” дар байти боло ба маънои “сирри маънавӣ, маърифати илоҳӣ ва розҳои дарунӣ” омадаст:

Сирри ман аз нолаи ман дур нест,
Лек чашму гӯшро он дур нест.

Калимаи “сирри”аз калима арабииسرّ" буда, маънои “роз, баёни пинҳон” -ро дорад. Сир яке аз мафҳумҳои калидии тасаввуф аст. Ҷалолиддини Балхӣ бо ин калима мегӯяд, ки ҳақиқат назди инсон аст, аммо чашму гӯш аз нураш маҳруманд:

Тан зи ҷону ҷон зи ман мастур нест,
Лек касро диди ҷон дастур нест.

Калимаи “мастур” дар байт аз арабӣ مستور ба маънои “пинҳон, пӯшонида” мебошад. Тан ва ҷон аз ҳам ҷудо нестанд, аммо ҳақиқати робитаи онҳо барои касе пӯшидатар аст. Ин калима маънои ҷисмонӣ ва рӯҳониро якҷоя нишон медиҳад. Ва калимаи “дастур” аз забони арабӣدستور" гирифта, ба маънои “рухсат, иҷозат” омада, дар байт маънои иҷозати илоҳӣ барои дарк ва дидани ҷон гуфта шудааст:

Оташи ишқ аст, к-андар най фитод,
Ҷӯшиши ишқ аст, к-андар май фитод.

Дар байти боло “ҳариф” аз калимаи арабииحريف" омадааст ва маънои “ҳамнишин, ҳамсуҳбат, дӯст”- ро дорад. Дар истилоҳи Балхӣ, ҳариф касест, ки руҳи ҷудошуда бо ӯ дар муносибати маънавӣ аст:

Ҳамчу най заҳреву тарёқе ки дид?
Ҳамчу най дамсозу муштоқе кӣ дид?

Калимаи “тарёқ” аз забони арабӣ "ترياق" ба маънои “даво, нӯшдору” омадааст. Тарёқ дар байт зидди калимаи “заҳр” омадааст, най ҳам заҳр аст, зеро аз ҷудоӣ мегӯяд ва ҳам тарёқ аст, зеро дардаш шифои ҷон мегардад:

Най ҳадиси роҳи пурхун мекунад,
Қиссаҳои ишқи маҷнун мекунад.

Дар байти боло зикршуда калимаҳои “ҳадис”, “қисса” аз забони арабӣ “حديث” “قصة” омада шудааст. Калимаи “ҳадис” маънои “баён, ривоят” аст. Калимаи “қисса” бошад, низ маънои “ривоят, ҳикоя, нақл” омадааст. Қисса дар ин байт синоним (ҳаммаъно)-и ҳадис мебошад:

Маҳрами ин ҳуш ҷуз беҳуш нест,
Мар забонро муштарӣ ҷуз гӯш нест.

Дар ин байт калимаи “муштарӣ” аз забони арабӣ مشتري" гирифта шудааст. Муштарӣ ба маънои “қабулкунанда, шунавандаи ҳақиқӣ” омадааст. Яъне танҳо гӯш метавонад, муштарии сухан бошад:

Дарнаёбад ҳоли пухта ҳеҷ хом,
Пас, сухан кӯтоҳ бояд, вассалом!

Калимаи “вассалом” дар байти охир як ибораи арабӣ буда, маънои “ин ҷо итмом ёфт сухан”-ро дорад. Ин ибора хоси навиштаҳои мазҳабӣ ва ирфонист. Ҷалолиддини Балхӣ бо он ишора мекунад, ки ҳақиқат баъзан кӯтоҳ ва равшан аст. Ин вожа асосан ифодакунандаи анҷоми баҳс меояд.

Аз таҳлили байтҳои боло бармеояд, ки Ҷалолиддини Балхӣ вожаҳои арабиро на ба таври тасодуфӣ, балки бо нияти бадеӣ ва ирфонӣ истифода бурдааст. Танҳо дар чанд байти аввал наздики понздаҳ вожаи муҳими арабӣ ба кор рафтаанд, ки ҳар яке дар сохтани маънои ирфонӣ ва фалсафии маснавӣ нақши бузург доранд. Истифодаи калимаҳои арабӣ дар “Найнома” барои ифодаи мафҳумҳои калидии тасаввуф - ишқ, фироқ, сирр, нафир, занн, ҳадис, тарёқ - зарур будааст. Ин калимаҳо бо шарофати пасманзари исломӣ ва ирфонӣ фавран ба шунавандаи асрҳои миёна таъсири маънавӣ мерасонанд.

Ҷалолиддини Балхӣ аз захираи луғавии арабӣ барои ифодаи ҳолатҳои фано, ишқ, фироқ, сӯзиш ва ҷустуҷӯи маънавӣ истифода бурдааст. Дар баробари ин, мавҷудияти калимаҳои арабӣ дар “Маснавӣ” нишони омехташавии забонӣ форсӣ-тоҷикӣ бо забони мавъиза, фиқҳ ва ирфони исломӣ ташаккул ёфта буд. “Найнома” – муқаддимаи тамоми “Маснавӣ” ва ин ҷо шоир тамоми диди ҷаҳоншиносӣ ва ирфонии худро баёни рамзӣ мекунад, ба ҳамин хотир калимаҳои арабӣ, ки дорои борҳои мазҳабӣ ва маънавии қавӣ ҳастанд, нақши калидӣ мебозанд. Ҳар як калимаи арабӣ ба мисли “асл”, “ишқ”, ”васл”, “сирр”, “иштиёқ”, “тарёқ” ва дигарҳо мазмунҳои ирфониро ба шакли дақиқтару ғолибтар мерасонанд.

Бо ин ҳама метавон гуфт, ки таҳлили луғавӣ-семантикии калимаҳои арабӣ дар “Найнома” на танҳо ба фаҳмиши мазмунҳои ирфонии “Маснавӣ” кӯмак мекунад, балки равобити фарҳангӣ ва забонии давраи Балхиро низ равшан месозад. Забони Ҷалолиддини Балхӣ – забони комилан омехтаи ҳастии форсӣ ва рӯҳи арабӣ аст ва ин омезиш яке аз муҳимтарин вижагиҳои ҷаҳонбинии ирфонии ӯст.

Список литературы

  1. Абдуллоев, Абдусалом. Унсурҳои арабӣ дар забони адабии тоҷик. – Душанбе: Дониш, 2012.
  2. Балхӣ (Румӣ), Ҷалолиддин. Маснавии маънавӣ. Дафтари аввал. – Теҳрон: Амири Кабир, 1995.
  3. Деҳхудо, Алиакбар. Луғатнома. Ҷилдҳои интихобӣ. – Теҳрон, 1984.
  4. Маҷаллаи «Номаи донишгоҳ». Силсилаи илмӣ ба номи факултети филология. – Хуҷанд: ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, 2015.
  5. Султонӣ, Тоҷибой. Вожаҳои арабӣ дар «Маснавии маънавӣ». – Хуҷанд: Нури маърифат, 2019.
  6. Фарҳанги забони тоҷикӣ. Ҷилд 1-2. – Душанбе: Сарредаксияи Энсиклопедияи миллӣ, 2008.
  7. Фурӯзонфар, Бадеъуззамон. Шарҳи Маснавии шариф. Ҷилди 1. – Теҳрон: Амир Акбар, 1987.

Поделиться

3

Суфиева С.. Лексико-семантический анализ арабских слов в «Найноме» (первая глава) «Маснавии маънави» Джалал ад-Дина Балхи // Цифровая революция: трансформация образования, экономики и коммуникаций : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 16 января 2026г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2026. URL: https://apni.ru/article/14197-leksiko-semanticheskij-analiz-arabskih-slov-v-najnome-pervaya-glava-masnavii-maunavi-dzhalal-ad-dina-balhi

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Другие статьи из раздела «Филологические науки»

Все статьи выпуска
Актуальные исследования

#4 (290)

Прием материалов

17 января - 23 января

осталось 7 дней

Размещение PDF-версии журнала

28 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

4 февраля