Главная
Конференции
Цифровая революция: трансформация образования, экономики и коммуникаций
Психологические и педагогические основы организации команды младших школьников и...

Психологические и педагогические основы организации команды младших школьников и ее роль в формировании личности

Секция

Педагогика и психология

Ключевые слова

социальное развитие личности
коллектив
этап развития
самостоятельность
процесс социализации

Аннотация статьи

В данной статье автор дает информацию о педагогико-психологических основах и роли коллектива в социализации младших школьников и исследует проблему.

Текст статьи

Дар ҷаҳони муосир муаммои рушди иҷтимоии насли наврас яке аз масъалаҳои мубрамтарин маҳсуб ёфта, волидайну омӯзгорон аз ҳарвақта бештар ба кӯдаконашон ғамхорӣ зоҳир намуда истодаанд ва мехоҳанд, ки онҳо хушбахт, оқил, меҳрубону муваффақ бошанд. Маҳз аз синни кӯдакӣ камолот, ба воярасӣ оғоз мешавад ва ба муҳити иҷтимоии тағйирёбанда мувофиқу мутобиқ шудану шахсияти худро дар байни одамони дигар шинохтан (пайдо кардан) ба вуқуъ меояд. Рушди иҷтимоӣ равандҳои иҷтимоию фардикунониро ба ҳам мепайвандад ва кӯдакро на танҳо дар олами объективӣ, балки тавассути муошират бо калонсолон ва ҳамсолони наздик ба фазои иҷтимоии муносибатҳо фаро мегирад. Дар ин бобат махсусан, марҳилаҳои аввали инкишофи кӯдак, ки пояҳои робита ва муносибатҳои иҷтимоӣ бо ҷомеа гузошта шуда, ташаккули иҷтимоии ӯ ба амал меояд, аҳамияти хоса касб мекунад. Қобилияти муошират, бунёд ва нигоҳ доштани муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориву ҳамзистӣ бо одамон, дар маҷмуъ ҷузъҳои зарурии шахсияти ҳамаҷониба инкишофёфта ва гарави солимии равонии инсон мебошад. Педагог ва файласуфи амрикоӣ Жон Дьюи чунин таъкиде дошт: "Мактаби нағз хубу мактаби болаёқат хеле олӣ аст, аммо кӯдак бояд ба ҳаёт низ омода бошад».

«Синни хурди мактабӣ давраи ҷаббидан, захира кардан ва азхудкунии олами атроф мебошад. Иҷрои бомуваффақияти ин вазифаи муҳим хусусиятҳои барои кӯдакони ин синну сол хос: итоаткорию боварӣ ба калонсолон, баланд будани ҳоҳиш ва қобилияти қабул кардан, бодиққат будан, муносибати содалавҳона ба бисёр чизҳое, ки онҳо дучор мешаванд, мусоидат мекунад» ва ин андешаро олими намоёни рус, доктори илмҳои равоншиносӣ, профессор Н. С. Лейтес ҳамин тавр тавсиф мекунад [3, с. 14].

Баробари ба мактаб дохил шудан тамоми сохтори ҳаёти кӯдак, реҷаи ӯ тағйир меёбад ва бо одамони гирду атроф, махсусан, бо муаллим муносибатҳои муайяне ба вуҷуд меояд. Одатан, мактаббачагони хурдсол талаби муаллимро бечуну чаро иҷро карда, бо ӯ баҳс намекунанд ва ин ҳолат барои онҳо хеле хос аст. Онҳо баҳо ва таълимоти муаллимро бо камоли боварӣ қабул мекунанд, ба тарзи фикрронӣ, нутқ ва ҳатто оҳанги ӯ тақлид мекнамоянд. Агар ҳангоми дарс супориш дода шавад, он гоҳ бачаҳо дар бораи мақсади кори худ фикр накарда, онро бодиққат иҷро мекунанд. Итоаткории мактаббачагони хурдсол ҳам дар рафтор, ки дар байни онҳо вайронкунандагони интизомро ёфтан душвор аст ва ҳам дар худи раванди таълим, ки онҳо чиро ва чӣ тавр таълим медиҳанд, як чизи одӣ мешуморанд ва барои мустақилнокӣ талош намекунанд, ба мушоҳида мерасад. Гузашта аз ин, боварӣ, итоаткорӣ ва ҷолибият ба муаллим, новобаста аз сифати шахсии муаллим дар кӯдакон зуҳур мекунанд. Хусусияти мазкур, ки марҳилаи муайяни инкишофи синну соли кӯдакро инъикос мекунад, ҷиҳатҳои қавӣ ва заифи худро дорад. Хусусиятҳои равонӣ, аз қабили боварӣ ва масъулиятшиносӣ шарти ҳатмии бомуваффақияти таълиму тарбия мебошанд. Дар баробари ин, итоаткории мутлақ ба салоҳияти омӯзгор, беандешона иҷро намудани дастуру супоришҳои ӯ метавонад ба раванди таълиму тарбия таъсири манфӣ расонад.

Иҷтимоишавӣ - ин раванди азхудкунии малакаҳои зарурии кӯдак барои ҳаёти пурарзиш дар ҷомеа мебошад. Баръакси дигар мавҷудоти зинда, ки рафтори онҳо аз ҷиҳати биологӣ муайян карда мешавад, инсон ҳамчун мавҷудоти биосотсиологӣ барои зинда мондан ба раванди иҷтимоишавӣ бештар ниёз дорад. Ба ақидаи Н.Д. Никандров ва С.Н. Гавров «…иҷтимоишавӣ таъсири бисёрҷониба ва аксаран гуногунсамтии ҳаётро дар бар мегирад, ки дар натиҷаи он шахс «қоидаҳои бозӣ»-ро, ки дар ҷомеаи муайян қабул шудааст, меъёрҳо, арзишҳо ва модели рафтори аз ҷониби ҷомеа тасдиқшударо меомӯзад» [3, с. 26].

Дар ибтидо иҷтимоишавии шахс дар оила сурат мегирад ва танҳо баъд дар ҷомеа идома меёбад. Иҷтимоишавӣ чун раванд ва ҳамчун натиҷа ба назар гирифта мешавад. Моҳияти иҷтимоӣ аз он иборат аст, ки дар ин раванд шахс ҳамчун узви ҷамъияте ташаккул меёбад, ки ӯ ба он тааллуқ дорад, ҳамкории кӯдак бо омӯзгор барои пайвастани кӯдак ба олами иҷтимоӣ, асосҳои рафтор, муносибат бо ҳамсолон, бо бегонагон нигаронида шудааст. Нишондиҳандаи омодагии кӯдак ба таҳсил ин «мавқеи ботинии хонанда» мебошад ва омезиши эҳтиёҷоти маърифатии кӯдак ва зарурати ишғоли мавқеи иҷтимоии нисбатан болиғро муаррифӣ мекунад. Мавқеи нави кӯдак дар ҷомеа - мавқеи хонанда бо пайдоиши фаъолияти ҳатмӣ, аз ҷиҳати иҷтимоӣ аҳамиятнок, назоратшаванда буда, ба фаъолияти таълимӣ хос аст. Хонанда бояд ба низоми қоидаҳои он итоат кунад ва барои вайрон кардани талаботи онҳо ҷавобгар бошад. Ҳамин тариқ, вазъияти нави иҷтимоӣ кӯдакро ба ҷаҳони қатъиян стандартии муносибатҳо ворид намуда, аз ӯ талаб мекунад, ки озод, масъулиятшинос ва боинтизом бошад. Мактаббачаи хурдсол инчунин ҳуқуқҳои нав пайдо мекунад: ҳуқуқ ба муносибати эҳтиромона аз ҷониби калонсолон, ҳуқуқ ба таҳсил, ҷой барои фаъолият, лавозимоти мактабӣ ва ғайра. Ҷидду ҷаҳд, интизомнокӣ, муваффақият ё нокомии кӯдак ба тамоми системаи муносибатҳои ӯ бо калонсолон ва ҳамсолон таъсир мерасонад. Агар гӯем, ки иҷтимоишавии кӯдак аз мактаб оғоз мешавад, комилан нодуруст аст, зеро иҷтимоишавии онҳо аз оила, сипас боғча оғоз шуда, дар мактаб идома меёбад [3, с. 29].

Оғози мактаб на танҳо оғози раванди таълим аст, кӯдак дар ин раванд субъекти иҷтимоӣ мегардад, уҳдадориҳоеро ба дӯш мегирад, ки иҷрои онҳо бо баҳодиҳии муваффақияти вай аз берун алоқаманд аст ва маҳз дар ҳамин ҷо иҷтимоишавии мактаббачагон шуруъ мегардад. Дар ибтидои омӯзиш хонандагон саргарми фаъолияти нав шуда, ба муҳити атроф одат мекунанд, ки дар он ба ғайр аз нуфузи калонсолон, ки омӯзгор намояндагӣ мекунад, ҳамсолон низ пайдо мешаванд. Хонанда баҳодиҳии самаранокии фаъолияти худро меомӯзад, дар бораи он ки барои муваффақ шудан дар раванди таълим чӣ кор кардан лозим аст, таассуроти аввалинро мегирад.

Ҳамчунин, кӯдакон ба арзёбии берунаи амалҳои худ хеле бошиддат муносибат мекунанд. Муваффақиятҳои мунтазами аз ҷониби калонсолон тавсифшуда воситаи муҳимми иҷтимоисозӣ барои мактаббачагон мегардад, вале танқиди аз ҳад зиёди фаъолияти онҳо метавонад барои кам шудани шавқу рағбати онҳо нисбат ба омӯзиш шуда бошад.

Раванди таълим руҳияи кӯдакро тағйир дода, ба ӯ масъулиятро барои аъмоли худ меомӯзонад ва инчунин ба ӯ имкон медиҳад, ки дар муҳити нави иҷтимоӣ ба муваффақиятҳои аввалин ноил шавад. Бо вуҷуди ин дер ё зуд, таҳсил дилгиркунанда мешавад ва дар раванди иҷтимоишавии мактаббачагон афкори ҳамсолон нақши бештар касб мекунад, ки аксар вақт ба муваффақияти таълим чандон рабте надорад. Замоне фаро мерасад, ки аксари кӯдакон дар байни ду “қутб” қарор мегиранд. Аз як тараф, андешаи калонсолон ва дастовардҳо дар раванди таълим, ки аллакай хеле дилгиркунанда аст ва аз ҷониби дигар, хоҳиши шомил шудан ба гурӯҳи ҳамсолон ва бегона набудан, яъне “ботаник” нашудан, ки бо ӯ касе муошират намекунад, мушоҳида мешавад. Бисёр муаммоҳои иҷтимоишавии мактаббачагон маҳз бо зарурати ҷустуҷӯи роҳҳои аз ин вазъият баромадан алоқаманданд. Маҳз дар мактаби ибтидоӣ кӯдак модели рафтори иҷтимоиро интихоб мекунад, ки баъдан номгӯи мушкилотеро, ки хонанда бояд бо онҳо рӯ ба рӯ хоҳад шуд, муайян мекунад.

Мушкилоти душвортарин дар иҷтимоишавии мактаббачаҳои хурдсол инҳоянд: таҳаммулнопазирӣ нисбат ба ҳамсолони дигар (агар кӯдак то андозае аз дигарон фарқ кунад); риоя накардани қоидаҳои асосии бехатарӣ (дар мактаб, дар шароити кӯча, қоидаҳои ҳаракат); қоидаҳои одоби муошират; набудани қобилияти ҳалли низоъ.

Новобаста аз он ки мо дар бораи иҷтимоикунонии кӯдак ҳар қадар гап мезанем, дар оила асосҳои иҷтимоишавӣ гузошта шуда, дар фаъолияти ихтиёрӣ, дар он чизе, ки кӯдак дар атрофаш мушоҳида мекунад, ба назар мерасад: амали калонсолон, рафтори онҳо, суҳбатҳо, амалҳои ҳаррӯза, ки бояд аз тарафи калонсолон ва падару модарон фикр карда шаванд ва (беихтиёр), баъзан махсус «моделронӣ» карда мешаванд, алоқамандии махсус дорад. Агар калонсолон танҳо ба шакли шифоҳӣ (фармоиш) талаб кунанд, ки кӯдак хонаро тоза кунад, зарфҳоро шӯяд, натиҷаи риояи баъзе қоидаҳо хеле паст хоҳад буд. Агар ин амалҳо дар якҷоягӣ иҷро карда шаванд, кӯдак кирдори калонсолонро мушоҳида мекунад, шууран онро қабулу баъдан ба онҳо тақлид менамояд ва ин вазъият метавонад натиҷаро тамоман тағйир диҳад.

Тавре ки аз гуфтаҳои боло дида мешавад, муассисаҳои таълимӣ дар иҷтимоишавии мактаббачагон нақши бузург доранд ва нодида гирифтани аҳамияти ин марҳилаи ҳаёти кӯдак метавонад ба оқибатҳои хеле вазнин оварда расонад. Аз ин сабаб, ба таври алоҳида баррасӣ кардани воситаҳои иҷтимоии мактаббачагони хурдсол ва кӯшиш кардан ба онҳо ба баъзе хусусиятҳо лозим аст.

Ҳангоми кор бо кӯдакон воситаи хеле муҳим таъсири доимии педагогӣ ба рафтор ва фаъолияти кӯдакон мебошад. Ва гап дар сари он намеравад, ки муаллим бояд кӯдаконро барои гуноҳашон ҷазо диҳад ва аз онҳо иҷрои вазифаи хонагиро талаб кунад. Омӯзгор бояд кӯшиш намояд, то ки мураббии бачагон шавад, роҳи дурустро нишон дода, муаммоҳои иҷтимоии мактаббачагонро, ки бо хамрох шудан ба коллективи нав алоқаманданд, самаранок ҳал карда тавонанд. Ин шояд яке аз усулҳои асосие бошад, ки ба кӯдакон таъсири муассир мерасонад, аммо аз омӯзгор кори ҳаррӯза ва кӯшиши ҷиддиро талаб мекунад.

Аз чунин тарзу усулҳои таълим, яъне супориш додан, одат кунонидан, ҳавасманд кардан, мусобиқа гузаронидан, шарҳу эзоҳ додан, намуна ё мисол овардан истифода намояд. Бо ёрии супоришҳо мактаббачагон барои иҷрои корҳои мусбат одат мекунанд. Кӯдаконро даъват мекунанд, ки ба аёдати дӯсти бемор раванд ва ба ӯ барои дарстайёркунӣ кумак расонанд, синфхонаро барои ҷашну идҳо оро диҳанд ва ғайра.

Одаткунонӣ як машқест, ки бошиддат иҷро карда мешавад. Он дар мавриде истифода мешавад, ки сифати заруриро зуд ва дар сатҳи баланд ба вуҷуд овардан зарур аст. Шарҳу эзоҳдиҳӣ усули таъсири эҳсосӣ ва шифоҳӣ ба хонандагон мебошад. Барои мактаббачагони хурдсол усулҳои ибтидоӣ ва воситаҳои фаҳмондадиҳӣ истифода мешаванд: «Бояд чунин рафтор кунед», «Ҳама ин корро мекунанд» [2, с. 16].

Намудҳои ҳавасмандкунӣ хеле гуногунанд: тасдиқ, ташвиқ, таъриф, миннатдорӣ, додани ифтихорнома, шаҳодатнома, туҳфаҳо ва ғайра.

Усули мусобиқа ба он асос ёфтааст, ки кӯдакон майли рақобат кардан ва афзалият пайдо намуданро доранд. Мусобиқаҳо дар дарсҳо ва дар чорабиниҳои беруназсинфӣ гузаронида мешаванд. Мусобиқа махсусан, барои онхое, ки заифанд, аҳамияти калон дорад, хонандагони сустхон натиҷаҳои худро бо комёбиҳои рафиқони худ муқоиса намуда, барои пешравӣ ҳавасмандии нав ба даст меоваранд ва бештар ҷидду ҷаҳд мекунанд.

Мисол ё намуна овардан усули таълими қудрати истисноидошта мебошад. Вақте дар бораи намуна ё мисол сухан меравад, аввал мисоли зиндаи одамони мушаххас – волидон, омӯзгорон, дӯстонро дар назар доранд. Аммо намунаи қаҳрамонон аз китобу филмҳо, шахсиятҳои таърихӣ, олимони барҷаста қудрати бузурги тарбиявӣ доранд.

Воситаи навбатӣ метавонад як навъ ташхис бошад, ки муаллим дар синфаш анҷом додааст. Омӯзгори ботаҷриба бо омӯхтани хислатҳои шахсии хонандагон, хислатҳои барҷастатарини характери онҳо, таъсири мусбат ва манфӣ ба кӯдак ва агар имконпазир бошад, шароити иҷтимоию зиндагии ӯро, ки барои иҷтимоишавии мусоидат мекунад, пешгӯӣ карда метавонад. Ин усул таҷрибаи зиёд, дониши психологӣ ва доираи васеи иттилоотро талаб мекунад, ки на ҳамеша дастраси омӯзгор аст. Бинобар ин, татбиқи он метавонад як қатор душвориҳоро пеш орад.

Ташкили фаъолияти ҷамъиятии бачаҳо боз як усули муҳиме шуда метавонад, ки бисёр масъалаҳои иҷтимоишавии онҳоро ҳал карда бошад. Фаъолияти ҷамъиятӣ метавонад хастагиро аз хониш коста гардонад, инчунин коллективи бачагон - ҳам хонандагони аълохон ва ҳам онҳоеро, ки дар таҳсил чандон комёб нестанд муттахид намуда, маҷбур месозад, ки вазифаҳои мушаххасро якҷоя иҷро кунанд. Шарти асосии истифодаи бомуваффақияти ин усул ҷалби кӯдакон ба ягон намуди фаъолият, кумак расонидан ба бартараф кардани ихтилофҳои ба вуҷуд омада, ташкили коллективи муттаҳид мебошад. Ба мактаббачагон фаҳмонидан лозим аст, ки мактаб на танҳо машғулиятҳои дилгиркунанда ва кори ҳаррузаи таълимӣ ҳаст, инчунин онҳо метавонанд дӯстони нав пайдо кунанд, вақтро ҷолиб ва шавқовар гузаронанд.

Ҳар як кӯдак мехоҳад, ки дар оянда ба муваффақиятҳои иҷтимоӣ ноил шавад. Синни хурди мактабӣ давраи дигаргуниҳо ва тағйироти мусбат дар тамоми соҳаҳои инкишофи равонӣ мебошад. Раванди иҷтимоишавӣ дар ин давра дар асоси инкишофи интенсивӣ ва бойшавии табиати иҷтимоии кӯдак сурат мегирад. Ҳар қадаре, ки хонанда дастоварди мусбат дошта бошад, мутобиқ шуданаш ба ҷаҳони муосир ҳамон қадар осонтар мешавад.

Ҳамин тариқ, иҷтимоишавии мактаббачагони хурдсол тавассути воситаҳои педагогӣ хеле мусоид буда, нисбатан тезтар барқарор шудани робитаҳо, дарки некбинии одамон мусоидат мекунад, изтироби иҷтимоиро аз байн мебардорад, мавқеи кӯдакро дар ҷомеа баланд мебардорад ва дар ҳама намуди фаъолият натиҷаҳои беҳтарро таъмин менамояд.

Дар қисмати таҷрибаи худ барои ташхиси ҳолати равонии хонандагони синфҳои ибтидоӣ санҷиши тасвирҳои ранга, ки онро А.О. Прохоров ва Г.Н. Генинг пешниҳод намудаанд, гузаронидем.

Натиҷаи ташхис

Дар синф 21нафар хонанда.

Фаъолнокӣ (фаъолшавӣ) – 64%
Хурсандӣ – 46%
Диққат – 64%
Орзу кардан – 9%
Хастагӣ – 27%
Дӯстӣ – 55%
Самимият – 64%
Бардамӣ – 64%
Эҳтиром – 18%
Ҳамдардӣ – 27%.

Аз натиҷаи ташхис маълум гашт, ки вазъи умумии мактаббачагони хурдсол хеле сабук ва хуш буда, нишондоди мазкур меъёри хоси ҳамин синну соли ҳаёти кӯдакон аст. Аммо, кам ё зиёд шудани чунин шароит ба он вобаста аст, ки кӯдак дар синф аст ё дар хона. Ҳолатҳое аз қабили хастагӣ ва хаёлпарастӣ, ки маънои манфӣ доранд, дар мактаббачагони хурдсол мувофиқи инкишофи синну сол зоҳир мешаванд. Зеро, ҳангоми ворид шудан ба мактаб кӯдакон худро дар муҳити нав пайдо мекунанд, ки мутобиқшавӣ ба он аксар вақт дар тамоми давраи мактаби ибтидоӣ сурат мегирад. Аз ин рӯ, волидайн ва омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ бояд ҳамеша ба ҳарфи кӯдак гӯш диҳанд ва ба вазъи ӯ баҳо диҳанд. Бояд гуфт, ки ҳолатҳои эмотсионалии мусбии ранга асосан барои болоравии қувва, кайфият, майли муошират ва оромӣ мусоидат мекунад.

Список литературы

  1. Васильева, З. И. История образования и педагогические мысли за рубежом и в России: учебное пособие для студ. высш. пед. заведений. – М.: Академия, 2001. – 416 с.
  2. Иванов, И. П. Энциклопедия коллективных творческих дел [Текст]: учебное пособие – М.: Педагогика, 1982. – 183 с.
  3. Иванов И. П. Воспитывать коллективистов [Текст]: из опыта работы школ Ленинграда и Ленинградской области. – М.: Педагогика, 1982. – 80 с.
  4. Коллективные творческие дела [Текст]: // Классный руководитель. – 2004. – № 2. – С. 37-47.
  5. Коджаспирова, Г. М. Педагогика [Текст]: Учебное пособие для студ. образоват. Учреждений сред. Проф. Образования – М.: Гуманитар. Изд. центр ВЛАДОС, 2004. – 35 с.
  6. Котов, В. В. Переход от группового к коллективному способу обучения[Текст]: // Начальная школа. – 1988. – № 10. – С. 76.
  7. Кулинич, Т. Г. Сценарии общешкольных и клубных мероприятий: 1-класс [Текст]: мозаика детского отдыха. – М.: ВАКО, 2006. – 176 с.
  8. Лутошкин, А. Н. Как вести за собой [Текст]: Старшеклассникам об основах организаторской работы. – М.: Просвещение, 1978. – 159 с.
  9. Луначарский, А. В. О народном образовании [Текст]: учебное пособиедля студентов высш. учеб. заведений – М.: 1958. – 445 с.
  10. Макаренко, А. С. О воспитании [Текст]: Сост. и авт. вступит. статьи В. С. Хеммендрик. – М.: Политиздат, 1990. – 415 с.
  11. Макаренко, А. С. Коллектив и воспитание личности [Текст]: учебное пособие для студентов высш. учеб. заведений. – Южный Урал. – 1988.
  12. Методика воспитательного процесса [Текст]: / Сост. Козлов, И. Ф., Коротов, В. М., Лихачев, Б. Т., Гордин, Л. Ю. – М.: Просвещение, 1969. 
  13. Национальная доктрина образования в РФ [Текст]: // Учительская газета / 1999 – № 49.
  14. Народное образование [Текст]: 2004. – № 2. – С. 45-47.
  15. Деятельность учителя по выполнению функций классного руководителя // Начальная школа плюс до и после [Текст]: 2007. –№ 9. – С. 93-95.

Поделиться

3

Кадирова М. А. Психологические и педагогические основы организации команды младших школьников и ее роль в формировании личности // Цифровая революция: трансформация образования, экономики и коммуникаций : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 16 января 2026г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2026. URL: https://apni.ru/article/14198-psihologicheskie-i-pedagogicheskie-osnovy-organizacii-komandy-mladshih-shkolnikov-i-ee-rol-v-formirovanii-lichnosti

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Другие статьи из раздела «Педагогика и психология»

Все статьи выпуска
Актуальные исследования

#4 (290)

Прием материалов

17 января - 23 января

осталось 7 дней

Размещение PDF-версии журнала

28 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

4 февраля