Шарҳ ва шарҳнависӣ дар адабиёти араб

Цитирование

Абдуллоева М. А. Шарҳ ва шарҳнависӣ дар адабиёти араб // Человек, экономика, культура в эпоху глобальных трансформаций : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 29 октября 2026г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2026. URL: https://apni.ru/article/16192-shar-va-sharnavis-dar-adabiyoti-arab

Аннотация статьи

Мақола ба омӯзиши шарҳ ва шарҳнависӣ дар адабиёти араб бахшида шудааст. Дар даврони аввали тафсирнависӣ таваҷҷуҳи бештар ба мутуни қудсӣ равона шуда, баҳри тафсири он муҳаққиқону олимони илми фиқҳ кӯшишҳои зиёд ба харҷ доданд.

Текст статьи

Шарҳнависӣ дар адаби Шарқ ҳамчун навъи мустақилу амалӣ ба сифати тарзу баст, маҳфуз доштан, шарҳ ва мутобиқсозии мутуни қудсӣ ё қадима арзи ҳастӣ кардааст. Тавлиди ин навъ дар олами адаби форс бо асри Х вобаста аст, зеро аз қарни мазкур осори бахшида ба китоби муқаддаси дини ислом – Қуръон ба ном тафсир ва кутуби аҳодиси набавӣ таълиф шуданд. Даврони таҳаввули тафсирнависӣ ба ду марҳилаи асосӣ тақсим мешавад, ки ба он давраи аввал – давраи классикӣ оғоз аз қарни VIII-XV ва давраи сонӣ аз қарни XV то даврони муосир тааллуқ доранд. 

Рисолати тафсирҳои таълифшудаи Қуръон барои кушодани муаммоҳо ва субот дар маъниҳои китоби муқаддас ифода гардида, муаллифони тафсирҳои мазкур баҳри ошкор намудани фатвои каломи қудсӣ ба тарзу усулҳои гуногуни тафсир даст мезаданд.

Тафсир дар маънии худ шарҳ доданро дорад ва барои фаҳмонидани ин ё он мафҳум, маънӣ ва ё падидае истифода мегардад, ки матни тавсифӣ ё таҳлилиро дар бар мегирад, ки мундариҷаи матлаби тавсифшаванда, доираи таърихӣ ё хусусиятҳои бадеии онро ошкор менамояд, ки баҳри амиқу саҳеҳ фаҳмидани он ба хонанда ё корбар таъин шудааст. Тафсир ба маънии томи худ барои хонанда метавонад барои сарфаҳм шудан дар воқеият вобаста ба доираи матни таҳлилшаванда такя ва имоди муҳиме гардад. Вобаста ба доираи таҳлил тафсирҳо метавонанд, тафсирҳои воқеӣ, тафсирҳои таърихӣ-бадеӣ, луғавӣ, матншиносӣ, рӯзгорӣ бошанд, ки барои худ ҳадафу мақсадҳои мухталифи таҳлилро соҳибанд. Нахустин тафсирҳои китоби Қуръон дар қарни дуввуми ҳиҷрӣ пайдо шуданд, ки ба қалами Муқотил ибн Сулаймон, Суфёни ас-Саври, Яҳё ибн Саллам тааллуқ доштанд ва танҳо пас аз онҳо тафсири беҳтарин мутааллиқ ба Муҳаммад ат-Табари таълиф гардид.

Бояд гуфт, ки дар қарни IX тафсир ҳамчун як илми мустақил амал мекард ва дар ин давра тафсирҳои зиёде навишта шуданд. Дар шумори тафсирҳои дар ин давра навишташуда мо метавонем, тафсирҳои Муҳаммад ат-Табари, Ибни Касир ва Қозӣ Байдавиро номбар намоем.

Тавре ки дар боло зикр шуд, саромади тафсирҳои гуногун ин тафсирҳои мутуни қудсӣ буданд, ки бо мурури замон ба як навъи қавӣ ва муътамад дар илму адаби арабӣ гардиданд. Тафсирҳои зиёди исломӣ барои пайдошавии тафсирҳои мухталиф таҳкурсии муътамадро муҳайё намуданд, ки то замони муосир арзишу аҳамияти худро аз даст надодааст. Тафсирҳои китобҳо бо забони арабӣ сурат мегирифт ва онҳо на танҳо сарчашмҳои боэътимоди маъникушоӣ, балки заминаи пойдори омӯзиши забони арабӣ гардиданд.

Яке аз маҳсулҳои аз тафсирҳои китоби қудсӣ пайдошуда, тафсирнависӣ ба рисолаҳову таълифоти бадеӣ машҳур гардид, ки дар қарнҳои Х сурат гирифт. Дар давраи мазкур дар алоқамандӣ бо ривоҷи адабиёти порсӣ ва ҳамгироии он бо адабиёти гуногун, аз ҷумла адабиёти қадимаи араб падидаи беназире мушоҳида шуд, ки адабиёти порсӣ бо забон ва адабиёти араб омехтаи табииву ботавозунеро пайдо намуд, ки рушди ҳар ду адабиёти мутазаккирро дар самтҳои нав боис шуд [4]. 

Паҳншавии дини мубини ислом ба масоҳати нав ва зиёд шудани пайравони он боиси ба забони порсӣ ва забонҳои дигар ворид шудани вожаҳои зиёди арабӣ, ибора ва иқтибосҳо аз китоби қудсӣ шуданд, ки захираи забони порсиро бештару комилтар карданд. Адабиёте зуҳур кард, ки дар худ дар иҳотаи каломи порсӣ иборот ва маъниҳои зиёдро аз Қуръони карим ва ҳадисҳо фаро мегирифтанд ва ҳусни онро афзун мегардониданд. Дар қарнҳои Х-XI тафсирҳои нахустини форсии Қуръони карим таълиф шуданд, ки дар нигоҳ ба онҳо пайравӣ ба тафсирҳои арабии он мушоҳида мешуд. Анъанаҳои тафсирнависии арабӣ дар давоми чанд қарн дар байни муҳаққиқони порс идома доштанд ва барои тавлиди тафсирнависии порсӣ заминаи устуворро гузоштаанд. Дар ҷомеаи даврони мазкур омӯхтани забони арабӣ ва фаҳмидану кушодани маъниҳои китоби қудсӣ ва ҳадисҳо дараҷаи баланди донишу заковатро далолат мекард ва кулли афроди барҷастаи адабиёти порс аз ин сабаб дар мадди аввал ба омӯзиши забони арабӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекарданд [1; 3]. 

Давраи паҳншавии дини ислом дар масоҳатҳои гуногун ва сершумор ба рушди анъанаҳои луғавӣ ва адабии мардуми форсзабон таъсири ҷиддии худро гузошт. Ин падида, ки дар тӯли якчанд қарн идома дошт, воридшавии анъанаҳои навро ба забони порсӣ бешубҳа сабаб гардид. Дар қарнҳои IX-X дар Хуросон адабиёти порсии нав ба авҷи ривоҷи худ расид, ки дар он шумораи зиёди иқтибосҳои арабӣ мавҷуд буданд. Шоирону адибони давраи мазкур осореро таълим менамуданд, ки дар он таносуби вожаҳои порсӣ ва арабӣ дар маҷмуъ баробар буд. 

Масири табдилшавии тафсири китоби муқаддас ва дар маҷмуъ осори қудсӣ дар се аср тӯл кашид ва ниҳоят муҳите фаро расид, ки зарурати шарҳу тафсирдиҳии илми исломӣ ба вуҷуд омад. Дар қуруни Х-ХII дар давраи ҳукмронии сулолаи Сомониён «Тафсири Табарӣ» бо ширкати якчанд муҳаққиқи порсӣ мавриди тарҷума ва тафсир қарор гирифт, ки далели иҷозат шудани тафсирнависӣ бо забони порсӣ гардид [2]. 

Зиёд шудани осори таҳлиливу тафсирии фиқҳӣ ва динӣ барои зиёд шудани сафи уламое, ки ихлосманди фалсафа ва адабиёти орифона шуданд, хеле зиёд гардид. 

Бояд қайд намуд, ки фалсафаи орифона ва ҷараёни хоссаи он – тасаввуф як даврони комили инкишофи адабиёт ва фалсафаи кишварҳои Шарқро ташкил дод ва як унсури муҳиму ҷудонопазир дар тасвири фарҳанги ҷомеаи шарқии асри миёна гардид. Аксарияти намояндагони илм ва фалсафа, илм ва адабиёт бо ҷараёни тасаввуф алоқамандии зич доштанд ва барои рушди он саҳми худро гузоштанд.

Ба андешаи мо қарни XIII-XV-ро метавон асри рушди бемисли тафсирнависӣ номид, зеро дар муҳити рушди ҷараёни суфия, тафсир шакли мукаммали фалсафиро ба худ касб кард. Дар асри рушди тафсирнависӣ шарҳ ба рисолаи фалсафӣ мубаддал мегардад, ки дар он ҷанбаҳои зиёд мавриди ташреҳ қарор гирифтанд [5]. 

Пайдошавӣ ва ташаккули ҷараёни тасаввуф давраи рушду нумуи фалсафаи орифонаи Шарқ гардид, ки ба аксари адабиётҳо таъсири ҷиддии худро расонд. Ба гуфтаи олими машҳури ховаршинос Е. Э. Бертелс: «Бидуни омӯзиши адабиёти суфия оид ба ҳаёти фарҳангии Шарқи асримиёнагии исломӣ тасаввуроти возеҳро нахоҳем гирифт. Намояндагони адабиёти қадима ба як қатор адабиётҳои мамолики Шарқ то қарни ХХ таъсири худро гузоштанд ва мо бояд ба он таваҷҷуҳи бештарро зоҳир намоем, зиёда аз ин, тамоми муаллифони барҷастатарини Шарқи исломӣ, бо шумораи ками истисно, бо ягон омил бо тасаввуф рабте доштанд ва бидуни шиносоӣ бо ин адабиёт наметавонанд бо таври том дарк карда шаванд» [6, c.54].

Масоили фалсафӣ, алалхусус масоили ҳастӣ дар қарнҳои миёна дар ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти маънавӣ ва фарҳангии ҷомеа мавқеи марказиро дошт, ки дар осори фалсафӣ ва адаби асримиёнаи порсӣ инъикоси возеҳи худро ёфтааст. Адибони давраи мазкур то ба таълифи осори назмию насрӣ дар фалсафаи ваҳдати вуҷуд, маърифат ва дониш, инсон дар муҳит дар доираи тариқатҳои гуногун дониши худро сайқал медоданд ва кӯшишу дастовардҳои зеҳнӣ, таҳаввулоти ботинии онҳо дар осори безаволу бефанои худ ифода мегардид. 

Аз ҷумлаи ин гуна меҳтарон ва мумтозони адабиёти порсӣ дар самти адабиёти тасаввуф шахсияти Ҷалолуддини Балхиро номбар намудан мумкин аст, ки то ба даврони имрӯз мақоми барҷастатарин ва мубризро ишғол менамояд.

Ҷалолуддини Балхӣ осорро тахминан баробар ба ҳафтод ҳазор байт мерос гузоштааст, ки дар онҳо фалсафаи беназири ӯ мунъакис шудааст. Осори ӯ ба ганҷинаи мероси адабии ҷаҳонӣ вуруд гаштааст ва ба он шарҳҳои зиёде бо забони форсӣ ва туркӣ, якчанд шарҳ бо забони арабӣ навишта шудаанд, инчунин осори ӯ ба забонҳои гуногуни аврупоӣ тарҷума шудаанд. Муҳимтарин асари ӯ, ки дар шинохти олами маънавӣ ва ҷаҳонбинии фалсафии ӯ дар тамоми олам кӯмак мекунад, «Маснавии маънавӣ» мебошад.

Список литературы

  1. Ал-Аззом, Абдулваҳҳоб. Фусул мин ал-Маснавӣ Мавлана Ҷалолуддин ар-Румӣ. – Қоҳира: Бунёди Ҳиндавӣ, 2021.
  2. Абу Зайд, Ашраф, маҷаллаи «Ал-Арабӣ». – Кувайт, 2007, № 588. С. 184-187.
  3. Ал-Бадавӣ, Амин Абдулмаҷид. Шоири шаҳир Абдулазиз Соҳиб ал-Ҷавоҳир – намояндаи барҷастаи адаби форсӣ ва араб. – Қоҳира: Ал-Мунтадо, № 2.
  4. Ал-Мавлавӣ Ҷалолуддин, «Маснавӣ», тарҷума ба забони арабӣ Муҳаммад Абдуссалом Ал-Каффофӣ. – Бейрут: Дору-л-Лубнан, 1971.
  5. Ал-Мавлавӣ Ҷалолуддин Мухаммад. Ғазалиёти Шамси Табрезӣ. Бо пешниҳод ва тафсири Муҳаммад Ризои Шафеӣ Кадканӣ. – Теҳрон: Дорулсухан, 1387.
  6. Бертелс Е.Э. Тасаввуф ва адабиёти суфия. – М., 1966. – 250 c. 

Поделиться

1
Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Другие статьи из раздела «Филологические науки»

Все статьи выпуска
Актуальные исследования

#43 (329)

Прием материалов

17 октября - 23 октября

осталось 5 дней

Размещение PDF-версии журнала

28 октября

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

11 ноября