Главная
АИ #16 (95)
Статьи журнала АИ #16 (95)
«Муфрадот» Рогиба Исфахони

«Муфрадот» Рогиба Исфахони

Рубрика

Филология, иностранные языки, журналистика

Ключевые слова

вводный анализ
литературное произведение
таджикский язык и литература

Аннотация статьи

Статья посвящена вступительному анализу литературного произведения Рогиба Исфахони под названием «Муфрадот». Отмечается, что рассматриваемый труд считается одним из основополагающих источников.

Текст статьи

Ҳар миллат сарбаландиву иззатро бо вуҷуди донишмандони хеш соҳиб гардидааст. Мардуми форсу тоҷик низ бо садҳо риҷоли дониши хеш ва муаллифоти эшон ифтихори камназиреро дар байни миллатҳои ҷаҳон касб намудааст. Бар аҳли таҳқиқ пӯшида нест, ки қисмати хеле муҳими осои фарҳангии мардуми форсу тоҷикро асарҳои мазҳабие, чун тафосир, сиҳоҳҳо, масонид, мӯъҷамҳо ва кутуби фиқҳӣ, эътиқодӣ, ирфонӣ ва ғайра ташкил медиҳад. Ҳар яке аз ин донишҳо дорои аслу фаръ буда, ба қисматҳои мухталиф ҷудо мешаванд. Агар танҳо тафосирро мавриди таҷзия қарор бидиҳем дармеёбем, ки он чандин дониш чун қироат, асбоби нузул, сарф, наҳв, иштиқоқ, бадеъ, балоғат, муфрадоту ғарибул носиху мансух, усули дин, усули фиқҳ ва дигарҳоро дар зуд ғунҷонидааст. Яке аз чунин нигоштаҳои гаронбаҳо, ки бо зуҳури хеш тобандагии равшанеро дар улуми қуръонӣ ва махсусан вожашиносии каломи илоҳӣ соҳиб гардидааст, “Муфрадот-ул-алфоз-ил-қуръон”-и алломаи бузург Роғиби Исфаҳонӣ мебошад. Асари мазкур бештар бо исми ихтисории хеш “Муфрадот”-и Роғиб машҳур аст. Роғиб дар таълифи ин асари хеш, ки донишномаи хурдеро мемонад, аз манобеъ ва сарчашмаҳои мухталиф бо усулҳои гуногун баҳра ҷустааст.

Аллома Роғиби Исфаҳонӣ яке аз машоҳири илму дониш буда, аз нуҷуми боҳираи осмони маърифат маҳсуб меёбад. Ин бузургмарди ҷаҳони дониш бештар бо лақаби хеш Роғиби Исфаҳонӣ шуҳрат пайдо намудааст. Аз ин сабаб дар мавриди номи ӯ ихтилофот ба назар мерасад. Аксари аҳли тарҷума ва донишмандони ансобу риҷол номи ӯро Ҳусайн донистанд. Заҳабӣ, Сафдӣ ва Зириклӣ номи насаби ӯро чунин ёд намудаанд: ал-Ҳусайн ибни Муҳаммад ибни Муфаззал [2, 7]. Довудӣ дар “Табақот-ул-муфассирин” ин нуктаро чунин зикр намуда: “ал-Муфаззал ибни Муҳаммад Исфаҳонӣ Абулқосими Роғиб” [5, c.329].

Манобеъ ва сарчашмаҳо дар мавриди рӯзгори ӯ матолиберо, ки кофӣ бар маърифати рӯзгори чунин марде бошад, баён нафармудаанд. Гӯё, ки ин марди наҷиб иззати пӯшидаву гумномеро дӯст медошта ва мехоста, ки дар зер ниқоби маҳбуби худ махфӣ бимонад. Аз осори муаллафоти ӯ бармеояд, ки бар донишҳои луғат, фиқҳ, тафсир, калом, адаб, китобат ва дигарҳо майлу рағбати зиёд дошт. Донишмандони риҷолу ансоб низ ин нуктаҳоро баён доштанд. Ҳуҷвирӣ дар “Кашф-ул-маҳҷуб” навишта: “Роғиб аз суфиёни гумномҷӯй ва аз машоихи кибор буд [2, с.14]. Соҳиб ибни Аббод ин мардро бисёр икром намудааст. Ӯ соҳиби китоби “Шомил” буда, ҳамчунин дар ҳамин илм асари гаронсанги “Лисон-ул-араб”-ро хеле ба тафсил бо нукоти зариф нигоштааст. Аммо ӯ қабл аз покнависӣ ва берунсозӣ аз ҳолати мусаввадотии асари дуюм аз дунё гузаштааст [2, с.8].

Роғиб бо аҳли маърифат пайванду алоқаи маҳкам дошта, аз мардум комилан қатъӣ робита нанамудааст. Дар мавриди соли вафоти ин марди дониш назарҳо мутафовит буда, маълумотҳо дар баъзе маврид ҳатто сад сол аз ҳам фарқ намудаанд. Аз байни ҳама таърихи 425 ҳиҷрӣ-қамарӣ таъйиди бештар ёфта, қаринии назари Суютиву Заҳабӣ ва маълумоти баъзе нусхаҳои хаттии қадим низ ин фикрро тавзеҳ мебахшанд. Донишмандони мутақаддими мо он қадар осори зиёд аз худ аз мерос гузошта, ки халову ноҳамвории ҳар мавқеи илмро комил сохтааст. Махсусан, дар риштаи улуми шеърӣ ин хусусияти онҳо бештар зоҳир шудааст. Аз байни адвори гузашта, қарнҳои ХI-ХII пурбортарини ин замина яке аз дурахшонтарин чеҳраҳо маҳсуб меёбад ва ҳамчунин зиндагии ӯ низ бар он давраҳо рост меояд. Ин бузургмард аз хеш бас мероси гаронмояву фаровон боқӣ гузоштааст. Ин ҷо осори ӯро бар асоси он номгӯе, ки устод Сафвон Аднон Довудӣ зикр намудааст, нақл мекунем: 1. Китоб-ул-муфрадоти фи ғариби-л-Қуръон; 2. Тафсир-ул-Қурони-л-Карим; 3. Дуррату-т-таъвили фи муташобиҳи-т-танзим; 4. Таҳқиқ-ул-баёни фи таъвили қуръони карим; 5. Ихтиҷоҷ-ул- қурроъ; 6. Ал-Маноиюл акбар; 7. Аррисолат-ул-мунаббиҳату ало фавоидил Қуръон; 8. Муҳозират-ул-удабо ва муҳовират-ул- булағои ва-ш-шуаро; 9. Маҷмаъ-ул-балоға; 10. Адаб-уш- шатранҷ.

Ҳар донишманде бар манбаи омӯзиш ва таҳлилоти илмӣ ҷаҳонбинии худро аз орои ягон мактаби ақидавӣ моявар мегардонад. Роғиб низ дар ин самт бар мактаби ақидавии хосе мутобиат намудааст. Барои ворид шудан ба таҳқиқи масъала нахуст бояд тавзеҳ дод, ки манзур аз “Муфрадот” ё “Муфрадоти қуръонӣ” чист? Муфрадоти қуръонӣ илмест, ки дар бораи таквожаҳои қуръонӣ аз назари решаву иштиқоқи луғавӣ, далолат бар маънои матлуб, муносибат, шеваи нигориш, наҳваи талаффуз ва навъи корбурди он дар Қуръон баҳс мекунад ва яке аз муҳимтарин шохаҳои он “Ғариб-ул-Қуръон” аст. Фурӯъот ва зермаҷмӯи илми муфрадоти Қуръон бештар аз инҳо иборатанд: а) Маний-ул- Қуръон; б) Ғариб-ул- Қуръон; в) Луғат-ул- Қуръон; г) Эъроб-ул- Қуръон; д) Қироат-ул- Қуръон; е) Иштиқоқ ва муносибати алфози Қуръон.

Дар қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ, ки асри авҷу шукуфоии улуми ақливу шеърӣ маҳсуб мегардад, ки ин илм ба камоли хеш бирасид. Маҳз дар ҳамин давра таълиф гардидани “Муфрадот”- и Роғиб, ки номи комили он “Муфрадот-ул-алфозил қуръон” аст, яъне аз муҷибот бар вусули илми мазкур дар ин мақом мебошад. “Муфрадот”-и Роғиб куллан ба забони арабӣ навишта шудааст. Дар оғоз муаллиф дар муқаддимаи начандон тӯлонӣ, аммо аз лиҳози илмӣ хеле қавӣ ва мӯҳкам матолиби лозимро зикр кардааст. Сипас калимоти қуръонӣ бар асоси маводи асливу решавӣ аз рӯи ҳуруфи таҳаҷҷӣ ва алифбоӣ оварда шудааст. Роғиб худ дар муқаддимааш бар ин нукта ишора кардааст [2, с.55]. Сипас бо услуби хеле ҷолиб бар таҳқиқи масъала пардохтааст. Ӯ лаҳзае, ки лафзеро тафсир менамояд, нахуст маънии ҳақиқии онро ёд медиҳад. Пас аз он аз муштаққот, маонии маҷозӣ ва иртиботи он бо маънии ҳақиқӣ баҳс анҷом меёбад. Дар раванди таҳқиқ аввал аз оёти Қуръон, дуюм аз аҳодис, сеюм аз ашъори шуарои араб истидлол меҷӯяд.

Дар сафҳаи аввали яке аз нусхаи хаттии “Муфрадот” ашъоре сабт гардида, ки байти аввали он чунин мебошад:

هذا كتاب لو يباع بوزنه

ذهبا لكان البائع المغبونا

Яъне, ин китобест, ки агар фурӯхти он бо зару тиллои ҳамвазни худ бигирад, ҳар оина фурӯшандаи он мағбуну фиребхӯрда хоҳад буд [2, с.25-26].

Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки “Муфрадот”-и Роғиб донишномаи илмии хурде мебошад. Ин асар дар худ илмҳои луғат, сарф, наҳв, тафсир, қироат, мантиқ, ҳикмат, наводир, тавҳид, маонӣ, адаб ва ғайраҳоро ғунҷонидааст.

Ҳамчунин, “Муфрадот”-и Роғиби Исфаҳонӣ низ бо баҳрабардорӣ аз чандин мароҷеъ, ки муаллиф дар нигоштани он назари хосе бар онҳо дошта, ин шаҳоматро пайдо намудааст. “Муфрадот”-и Роғиб он гуна, ки муаррифӣ ёфт, дар заминаи шинохти маънии асливу маҷозии Қуръони Карим мӯътамадтарин сарчашмаҳо маҳсуб гардад. Фирӯзободӣ муаллифи фарҳанги гаронсанги “Қомус-ул-муҳит”, ки бо он ҳама камоли донишро дар илми луғатшиносӣ соҳиб аст, дар мақоми ин асари Роғиб чунин фармуда: “Муфрадот”-и Роғиб дар маъно назиру монанде надорад” [2, с.25]. Онгуна, ки хуршед ба чашмони маҳрум аз биниш фоида намерасонад, агар ақли матбӯъ набошад, ақли масмӯъ низ нафъ намебахшад [2, с.577-578]. “Муфрадот”-и Роғиб дар ҳақиқат донишномаи хурде буда, дар худ маҷмуае аз хонишҳоро ғунҷонидааст. Дар он бар замими шуарои ёдшуда аз ашъори Мутанаббӣ, Фараздақ, Ҳассон, Нобиға, Аҷҷоҷ, Абӯнувос, Ҷарир ва ғайраҳо ба амал омада, ки ин худ аз табоҳхури муаллиф бар девони шуаро дарак медиҳад.

Дар маҷмӯъ дар “Муфрадот”-и хеш аз 163 байт ва 319 мисраъ шеър баҳра ҷуст, бо онҳо назарҳои хешро таҳким бахшидааст. Ҳамин теъдоди зикрёфта низ метавонад, мақоми шеърро дар “Муфрадот”-и Роғиб маълум созад.

Список литературы

  1. Абдушукури Абдусаттор. Таърихи адабиёти араб. – Душанбе: Деваштич, 2009.
  2. Аллома Роғиби Исфаҳонӣ. Муфрадотул алфозил қуръон. – Теҳрон: Талиатун нур, 1427ҳ.қ.
  3. Баҳоуддин Хуррамшоҳӣ. Донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ. – Теҳрон: Ноҳид, 1377.
  4. Довудӣ. Табақотул муфассирин.- Қоҳира: Мактабату Ваҳба, 1415ҳ.қ.
  5. Қуръони карим. Тарҷумаи Масъуд Ансорӣ. – Теҳрон: Фарзон, 1377.
  6. Насриддинов Ф. Муқаддимаи “Тазкират-уш-шуаро”-и Давлатшоҳи Самарқандӣ. // Армуғони “Ганҷи сухан”, ҷ.2 – Хуҷанд: Ганҷинаи сухан, 2008, саҳ. 199-209.
  7. Фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ. – Теҳрон: Фарҳанги муосир, 1385.
  8. Ashrapov, B.P. Comparative analysis of morphological peculiarities of self-emphasis pronouns in the Tajik literary language appertaining to the XVIII-th and XX-th centuries / B.P. Ashrapov // Заметки ученого. – 2022. – № 2. – P. 39-41.
  9. Ashrapov, B.P. The Level of Usage of Particles in the historical work entitled as “Tuhfat-ul-khoni” by Muhammadvafoi Karminagi / B.P. Ashrapov // Филологический аспект. – 2022. – No 3(83). – P. 136-141.
  10. Ашрапов, Б.П. Некоторые соображения, связанные с морфологическими особенностями частиц таджикского литературного языка, относящихся к XVIII веку / Б.П. Ашрапов // Заметки ученого. – 2022. – № 3-2. – С. 53-56.

Поделиться

749

Исмонова С.., Абдуллоева М. А. «Муфрадот» Рогиба Исфахони // Актуальные исследования. 2022. №16 (95). С. 30-32. URL: https://apni.ru/article/4006-mufradot-rogiba-isfakhoni

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru
Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 6 дней

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января