Главная
АИ #48 (127)
Статьи журнала АИ #48 (127)
The Position of Arabic Adjectives in Prosaic Creations Belonging to the Seljukid...

The Position of Arabic Adjectives in Prosaic Creations Belonging to the Seljukids Epoch (on the example of “Safar-Name” by Nosir Khusraw)

Рубрика

Филология, иностранные языки, журналистика

Ключевые слова

Seljukids
Nosir Khusraw
“Safar-Name”
Arabic adjectives
Tajik adjectives
comparative analysis
types of adjectives

Аннотация статьи

The given article dwells on to the study beset with the position of Arabic adjectives in the prosaic creations belonging to the Seljukids epoch (on the example of “Safar-Name” by Nosir Khusraw). It is underscored that the majority of adjectives used in the prosaic creations belonging to the relevant period are still used in MTLL.

Текст статьи

Сифат аломат ва чигунагии предметро мефаҳмонад. Асоси семантикии сифатро чигунагӣ ё ба тарзи дигар, сифату аломати ашёҳо ташкил медихад [2, 380]. Сифат чӣ дар забони арабӣ ва чи дар тоҷикӣ яке аз ҳиссаҳои фаъоли нутқ мебошад. Дар осори насрии давраи Салҷуқиён сифатҳои арабӣ хеле фаровон ба кор бурда шудаанд. Аксарияти сифатҳое, ки дар осори мансури ин давра корбаст шудаанд, имрӯз ҳам дар забони адабии тоҷикӣ мавриди истеъмол қарор дорад. Онҳо сифатҳое мебошанд, ки аломати ашё, ҳодиса, воқеа, ранг, сатҳу масоҳат, аломатҳои ҷисмонии шахс, хусусиятҳои маънавии инсон ва ғайраҳоро ифода мекунанд. Аз ҷумла, ахлоқи некӯ, дуои хайр, марди боҳиммат, нони ҷавин, қарияи зебо, масҷиди одина, деворҳои мулавван ва амсоли инҳо. Вале дар баробари ин дар асарҳои аҳди мазкур сифатҳое ба назар мерасанд, ки дар забони муосири тоҷик қариб, ки истеъмол намешаванд ва танҳо дар адабиёти бадеӣ мушоҳида мешаванд: байғула яъне вайрон, дарахтони муҷмал ба маънои дарахтони бемева, сояафкан, маълуф ба маънои парварида, аиф ба маънои дурушт ва ғайра. Дар “Сафарнома”-и Носири Хусрав ҳамчунин теъдоди фаровони исмҳое гирдоварӣ гардидаанд, ки аз ҷихати семантики маъноҳои мухталифи сифатӣ дошта, наҳвиёни араб онҳоро «сифатҳои мушаббаҳа» меноманд. Дар забони арабӣ вазнҳои ин гуна сифатҳо хеле зиёд буда, дар асарҳои мавриди таҳқиқи мо қарор гирифта низ чунин иқтибосот фаровон истифода шудаанд: азиз, амин, аҷиб, заиф, зариф, васеъ, қадим, қариб, маҷид, фақир, хариф, халол, хасан, ғализ ва ғайра.

Воқеан, агар аз лиҳози семантикӣ ба калимоти фавқуззикр назар афканем, мебинем, ки хосиятҳои сифатӣ дар онҳо ғолибият доранд, аз ин нуқтаи назар онҳоро сифат метавон номид. Ҳамчуноне ки медонем сифат дар ҷумла ба вазифаи мубтадо, хабар, муайянкунанда ва ҳоли тарзи амал меояд. Дар забони тоҷикӣ ва арабӣ сифат аз категорияҳои устувортарини ҳиссаҳои нутқ шуморида мешавад, чунки калимаҳои сифатие ҳастанд, ки танҳо ба сифат хос мебошанд ва онҳо ба дигар ҳиссаҳои нутқ алоқаманд нестанд. Дар зиёдшавии намудҳои сифат калимасозӣ ва дараҷабандии он нақши муҳим мебозад. Дар ҳар ду забон миқдори сифатҳои аслӣ бисёр ҳастанд, ҳангоми ба вазифаи дигар ҳиссаи нутқ омаданашон шакли сохта мегиранд. Вазифаи асосии сифат ин васф кардани ашё ё касе ки дар ҷумла сухан дар бораи он меравад. Сифат дар морфология асосан аз исм ва феъл сохта шуда, бо воситаи аффиксҳо, бо роҳи такрор ёфтани асосҳои якхела ва гуногун, гузариши калимаҳои дигари ҳиссаҳои номии нутқ ба сифат амалӣ мегардад.

Аз рӯи хел сифатҳоро дар ҳар ду забон ба аслӣ ва нисбӣ тақсимбандӣ мекунанд. Дар забони тоҷикӣ бо роҳи аффиксҳо сохта шудани сифатҳо сермаҳсул мебошад, ки онҳо суффикс ва префиксҳои махсуси сифатсозро доро мебошанд. Дар забони арабӣ бошад, сифати аслӣ вазнҳои махсуси сифатсозро доро мебошанд ва сифати нисбӣ бошад. Дар ҷумла сифат ба вазифаи муайянкунанда меояд ва бо исм, сифати феълӣ, шумора ва сифатҳои дигар мувофиқат мекунад. Сифат дар забони тоҷикӣ аз ҷиҳати маъно ва вазифаи грамматикиаш ба ду гурӯҳ ҷудо мешавад: аслӣ ва нисбӣ. Ин ду гурӯҳ аз ҳамдигар бо баъзе аломатҳояш фарқ мекунад. Сифати забони арабӣ низ мисли сифати забони тоҷикӣ ба гурӯҳҳои ҳақиқӣ (аслӣ) ва сабабӣ (нисбӣ) тақсим мешавад. Лозим ба қайд аст, ки вежагии асосии корбаст шудани сифат дар “Сафарнома” дар истифодаи нисбатан зиёди вожаҳои сифатии арабӣ аст. Дар “Сафарнома” сифатҳои аслӣ зиёдтар мушоҳида мешавад. Дар “Сафарнома” сифатҳои аслии арабӣ дар вазни “фаъил” сохта шудаанд. Ҳамаи сифатҳои аслие, ки дар асарҳои мазкур ба кор бурда шудаанд, бо маънои аслиашон дар асарҳо оварда шудаанд. Дар баробари сифатҳои аслӣ дар асар сифатҳои нисбӣ ҳам фаровон истеъмол шудаанд Аксари сифатҳои нисбии асарҳои мавриди таҳқиқи мо бо ҳамон усуле корбаст шудаанд, ки имрӯз ҳам дар забони муосири мо роиҷ аст ва ин аз ташаккулёбии комили чунин навъи сифатҳо ҳанӯз дар қарнҳои X-XI дарак медиҳад [2, 380]. Сифатҳои нисбӣ дар асрҳои мазкур бо якчанд роҳҳо бунёд шудаанд:

  1. Сифатҳои нисбӣ аз калимаҳои иқтибосшуда дар забони тоҷикӣ бо роҳи илова кардани пасванди ӣ ё вӣ аз вожаҳое, ки бо пасванди а ба итмом мерасанд, ба анҷом мерасад: таърих- таърихӣ, ақл – ақлӣ, асл – аслӣ, фикр – фикрӣ...
  2. Дар калимаҳои ҷинси занонае, ки бо пасванди -aт ба охир мерасанд, сифатҳои нисбй дар забони арабӣ ва тоҷикӣ бо роҳи партофтани павсванди “am” ва ба ҷои он илова кардани пасванди сифатсози “ӣ” сохта мешаванд. Ин навъ сифатҳо дар асари таҳқиқшавандаи мо хеле зиёд ба назар мерасад, ки дар фасли иштироки калимаҳои иқтибосии арабӣ дар калимасозии тоҷикӣ муфассал маълумрт дода будем.
  3. Ҳамчунин бо шакли сифатхри нисбӣ исмхое низ сохта мешаванд, ки мансубиятро ба ягон махал ва тарикдт мефахмонанд: “ва ин шаҳрҳо бар саҳрост ва подшоҳи он бандаи ҳабашӣ буд аз они писари Шоддил” [5, 72].

Чунин сифатҳо дар “Сафарнома” бештар ба назар мерасад. Ҳамчунн дар осори мансури ин давра дар мисоли “Сиёсатнома” ва “Сафарнома” як қатор сифатҳои арабӣ истифода шудаанд, ки бар вазни “муфаъъал” ва “муфаъъил” сохта шудаанд: “...даргоҳ ва рӯи ҷаҳон ва айвони даргоҳ мунаққаш карда ҳама ба миноҳои мулавван...” [5, 45].

Ин навъ сифатҳои арабӣ дар “Сафарнома” зимни тасвири масҷиду шаҳрҳо мавриди истифода қарор гирифтааст. Дар асарҳои зкиргарди сифатҳои зерин дар ин вазн истифода шудааст: мураххам, мусаллас, мусаддас, мусамман, мунаққаш, мураххам, муламмаъ, мулавван, мудаввар мураббаъ, мусарраҷ. Дар “Сафарнома” яке аз таъсироти забони арабӣ дар он зоҳир мешавад, ки сифат бо мавсуфи худ дар шумораи ҷамъ мутобиқат мекунад ва ин хусусият аслан хоси забони тоҷикӣ нест ва он зери таъсири забони арабӣ ба вуқӯъ пайвастааст, зеро дар он сифат бо мавсуфи худ ҳам дар категорияи ҳолат, ҳам ҷинс, ҳам дар муайяниву номуайянӣ ва ҳам шумора мутобиқат мекунад.

Ҳамчунин дигар таъсири забони арабӣ дар ин асарҳо истифодаи сифатҳо дар шакли занона мебошад. Аз таҳлили сифатҳои “Сафарнома” маълум гардид, ки сифатҳои арабӣ дар он бештар истифода шудааст. Аммо дараҷаҳои сифат бошад, бо воситаҳои маъмул ва маъруфи забони тоҷикӣ дар ин асарҳо ифода ёфтаанд. Маъмултарин воситаи ифодаи дараҷаҳои муқоисавӣ ва олии сифат дар асар пасвандҳои -тар мебошанд: “Ва мегуфтанд, дар ин наздикӣ дар дарёи Қулзум булӯре падид омадааст, ки латифтар ва шаффофтар аз булӯри мағрибӣ аст” [5, 53].

Дар асарҳои мазкур дараҷаи қиёсии сифат бо пасванди –тар дорои як қатор хусусиятҳо мебошад: - дар баъзе ҷумлаҳо сифати дараҷаи муқоисавӣ пеш аз мавсуф омада, бо бандаки изофии «-и» алоқаи синтаксисӣ месозад: “Ва он ҷо, ки масҷиди тӯлонитар аст, аз Боби Ибраҳим алайҳиссалом аст”[5, 73]; - дар “Сафарнома” маъмултарин шеваи корбурди дараҷаи муқоисавии сифат истифодаи он бо пешоянди «аз» аст: “ман золимтар аз он турк бошам, ки ҳафтсад динор аз ту биситад” [5, 50]; - дигар аз вежагиҳои сифатҳои муқоисавии асари мазкур дар он зоҳир мешавад, ки пасванди «-тар» -ро гоҳе ду бор ва гоҳе се бор бор ба охири сифат ҳамроҳ мекунад ва дар ин ҳолат сифатҳо паиҳам дар як ҷумла бо дараҷаи муқоисавии худ чида мешаванд: “Ва ман дар ҳама замини порсигӯӯён шаҳре накӯтар ва ҷомеътар ва ободонтар аз Исфаҳон надидаам” [5, 98]; - дар ҳоле, ки мавсуфи сифати дараҷаи муқоиса баъд аз сифат ояд, артикли номуайянии –е-ро ба худ касб менамояд:“Авлотар оне бувад, ки чун касе хатое кунад, дарҳол иғмоз бояд кардан.” [5, 95].

Лозим ба қайд аст, ки дар забони арабӣ як гурӯҳ сифатҳое мавҷуданд, ки ба маънои исми фоъил истифода шуда, аз лиҳози семантикӣ зиёд будани сифатеро дар исм далолат карда, танҳо аз феълҳои сеҳарфа сохта мешаванд. Ин навъи сифатҳо дар забони арабӣ қолабҳои зиёд доранд, вале ба забони тоҷикӣ асосан қолаби “фаъъол”, бештар истифода мешавад, ки маъноҳои касбу кор, машғулият, вазифа; тамоюл ба ин ё он сифат ва шакли олии ин ё он хосиятро ифода мекунанд: “То сақф ба тафовут наққошӣ карда ва ағлаб ба зар пӯшида ҳар чаҳор девор” [5, 76].

Ин навъ сифатҳои арабие, ки исмро ифода менамоянд дар асарҳои таҳқиқшаванда бисёр мушоҳида мешаванд.

Ҳамин тавр пас аз таҳлил ва баррасии сифатҳо дар “Сафарнома” ҳаминро метавон зикр кард, ки дар асарҳо бештар сифатҳо ба забони арабӣ оварда шудаанд, яъне барои ифодаи аломати исмҳо калимаҳои арабиасл мавриди истифода қарор гирифтааст. Аммо барои тасвири дараҷаи сифат бештар пасванди маъмултарини тоҷикӣ “-тар” ва “-тарин” ба кор бурда шудааст. Сифатҳои арабие, ки дар асрҳо мушоҳида шуд, бештар дар вазни “фаъил”, “муфаъъил” ва “муфаъъал” оварда шудаанд. Дар баъзе ҷумалоти асарҳои таҳқиқшаванда муаллифон таҳти таъсири забони арабӣ сифату мавсуфро дар шумора ва ҷинсият мутобиқат кунонидаанд, ки ин ҳодисаи забони хоси забони тоҷикӣ нест. Тибқи ҳисоби эҳсоӣ пас аз исм калимаҳои арабии ифодакунандаи сифат дар асар бештар мавриди истифода қарор гирифтаанд.

***

МАВҚЕИ СИФАТҲОИ АРАБӢ ДАР ОСОРИ МАНСУРИ АҲДИ САЛҶУҚИЁН (ДАР МИСОЛИ “САФАРНОМА”-И НОСИРИ ХУСРАВ)

Аннотация. Мақолаи мазкур роҷеъ ба омӯзиши мавқеи сифатҳои арабӣ дар осори мансури аҳди Салҷуқиён (дар мисоли “Сафарнома”-и Носири Хусрав) бахшида шудааст. Қайд карда мешавад, ки Аксарияти сифатҳое, ки дар осори мансури ин давра корбаст шудаанд, имрӯз ҳам дар забони адабии тоҷикӣ мавриди истеъмол қарор дорад.

Калидвожаҳо: Салҷуқиён, Носири Хусрав, “Сафарнома”, сифатҳои арабӣ, сифатҳои тоҷикӣ, таҳлили муқоисавӣ, навъҳои сифат.

Список литературы

  1. Бердиева, Т. Лексика и грамматические элементы арабского языка в таджикском. - Душанбе: Дониш, 1968. - 240 с.
  2. Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. Ҷилди 1. Фонетика ва морфология, - Душанбе: Дониш, 1985. 356 с.
  3. Забони адабии ҳозираи тоҷик: Лексикология, фонетика ва морфология. Барои студентони факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ. Зери таҳрири профессор Б. Ниёзмуҳаммадов. – Душанбе: Ирфон, 1973. - 463 с.
  4. Сулаймони, С. Очерки сарф (морфология) - и забони арабӣ. Душанбе:ҶДММ - Хирадмандон, 2019. - 138 с.
  5. Сулаймонов О. Хусусиятҳои морфологии “Таърихи Байҳақӣ”-и Абулфазли Байҳақӣ: рисола барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои филология: 10.02.22 / О. Сулаймонов.- Хуҷанд, 2004. 155 с.
  6. Хусрав, Носир. Сафарнома / Носири Хусрав. - Хуҷанд: Анис, 2003. 227 с.
  7. Ashrapov B.P. The Level of Usage of Arabic Adverbs in the Tajik Literary Language Referring to the XVIII-th Century (on the example of the historical production entitled as “Tuhfat-ul-khoni” by Muhammadvafoi Karminagi). // Вестник Педагогического университета. 2022. № 1(96). С. 146-150.
  8. Ashrapov B.P. Morphological peculiarities and the level of usage of the article-е with plural nouns in the Tajik literary language referring to the XVIII-th century. // In Situ. 2022. № 5. P.65-67.
  9. Kuzieva N.M., Ashrapov B.P. The Level of Usage of Arabic Preposition «maa=with, together» in the Tajik Literary Language Referring to the XIX-th Century. // Тенденции развития науки и образования. 2022.№85-5. P.66-68.
  10. Kuzieva N.M., Ashrapov B.P. Comparative Analysis of Morphological Peculiarities and Level of Usageof Coordinative Compound Adverbs in the Tajik Literary Language Appertaining to 18th-19th Centuries(on the example of historical writings referredto as “Tuhfat-ul-khoni” and “Zafar Name” by Khusravi). // Stephanos. 2022. № 5(55). P.27-34.

Поделиться

556

Nurullozoda F.. The Position of Arabic Adjectives in Prosaic Creations Belonging to the Seljukids Epoch (on the example of “Safar-Name” by Nosir Khusraw) // Актуальные исследования. 2022. №48 (127). Ч.I.С. 49-52. URL: https://apni.ru/article/5076-the-position-of-arabic-adjectives-in-prosaic

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru
Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 6 дней

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января