Главная
Конференции
Общество, образование, технологии: перспективы научных исследований в цифровую эпоху
Абдуссалами Кафафи – арабский комментатор «Маснави Маннави» Мауланы Джалалуддина...

Абдуссалами Кафафи – арабский комментатор «Маснави Маннави» Мауланы Джалалуддина Руми

Секция

Филологические науки

Ключевые слова

«Маснави ма`нави» Джалолуддина Балхи
уникальные шедевры мистицизма
исследователи и комментаторы литературных произведений

Аннотация статьи

Автор статьи отмечает, что «Маснавий ма`нави» Джалолуддина Балхи считается одним из уникальных шедевров мистицизма, который веками привлекал внимание исследователей и комментаторов литературных произведений Востока и Запада.

Текст статьи

«Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ аз ҷумлаи шоҳкориҳои беназири ирфон аст, ки тӯли садсолаҳо диққати муҳаққиқон ва шореҳони осори адабиро дар Шарқу Ғарб ба худ кашидааст. Дар таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ ҳеҷ асари дигаре монанди «Маснавии маънавӣ» мавриди таваҷҷуҳ, тақлид, баҳрабардорӣ ва шарҳу тафсир қарор нагирифтааст.

Шарҳу тафсири «Маснавии маънавӣ» аз замони зиндагии Мавлоно оғоз ва то имрӯз идома ёфта, миқдоран аз сад адад зиёданд. Ба риштаи таҳқиқ кашидани шарҳҳои «Маснавии маънавӣ», таҳияву нашри муҳимтарини онҳо ва муайян кардани арзиши филологиашон дар адабиётшиносӣ хеле муҳим мебошад.

Таҳқиқи шарҳҳои «Маснавии маънавӣ» ба дарку маърифати афкори Мавлоно, шинохти рамзҳои ирфонии «Маснавӣ», ошно гардидан бо дараҷаи маърифатгарии гузаштагон ва муайян намудани арзишу мақоми он имконият медиҳад.

Мактаби шарҳнигорӣ бар «Маснавии маънавӣ» дар садаи понздаҳуми мелодӣ дар Мовароуннаҳр ба вуҷуд омада, сипас дар Эрон, Туркия ва Ҳиндустон интишор ёфтааст. Ба вуҷуд омадани беш аз сад шарҳ ба забони форсӣ ва даҳҳо тарҷумаву шарҳ ба забонҳои туркӣ, урду, пашту, панҷобӣ, синдӣ, олмонӣ, инглисӣ, арабӣ ва даҳҳо гузидаву мунтахаб аз он баёнгари бузургии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ аст.

Аннамери Шиммел – бонуи дақиқназар ва иродатманд дар ҷаҳони маънавии Мавлоно аз бузургтарин мутарҷимони олмонӣ ва ҳам муҳаққиқони осори Мавлоно дар қарни ХХ аст, ки дар муаррифии ин шоир ва орифи шӯрида саъйи вофир расонидааст. Мавсуф борҳо дар суханрониҳои хеш худро ҳамчун духтари Мавлоно номидааст, ки маҳз мутолеаву иқдом дар тарҷумаи осори ин суханвари шаҳир ва фарзанди бузурги халқи тоҷик омили муассир дар касби шуҳрати ҷаҳонӣ ва ҳамзамон ба қавли худи вай дар амри раҳоӣ аз маҷмӯи мушкилоти рӯзгор ҳидоят намудааст. Ҷое дар як мусоҳибаи хеш аз мақоми ақвол ва атвори Мавлоно ва таъсири осори ин марди бузург ба андешаву рӯзгори хеш ин гуна ёд карда: «…Ман мӯътақидам, ки осори Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ метавонад моро ба роҳи раҳоӣ раҳнамун шуда ба сарчашмаи ҳақиқат ҳидоят кунад. Таърих ҳақиқати соддаеро ба мо меомeзад ва он ин аст, ки агар ба усули маънавӣ ва инсонӣ такя дошта бошем, метавонем аз душвориҳо ва мазоиқи он бигзарем….[9].

Аннамери Шиммел таъкид мекунад, ки ба сабаби тафовути зиёди сабкҳои адабии форсӣ ва арабӣ, арабҳо ҳақиқатан ба шеъри Мавлавӣ алоқаманд нашуданд ва ба суннатҳои шеъри орифонаи худ устувор монданд [10, 551].

Азбаски шарҳҳои «Маснавӣ» аз лиҳози забон, шакл ва ҳаҷму муҳтаво аз ҳам тафовут доранд, бархе муҳаққиқон шарҳҳоро аз лиҳози забон ба форсӣ, туркӣ, ҳиндӣ, арабӣ, англисӣ дастабандӣ кардаанд. Камина мехоҳам оид ба шарҳҳои арабии он маълумот дода бошам.

Яке аз шореҳони бузурги араб бар “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ ин Абдуссаломи Кафофӣ аст, ки бар маснавӣ шарҳе бо номи “Тарҷиматун ва шарҳу маснавийи Ҷалолуддин ар-Румӣ – шаиру-с-суфийяти-л-акбари” навиштааст.

Чӣ гунае, ки қайд гашт, яке аз шарҳҳои арабӣ бар маснавӣ ин «Тарҷума ва шарҳи «Маснавӣ»-и Ҷалолуддини Румӣ»-и устоди Донишгоҳи Қоҳира ва Бейрут доктор Муҳаммад Абдусаломи Кафофӣ мебошад. Муаллиф аз сабаби дилбастагӣ ба «Маснавӣ»-и Мавлоно дафтари аввали онро ба арабӣ тарҷума ва шарҳ кардааст. Шореҳ нахуст дар бораи зиндагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ муқаддимае менависад ва роҷеъ ба Мавлоно, аҳамияту мақоми «Маснавӣ» дар байни форсизабон маълумот медиҳад.

Ҳоло чанд сухане перомуни Абдуссаломи Кафофӣ.

Муҳаммад Абдуссаломи Кафофӣ (1340-1392 ҳ/қ) аз муаллифон ва пажӯҳишгарони барҷастаи ҷаҳони араб дар ҳавзаи адабиёти татбиқӣ ва яке аз шахсиятҳои муҳиму барҷастаи мисрӣ, муаллиф, пажӯҳишгар ва мутарҷими маъруф ба ҳисоб меравад.

Ӯ дар шаҳри Димёти Миср ба дунё омад ва дар Қоҳира аз дунё рафт. Рӯзгори хешро дар Миср, Инглистон, Амрико, Сувейс, Ҳиланд, Лубнон ва Суриё гузаронид. Таҳсилоти ибтидоиро дар шаҳри Димёт ба поён расонд. Сипас ба шаҳри Мансура рафт. Аз он ҷо ба Қоҳира рафт ва дар Донишкадаи забон ва адабиёт дар гурӯҳи забонҳои шарқӣ ба фаъолият пардохт ва соли 1943 аз он ҷо фориғуттаҳсил шуд.

Сипас, дар соли 1945 дипломи олии забонҳои шарқӣ ва соли 1946 дипломи олии китобдорӣ, соли 1950 номзадии худро дар бахши фалсафа ҳимоя намуд. Дар соли 1950 ба унвони устоди бахши забон ва адабиёти Қоҳира машғули кор шуд. Сипас соли 1953 дар Донишгоҳҳои Амрико ва дар соли 1955 дар Донишгоҳи Бейрут, соли 1964 ба унвони раиси Донишгоҳи Бейрут ва раиси Донишгоҳи Қоҳира ба фаъолият пардохт. Вай баъдҳо ба унвони узви анҷумани таърихӣ ва анҷумани китобхонаҳои Қоҳира ба фаъолият машғул гаштааст.

Абдуссаломи Кафофӣ соли 1972 мелодӣ дар заминаи адабиёти татбиқӣ таҳти унвони “Фи-л-адаби-л-мақорини диросатун фи назарийяти-л-адаби ва-ш-шеъри-л-қасаси” дар 555 сафҳа дар Бейрут ба чоп расонид ва дар он бархе мабоҳиси назарии адабиёти татбиқӣ ва анвои адабӣ аз ҷумла шеъри достониро дар Аврупо ва кишварҳои исломӣ ба вижа Эрон матраҳ намуд. Ин китоб дорои се бахш ва ҳаждаҳ фасл мебошад, ки унвони бахши аввал дар бораи “Назарияи адабиёт” аст ва мабоҳиси он шомили маъно ва аҳдофи адабиёти татбиқӣ, адабиёт ва робитаи он бо соири ҳунарҳои зебо, адабиёт ва муҳити зиндагӣ мебошад.

Осори шеърии вай девоне аст, бо унвони “Мухторот мин ашъари Муҳаммад Абдуссалом Кафофийи”. Дигар осори ӯ иборатанд аз:

  1. “Тарҷиматун ва шарҳу маснавийи Ҷалолуддин ар-Румӣ – шаиру-с-суфийяти-л-акбари”;
  2. “Фи адаби-л-фарси ва ҳазоратаҳум (1967)”, “Ҷалолуддин ар-Румийю фи ҳаятиҳи ва шеъриҳи (1970)”;
  3. “Диросатун фи улуми-л-қуръони (1972)”; 4. “Мухторот мин китаби ан-насиҳати лифаридуддин Аттори (манзуматун ли-ш-шеъри-с-суфиййи)” (1972).

Абдуссаломи Кафофӣ асари Камолуддин Ҳусайни Хоразмиро қадимитарин шарҳҳои мавҷуди форсӣ муаррифӣ карда, аз байни шарҳҳои зиёди туркӣ шарҳи Шамъӣ [1000 ҳ.] ва Исмоили Анқаравӣ [1042 ҳ.]-ро арзишманд ҳисобидааст. Муаллиф дар оғоз ҳамаи абёти «Маснавӣ»-ро ба арабӣ тарҷума кардааст ва сипас байтҳои душворро мухтасаран тавзеҳ додааст. Ин шарҳ соли 1966 мелодӣ дар Бейрут ба чоп расида ва нусхаҳое аз он дар Эрон мавҷуданд.

Аз ин ҷо бегумон метавон хулоса намуд, ки маҳз тарҷумаҳо ва таҳқиқоти анҷомдодаи Абдуссаломи Кафофӣ, яъне шарҳи ӯ бар “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно асли касби шуҳрат ва мақоми вай дар ҷамъиият шудаанд.

Список литературы

  1. Адабиёти форсу тоҷик дар асрҳои ХII-ХIV: қисми 2. – Душанбе: Ирфон, 1983. – 229 с.
  2. Балхӣ, Мавлавӣ Ҷалолуддин. «Маснавии маънавӣ»: Бар асоси матни Рейнолд Николсон ва муқобала бо нусхаҳои дигар / Мавлавӣ Ҷалолуддини Балхӣ. – Теҳрон: Замон, 2001. – 728 с.
  3. Балхӣ, Мавлавӣ Ҷалолуддин. Куллиёти Шамс / Мавлавӣ Ҷалолуддини Балхӣ; [Бар асоси чопи Бадеуззамон Фурӯзонфар]. – Теҳрон: Ҳермес, 2008. – 1859 с.
  4. Замонӣ, Карим. Шарҳи ҷомеи «Маснавӣ»: Дар ҳафт муҷаллад / Карим Замонӣ. – Теҳрон, 1384.
  5. Кафофӣ, Абдусалом. «Маснавӣ»-и Ҷалолуддини Румӣ / А. Кафофӣ; [тарҷума ва шарҳу дироя]. – Бейрут, 1966.
  6. Мавлавӣ, Ҷалолуддини Муҳаммади Мавлавӣ. Девони ҷомеи Шамси Табрезӣ / Ҷалолуддини Муҳаммади Мавлавӣ; [Бар асоси нусхаи тасҳеҳшудаи Бадеуззамон Фурӯзонфар; Веростор Мустафо Замонӣ]. – Теҳрон: Фирдавс, 1384.
  7. Насриддинов, Абдуманнон. Шарҳнависӣ дар таърихи адаби форс-тоҷик. Қ.1. / А. Насриддинов. – Хуҷанд: Нашриѐти давлатии ба номи Р. Ҷалил, 2000. – 254 с.
  8. Насриддинов, Абдуманнон. Бо корвони нур / А. Насриддинов. – Хуҷанд, 2010. – 138 с.
  9. Нуралӣ Нурзод. Аннамери Шиммел: Духтари олмонии Мавлонои Балхӣ.
  10.  Фарҳанги забони тоҷикӣ: Иборат аз 2 ҷилд. – Москва: Советская энциклопедия, 1969, 951 с. – Ҷ. 1.
  11.  Шиммел, Аннемари. Шукӯҳи Шамс / А. Шиммел; [Тарҷумаи Ҳасани Лоҳутӣ]. – Теҳрон: Ширкати интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, 1375. – 94+885 с.
  12. Ashrapov, B.P. Comparative analysis of morphological peculiarities and usage level of suffixes -ак and -ча in the Tajik literary language referring to 18th and 20th centuries (on based M. Karminaga`s and S. Aini`s works ) / B.P. Ashrapov // Актуальные проблемы лингвистики и лингводидактики в современных условиях: Материалы республиканской научно-практической конференции, Душанбе, 29 ноября 2022 года. – Душанбе: Филиал Московского государственного университета имени М.В. Ломоносова в городе Душанбе, 2022. – P. 19-25.
  13. Ашрапов, Б.П. Сравнительный анализ морфологических особенностей арабских прилагательных в таджикском литературном языке XIX-XX вв / Б.П. Ашрапов // Актуальные проблемы лингвистики и лингводидактики в современных условиях: Материалы республиканской научно-практической конференции, Душанбе, 29 ноября 2022 года. – Душанбе: Филиал Московского государственного университета имени М.В. Ломоносова в городе Душанбе, 2022. – С. 26-30.
  14. Giyosov, N.I. Brief essay on copies of historical production entitled as “Tuhfat-ul-khani” by Muhammadwafo Karminagi / N.I. Giyosov, B.P. Ashrapov // Рефлексия. – 2021. – № 5. – P. 7-9.

Поделиться

506

Абдуллоева М. А. Абдуссалами Кафафи – арабский комментатор «Маснави Маннави» Мауланы Джалалуддина Руми // Общество, образование, технологии: перспективы научных исследований в цифровую эпоху : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 14 февраля 2023г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2023. С. 45-48. URL: https://apni.ru/article/5570-abdussalami-kafafi-arabskij-kommentator

Актуальные исследования

#41 (223)

Прием материалов

5 октября - 11 октября

осталось 6 дней

Размещение PDF-версии журнала

16 октября

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

29 октября