Главная
Конференции
Научное знание как фактор общественного развития
Круг проблем, возникающих при использовании индивидуально-дифференцированного об...

Круг проблем, возникающих при использовании индивидуально-дифференцированного обучения на уроках английского языка

Секция

Филологические науки

Ключевые слова

круг проблем
применение индивидуального и дифференцированного обучения
занятия английским языком

Аннотация статьи

В данной статье рассматривается проблематика использования индивидуального и дифференцированного обучения на уроках английского языка. Отмечается, что индивидуализацию можно рассматривать с точки зрения образовательного процесса.

Текст статьи

Дар марҳилаи муосири рушди низоми маорифи кишвар барои инкишофи мукаммали шахсияти мактаббачагон шароити мувофиқ таъмин шуда, ташаккули арзишҳои маънавии умумибашарӣ ҳамчун омили муҳим дар мувофиқа бо арзишҳои миллӣ дар заминаи демократикунонӣ ва инсонгароӣ таҷдид меёбад. Ба омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар зарур аст, ки дар раванди таълиму тарбия маркази диққат аз таълимдиҳӣ ба омӯзиш кӯчонида шавад, худи таълим на ҳамчун интиқоли маълумот, балки ҳамчун фаъолгардонӣ ва таҳрикбахшии (ба истилоҳи як вақт равоншиносони инсонгаро – “фасилитатсия”, яъне дар як вақт таҳрик бахшидан ва озод намудан) равандҳои омӯзиши бошуурона ба роҳ монда шавад. Омӯзиш ва таҳлили адабиёти муосири психологӣ ва педагогӣ маълум менамояд, ки дар назарияи илмӣ ва амалия баробари истилоҳи “муносибати фардӣ” истилоҳи “фардикунонӣ” ба кор меравад. Ба андешаи олими шинохтаи рус Е.С.Рабунский, муносибати фардӣ, принсипи муҳимтарини тарбияву таълим аст, дар ҳоле, ки фардикунонии омӯзиш – ба таври махсус ташкил намудани раванди таълим дар қаринаи муносибати фардӣ мебошад [6, c.15-18].

Дар «Энсиклопедияи педагогӣ» мафҳуми фардикунонӣ чунин тавсиф ёфтааст: “...ташкили раванди таълим, ки дар он интихоби воситаҳо, тарзҳо, суръати омӯзиш бо назардошти гуногуни фардии хонандагон, сатҳи инкишофи қобилияти онҳо ба омӯзиш сурат мегирад. Фардикунонии таълим, ки ба донишҳои амиқи омӯзгор дар бораи хусусиятҳои фардии шахсият, дунёи маънавии ҳар як хонанда асос ёфтааст, барои ноил гардидан ба ягонагии тарбия ва таълим мусоидат мекунад” [5, c. 201]. Ин ҳаргиз чунин маъно надорад, ки ҳар як хонанда ба таври фардӣ, новобаста аз дигарон таълим мегирад, ҳарчанд чунин равиши таълим низ имконпазир аст.

И.Э. Унт мафҳуми “фардикунонӣ”-ро чунин тафсир менамояд: “Фардикунонӣ-дар раванди таълим ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои фардии хонандагон дар тамоми шаклҳо ва методҳои он, новобаста аз он, ки чӣ гуна хусусиятҳо ва то кадом андоза, ба ҳисоб гирифта мешаванд” [7, c.8]. ин таъриф моҳияти мафҳуми “фардикунонӣ”-ро пурратар ифода мекунад, аммо ҳангоми истифодаи ин мафҳум дар назар бояд дошт, ки дар мавриди корбурди амалии он на дар бораи фардикунонии мутлақ, балки нисбӣ сухан меравад. Дар амалияи воқеии мактаб фардикунонӣ ҳамеша нисбӣ мебошад, ки сабабҳои зерин дорад: одатан хусусиятҳои фардии на ҳар як хонандаи алоҳида, балки дар гурӯҳи хонандагон, ки дорои хусусиятҳои тақрибан ҳаммонанд мебошанд, ба ҳисоб гирифта мешаванд; танҳо хусусиятҳои маълум ё маҷмӯи онҳо ба назар гирифта мешаванд, ва маҳз ҳамонҳое, ки аз дидгоҳи омӯзиш муҳимнд (масалан, қобилияти умумии фикрӣ); дар баробари ин, метавонанд як қатор хусусиятҳое мавҷуд бошанд, ки ба ҳисоб гирифтани онҳо дар шакли мушаххаси фардикунонӣ ғаййриимкон ё ҳатто на он қадар зарур аст (масалан, хислатҳои гуногуни характер ё мизоҷ); гоҳе ба назар гирифтани баъзе хислатҳо ё ҳолатҳо танҳо дар мавриде рӯй медиҳад, ки агар маҳз ҳамин чиз барои хонандаи мазкур муҳим аст (масалан, истеъдод дар ягон соҳа, носозии саломатӣ); фардикунонӣ на дар тамоми ҳаҷми фаъолияти таълимӣ, балки лаҳзавӣ ё дар ягон навъи кори таълим татбиқ гардида, бо кори ғайрифардӣ пайваст мешавад [7, c.8-9].

Таърифи ба таври кофӣ пурраи таълими тафриқавӣ аз ҷониби коллективи муаллифон зери роҳбарии М.А.Данилов ва М.Н.Скаткин дар боби “Тафриқаи таълим дар мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ” дода шудааст: “Раванди таълиму тарбияро, ки ба он назардошти фарқияти типии фардии хонандагон хос мебошад, маъмулан тафриқавӣ меноманд, омӯзиш дар шароити ин раванд-таълими тафриқавӣ унвон дорад” [1, c.24].

Дар баъзе мактабҳо тафриқа аз рӯйи савияи донишҳо имкон дорад, яъне аз хонандагони “боқувват” як синф, аз хонандагони “миёнаҳол”-синфи дигар, аз хонандагони “суст”- синфи севум ташкил мешавад. Чуноне ки таҷриба нишон медиҳад, дар ин маврид ҷиҳатҳои ҳам мусбат ва ҳам манфӣ буданду ҳастанд. Ба ҷиҳатҳои мусбат инҳоро донистан мансуб донистан мумкин аст: ба омӯзгор кор кардан осонтар аст, ӯ метавонад маводеро интихоб намояд, ки ба сатҳи донишҳои синф мувофиқ аст; зарурати фардикунонӣ дар дохили синф кам мебошад; ба кор ҷалб кардани хонандагони “боқувват” осонтар аст. Ҷиҳати манфӣ аз он иборат аст, ки дар хонандагони “боқувват” ҳисси бартарӣ нисбат ба дигарон пайдо мешавад, дар хонандагони суст метавонад “маҷмӯи эҳсоси номукаммалии худ” шакл мегирад. Байни хонандагоне, ки аз рӯйи нишонаи пешрафти нисбатан суст дар як синф муттаҳид шудаанд, поён рафтани мотиватсияи маърифатӣ, ҳамчунин мотиватсияи омӯзиш низ мушоҳида мешавад. Мафҳуми тафриқа аз ҷониби В.М.Монахов, В.А.Орлов, В.В.Фирсов [4] ва олимони тоҷик, академик У.Зубайдов [2] низ ҳаматарфа баррасӣ шудааст. Онҳо ҳадафҳои асосии тафриқабахширо аз нуқтаи назари равоншиносию педагогӣ муайян кардаанд: фардикунонии таълим, ки ба фароҳам овардани шароити муносиб барои ошкор намудани нишонаҳои қобилият, инкишофи майлу рағбат ва қобилияти ҳар як хонанда; аз дигоҳи иҷтимоӣ – таъсироти ҳадафмандона бе шаклгирии нерӯи эҷодӣ, зеҳнӣ, касбии ҷомеа бо мақсади истифодаи оқилонаи имконияти ҳар як узви ҷомеа дар муносибатҳои мутақобили ӯ бо сотсиум; аз нуқтаи назари дидактикӣ – ҳалли масъалаҳои ногузири мактаб тариқи бунёди низоми нави методии таълими тафриқавии хонандагон, ки ба таҳкурсии нави мотиватсионӣ асос ёфтааст. Муаллифони мазкур тафриқаи дохилӣ ва берунаро муқаррар кардаанд.

Тафриқаи дохилӣ ба тарзи гуногун таълим додани бачагонро дар синфи аз рӯйи аломатҳои тасодуфӣ ташкилшуда тавсиф менамояд. Ин шакл ба назардошти нисбатан пурраи хусусиятҳои фардӣ ва гурӯҳии хонандагон асос ёфтааст. Он дигаргуншавии суръати омӯзиши мавод, тафриқаи супоришҳои таълимиро дар назар дорад. Махсусияти тафриқаи дохилӣ аз он иборат аст, ки он ҳам ба хонандагони пешрафташон суст ва ҳам ба хонандагони боистеъдод нигаронида шудааст. Тафриқаи беруна дар асоси принсипҳои муайян (майлу рағбат, хоҳиш, қобилият ва натиҷаҳои ба даст омада) бунёд кардани гурӯҳҳои нисбатан устуворро дар назар дорад, ки дар онҳо мундариҷаи таҳсилот ва талаботи ба хонандагон пешниҳодшаванда аз ҳам тафовут доранд. Тафриқаи беруна метавонад ё доираи низоми селективӣ (қатъӣ), ё дар доираи низоми элективӣ (яъне интихоби озоди фанҳои таълимӣ дар заминаи ядрои умумӣ) амалӣ гардад [4, c.43]. Ташкили синфҳои махсус бо омӯзиши фанҳои алоҳида маъмулан аз синфҳои 10-11 оғоз меёбад. Ин шояд синни мувофиқ барои чунин тайёрӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин давра завқи маърифатӣ ва ҳадафу ниятҳои касбӣ, ки ба масъалаҳои назариявӣ нигаронида шудаанд, ташаккул меёбанд [3]. Дар ин гуна синфҳои махсус якхелагӣ (гомогенӣ будан) хусусияти нисбӣ дорад.

Дар натиҷаи ҳамаи ин дар синфҳои махсус низ зарурати фардикунонии дохилисинфӣ боқӣ мемонад. Нисбат ба синфҳои маъмулӣ хонандагони синфҳои зикршуда аз рӯйи тамоми фанҳо пешрафти бештаре доранд. Ба ин хонандагон ҳамчунин муносибати бештар борағбат ба омӯзиш, завқу хоҳишҳои бештар инкишофёфта, камолоти иҷтимоӣ хос буда, дарсинф ягонагии қавитари тамоюлҳои арзишӣ мушоҳида мешавад. Ин маълумот гувоҳи онанд, ки дар синфи нисбатан якхела ба кори омӯзиш ба ғайр аз омилҳои зеҳнӣ, боз омилҳои зиёди дигаре, аз ҷумла, иҷтимоию равонӣ таъсир расонида метавонанд. Аз байни низомҳои гуногуннавъи педагогие, ки ҳадафи онҳо татбиқи таълими ба фардият нигаронида мебошад, таълимии модулии дар солҳои 60-уми асри гузашта пайдошуда сазовори таваҷҷӯҳ аст. Моҳияти таълими мазкур аз он иборат аст, ки таълимгиранда метавонад бо барномаи таълимии фардие, ки ба ӯ пешниҳод шудааст, нисбатан мустақилона ё комилан мустақилона кор кунад. Ин барнома нақшаи мақсадноки амалҳо, бонки маълумот ва дастури методии расидан ба ҳадафҳои дидактикии пешгузоштаро дар бар мегирад. Вазифаҳои асосии педагог метавонанд аз иттилоотию назоратӣ сар карда, то машваратию ҳамоҳагсозӣ тағйир ёбанд. Мувафаақияти таълими модулиро риояи муносибатҳои баробарҳуқуқ байни педагог ва хонандагон таъйин мекунад. Ба ғайр аз ин, шаклҳои тафриқабахшӣ, аз қабили машғулияти факултативӣ, синфҳо бо омӯзиши амиқтари фан, махфилҳо истифода мешаванд.

Машғулиятҳои факултативӣ навъи аз ҳама мутаҳаррики таълими тафриқавӣ мебошанд. Онҳо робитаи фанҳоро бо ҳаёт, ба ҳисоб гирифтани қобилияти фардии хонандагонро дар назар доранд. Дар аксари мавридҳо ҳадафи назаривии факултатив бо ҷанбаи амалӣ иртибот дорад. Ин фаъолият аз худ кардани маълумот, машқи малакаҳо, мустаҳкам кардани натиҷаҳои бадастомада, мусоидат ба ташаккули маҳорати эҷодиро дар бар мегирад. Дар курсҳои факултативӣ муаллим равандҳои фардиро маиқ дарк намуда, ба рушди минбаъдаи мактаббачагон фаъолона мусоидат мекунад.

Бар замми ин, дар синфҳо бо омӯзиши силсилаи фанҳо шароити мусоиди таълим, ки ба майлу рағбати хосаи хонандагон ба фанҳои ихтисосӣ асос ёфтааст, фароҳам оварда мешавад.

Дар хулоса бояд кайд кард, ки татбиқи принсипҳои асосии таълими ба шахсият нигаронида дар педагогикаи ҷаҳониву ватанӣ дар низомҳои гуногуни ташкилӣ (педагогӣ) инъикос ёфтааст. Ҷиҳати умумии тамоми низомҳоро нуқтаҳои зерин ташкил медиҳанд: эҳтиром ба кӯдак ҳамчун шахсият, бовару эътимод ба ӯ, пазируфтани ҳадафҳои шахсӣ, эҳтиёҷот ва майлу рағбати ӯ, барои ҳар як хонанда муҳим будани қобилият ва имкони интихоби озод, худтакмилдиҳӣ, омӯзиши эҷодӣ ва нишотбахш; ҳамчун, ба хонандагон додани озодиву мустақилияти бештаре барои худтадбиқкунӣ юо назардошти ҳадди ниҳоии фардикунонӣ, яъне кӯдак дар тамоми низомҳои ташкилӣ ҳамчун ҳалқаи марказии таълим баррасӣ мегардад. Бояд дар хотир дошт, ки ҳама гуна низоми педагогӣ ба инсонгароёна намудани муносибатҳои байнишахсӣ ва ташаккули донишазхудкунии хонандагон нигаронида шудааст.

Список литературы

  1. Дидактика средней школы. Под.ред. М.Н.Скаткина. М.: Просвещение, 1982. 319 с.
  2. Зубайдов У. Таълими тафриқа: проблема, мулоҳиза, воқеият. Душанбе: Ирфон, 2005. 242 с.
  3. Кон И.С. Психология ранней юности. М.: Просвещение, 1989. 225 с.
  4. Монахов В.М., Орлов В.А., Фирсов В.В. Дифференциальное обучение в средней школе // Советская педагогика. 1990 -№8. С. 42-47.
  5. Педагогическая энциклопедия / Гл. Ред. И.А.Каиров и др.: В 4-х т.- М.: Советская энциклопедия, 1965. Т.2. 912 с.
  6. Рабунский Е.С. Индивидуальный подход в процессе обучения школьников (На основе анализа их самостоятельной учебной деятельности). М.: Педагогика, 1975. 184 с.
  7. Унт И.Э. Индивидуализация и дифференциация обучения. М.: Педагогика, 1990. 192 с.
  8. Ashrapov B.P. On the issue concerned with communicative culture and its impact on students` personal development. // Designing. An Experience. Result. 2021. № 4. P. 12-14.
  9. Ashrapov B.P. On the issue concerned with principles of interethnic tolerance formation of higher educational establishments students. // Designing. An Experience. Result. 2021. № 3. P. 16-18.
  10. Ashrapov B.P. On the issue concerned with students` self-sufficient work organization in the educational process (based on credit tuition). // Designing. An Experience. Result. 2021. № 2. P. 5-7.
  11. Ashrapov B.P. Teaching foreign languages based on distance tuition system // International Research Journal. 2023. №2 (128). - DOI: 10.23670/IRJ.2023.128.1

Поделиться

494

Каримова Д. А., Пулотова М. Д. Круг проблем, возникающих при использовании индивидуально-дифференцированного обучения на уроках английского языка // Научное знание как фактор общественного развития : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 12 апреля 2023г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2023. С. 13-16. URL: https://apni.ru/article/5935-krug-problem-voznikayushchikh-pri-ispolzovani

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru
Актуальные исследования

#50 (232)

Прием материалов

7 декабря - 13 декабря

осталось 7 дней

Размещение PDF-версии журнала

18 декабря

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

31 декабря