Главная
Конференции
Наука и образование как факторы социальной динамики
Адвербализация в английском и таджикском языках

Адвербализация в английском и таджикском языках

Секция

Филологические науки

Ключевые слова

типология
части речи
наречие
переход
адвербиализация

Аннотация статьи

Статья посвящена процессу адвербиализации на таджикском и английском языках.

Текст статьи

Забон воситаи асосии муносибати байни одамон ҳисобида шуда, чун мубодилаи афкор метавонад аз ӯҳдаи иҷрои вазифаҳои мураккабу гуногун барояд. Аз ин лиҳоз забон аз як тараф, дорои фонема, морфема ва калима буда, аз тарафи дигар, вай аз сохтор иборат мебошад. Забон ҳамчун маҳсули ҷамъияти инсонӣ баробари тараққиёти ҷамъият ташаккул меёбад, таркиби луғавӣ ва сохти наҳвии худро мукаммалу суфтатар мегардонад. Собит шудааст, ки забони тоҷикӣ таърихи дуру дарози тараққӣ ва зинаҳои гуногуни такомулро аз сар гузаронидааст. Аз ин сабаб ҳар як ҳодисаи забонӣ ҳамон вақт равшану фаҳмо мегардад, ки дар алоқамандӣ бо таърихи пайдоиш ва раванди такомулаш омӯхта шавад. Сохтори забон ин сохти таркибии забон буда, алоқаю муносибатҳо ва унсурҳои бешумор дорад. Маълум аст, ки дар ҷаҳон шумораи зиёди забонҳо мавҷуданд. Ҳар яке аз онҳо хусусиятҳои хоси худро доранд. Агар мо ҳама аломати умумии забонҳо ё хусусияти хоси як забонро бо забони дигар муқоиса кунем, аломатҳои фарқкунандаро дида метавонем.

Талабот ба омӯзиши забони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон водор мекунад, ки муқоисаи ду забон, яъне хориҷӣ ва модарӣ аз лиҳози илмӣ асоснок бошанд. Забоншиноси варзида В.Д. Аракин қайд кардааст: «Типология чун шохаи махсуси забоншиносӣ назарияи худро дар асоси далелҳои илмии хулосавӣ сохта, имконияти забонро ҳам аз ҷиҳати таърих ва ҳам дар шароити имрӯза меомӯзад» [2, с.26].

Таърихи грамматикаи назариявӣ нишон медиҳад, ки омӯзиши хиссаҳои нутқ дар илми наҳв яке аз ҷойҳои марказиро ишғол мекунад. Дар низоми ҳиссаҳои нутқ омӯзиши зарф нисбатан дертар оғоз ёфтааст ва тадқиқоти он то ҳол давом дорад. Он на танҳо дар байни олимони англис, балки муҳаққиқони забони тоҷикӣ низ мавзӯи доғ ва баҳснок ба шумор меравад. Омӯзиши зарф дорои якчанд паҳлӯст, ки инҳо таҳлили навъҳои маъноии зарф; муайян намудани хусусиятҳои умумию морфологии байнизабонии онхо; таҳлили зарф аз нуқтаи назари вазифа; муайян кардани категорияи дараҷаи зарф дар ду забон; муайян намудани гузариши зарф ба дигар хиссахои нутқ ва кӯчиши дигар ҳиссахои нутқ ба зарф мебошанд.

Ҳам дар забони тоҷикӣ ва ҳам дар забони англисӣ зарф чун ҳиссаи мустақили нутқ эътироф шудааст. Лекин таснифоти зарфҳо чун категорияи махсус дар забонҳои муқоисашаванда номуайян буда, ҳудудҳои луғавии онҳо кушод мебошад ва навъҳои функсионалии онҳо гуногунтаркибанд. Аз ҷиҳати муносибатҳои синтаксисиву маъноӣ зарф дар ҳар ду забон аксаран ба вазифаи ҳол меоянд, ки дар навбати худ ба зергурӯҳҳо ҷудо мешаванд: аломат, миқдор, макон, замон ва ғ. Зарф дар забони тоҷикӣ ҳиссаи мустақил буда, тағир намеёбад, яъне категорияи ҷамъ надорад. Хусусияти тағйирпазирии зарф танҳо дар ифодаи дараҷаи қиёсӣ мушоҳида мешавад, ки он ҳам на ба ҳама зарфҳо мансуб аст [6, с.356].

Зарфҳое низ мавҷуданд, ки дараҷаи қиёсӣ доранд: зудтар, наздиктар.

Зарф инчунин -ванд(аффикс)-ҳои калимасоз дорад: пешакӣпагоҳӣ, барвақт.

Зарф мувофиқи маънои умумии худ ба ду гурӯҳ ҷудо мешавад: зарфҳои аломат ва зарфҳои ҳолат. Дар забони англисӣ низ зарфҳо ба содда fastherethere, сохта badlyusuallypartlyмурракаб sometimesanywayoverhead ва таркибӣ longloudearly ҷудо мешаванд.

Дараҷаҳои зарф дар ҳар ду забон пурра ба мисли сифат сурат мегирад. Зарф дар забонҳои муқоисашаванда бо чанд хиссаҳои нутқ дар муносибат қарор дошта метавонад. Алалхусус, зарф бо сифат, феъл ва дигар гурӯҳи калимаҳо ҳамроҳ меояд. Дар забонҳои муқоисашаванда аз лиҳози морфологӣ зарфҳоро ба якумдараҷа ва дуюмдараҷа низ ҷудо мекунанд. Зарфҳои якумдараҷа ҷузъ-ҷузъ мебошанд. Дар зарфҳои дуюмдараҷа бошад, истифодаи ванд(аффикс)- ҳо мушоҳида карда мешавад. Дар забони тоҷикӣ зарфҳои бо пешвандҳо сохташаванда басо маъмуланд. Дар забони англисӣ бошад, асосан пасванди –ly суффикси зарфсоз маҳсуб мешавад.

Зарф дар забони тоҷикӣ аз дигар ҳиссаҳои мустақили нутқ сохта мешавад: исм - бодиққат, ғолибонасифат - тез-тез, дилпуронашумора якчанд, дубора, дунафарӣҷонишин ҳаматарафа, ягон-ягонфеъл- торафт, умрбод, рафта-рафта ва ғ.: Акнун, ин на одам мешавад ва на мулло, рафта-рафта ин хар мешавад [1, с.60]; Ба ин сабаб ман ҳар рӯз якчанд бор ба пеши вай, ки ӯро амакбобо мегуфтем, мерафтам [1, с.55].

Дар забони англисӣ бошад, зарф одатан баъд аз феъл ё пеш аз сифат меояд. Мисол: тез давидан - to run quickly, барвақт омадан – to come early; беҳад хушбахт – extremely happy.

Одатан зарф дар забони тоҷикӣ пеш аз феъл ҷойгир мешавад, аз ин лиҳоз онҳо бандаки изофӣ ва бандакҳои феълии шахсӣ қабул намекунанд.

Олими шинохтаи тоҷик И. Исмоилов [5, с.9] зарфҳои забони тоҷикиро аз ҷиҳати пайдоишашон ба ду гурӯҳ ҷудо кардааст: зарфхои аслӣ аз қабили зуд, акнун, ҳамеша, ҳаргиз ва ғ.: Падарам маро фармуд, ки зуд Усто амакро ҷеғ зада биёрам [1, с.56]; - Ҳозир сабр кун,… аммо ҳамеша ба гурехтан тайёр бош [1, с.44].

Ба гурӯҳи дуюм зарфҳое дохил мешаванд, ки аз рӯи вазъият ё шакли ҳозираашон чӣ тавр ташкил ёфтан ва аз кадом ҳиссаи нутқ ба зарф гузаштанашонро эзоҳ додан мумкин аст. И. Исмоилов ин гурӯҳро нисбатан калон шуморида дар навбати худ ба ду зергурӯҳ ҷудо кардааст: 1) Бе аломатҳои морфологӣ; 2) Бо аломатҳои морфологӣ [5, с.12].

Ба гурӯҳи якум як қатор калимае, ки ба ҳиссаҳои гуногуни нутқ тааллуқ доранд ва ба вазифаи зарф меоянд аз қабили сифатҳои аслии нав, хуб, сахт, тезисмҳои ифодакунандаи мафҳумҳои макону сӯй аз қабили пеш, қафо, ақиб, боло, поён, берунҷонишинҳои чанд, кай, куҷо дохил мешаванд, ки дар баробари вазифаи аслии худ амали зарфро низ иҷро мекунанд. Калимаҳои номбаршуда аз ҷиҳати маъно - ифодаи аломати амал ё вазъияти ба амал омадани он бо зарф умумият доранд, бинобар он ба вазифаи зарф омада тавонистани онҳо ҳодисаи нав набуда, маъмулии забон аст. Аз як ҳиссаи нутқ ба дигара ҳиссаи нутқ гузаштани калимаҳоро илми забоншиносӣ ҳодисаи қонунӣ мешуморад. Агар чунин намебуд истилоҳоти субстантиватсия, адвербализатсия, адъективатсия, вербализатсия ба вуҷуд намеомаданд.

Калимаҳои ба дигар ҳиссаҳои нутқ мансуббуда, дар мавриди ҳамчун зарф истифода бурдан, бо зарфҳои аслӣ ҳаммаъно ва ҳамвазифа мегарданд: тез-зуд, нав-акнун, сахт-бисёр ва ғ.

Ба гурӯҳи дуюм зарфхои миқдоран зиёде, ки аз ҳиссаҳои гуногуни нутқ бо ҳамроҳ кардани вандҳо сохта шудаанд, дохил мешаванд: нохост, беист, бародарвор ва ғ.

Зарф метавонад тавассути ҳодисаи зарфшавӣ ё адвербализатсия сохта шавад. Адвербализатсия ин гузариши дигар ҳиссаҳои нутқ ба гурӯҳи зарфҳо мебошад. Дар раванди адвербализатсия, зарф бе иловаи аффиксҳо сохта мешавад: She speaks French beautifully (феъл); It was a funny story (сифат); He spoke very loudly (зарф).

Гузариши грамматикӣ ба се намуд ҷудо мешавад: синтаксисӣ, морфологӣ ва функсионалӣ. Ҳамаи ин мафҳумҳо маънои умумӣ доранд, ки онро ҳамчун раванди тағироти сохт ва маънои калимаҳо маънидод кардан мумкин аст.

Дар забонҳои муқоисашаванда зарфшавии исмҳое, ки фасли сол, вақтро ифода мекунанд дар он сурат ба вуқӯъ меоянд, ки бо сифат муайян карда шудани он аз байн рафта, муайян кардани феъл ба миён ояд. Яъне зарфшавии исмҳо дар натиҷаи гум кардани муносибатҳои айниву зеҳнии исм ва соҳиб шудани он барои ифодаи муносибати ҳолӣ амалӣ мегардад. Дар забони англисӣ инчунин зарфшавӣ бо роҳи ҷудо кардани шаклҳои синтаксисии падежҳо ба воситаи исмҳо сохта мешаванд: nights – шабона.

Чуноне ки зикраш рафт аз ҷиҳати сохт зарф ба содда, мураккаб ва таркибӣ ҷудо мешавад. Зарфҳои сохта бо роҳи илова кардани пасванди -ly «busily, easily, partly» ва ғ. сохта мешавад.

Калимаҳое, ки ба дигар ҳиссаҳои нутқ мансубанд ва чун зарф кор фармуда мешаванд бо зарфҳои аслӣ ҳаммаъно ва ҳамвазифа мегарданд. Калимаҳое, ки аз дигар ҳиссаҳои нутқ ба зарф гузаштаанд ‟боло, поён, дарун, болотар, пештар, ақибтар” бе тағироти шаклашон, оҳиста-оҳиста хусусиятҳои морфологии зарфро қабул менамоянд.

Ҳамин тавр, таҳлили зарф дар ду забони бегона нишон медиҳад, ки категорияҳои грамматикии дар боло қайдшуда ҳам дар забони тоҷикӣ ва ҳам дар забони англисӣ баробар тақсим шудаанд. Лекин дар он қариб ҳамаи хусусиятхои морфологии забон дида мешаванд. Хусусияти асосии грамматикии зарф дар он аст, ки он ҳиссаи тағирнопазири мустақили нутқ мебошад. Калимаҳое, ки ба зарфшавӣ дучор шудаанд, бе тағироти шакл, хусусиятҳои морфологии ҳодисаи зарфро қабул кардаанд.

 

Список литературы

  1. Айнӣ С. Ёддоштҳо. Душанбе, Адиб, 1990. 352 с.
  2. Аракин В.Д. Сравнительная типология английского и русских языков. – Москва, Просвещение, 1989. 256 с.
  3. Арбекова Т.И. Лексикология английского языка. М., 1977. 240 c.
  4. Арнольд И.В. Лексикология современного английского языка. М.: Высшая школа, 1986. 295 c.
  5. Исмоилов И. Зарф дар забони адабии хозираи точик. Душанбе: Ирфон, 1971. 78 с.
  6. Забони адабии ҳозираи тоҷик қ.1 // Лексикология, фонетика ва морфология. Душанбе: Маориф, 1982. 460 с.

Поделиться

730

Атаева Х. Г., Мухсинзода М.. Адвербализация в английском и таджикском языках // Наука и образование как факторы социальной динамики : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 15 апреля 2024г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2024. С. 9-12. URL: https://apni.ru/article/9003-adverbalizatsiya-v-anglijskom-i-tadzhikskom

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 6 дней

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января