Главная
Конференции
Общественно-гуманитарные науки как фактор социальных трансформаций
Условия педагогической и психологической среды, способствующие формированию гума...

Условия педагогической и психологической среды, способствующие формированию гуманистических навыков учеников младших классов посредством использования детской литературы

Секция

Педагогика и психология

Ключевые слова

педагогия
психология
гуманистический подход
детская литература

Аннотация статьи

Формирование гуманистических качеств личности учеников начальных классов должно базироваться на принципах гуманизации достижений, которые делают их защитниками социальной личности, открывающей для себя смысл гуманизации отношений и значения. 

Текст статьи

Ҳангоми таҳия ва ташкили дарсҳо дар синфҳои ибтидоӣ диққати асосӣ бояд ба ташаккули малакаҳои худшиносӣ, худогоҳӣ, худтанқиднамоӣ ва худинкишофдиҳии гуманистии шахсияти хонандагони хурдсол таввасути фаъолияти хониши бадеӣ дода шавад. Адабиёти педагогӣ дар тамоми давру замон дарсро ҳамчун шакли асосии раванди таълим шинохта онро мавриди таҳлили ҷиддии илмӣ қарор додааст. Аксари педагогҳои классик ва муосир ҷиҳати тарбиявии дарсро низ мавриди баррасӣ ва таҳқиқ қарор додаанд.

Лутфуллоев дар асарашон “Андешаҳо перомуни салоҳиятҳо ва ташаккули онҳо” қайд менамоянд, ки “Муаллим танҳо дарс надода, инчунин тарбиятгару мураббӣ, ташкилотчию роҳбари корҳои беруназсинфию беруназмактабии бачаҳо мебошад. Вай ба он назорат мекунад, ки ҳар як талаба вақти холиашро чӣ тавр самаранок истифода мебарад» [1, с.11]. Ва ё қайд менамояд: “Дар ҳамаи дарсҳо аз аввал то охир бояд муҳити рӯҳбахшанда, шодона, бардамона, некбинона ҳукмрон бошад” [4, с.27].

Х. Раҳимов, Г. Мухторова оиди масъалаи мазкур ақидаи зерринро пешниҳод менамоян: “Дар тарбияи гуманистии талабагон дарсҳо хелемуфиданд. Муаллимон тавассути дарсҳо ҷиҳатҳои мусбати шахсияти олимон, адибон, қаҳрамониҳои ашхоси арсаи кор, навоварон, ихтироъкорон, ки баҳри инсоният кардаанд, баррасӣ менамоянд. Аз корнамоиҳои бемисли бузургон, порчаҳои эҷодии эшон мисолҳо овардан, усулҳои ахлоқӣ ва кирдорҳои шоистаи онҳоро баррасӣ намудан ба талабагон таъсири амиқи инсонпарварӣ мегузорад” [5, с.26].

Ю. Юнусов сари масъалаи мазкур ботафсилтар маълумот медиҳад: «Гузаронидаи дарсҳо дар синфҳои ибтидоӣ бе ташаббускорӣ, муносибати эҷодӣ ва ҷӯяндагию навоварӣ даст намедиҳад. Кори хониш ба хонандагони хурдсол басо вазнин аст. Агар муаллим ҳангоми баёни мавзуъ онро ҳаяҷонбахшу ҷолиб дастрасашон гардонад, онҳо бо шодию ҳаловати махсус донишҳоро ҳазм менамоянд” [8, с.137].

Ҳалли вазифаҳои ба миён гузоштаи таълимии консепсияҳои мазкур дар он сурат муваффақона анҷом мепазирад, ки ҳамаи субъектҳои раванди таълим ҳамкории фаъолона намоянд, ки дар натиҷа муносибати фаъол таъмин карда мешавад. Таҳқиқотҳои дар педагогика ва психология ба иҷрорасида, инчунин мушоҳидаҳои рӯзмарраи раванди таълим нишондиҳандаи он мебошанд, ки аз нуктаи назари гуманистӣ инкишофи шахсият дар маҷмуъ, раванди тағйироти муайяни миқдорӣ ва сифатии равонӣ, ҷисмонӣ ва маънавию рӯҳии одам мебошад, ки ҳадди ниҳоии он ташаккули шахсияти комил ба шумор меравад.

Қуллаи баландтарин ва олии раванди тағйиротҳои объективии нерӯи инсон, ин рушди маънавии инсон мебошад, ки дар натиҷа инсон маънӣ ва сабаби ҳастиаш, алоқамандии худашро бо олами беруна ва ягонаю том будани ҷахонро дарк менамояд. Тибқи вазифаҳое, ки дар робита бо тадқиқотамон дар назди худ гузошта будем мо зарур шуморидем, ки шароити таъминкунандаи ташаккулёбии самаранокии салоҳиятҳои ахлоқӣ-гуманистиро дар шахсияти хонандагони хурдсол муайян ва тавсиф намоем. Ягонагии талаботи вазифавии хонандагони хурдсол, зарурияти ҳамгиро гардонидани саъю кӯшиши ҳамаи омӯзгорон дар масъалаи таълиму тарбияи насли наврас, таҳия намудан ва фароҳам овардани гуногунандешӣ дар коллективи омӯзгорӣ низ аз шароити ноил шудан ба ҳадафҳои дар назди низоми таҳсилот гузоштаи ҷомеа ва самаранок гардонии фаъолияти таълимию тарбиявии педагогӣ ба шумор меравад. Аксари ин муҳақиқон чунин мешуморанд, ки дар тарбияи гуманистии кӯдакон дониши касбию фаннии омӯзгор, донистани хусусиятҳои синнусолии психологию физиологии хонандагон, қобилияти ба таври дастрас ва қатъиян бо мазмуни илмӣ пешниҳод намудани маводи омӯзонидашаванда, нақши асосӣ мебозанд.

Ин маънои онро дорад, ки инкишофи шахсият дар зери таъсири омилҳои иҷтимоӣ дар раванди иҷтимоишавӣ, яъне дар раванди ҳосилшавии арзишҳо ва меъёрҳо, ташаккулёбии муносибатҳо ва намунаҳои рафтори ба ин ҷомеа хос, инчунин натиҷаи такмилдиҳӣ ва дигаргунсозии меъёру қоидаҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ аз тарафи ӯ дар натиҷаи гирифтани таҷрибаи ҷамъиятӣ мегузарад. Бузургтарин педагог ва психолог-педагогҳои солҳои 20-ум, 40-уми шуравӣ дар асарҳои худ ҳамчун омили муҳимтарини тарбияи ахлоқӣ-гуманистӣ ва камолоти шахсии хонандагон коллективи синфиро шуморидаанд. Ин устодон ташкил ва нигоҳ доштани фазои рафоқат ва кӯмак расонидан ба ҳамдигарро дар байни кӯдакон таъкид намуда, кӯшидаанд дар коллективи кӯдакон ҷузъиёти имконпазири муносибатҳои наверо ёбанд, ки шахсияти кӯдаконро инкишоф медиҳанд. Онҳо муваффақ шуданд исбот намоянд, ки дар ҷараёни фаъолияти якҷоя ва муоширати аъзоёни он шахсияташон ташаккул ва инкишоф ёфта дар байни онҳо муносибатҳои байнишахсӣ, эмотсионалӣ ва равонӣ ба вуҷуд меоянд.

Шароити асосии ташаккули салоҳиятҳои ахлоқӣ-гуманистии хонандагони хурдсолро мо баррасӣ намуда зарур шуморидем дар бораи ақидаи педагоги бузург И.Ф. Харламов каме фикри худро баён намоем. И.Ф. Харламов чунин мешуморад, ки фазои баланди ахлоқӣ дар муасиссаи таълимӣ омили асосии ташаккули ахлоқи баланди кӯдакон аз ҷумла сифатҳои ахлоқӣ-гуманистии онҳо мегардад. Ӯ қайд менамояд, ки “дар муассисаи таълими ташкил намудани таҳияи фазои ахлоқии бисёр баланде мебошад, ки ба тамоми ҷузъиёти сохтории ташаккули шахсияти кӯдак таъсири мусбат расонида тавонад, ниёзҳои ботинии ӯро ҳосил намуда ангезандаи солими рафторашон гардида дар онҳо шуури ахлоқӣ ва рафториро ташаккул диҳад” [6, с.65].

Бинобар ин яке аз вазифаҳои роҳбарон ва ташкилотчиёни муассисаҳои таълимӣ, муаллимони фаннӣ ва роҳбарони синфҳои ибтидоӣ, яъне тамоми субъектҳои раванди таълиму тарбия ин таҳия намудани муҳит ва шароити қулай барои ҳар як кӯдак мебошад, ки дар асоси пригсипҳои гуманистии фаъолияти таълимӣ-тарбиявӣ ташкил гардида, фазои ахлоқии он барои ташаккулёбии салоҳиятҳои ахлоқӣ-гуманистии хонандагони хурдсол оварда расонад.

Рушди илми педагогикаро ва вазъияти муосири низоми таҳсилот баррасӣ намуда ба хулосае омадан мумкин аст, ки масъалаи ташаккулёбии салоҳиятҳои ахлоқӣ-гуманистии хонандагони хурдсол, муносибатҳои тарбиявӣ, муносибатхои байнишахсӣ, муносибат ва ҳамкории одамон дар айни замон хеле мубрам аст. Нақшу мақоми муаллим дар тарбия ва камолоти шахсияти хонандагони синфҳои ибтидоӣ, бениҳоят баланд аст. Ин таъсири муаллим дар инкишофи шахсияти шогирдон бебаҳо мебошад. Ин масъаларо тамоми педагог ва психологҳои классик ва муосир тасдиқ менамоянд. Аз нуқтаи назари равоншиносӣ низ дар ин марҳилаи синнусолӣ кӯдак ниёзи бештар ба идеали ҳаётии худ дошта онро бештар дар шахсияти муаллимми ҳалиму меҳрубон ва ғамхору ҳақиқатҷӯяш мебинад.

Бинобар ин муаллимонро зарур аст, ки дар бораи аҳамияти муносибатҳои одамон нисбат ба ҳамдигар, зарурияти ташаккул додани ҳисси эхтиром нисбат ба одамони дигар, ғамхорӣ намудан ба наздикон маълумот дошта бошад ва суханронӣ намояд, хонандагонро талқин кунад, ки инсон арзишмандтарин ва олитарин мавҷуди зинда дар рӯи замин аст ва ҳамзамон нишон диҳад, ки беэҳтиромӣ, бепарвоӣ, поймол кардани ҳаққи дигарон, муфтхӯрӣ, танбалӣ ва дигар хислатҳои пасти инсонӣ на танҳо ба муносибати байнишахсии хонандагон ва ё муаллим таъсири манфӣ мерасонад, балки боиси аз даст додани нуфузи ӯ дар назди рафиқону ҷомеъ гардида, мақоми иҷтимоиашро аз даст медиҳад.

Дар раванди ташаккули салоҳиятҳои ахлоқӣ-гуманистӣ шахсияти муаллим, хислат, эътиқодот, тарзи муносибат ба кӯдакон, симои фарҳангию мавънавии ӯ аҳамияти калон дорад, бинобар ин дар шахсияти омӯзгор бояд инсондӯстӣ, хайрхоҳӣ, муносибати самимӣ ба муваффақияти шогирдон, ягонагии маданияти ботинию зоҳирӣ инъикос ёбад. Ба ақидаи мо, ин нерӯи пуртаъсири шахсияти омӯзгор ба тарбиятгирандагонаш ба шумор меравад, зеро танҳо шахсият, хислатҳои шахсии намоёни ӯ метавонад шахсияти дигарро ташаккул диҳад. Муаллими ихтисосманд, меҳрубон, инсондӯст, хушмуомила ва дорои дигар сифатҳои баланди ахлоқӣ, метавонад ба ташаккулёбии салоҳиятҳои ахлоқӣ-гуманистии хонандагони хурдсол таъсири махсусан калон расонад.

И.С. Макаренко мушкилоти ташаккули шахсияти хонандагони хурдсолро ба назар гирифта аҳамияти мундариҷаи маводи таълимӣ ва асарҳои бадеиро оид ба равшанӣ андохтан ба мафҳумҳои ахлоқ, инсоният, инсондӯстӣ, инсонпарварӣ табиатдӯстӣ, ватандӯстӣ, дар шакли истифодаи манбаъҳои иловагӣ, ташкили кори мустақилона дар шакли хониши бадеӣ баланд арзёбӣ намуда, барои ноил шудан ба ҳадафҳои ниҳои таҳсилоти муосир истифода аз онҳоро зарур ва ҳатмӣ мешуморад. Таҳлили адабиёти методӣ ба мо имкон дод, ки баъзе паҳлӯҳои асарҳои бадеиеро, ки дар синфҳои ибтидоӣ тавсия шуда аҳамияти ахлоқӣ-гуманистӣ доранд муайян кунем.

Пеш аз ҳама бояд фаъолияти маърифатии хонандагони хурдсолро барои ҳалли мушкилоте, ки ба сари қаҳрамонони асарҳо меоянд фаъол намуда онро бо равандҳои ҳаётие, ки кӯдаконро иҳота намудааст алоқаманд намоем, дар онҳо оиди мафҳумҳои мушкилоти шахсӣ ва ҷамъиятӣ тассаввуроти амиқ ҳосил намоем. Ба манфиат ва талаботи ботинии хонандагон такя намуда дараҷаи ҳасосияти равонии онҳоро нисбати тақдири қаҳрамонони асарҳо ташхис намуда мазмунан ба равандҳои дар сюжети ин асрҳо гузаранда шаклхои гуногуни машғулиятҳоро ба монанди саҳначаҳо, баҳсҳо, суҳбатҳо, дарсҳои проблемавӣ-лоиҳавӣ ва бозиҳоро ташкил намоем.

Муқаррароти асосии инсонпарвариро таҳлил намуда, арзишҳои умумибашариро дарк кардан, таҷрибаи ҳаётӣ ва маънавии насли калонсолро таҳлил намуда, равандҳо ва ҳодисаҳои объективиро дар асоси принсипҳои гуманизатсияи таҳсилот ба ҳамдигар алоқаманд намудан, ҳамгиро намудани роҳҳои навсозии мазмуни гуманистии маводи таълимии фанҳои таълимӣ ва робитаро бо китобхонаи мактаб мустҳкам намудан аз шароити асосии педагогии барои ташаккули салоҳиятҳои ахлоқӣ-гуманистӣ дар низоми таҳсилоти ибтидоӣ ба шумор меравад.

Список литературы

  1. Байкова A. Воспитание в традиционной и гуманистической педагогике: Понятие «воспитание» в педагогической науке // Клас. рук. 1998. – №2. – С. 2-11.
  2. Лутфуллоев М. Гуманистическая педагогика – Душанбе: Маориф, 1994. 165 с.
  3. Кобзарь Б.С. Изучение развития гуманизма младших школьников // Нач. шк.: плюс-минус. 1999. – № 2. – С. 52-56.
  4. Каримова, И.Х. «Теоретические основы гуманизации гуманитарного образования учащихся таджикской школы». Сведения об издании: Душанбе, 2000. 358 c. 
  5. Раҳимов Х., Мухторова Г. Муқаддимаи ихтисоси омӯзгорӣ / Муҳар.масъул С. Сулаймонӣ. Душанбе: Ирфон, 2007. 
  6. Харламов И. Ф. Нравственное воспитание школьников. М.: Просвещение, 1983.
  7. Шарифзода Ф. разработал теорию интегрированного обучения с. 8. учётом воспитания учащихся в учебном процессе. 37. намерения, человеколюбие и гуманизм, человеческие достижения и светлое будущее. Душанбе, 2000.
  8. Юнусов Й. Педагогика: Китоби дарсӣ барои коллеҷҳо ва омӯзишгоҳҳои педагогӣ. Душанбе: Ирфон, 2005. 380 с.

Поделиться

554

Хайдарова Н. М. Условия педагогической и психологической среды, способствующие формированию гуманистических навыков учеников младших классов посредством использования детской литературы // Общественно-гуманитарные науки как фактор социальных трансформаций : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 27 июня 2024г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2024. С. 55-58. URL: https://apni.ru/article/9697-usloviya-pedagogicheskoj-i-psihologicheskoj-sredy-sposobstvuyushie-formirovaniyu-gumanisticheskih-navykov-uchenikov-mladshih-klassov-posredstvom-ispolzovaniya-detskoj-literatury

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Другие статьи из раздела «Педагогика и психология»

Все статьи выпуска
Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 6 дней

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января