Главная
Конференции
Общественно-гуманитарные науки как фактор социальных трансформаций
Фразеологические единицы английского языка с компонентом-соматизмом

Фразеологические единицы английского языка с компонентом-соматизмом

Секция

Филологические науки

Ключевые слова

соматизм
фразеологические единицы
компонент
фразеологизм

Аннотация статьи

В данной статье рассматриваются фразеологические единицы с компонентом-соматизм, которые позволяют более полно характеризовать умственную деятельность человека.

Текст статьи

Дap мapҳилaи ҳoзиpaи тapaққиёти ҷaмъияти бaшapӣ зaбoншинocӣ caмтҳoеpo фaъoлoнa инкишoф дoдa иcтoдaacт, ки дap oн зaбoн нa тaнҳo ҳaмчун вocитaи муoшиpaт вa шинoхт, бaлки ҳaмчун aнбopи дoниш вa хoтиpaи дacтoвapдҳoи мoддӣ, иҷтимoӣ вa мaънaвӣ вa capвaти хaлқҳoи гунoгун, ҳaмчун paмзи мaдaнии миллaт дoниcтa мешaвaд. Ҳap як тaмaддун ва cиcтемaи иҷтимoӣ тapзи мaхcуcи дapки ҷaҳoнро дорост. Aз ин pӯ, кoмилaн paвшaн acт, ки тaфaккуpи миллиpo, ки дap нaвбaти aввaл дap зaбoни миллӣ бештap мутaмapкaз вa тaлaффуз мешaвaд, oмӯхтaн лoзим acт.

Дар мақолаи мазкур мо тасмим гирифтем, ки воҳидҳои фразеологии ифодакунандаи хусусиятҳои равонии шахсрро бо ҷузъи соматизм баррасӣ кунем. Ин кор ба мо имкон медиҳад, ки фаъолияти равонии инсонро пурратар тавсиф кунем. Ҷузъи соматикӣ бо дарки олам, шинохту тағйирёбии он алоқаманд буда, бо ҳаёт, эҳсосот, меҳнати ҷисмонию равонӣ, хислатҳои инсон робита ба вуҷуд меорад, ва дар раванди ташаккули ибора фаъолона зоҳир мешавад.

Воҳидҳои фразеологӣ (минбаъд – ВФ) яке аз зуҳуроти барҷастатарини хусусияти миллӣ ва фарҳангии забон мебошанд. Онҳо ҳамчун як роҳи бастабандии маҷмӯи мураккаби таҷриба ва андешаҳо дар шакли фишурда амал мекунанд [3, 163], онҳо як бастаи иттилооти фарҳангиро муаррифӣ мекунанд ва имкон медиҳанд, ки маълумоти бисёрро ҷамъ оварда бо воситаи воҳидҳои забон ба умқи мардумӣ ворид шаванд [1, с.50].

Бори аввал истилоҳи «соматикӣ» ба илми забоншиносӣ аз ҷониби забоншинос Ф.Вак ворид карда шудааст. Олим воҳидҳои фразеологии забони эстониро, ки калимаҳои дорои номи узвҳои бадани инсонро доранд, ба назар гирифта, онҳоро соматикӣ номидааст. Ӯ ба чунин хулоса меояд, ки соматизмҳо яке аз кадимтарин кабатхои фразеологизм буда, кисми серистеъмоли таркиби фразеологии забони эстониро ташкил медиҳанд [2, с.23]. Забоншиноси рус Э.М. Мордкович истиллоҳи “фразеологизмҳои соматикӣ”- ро бори аввал дар мақолаи худ таҳти “Гурӯҳи воҳиди фразеологии соматикӣ” истифода бурдааст. Олим дар онҷо қайд мекунад, ки фразеологизмҳои соматикӣ дар нутқ ҳамчун тавсифкунаи ифодаҳои манфӣ хизмат мекунанд [5, с.244].

Дар ҷараёни дарки ҷисми худ, шахс раванди худшиносиашро фаъол менамояд. Соматизмҳое, ки бо дарки олам, дониш ва тағйирёбии он алоқаманд буда, бо ҳаёт, ҳиссиёт, меҳнати ҷисмонӣ ва фикрӣ, хислатҳои инсон алоқа доранд, дар ташаккули ибора ҳамчун фаъол зоҳир мешаванд.

Фразеологияи соматикиро воҳидҳои фразеологӣ ташкил медиҳанд, ки яке аз ҷузъҳои таркибии он номи узви бадани инсон мебошад: head and shoulders above (the others/the rest) – much better than other similar people or things; burn your fingers, have/get your fingers burned/burnt – to suffer unpleasant results of an action, especially loss of money, so you are not keen to try the same thing again ва ғайра.

Ташаккули воҳидҳои фразеологии соматикӣ дар асоси ифодаи фразеологӣ ё метонимӣ аз ҷиҳати пайдоиши онҳо маҳсултарин аст. Дар доираи тадқиқоти худ мо ба тафсири «ҷисмонӣ»-и ҷанбаҳое, ки фаъолияти равонии инсонро тавсиф мекунанд, рӯ меоварем. Пеш аз ҳама, фаъолияти равонии инсон бо сар алоқаманд аст, зеро он бо идеяи майна сарукор дорад, ки яке аз вазифаҳои асосии он вазифаи тафаккур мебошад. Ин имкони лексико-семантикии калимаро ҳамчун ҷузъи ёрирасони воҳидҳои фразеологии соматикӣ муайян мекунад.

Сохти семантикии лексемаи head шарҳи зеринро дорад:

1) top part of a body that has your brain, eyes, mouth etc. in it; 2) your mind and thoughts; 3) leader of a group; 4) top/front part of something ва ғайра [7, с.695].

Тавре ки аз таърифҳои дар боло овардашуда маълум мегардад, маънои асосии соматизми head қисми болоии бадан мебошад. Маънои «ақл, фаъолияти фикрӣ» образнок аст. Ин маъно дар воҳидҳои фразеологии соҳаи таҳқиқшаванда ифода мегардад.

Ҳамин тавр, дар воҳидҳои фразеологии таҳқиқкардаи мо модели маҷозии «фаъолияти рўҳӣ – сар» амалӣ мегардад. Истифодаи соматизми -Сар (калла), яъне мавҷуд будани сар (калла) ин нишонаи хислатҳои мусбати равонӣ аст: have a good head on your shoulders – to be clever; to be a head taller than someone – to be far superior to someone (mentally or morally) – Сар дорои хусусиятҳои гуногун аст, он метавонад "хуб", "бохирад" ва ё "боақл" бошад, ки фаъолияти рӯҳии шахсро низ мусбат тавсиф мекунад.

Инчунин, фразеологизмҳое қайд карда шуданд, ки дар он сар ҳамчун анбор ё маҳзан ҳисобида шудааст. Аз он анбор берун омада ин нишонаи девонагӣ, ҷунунӣ мебошад: be off your head – to be crazy; be out of your head – to be unable to think clearly, especially because of having taken drugs or drunk too much alcohol.

Маълум аст, майна аз қишр ва нимкураи мағзи сар иборат аст, ки бо нахҳои асаб пайвастанд. Иваз кардани мағзи сар бо моддаҳое, ки қобилияти ба фаъолияти равонӣ надоранд, боиси ихтилоли функсионалии он мегардад. Майна ҳамчун як моддаи бегона, ба монанди сангҳо низ ифода мешавад: have rocks in one's head – to be silly or crazy, инчунин, ҷисме, ки дар ҳолати бад аст: not be right in the head – to be mentally ill; як чиззи беҳуда, бегона: odd / queer in the head – mad, not sensible; заифу коста гашта: soft in the head – stupid or crazy; суст: weak in the head – to be mentally ill.

Нобаробарӣ дар сохтори майна, ки аз бофтаи пайвасткунандаи сахт ва нарм иборат аст, яъне мавҷудияти танҳо моддаи сахт ё танҳо мулоими лоғар ва ё иваз кардани он бо чизи нофаҳмо боиси вайрон шудани фаъолияти он мегардад. Майнаи одам, чи тавре ки дар боло гуфта шуд, вазифаи олии – тафаккурро иҷро мекунад. Инро дар забон, алалхусус дар фразеологизмҳо инъикос накардан имконнопазир мешуд. Мувофиқи фарҳанги англисии Macmillan English Dictionary, лексемаи brain маънои зеринро дорад: 1) the organ inside your head that allows you to think and feel, and control your body; 2) mental ability or intelligence [7, с.168].

Дар воҳидҳои фразеологии соматизми brain модели маҷозии “фаъолияти зеҳнӣ – майна” ифода гаштааст. Мавҷудияти майна, ба монанди ҳузури сар, фаъолияти равонии шахсро мусбат тавсиф мекунад. Мисол: have more brains in one's little finger than one has in the whole body – to be intelligent; get your brain in gear – to make yourself start thinking clearly and effectively. Ғайби он баръакс, манфии онро ифода мекунад: be all brawn and no brains – to be physically strong but not very intelligent; be brain dead – if someone is brain dead, their mind is not working effectively because they are very tired or very bored.

Тавре ки медонем, биниш муҳимтарин манбаи иттилоот аст. Бесабаб нест, ки В.Д.Глезер яке аз муътабартарин физиологони биниш аҳамияти анализатори визуалиро дар ҷараёни муошират таъкид намуда, чашмро «ҷисми майнаи беруна» номидааст [3, с.128]. Дар кори худ мо миқдори зиёди воҳидҳои фразеологиро бо соматизми eye пайдо кардем. Сохти маъноии ин лексема чунин аст:

  • body part for seeing;
  • expression on somebody's face;
  • for saying somebody is looking;
  • calm centre of storm;
  • hole in needle;
  • spot on potato;
  • part that hook fits in [7, с.522].

Инсон миқдори зиёди маълумотро дар бораи олами атроф тавассути чашми худ мегирад [4, с.162]. Ҳузури чашмҳо нишонаи ҳузури ақл, нишонаи маҳорати азхудкунии иттилоот аст, ки воҳидҳои фразеологии зерин аз он гувоҳӣ медиҳанд: have an eye for – to be quick-witted; have eyes in the back of your head – to know everything that is happening around you ва ғайра.

Агар шахс биниши тез дошта бошад, яъне "чашме мисли чашми уқоб" чи хеле, ки русҳо мегӯянд, дошта бошад, ин нишонаи қобилияти дидани хурдтарин ҷузъиёт аст: eagle eye – the ability to notice even the tiniest detail.

Чашмони кушода рамзи хушзеҳнӣ ва зиракии инсон аст: open the eyes – enable one to understand; with the eyes open – understanding clearly; eyes open – full knowledge, especially of consequences, understanding of what will or might result.

Чашмони заиф, биноии паст ва ё набудани онҳо дар асоси фразеологизмҳо нишонаи беақлӣ, бефаросатӣ мебошад: if someone had half an eye – if the person mentioned were not so stupid, insensitive, dull; to be blind in one eye – to lack intelligence.

Дар рафти таҳқиқ боз дигар соматизмҳо маълум гаштанд. Дар асоси ВФ have something at one's fingertips (finger-ends) – know a thing thoroughly; have nothing between the / your ears – to be stupid мафҳуми гуногун дорад. Дар якум ҷумла, ВФ маънои ноустувор будани дониш фаҳмида мешавад. Дар ҷумлаи дуюм бошад, мавҷуд набудани объект дар ҷои худ ифода гаштааст.

Тавсифи манфии амали зеҳниро ВФе, ифода кардааст, ки он аз соматизми arse сохта шудааст. Бештар дар истифодаи қисмати калимаҳои дашном дар забонҳои гуногун, аз ҷумла калимаҳои дурушт, дағал, ки аксар вақт аксуламали стихиявии нутқро ба ҳодисаи ғайричашмдошт (одатан нохушоянд) ифода мекунад: can't tell your arse from your elbow; not know your arse from your elbow – if you can't tell your arse from your elbow, you are stupid and become confused about simple things.

Воҳидҳои фразеологии дар боло зикршуда дар асоси образи шахсе сохта шудаанд, ки як узви баданро аз дигараш фарқ карда наметавонад, зеро, ки ин амал ҳатто барои кӯдаки хурдсол кори оддӣ аст. Таҳлили воҳидҳои фразеологии соматитикӣ нишон дод, ки фаъолияти зеҳнии шахс бештар бо узвҳои бадан ба монанди сар, чашм, ва инчунин майна ифода ёфтаанд. Мавҷудияти ин узвҳои бадан фаъолияти равонии инсонро мусбат, набудани онҳо бошад, ҳамчун манфӣ тавсиф мекунад.

Список литературы

  1. Арсентьева Е.Ф. Сопоставительный анализ фразеологических единиц, стилистически ориентированных на человека, в русском и английском языках и вопросы создания русско-английского фразеологического словаря: автореф. дис. ... д-ра филол. наук: 10.02.20. – Казань, 1993. 39 с.
  2. Вакк Ф. О соматических фразеологизмах эстонского языка // Вопросы фразеологии и составления фразеологических словарей. Баку, 1968. С. 23.
  3. Глезер В.Д. Зрение и мышление. Л., 1985. 128 с.
  4. Городецкая И.Е. Соматический компонент фразеологизмов русского и французского языков // Филологические науки. Вестник Ставропольского гос. ун-та. 2007. № 51. С. 162-166.
  5. Мордкович Э.М. Семантико-тематические группы соматических фразеологизмов // Актуальные проблемы фразеологии. Новосибирск, 1971. С. 244-245.
  6. Манерко Л.А. Предмет в пространстве через сложноструктурную единицу номинации // Номинация и дискурс: межвуз. сб. науч. трудов. Рязань, 1999. С. 95.
  7. Macmillan English Dictionary. Second Edition / Macmillan Publishers Limited, 2007. 1748 p.

Поделиться

615

Зоидова Т. А., Исоева Д. Х. Фразеологические единицы английского языка с компонентом-соматизмом // Общественно-гуманитарные науки как фактор социальных трансформаций : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 27 июня 2024г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2024. С. 5-8. URL: https://apni.ru/article/9698-frazeologicheskie-edinicy-anglijskogo-yazyka-s-komponentom-somatizmom

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Другие статьи из раздела «Филологические науки»

Все статьи выпуска
Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 2 дня

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января