Дар забони англисии муосир ба таври анъана ду сифати феълиро ҷудо мекунанд: 1) Participle I (сифати феълии замони ҳозира) 2) Participle II (сифати феълии замони гузашта). Аломати сифати феълии якум морфемаи “-ing” мебошад: going, taking. Сифати феълии II бо ду роҳ сохта мешавад: 1) бо воситаи морфемаи “-ed”: stopped, played. 2) бо воситаи иваз кардани морфема: sit – sat, leave – left, 3) ба воситаи илова кардани морфемаи “-en” ба асоси масдар: take – taken, forget – forgotten, 4) асоси феъл бидуни тағйирот боқӣ мемонад: run – run, put – put. Дар забони тоҷикӣ оид ба миқдори сифати феълӣ нуқтаи назари К.Усмоновро дастгирӣ мекунем, ки танҳо як сифати феълиро нишон додааст, ки се шакли категориалии категорияи тартибро соҳибанд: навишта (гӣ) – навишта истода (гӣ) – менавишта (гӣ) [3, c.174].
Шакли “навишта (гӣ)” амалеро ифода мекунад, ки аз амали феъл-хабари ҷумла қаблан ба вуқуъ омадааст: Рафта ба акаам ва хохарам хабар дода меоям [5, c.118]. Аз ҳамин сабаб К.Усмонов ин гуна шаклро сифати феълии қаблият ном ниҳодааст. Дигар шакли категориалии “навишта истода” чунин амалеро ифода мекунад, ки бо амали феъл-хабар ҳамзамон буда, бо феъл-хабари ҷумла ифода шудааст: Воҳидов гап зада истода, қадаҳи сеюмро ба пеши Елена монд [1, c.214]. Ӯ чунин шаклро сифати феълии ҳамзамонӣ номидааст. Шакли сеюми сифати феълӣ “мерафта” чунин амалеро ифода мекунад, ки пас аз лаҳзаи гуфтор ё амали дигар ба вуқуъ омадааст. Ин гуна сифати феълиро ӯ сифати феълии минбаъдият номидааст [3, c.175].
Ду сифати феълии забони англисӣ ва се шакли категориалии як сифати феълии забони тоҷикӣ хосиятҳои феъл, сифат ва зарфро ифода мекунанд: Дар боз яла шуда, чашми тарҷумон ба Акбар афтод [4, c.141]: “Яла шуда” аломати феъл ва зарфро нишон медиҳад. Чун феъл он амалро ифода мекунад ва чун зарф вазифаи наҳвии ҳолро ба сомон мерасонад. Сифати феълии I – уми забони англисӣ низ дар ҷумла чунин вазифаро дорад: Turning the handle cautiously, he looked out [7, c.118].
Сифатҳои феълии дар боло нишондодашудаи забонҳои муқоисашаванда хосиятҳои сифатро ифода намуда, вазифаи наҳвии ҳолро ба анҷом мерасонанд: Дар хона каси ба бача нигоҳ мекардагӣ несту ман вайро ба кӯча мебарам [2, c.262]. We went on together through the frosty air and gathering fog towards the twinkling lights of the town [6, c.119].
Сифати феълии замони ҳозираи забони англисӣ ду категория дорад: 1) Категорияи нисбияти замонӣ, ки онро инчунин категорияи тартиб низ меноманд: He sat playing her needle before fire, and singing to herself [6, c.3] (шакли ғайриперфектӣ). Having got possession of his (the dog’s) person, the next thing was to find him a name [9, c.202]. (шакли перфектӣ). 2) Сифати феълии замони ҳозираи феъли забони англисӣ категорияи самти феълиро низ соҳиб мебошад. Сифати феълии II ягон хел категорияи грамматикӣ надорад. Дар забони тоҷикӣ вожаи намуди “раванда”, “рафтани” бештар ба исм ё сифат далолат мекунанд, вале олимон аксарияти онҳоро аз таркиби шаклҳои ғайритасрифӣ истисно мекунанд [3, c.177].
Сифати феълии забони тоҷикӣ се категорияи грамматикӣ дорад:
- Категорияи тартиб, ки то андозае ба категорияи нисбияти замонии сифати феълии I-и забони англисӣ монандӣ дорад: хонда – having read, хонда истода – reading.
- Категорияи намуд: хонда – перфектӣ (намуди номуайян), хонда истода (намуди давомдор), мехонда – умумӣ (намуди ғайридавомдор).
Ба сифати феълии забони тоҷикӣ инчунин категорияи самт низ мансуб аст: хонда – самти фоил, хонда шуда – самти мафъул. Дар поён категорияи самти феълии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ таҳлил карда мешавад. Тазоди самти феълӣ ба сифати феълии феълҳои гузарандаи забони тоҷикӣ ва дар забони англисӣ ба феълҳои объектӣ ва мафъулшуда хос аст. Истифодаи сифати феълӣ дар ду шакли самти феълӣ дар бештари мавридҳо аз вазифаҳои он вобаста мебошад. Сифати феълии забонҳои муқоисашаванда вазифаи наҳвии муайянкунанда, ҳол ва хабарро ҳангоми шомил будани онҳо ба шаклҳои аналитикии феъл ва қисми предикативӣ иҷро карда метавонад. Бар замми ин, сифати феълии I забони англисӣ ва сифати феълии забони тоҷикӣ ба таркиби қолабҳо бо сифати феълии мутлақ ворид мегарданд, ки дар поён оид ба онҳо маълумот хоҳем дод.
Дар забони англисӣ ду қолаби сифати феълӣ амал мекунанд, ки дар забони тоҷикӣ ба назар намерасанд. Онҳоро “қолаби мубтадо бо сифати феълӣ” ва “қолаби пуркунанда бо сифати феълӣ” меноманд, ки ба таркиби онҳо сифати феълии I дар ду самти феълӣ истифода шуда метавонад. Оид ба воситаи ифодаи онҳо ба забони тоҷикӣ дертар сухан хоҳем кард. Сифатҳои феълии дар боло зикргардида дар забонҳои муқоисашаванда ба ғайр аз сифати феълии II-и забони англисӣ вазифаи наҳвии муайянкунандаро иҷро намуда, ҳам дар самти фоил ва ҳам дар самти мафъул истифода шуда метавонанд. Масалан: Вай дар пиёдагарди… тоза рӯфташуда сӯи гараж мерафт [2, c.62]. He was going to the garage through the subway swept out neatly.
Дар ин мисол “рӯфташуда” шакли мафъули сифати феълии қаблият мебошад. Он аз феъли ёридиҳандаи “шудан” дар шакли сифати феълӣ (шуда) ва феъли мустақилмаънои гузарандаи “рӯфтан” сохта шудааст, ки дар шакли сифати феълии (рӯфта) корбаст гардидааст. Ин шакли аналитикӣ амали марказшитобро ифода мекунад, ки ба объект (пиёдагард) нигаронида шудааст. Иҷрокунандаи амали “рӯфта шуда” дар ин ҳолат номаълум боқӣ мемонад.
Чунонки аз мисоли боло маълум мегардад, калимашакли мазкури забони тоҷикӣ ба забони англисӣ бо ёрии шакли сифати феълии II (swept) ифода карда мешавад, ки дар ҳамаи мавридҳои истифодаи худ маънои мафъулро дорад. Сифати феълии мазкур ҳолати ягон предметро ифода мекунад, ки дар натиҷаи расонидани таъсир ба он пайдо шудааст. Гарчанде ки он маънои самти фоилро ифода намояд ҳам, сифати феълии мазкур шакли махсуси самти фоил надорад: Arrived at her own door, she was alighting [8, c.88] – Ба назди дари худ расида, табъаш кушода мешуд. Дар ин ҳолат “arrived” амалеро ифода мекунад, ки иҷрокунандаи он мубтадои ҷумлаи мазкур мебошад, яъне сифати феълии II “arrived” маънои самти фоилро ифода мекунад.
Акнун ба мисоли дигар бо шакли самти фоили сифати феълии қаблияти забони тоҷикӣ муроҷиат мекунем: Дар ин гирду атроф каси вайро намешинохтагӣ кам дар кам будагист [4, c.5] – Around here there might be very few people not knowing him (who did not know him).
Дар ин мисол шакли инкории сифати феълии “шинохтагӣ” амалеро ифода мекунад, ки ба калимаи “кас” нисбат дошта, ба иҷрокунандаи ин амал далолат мекунад. Он ба забони англисӣ бо ёрии самти фоили сифати феълӣ ифода мегардад, ки он низ амали марказшитобро ифода мекунад, яъне амал аз мубтадои “кас” (people) бармеояд ва ба пуркунандаи “ӯро” (him) равона шудааст.
Вақте ки сифати феълии забони англисӣ вазифаи наҳвии муайянкунандаро иҷро мекунад, дар ду самти феълӣ истифода шуда метавонад. Масалан: Four other carabinieri stood near the questioning officers [9, c.161] – Чор нафар карабинчиёни дигар дар назди афсарони саволу ҷавоб карда истода рост меистоданд.
Дар ин мисол сифати феълии I “questioning” исми “officers” муайян месозад ва амали давомноки ин афсаронро ифода мекунад, яъне амали мазкур марказшитоб буда, объекти амал дар ин ҷо ишора нагардидааст. Бинобар ин, сифати феълии “questioning” маънои самти фоил дорад, ки аз сарчашмаи он бармеояд ва ба як предмети номаълум равона карда шудааст, ки аз лиҳози мавзуи худ ифоданаёфта боқӣ мемонад. Чунонки аз тарҷумаи мисоли фавқуззикр бармеояд, шакли фоили сифати феълии I – уми забони англисӣ бо ёрии шакли самти фоили сифати феълии ҳамзамонӣ ифода мегардад, ки ҳамчунин амали марказшитобро ифода дорад, ки хусусияти давомнок дорад.
Дар гунаи минбаъдаи ҷумлаи боло сифати феълии I-и забони англисӣ дар вазифаи муайянкунанда дар шакли мафъул истифода шудааст: Four other carabinieri stood near the officers being questioned by the commander – Чор нафар карабинчиёни дигар дар назди афсарони аз ҷониби қумондон пурсида шуда истода рост меистоданд. Бинобар ин, шакли мафъули сифати феълии I забони англисӣ ба шакли мафъули сифати феълии ҳамзамонии забони тоҷикӣ муодил мебошад, яъне дар байни ин забонҳо ҳодисаи изоморфизм ба мушоҳида мерасад. Дар аксари мавридҳо дар таркиби чунин созмонҳо бо сифати феълии I ба забони тоҷикӣ бо ёрии шакли фоил ва мафъули сифати феълии қаблият ифода мегардад. Аммо вақте ки сифати феълии I ба таркиби созмони мубтадо бо сифати феълӣ ва пуркунанда бо сифати феълӣ шомил мегардад, он ба забони тоҷикӣ бо ёрии масдар тарҷума мешавад, ки метавонад вобаста ба самти феълии сифати феълии I – уми забони англисӣ ҳам дар шакли фоил ва ҳам дар шакли мафъул қарор гирад. Дар забонҳои муқоисашаванда созмони номинативии мутлақи сифати феълӣ вуҷуд дорад, ки ҳам дар шакли фоил ва ҳам дар шакли мафъул истифода мешавад.