Главная
АИ #45 (227)
Статьи журнала АИ #45 (227)
Использование метода толкования в «Мукаддимат-уль-адаб» Замахшари

Использование метода толкования в «Мукаддимат-уль-адаб» Замахшари

Рубрика

Филология, иностранные языки, журналистика

Ключевые слова

словарь
метод толкования
лексическая единица
«Мукаддимат-уль-адаб» Замахшари

Аннотация статьи

Статья посвящена изучению метода подробного толкования в «Мукаддимат-уль-адаб» Замахшари. Отмечается, что в двуязычных арабо-таджикских словарях, особенно в словаре Замахшари, нет энциклопедических комментариев, но в соответствующем словаре имеется множество подробных толкований лексических единиц. 

Текст статьи

Яке аз хусусиятҳои муҳим ва фарогир дар ташреҳи вожагон ва ё умуман воҳидҳои луғат он аст, ки фарҳангнигор бо шарҳи калима ба калима қаноат накарда, барои пурра таҷассум кардани паҳлуҳои гуногуни маъноии воҳиди шарҳшаванда ба шарҳи муфассал ва ё хусусияти энсиклопедӣ дошта муроҷиат мекунад. Ин падида, ҳарчанд дар фарҳангҳои дузабона куллан амалӣ намешавад, аммо асоси кори мо дар ин бахш шуда метавонад. Бояд таъкидан гуфта шавад, ки дар фарҳангномаҳои дузабонаи арабӣ-тоҷикӣ, махсусан, дар фарҳанги Замахшарӣ, шарҳҳои энсиклопедӣ дида намешавад, аммо шарҳҳои муфассали моддаи луғавӣ дар фарҳанг зиёд ба чашм мерасад. Масалан, шарҳҳои муфассалтар бештар вақт ба ҳайси моддаи луғавӣ сабт шудани ҷумлаҳо ба кор гирифта мешавад. Роҷеъ ба усули ташреҳ дар фарҳангҳои дузабона тақрибан дар забоншиносии тоҷик таҳқиқоти чашмрасе вуҷуд надорад, ки усули ташреҳи моддаҳои луғавиро бо усули системанок ва принсипноки илмӣ дар онҳо нишон дода бошад. Зимнан, аз ишораҳои кӯтоҳи чанд забоншиноси ватаниву хориҷӣ, аз қабили Н.И. Фелдмен, А.З. Розенфелд, Ю.А. Рубинчик, Л.В. Шерба, Е.С. Инстрина, А. Мамадназаров, К.А. Шарофиддинов, А. Ҳоҷиев, А.А. Юлдошев, Б.П. Ашрапов ва дигарон бояд бо тамҷиду эҳтиром ёд кард, зеро онҳо дар таҳқиқоти хеш ба паҳлуҳои мухталифи масъалаи мавриди баҳс дахл кардаанд [1-4].

Зимнан, луғатнигор ҳангоми овардани шакли тасрифи замони ҳозира-оянда ва масдари феъл вожаи «фарас»-ро истифода накарда бошад ҳам, дар тарҷума калимаи «асб» барои равшантар ҷилва додани маънои аслии он истифода мешавад [5, c.219].

Зимнан, бо таваҷҷуҳ ба чунин хусусиятҳо дар натиҷаи ковиш дар усули шарҳ як қатор навовариҳои муаллифи фарҳангро ба мушоҳида гирифта метавонем, ки дар фарҳангҳои пеш аз ӯ дида намешаванд. Дар зимн муаллиф ба танаввуи шарҳи моддаи луғавӣ танҳо аз рӯйи завқу салиқа кор накардааст, балки вобаста ба талаботи маъноии вожа ва ё мавқеи истифодаи он дар забони арабӣ барои шиносонидани бегоназабонон бар он вижагиҳо шуруҳоташ якгуна нест. Фарҳангнигор гоҳ ба хотири нишон додани вариантнокии масдари феъл кӯшиш мекунад. Масалан, дар феъли «حَصَدَ الزَّرْعَ – бидаравид киштро; бидуруд киштро; даравид киштро» якбора се навъи навишти масдари он «حَصْدًا و حِصَاداً [حَصَاداً] معا – дарав; даравидан; дарав кардан; дарав кардани кишт» ишора шудааст [6, ҷ.2, 288]. Ҳамчунин ҷумлаеро ба ҳайси далел бо тарҷумаи форсии он овардааст: «و زَرْعٌ‏ حَصِيدٌ – кишти дуруда» [6, ҷ.2, 288]. Дар мисоли зерин ҳам айнан ҳамин ҳолатро ба мушоҳида мегирем.

Аз равишҳои дигари муайянсозии маънии калимаҳо, ки Замахшарӣ дар «Муқаддимат-ул-адаб» аз он истифода карда, ташреҳи калимаҳои арабӣ бо вожаҳое, ки аз забони оромӣ ба забони форсӣ-тоҷикӣ ва ё забони арабӣ гузашта, шакл гирифтаанд, мебошад. Дар ин навъи тавзеҳҳо, ҳарчанд Замахшарӣ асли баромади калимаҳоро ишора намекунад, онро бо руҷуъ ба дигар луғатномаҳо таъйин карда метавонем. Мисол: «مسجد ф.– мазкит, мажкит; مساجد ҷамъ» [6, 21].

Сабаби асосии ба шарҳи муфассали моддаи луғавӣ пардохтани соҳибони фарҳангҳои дузабона, асосан, бо як мафҳуми мушаххас тарҷума нашудани моддаи луғавии мавриди назари онҳост. Яъне, вақте фарҳангнигор моддаи луғавиро таҳти тарҷумаи таҳтуллафзӣ қарор медиҳад, маъно ба забони тарҷумашуда пурра таҷассум намешавад. Мисол: «و ذام الرجل علی الامر – пайвастагӣ кард мард бар кор; пайваста шуд мард бар кор» [6, ҷ.2, 452]. Дар тарзи тарҷумаи аввал – «пайвастагӣ кард мард бар кор» дар забони тоҷикӣ ягон маънои мушаххас ба назар намерасад.

Аз ин хотир, фарҳангнигор кӯшидааст, то варианти дигари тарҷумаи моддаи луғавиро пешниҳод кунад. Дар мисоли «نَضَا الثَّوْبَ عَنْ نَفْسِهِ – баркашид ҷомаро аз хеш; боз кард ҷомаро аз танаш; берун кард ҷомаро аз танаш» [6, ҷ.2, 473] ҳам, ду гунаи аввали тарҷума – «баркашид ҷомаро аз хеш; боз кард ҷомаро аз танаш» ифодаҳои ба забони тоҷикӣ бегонаанд. Дар ҷадвали зер намунае аз ҷумлаҳое, ки як гунаи тарҷума доранд ва ҷумлаҳое, ки ду гунаи тарҷумаи онҳо оварда шудааст, зикр мегарданд:

Ҷумлаҳое, ки як гунаи тарҷума доранд:Ҷумлаҳое, ки ду гунаи тарҷума доранд:
1. «هَنَأَهُ‏ الطَّعَامُ – бигуворид бар вай таом; бигуворидаш таом. و هَنْأً و هَنُؤَ الطَّعَامُ – гуворанда шуд таом [6, ҷ.2, 86]عَتَبَ‏ عَلَيْهِ – хашм кард бар вай; хашм гирифт бар вай [6, ҷ.2, 87]
2. حَصَبَهُ‏ بِالْحَصْبَاءِ – ӯро ба сангреза бияндохт» [6, ҷ.2, 86]; «خَضَبَ‏ الشَّعْرَ – мӯйро ранг кард [6, ҷ.2, 86]و قَطَبَ‏ بَيْنَ عَيْنَيْهِ – фароҳам кашид миёни ду чашмро; рӯй турш кард; ғунд кард дар миёни ду чашмаш [6, ҷ.2, 87]
3. قرسه باسبعیه – ӯро ба ду ангушт гирифт [6, ҷ.2, 94]كَسَبَهُ‏ كَذَا – ӯ фалон чизро касб кард; ӯро ба фалон чиз ба касб кардан дод [6, ҷ.2, 87]
4. قلس الظل والثوب – сову ҷома кӯтоҳ шуд [6, ҷ.2, 94];عدل فی القضییت – дар ҳукм ростӣ кард; дар ҳукм дод кард [6, ҷ.2, 100]
5. خلط الشیء بالشیء – чизеро ба чизе биёмехт [6, ҷ.2, 95]ملح المآء – обро бардошт; обро бирехт; обро ба даст гирифт [6, ҷ.2, 112]
6. عقل البعیر بالعقال – уштурро ба зонубанд бубаст [6, ҷ.2, 100]و حال الرمل – регро фурӯ рехт; регро фурӯ ҳишт; регро бирехт [6, ҷ.2, 115]

Тибқи шумориш ва мавқеи мо соҳиби фарҳанг дар ду ҳолат, бештар аз ҳама, ба шарҳи муфассали моддаи луғавӣ пардохтааст. Яке, чунонки мушоҳида шуд, дар шарҳи ҷумлаҳо ва ё ибораҳои дароз ва дигаре дар тарҷумаи таҳтуллафзӣ, яъне барои ташреҳи тарҷумаи таҳтуллафзӣ. Мисол: «طفی السمک فوق المآء – аз зери об баромад моҳӣ; бар рӯйи об омад моҳӣ; бар сари об омад моҳӣ; ба завари об омад моҳӣ» [6, ҷ.2, 478].

Ҷумлаи «аз зери об баромад моҳӣ» ва «бар сари об омад моҳӣ» ифодаи нокомилеро мемонад, ки, сипас, бо «ба завари об омад моҳӣ» такмил ёфтааст. Аввал, тавассути ҷумлаҳои тоҷикӣ шарҳ дода шудани модда, ки ба ин гурӯҳ иддаи хеле ками шуруҳот шомил мешаванд ва дигар, тавассути ҷумлаҳои арабӣ ё вариант, ё гунаи арабии модда, ки дар шумориш аз навъи аввал бамаротиб зиёданд. Шарҳҳое, ки ба дастаи аввал шомиланд, тақрибан ба мисолҳое, ки дар боло зикр намудем, монандӣ доранд, фақат аз ҷиҳати гунанокии тарҷумаҳо ва миқдори ин гунаҳо бештаранд. Мисол:

«وهو الصمد – ва ин паноҳи ниёзмандон; он ки бад-ӯ паноҳ ҷӯянд; он ки ҳар ниёзманд оҳанги ӯ кунад; Худой; меҳтар, ки ба сӯи вай оҳанг кунанд; ҳамеша баланд; пур, ки тиҳӣ шудан мар ӯро набошад; марди гаронҷон дар ҷанг» [6, ҷ.2, 293].

«وهو لا یعلک جهدا – ва ӯ бознамедорад тоқатро; ва ӯ аз ту бознадорад тоқат; ва ӯ аз ту бознамедорад тоқат; ва ӯ бознамедорад аз ту тавони хешро» [6, ҷ.2, 481].

Аслан, дар фарҳанги мавриди таҳқиқ шарҳи муфассал ва донишномавие, ки хоси фарҳангҳои тафсирии забони форсӣ-тоҷикӣ бошад, вуҷуд надорад ва бар ин нукта дар саҳифаҳои пеш ҳам таъкид шуда буд. Ин хусусиятҳо, ки мо шартан шарҳи муфассал қабул мекунем, бар мабнои он ки мутарҷим ба ҷуз тарҷумаи таҳтуллафзӣ бар он иқдом карда ва рӯй овардааст, мебошад.

Список литературы

  1. Ashrapov B. P. Comparative Analysis of Morphological Peculiarities of Noun Forming Suffixes Denoting Person and Non-Person in Tajik Literary Language Referring to 18th and 20th Centuries / B. P. Ashrapov // Bulletin of Tajik State University of Law, Business and Politics. Series of Humanitarian Sciences. – 2024. – № 3(100). – P. 112-119. – DOI 10.24412/3005-849X-2024-3-112-119. – EDN ZGABJQ.
  2. Иностранные языки в странах Азии и Африки / М. В. Воронцова, Т. Л. Кононова, О. А. Павловская [и др.]. – Москва : ООО «Издательский дом КДУ», 2024. – 332 с. – ISBN 978-5-00247-029-7. – DOI 10.31453/kdu.ru.978-5-00247-029-7-2024-332.
  3. Низомова С.И. «Муқаддимат-ул-адаб» ва аҳаммияти он дар рушди фарҳангнигорӣ // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои филологӣ. – 2021. – № 5. – С. 86-93.
  4. Низомова С.И. Аз таърихи фарҳангнигории дузабонаи арабӣ – тоҷикӣ // Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ. – 2021. – № 3. – С. 137-143.
  5. Низомова С.И. Замахшарӣ ва осори ӯ // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои филологӣ. – 2021. – № 6. – С. 219-226.
  6. Замахшарӣ Маҳмуд ибни Умар. Муқаддимат-ул-адаб ё Пешрави адаб / Маҳмуд ибни Умари Замахшарӣ. Ба эҳтимоми Муҳаммадкозим, Забеҳуллоҳ. – Теҳрон, 1342-1343. Ҷ.1– 400 с. Ҷ.2. – 840 с.

Поделиться

158

Низомова С. И. Использование метода толкования в «Мукаддимат-уль-адаб» Замахшари // Актуальные исследования. 2024. №45 (227). Ч.I.С. 52-54. URL: https://apni.ru/article/ispolzovanie-metoda-tolkovaniya-v-mukaddimat-ul-adab-zamahshari

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Актуальные исследования

#52 (234)

Прием материалов

21 декабря - 27 декабря

осталось 6 дней

Размещение PDF-версии журнала

1 января

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

17 января