Главная
Конференции
Гуманитарные горизонты: диалог культур и традиций
Использование арабской ломаной формы множественного числа существительных «Семь ...

Использование арабской ломаной формы множественного числа существительных «Семь климатов» Амина Ахмада Рази

Секция

Филологические науки

Ключевые слова

морфологические признаки
арабская ломаная форма множественного числа существительных
«Семь климатов» Амина Ахмада Рази

Аннотация статьи

В данной статье рассматривается использование арабской ломаной формы множественного числа существительных «Семь климатов» Амина Ахмада Рази. 

Текст статьи

Чунон, ки худ муаллиф дар оғози китоб овардааст ин китоб таи шаш сол кори бе вақфа ва шабонарӯзӣ муаллиф чунин будааст, ки ҳангоми шарҳ ҳар иқлиме аз иқлими саъба, ба анҷом расида аст, ки таърихи итмоми онро зимни рубоии ба соли (1002ҳ,қ) мутазаккир шудааст ва масраъи (“таснифи Амин Аҳмади Розӣ”) таърихи он аст.

Бинобар ин ибтидои таълифи он дар соли (996 ҳ,қ) будааст. Ин китоб ки дар Ҳиндустон ба таълиф расидааст, тазкирае аст, таърихӣ ва ҷуғрофиёӣ,ки дар он аз ҳама ҷо ва ҳама чиз ва ҳама кас,гоҳ ба иҷмол ва гоҳе ба тафсил сухан рафтааст. Ва аз зикри номи кутубе, ки дар тӯли китоб ба онҳо истинод шудааст пайдо аст, ки Амин Аҳмади Розӣ ба манобиъ ва маъхази бисёре дастрасӣ дошта, ки номи ҳар якро ҳангоми нақли матлаб мутазаккир шудааст, ки ин худ яке аз муҳассаноти ъадидаи ин таълиф тавонад буд.

Равиши кори ин нахуст тӯл ва арз ва масоҳати тақрибии он иқлимро баён карда сипас ба мавқеъияти ҷуғрофиёӣ ва масоили таърихии он пардохта ва баъд аз он, шаҳрҳои умда ва дар бархе маворид ҳатто шаҳрҳои кӯчаки онро ном бурда ва ҳангоми шарҳи ҳар як аз шаҳрҳо, ҳудуди ҷуғрофиёӣ, таърихи бино, номи бонӣ, иллати пайдоиш, номи қадим ва ҷадид, ва ваҷҳи тасмияи он шаҳрро баён карда ва дар охир ба тарҷумаи маъорифи он шаҳр, аам (умумитар,фарогиртар) аз подшоҳон, вузаро, умаро, уламо, урафо, машоих, ва шуъро пардохта ва шарҳи ҳоли ҳар якро ҷудогона меовард, ва дар ин роҳ гарчи ба бархе масоили дур аз зеҳн, ки бо ақл ва илм созгорӣ надорад ишорате кардааст, аммо аксари матолиб мустанад (асоснок, далелдошта) буда ва дар оғози нақл ҳар матлабе, номи маъхузи худро, ки ғолибан аз кутуби муътабар аст зикр мекунад.

Ҷамъи шикаста

Аксари калимаҳои арабӣ бо тарзи шикастаи калимасози шакли ҷамъ мегиранд. Қолабҳои ҷамъи шикастаи арабӣ хеле зиёданд.

Маъориф  – معارف ба қолаби معافل омадааст. дар ҷумлаи: “...тасҳиҳ ва таҳшияи ҳафт иқлим кори мани ночиз набуд чаро, ки ин китоб баростӣ доиратул маъорифӣ аст,...”; “...иллати пайдоиш, номи қадим ва ҷадид ва ваҷҳи тасмияи он шаҳрро баён карда ва дар охир ба тарҷумаи маъорифи он шаҳр, аам аз подшоҳон, умаро, уламо, урафо, машоих вузаро, ва шуаро пардохта ва шарҳи ҳоли ҳар якро ҷудогона меоварад ва дар ин роҳ гарчӣ ба бархе масоили дур аз зеҳн, ки бо ақл ва илм созгорӣ надорад ишорате карда аст...”:

  • ҷамъи маърифат соҳаест, ки маҷмуи корҳои оид ба таълиму тарбия ва муассисаҳои таълимию тарбиявиро дар бар мегирад:
  • ҷамъи маъруф.

Шинохташуда, маълум.

Матолиб  – مطالب ба қолаби مفاعل омадааст.

Ҷамъи матлаб. Он чи ё он ки талаб карда мешавад, чизи матлуб мавриди талаб, хоста, мақсад, хоҳиш дар ҷумлаи: ”...хонандагони донишпажуҳ бо мутолиаи иҷмолии ин китоб ва мушоҳидаи танаввуъи матолиб ва таъаддуди мабоҳиси он тасдиқ хоҳанд фармуд, ки даъвои ин ҳақир то чӣ ҳад аз шоибаи муболиға мубаррост...”; “...чӣ дар Ҳинд ва чӣ дар Эрон чопи мунаққиҳи аз он нашуда, ҳамин таъаддуд ва танаввуъи матолиб буда бошад...” нигоҳи иҷмолӣ ба матолиби он, “...дар ин роҳ гар чӣ ба бархе масоили дур аз зеҳн, ки бо ақл ва илм созгорӣ надорад ишорате кардааст аммо, аксари матолиб мустанад буда ва дар оғози нақл ҳар матлабе, номи маъхази худро, ки ғолибан аз катаби муътабар аст зикр мекунад.(саҳ:ёздаҳ)

Мабоҳис   مباحث ба қолаби مفاعل омадааст. Ҷамъи мабҳас:

  • ҷои баҳсу мунозира.
  • он чи дар бораи он баҳсу мунозира мекунанд, мавзуъи мубоҳиса.

Дар ҷумлаи: Азим, ки номи “тазкира” бар он ниҳодаанд ва хонандагони донишпажуҳ бо мутолиаи иҷмолии ин китоб ва мушоҳидаи танаввуъи матолиб ва таъаддуди мабоҳиси он тасдиқ хоҳанд фармуд.

Удабо ادبا ба қолаби فعلا омадааст.

Ҷамъи адиб. Нависанда, шоир, адабиётшинос,суханвар,сухандон. Дар ҷумлаи: ва дур нест, ки яке аз улул ва шоиди (иллатул улул) ин то кунун бо тамоми эътиборе, ки ин тазкира дар миёни удабо ва муҳаққиқон дошта ва дорад. (саҳ: нуҳ)

Нусах – نسخ ба қолаби فٌعل Навиштае, ки аз рӯи китоб ё матни дигар рӯнавис карда шудааст, ҳар адад аз чизҳои навишта ва чопшуда. Дар ҷумлаи: ”... бо вуҷуди касрати нусахи хаттии он дар китобхонаҳои умумӣ ва хусусӣ, чӣ дар, Ҳинд ва чӣ дар Эрон чопи мунаққеҳе аз он нашуда, ҳамин таъаддуд ва танавуъи матолиб буда бошад. (саҳ:нуҳ.). Аммо ғолибан имтиёзи ин нусах нисбат ба ҳам танҳо дар зебоии хат ва навъи коғаз ва таърихи китобат мебошад. (саҳ:дувоздаҳ) Саъй кардам ба ҳар ҷонканданӣ шуда валав бо аломатгузорӣ дар матни он, сатр ба сатр бо нусахи дигар муқобила кунам.(саҳ:сездаҳ)

Сутур  – سطورба қолабиفٌعول омадааст.

Ҷумлаи: чун нигорандаи ин сутур, лобад ба. Ҷамъи сатр (сатрҳо). Як қатори хат, як рахи навишташуда.

Авроқ – اوراق ба қолаби افعال омадааст. Дар ҷумлаи:”...ба муҷарради вуруд ба ошёнаи банда пушти мизи корӣ қарор гирифта ва беш аз даҳ рӯз ба тасҳиҳ ва муқобилаи авроқ пардохтанд, оре агар набуд ин мусоидатҳо қатъан ҳеҷ тавфиқе дар ин роҳ насибам намешуд. Ҷамъи варақ: порчаи когази ба шакли ду саҳифаи пушту рӯ буридашуда, варақаи дурӯяи китоб, дафтар ва ғ.

Манобиъ – منابع ба қолаби мафоъил омадааст.

Дар ҷумлаи: ва аз зикри кутубе, ки дар тӯли китоб ба онҳо истинод шуда аст, пайдо аст, ки Амин Аҳмади Розӣ ба манобиъ ва маъохизи бисёре дастрасӣ дошта, ...”(саҳ: даҳ).

Ҷамъи манбаъ. Ҷои баромади чизе, сарчашма, маншаъ, манбаи илҳом, манбаи нур, сарчашмаи ахбор ва маълумот (барои таҳқиқот)

Маъохиз – ماخذ ба қолаби مفاعل омадааст.

Ҷамъи маъхаз:

  • ҷои ахз,ҷое, ки аз он чизеро мегиранд.
  • сарчашмаи маълумот, манбаъ, маъхази асосӣ, маъхази илмӣ.

Ақолим – اقالم ба қолаби افاعل омадааст. Дар ҷумлаи: Равиши кори ин муаллиф чунмн буда аст, ки ҳангоми шарҳи ҳар ақолиме аз ақолими сабъа, нахуст тӯл ва арз ва масоҳати тақрибии он иқлимро баён карда...”.

Ҷамъи иқлим. Обу ҳаво ва авзои табиат. Кишвар, мамлакат.

Масоил – مساعل ба қолаби مفاعل омадааст. Дар ҷумлаи: “...ба мавқеъияти ҷуғрофиёӣ ва масоили таърихии он пардохта ва баъд аз он шаҳрҳои умда ва дар бархе маворид ҳатто шаҳрҳои кӯчаки онро ном бурда..” (с.даҳ,ёздаҳ)

Ҷамъи масъала:

  • қазия ва матлабе, ки омӯхтан ва ҳал карданро талаб мекунад, мавзуъи ҳалталаб, мушкила.
  • мавзуъе, ки мавриди баҳсу музокира аст.

Маворид  – موارد ба қолаби مفاعل омадааст.

Ҷамъи маврид. чашма , сарчашма. кит. (Х.К.Баранов)

Ҳудуд – حدود ба қолаби фуъул омадааст. Дар ҷумлаи: “...ва ҳангоми шарҳи ҳар як аз шаҳрҳо, ҳудуд ва ҷуғрофиёӣ, таърихи бино, номи бонӣ, иллати пайдоиш, номи қадим ва ва ҷадид ва ваҷҳи тасмияи он шаҳрро баён карда ва дар охир ба таҷрибаи маъорифи он шаҳр , аъамм аз подшоҳон, вузаро, умаро, уламо, урафо, машоих ва шуаро пардохта...”(саҳ:ёздаҳ).

Ҷамъи ҳад:

  • канорҳои чийзе, интиҳои ҷое.
  • доираи сарзамине, сарҳад, марз, ҳудуди ҷумҳурӣ.

Аҳвол – احوال ба қолаби افعال омадааст. Дар ҷумлаи: Аз аҳволи Амин Аҳмади Розӣ, ки аз удабои номдори нимаи дуввуми қарни даҳум ва авоили қарни ёздаҳуми ҳиҷрӣ аст, огоҳӣ чандоне дар даст нест.(саҳ:ёздаҳ)

Ҷамъи ҳол. Ҳол, ҳолат, вазъият.

Авоил – اوایل ба қолаби افاعل омадааст. Ҷамъи аввал. Нахуст, якум. Ибтидо, оғоз, шуруъ.

Хулоса

Дар китоби аввали “Ҳафт иқлим” – и Амин Аҳмади Розӣ зиёда аз 150 калимаҳо бо ҷамъбандии шикаста истифода бурда шудааст ва дар дигар китобҳояш таҳқиқот идома дорад.

Список литературы

  1. Деҳхудо, Алиакбар. Луғатнома. – Теҳрон: Муассисаи интишорот ва чопи Донишгоҳи Теҳрон. 1360.
  2. Мухторов, Аҳрор. Амирон ва вазирони Сомонӣ. – Душанбе, 1997, – 162 с.
  3. Розӣ, Амин Аҳмад. Ҳафт иқлим. – Теҳрон: Суруш. 1387. ҷ.1.– 515 с.
  4. Самарқандӣ, Давлатшоҳ. Тазкират-уш-шуаро. Таҳияи Мухлиса Нуруллоева. – Хуҷанд: Ношир, 2015. – 544 с.
  5. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ, ҷ.1. – 711 с.
  6. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ, ҷ.2. – 711 с.
  7. Ҳудуд ул-олам мин ал-Машриқ илал-Мағриб. Вироиши доктор Манучеҳр Сутуда. – Теҳрон: Интишороти китобхонаи Таҳурӣ, 1362 ш. / 1983 м. – саҳ. 119.
  8. Ҳудуд-ул-олам. Душанбе: «Бухоро», 2014. – 588 с.

Поделиться

55

Абдуллоева Ш. Д. Использование арабской ломаной формы множественного числа существительных «Семь климатов» Амина Ахмада Рази // Гуманитарные горизонты: диалог культур и традиций : сборник научных трудов по материалам Международной научно-практической конференции 29 мая 2025г. Белгород : ООО Агентство перспективных научных исследований (АПНИ), 2025. С. 5-9. URL: https://apni.ru/article/12189-ispolzovanie-arabskoj-lomanoj-formy-mnozhestvennogo-chisla-sushestvitelnyh-sem-klimatov-amina-ahmada-razi

Обнаружили грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики)? Напишите письмо в редакцию журнала: info@apni.ru

Похожие статьи

Другие статьи из раздела «Филологические науки»

Все статьи выпуска
Актуальные исследования

#22 (257)

Прием материалов

31 мая - 6 июня

Остался последний день

Размещение PDF-версии журнала

11 июня

Размещение электронной версии статьи

сразу после оплаты

Рассылка печатных экземпляров

25 июня